РАҲМОН МАЛИК ҲУЗУРИ ТОҶИКҲО ДАР ВАЗИРИСТОНРО ТАЪЙИД КАРД
Абдураҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон мегӯяд, дар вилояти Вазиристони ин кишвар ҷангҷӯёни тоҷику узбак бар зидди нерӯҳои давлатии Покистон меҷанганд. Рӯзи панҷшанбе дар паи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳмон Малик ба хабарнигорон гуфт, ҷои шубҳа нест, ки дар ҷангҳои Вазиристон тоҷикону узбакҳо низ иштирок доранд.
Вазири дохилии Покистон афзуд, баъзе аз ҷангҷӯён аз ҷумлаи тоҷикону узбакҳо ба асорат гирифта шудаанд. Дар ҷараёни сафари серӯзааш вазири умури дохилии Покистон гуфт, мубориза бар зидди ифротгароёну ҷангҷӯён идома мекунад. Вазири умури дохилии Покистон хабари расонаҳо дар мавриди кушта шудани Тоҳир Юлдош, раҳбари ҲИУ-ро тасдиқ ё рад карда наметавонад. Тибқи иттилои дарёфткардаи мо, ӯ кушта шудааст, вале ман ҷасади ӯро надидаам ё он колбадшикофӣ нашудааст.
Малик афзуд, дар мавриди Ҳикматулло Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон низ вазъ ҳамингуна аст. Мо иттилоъ дорем, ки ӯ мурдааст, аммо ҷасадро ташхис накардаем. Вазири умури дохилаи Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон кишвари дӯст ва бародар аст. Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои содироту воридоти молу колои худ метавонад аз бандари Гвадари Покистон истифода кунад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2226-2010-04-30-09-21-32.html