22:57:07 28-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ КОСТРУ ДАР БОРАИ "ҶАНГИ АТОМИИ АМРИКО ВА ЭРОН"

Фидел Костру ҳушдор додааст тақобули Амрико ва Исроил бо Эрон мумкин аст ба як ҷанги атомӣ мунҷар шавад. Фидел Костру, раҳбари 83-солаи собиқи Кубо, ки барои аввалин бор тайи 11 моҳи гузашта дар як барномаи телевизиюнӣ зоҳир мешуд, гуфт ҳамлаи Амрико ба Эрон фоҷеъабор хоҳад буд, зеро “бо муқовимате рӯбарӯ хоҳад шуд, ки дар Ироқ нашудааст.” Вай гуфт: “Хатари ҷанг башиддат рӯ ба афзоиш аст ва Амрико бо оташ бозӣ мекунад.”

 

Оқои Костру афзуд Амрико аз ҳеҷ иқдоме барои кунтрули захоири нефти Ховари Миёна фурӯгузор намекунад: “Амрикро ба ҷои бардоштани гомҳои амалӣ ба сӯйи коҳиши таҳдиди густариши силоҳҳои атомӣ дар Эрон ё ҳар ҷои дигари ҷаҳон, ба сӯйи кунтрули нуқоти ҳаётии нефтхези Ховари Миёна дар сурати шикасти абзорҳои дигар, бо абзори хушунатомез ҳаракат мекунад.”

 

Ӯ дар бораи рӯёрӯии Амрико бо Куреи Шимолӣ низ ҳушдор дод. Ҳузури телевизиюнии Фидел Костру ин гумоназаниро эҷод карда, ки ӯ мехоҳад бигӯяд ҳамчунон кунтрули авзоъро ба даст дорад. Охири ҳафтаи гузашта низ ду рӯзноманигор дар Кубо барои аввалин бор тайи чаҳор соли гузашта тасовири ҷадиде аз Фидел Костру мунташир карданд.

 

Дар ин тасовир, Фидел Костру хандон буд ва ба зоҳир дар саломат ба сар мебурд. Аз замони бемории оқои Костру дар соли 2006, тасовире аз ӯ дар мулоқотҳои умумӣ мунташир нашуда буд. Дар ин муддат албатта тасовири мулоқотҳои ӯ бо диплумотҳои хориҷӣ, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, дар расонаҳо чоп шуда буд.

 

Пас аз он ки беморӣ ва заъфи ҷисмӣ ӯро водор ба канорагирӣ аз қудрат кард, Роул бародари 79-солааш раиси ҷумҳур шуд. Оқои Костру ҳамчунон раҳбарии ҳизби кумунистро бар уҳда дорад. Мақолот ва таҳлилҳои Фидел Костру камокон дар расонаҳои кубоӣ мунташир мешавад. Ӯ ахиран пешбинӣ карда буд, ки Амрико ва Исроил аз бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ ба унвони фурсате барои инҳирофи афкори умумӣ ва ҳамла ба Эрон истифода хоҳанд кард.

 

Ӯ ҳамчунин аз юриши маргбори кумондуҳои исроилӣ ба киштиҳои кумакрасонӣ ба Ғазза интиқод кард. Тасовири телевизиюнии оқои Костру дар ҳоле мунташир мешавад, ки Роул Костру дар тасмиме камсобиқа бо озодии 52 зиндонии сиёсӣ мувофиқат кард.

 

Фидел Костру фармондеҳии инқилоби мунҷар ба сарнагунии режими Ботисто дар Куборо дар соли 1959 бар уҳда дошт ва аз ҳамон замон, симати раёсати ҳайати вазирон ё нахуствазириро дар даст гирифт. Аз соли 1965 Костру симати дабири аввали ҳизби кумунисти Кубо ва аз соли 1984 мақомоти раёсати Шӯрои давлатӣ - раиси ҷумҳури кишварро - низ ба симатҳои хеш афзуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2665-----q----q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ