16:07:29 28-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ДАҲ ТАН АЗ “АВОМИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ РУСИЯ” ДАР АМРИКО

Вазорати додгустарии Амрико эълом карда, ки гурӯҳе аз "авомили ғайриқонунии Русияро" дар Иёлати Муттаҳида шиносоӣ ва аксари аъзои онро боздошт кардааст. Ин вазоратхона рӯзи душанбе (28 июн) эълом кард, ки даҳ нафар аз маҷмуъи ёздаҳ муттаҳам боздошт шудаанд. Ҳашт тан аз ин афрод якшанбе боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди федерол, ҳашт муттаҳам барои маъмуриятҳои ҷосусии "балалндмуддат" ба Амрико эъзом шуда буданд ва ду муттаҳам низ бо гурӯҳ ҳамкорӣ доштанд.

 

Мақомҳои Русия ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд, аммо як мақоми аршади Амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад, ин воқеъаро таассуфовар дониста ва таъкид кардааст, ки набояд бар раванди рӯ ба густариши равобити Вошингтун ва Маскав асари манфӣ бигзорад.

 

Иттиҳоми аслӢ

Додситонҳои федерол, дар кайфархостҳои худ ин афродро “авомили ғайриқонунии Русия” донистаанд. Ин иттиҳом дар сурате, ки исбот шавад, метавонад панҷ сол ҳабс барои муттаҳамон дар пай дошта бошад. “Авомили” давлатҳои хориҷӣ метавонанд дар чаҳорчӯби қавонини федерол дар Амрико фаъолият кунанд.

 

Ин “авомил”, ки умдатан ба таҳмилгарӣ ва дифоъ аз манофеъи давлатҳо дар Конгрес ва ниҳодҳои давлатии Амрико мепардозанд, бояд пеш аз фаъолият аз вазорати додгустарии Амрико муҷаввизи вижа дарёфт кунанд. Нуҳ нафар аз ин муттаҳамон бо иттиҳоми тавтеъа барои “пулшӯйӣ” низ рӯбарӯ ҳастанд, ки дар сурати исботи он дар додгоҳ метавонад ба 25 сол зиндон шавад.

 

Мақомҳои федерол мегӯянд теъдоде аз муттаҳамон бо ҳуввияти сохтагӣ дар даҳаи 1990 тавассути Созмони Ҷосусии Русия ба Амрико фиристода шуданд ва маъмурияти онҳо барқарории тадриҷии робита бо мақомҳои Амрикоӣ бо ҳадафи ҷосусӣ дар оянда будааст.

 

Мақомҳои Амрикоӣ мегӯянд, аъзои ин гурӯҳ бо як мақоми собиқи давлати Амрико ва низ як донишманди фаъол дар тарҳҳои сохти бумбҳои зидди таъсисоти зерзаминӣ робита барқарор карда буданд.

 

Муттаҳамон дар иёлатҳои Ню-Йурк, Мосочуст, Ню-Ҷерсӣ ва Вирҷиниё, ки дар шимол-шарқи Амрико воқеъанд, боздошт шуданд. Ба гуфтаи мақомҳои федерол, як муттаҳам ҳамчунон таҳти таъқиб аст. Симати ин афрод эълом нашудааст.

 

Асоми ва маҳалли боздошти муттаҳамон ба қарор зер эълом шудааст:

 

    * Ричорд Мурфӣ ва Синтиё Мурфӣ (Ню-Ҷерсӣ)

    * Вики Плойз ва Хуон Лозору (Иёати Ню-Йурк)

    * Оно Чапман (ноҳияи Манҳетени шаҳри Ню-Йурк)

    * Михоил Семенко, Михоил Зутулий ва Потришо Милз (Шимоли Вирҷиниё дар ҳаволии Вошингтун)

    * Дуно Ҳовард Ҳитфилд ва Трейси Ли Он Фулӣ (шаҳри Бустуни иёлати Мосочуст)

    * Кристуфер Матсус ( ҳанӯз боздошт нашудааст)

 

Ин дар ҳолест, ки равобити Амрико ва Русия тайи моҳҳои ахир рӯ ба густариш будааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, ҳафтаи гузашта аз Амрико боздид ва бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико дидор кард.

 

Давлати Борок Убомо эълом кардааст, ки ба таври усулӣ бо вуруди Русия ба созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мувофиқ аст. Ду кишвар дар моҳи апрели имсол паймони коҳиши таслиҳоти атомии истротежикро имзо карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2574-2010-06-29-05-07-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ