22:58:06 28-уми Июни 2025 сол

УЗРХОҲИИ КАРЗАЙ АЗ ҚАТЛИ СЕ САРБОЗИ БРИТОНИЁӢ

Дар пайи ба қатл расидани се низомии бритониёӣ ба василаи як сарбози артиши Афғонистон дар вилояти Ҳелманд, Ҳомиди Карзай аз Бритониё узрхоҳӣ кард. Ин узрхоҳӣ пас аз он рух дод, ки як сарбози артиши Афғонистон ба сӯйи як гурӯҳ аз низомиёни бритониёӣ дар наҳри Сироҷ дар Ҳелманд тирандозӣ кард. Се низомӣ дар ин ҳодиса кушта шуданд ва як нафари дигар низ маҷруҳ шудааст. Ду тан аз кушташудагон аз атбоъи Бритониё ва нафари севум неполӣ аст.

 

Вазорати дифоъи Афғонистон ва Паймони Отлонтики Шимолӣ, НОТУ, аз оғози таҳқиқоти муштарак дар ин маврид хабар додаанд. Оқои Карзай ва Девид Комерун, нахуствазири Бритониё дар як тамоси телефунӣ бар аҳамияти оғози сареъи таҳқиқот дар бораи ин ҳодиса таъкид карданд. Оқои Комерун ин ҳодисаро "мунзаҷиркунанда" донистааст.

 

Женерол Девид Петриус, фармондеҳи нерӯҳои НОТУ ва эътилоф дар Афғонистон, аз марги ин сарбозон ибрози таассуф карда, аммо афзудааст, ки бурузи ин ҳаводис набояд ба "эътимоди" миёни сарбозони афғон ва НОТУ осеб бирасонад.

 

"Маъмурияти муштарак"

Эъломияи муштараки вазорати дифоъи Афғонистон ва НОТУ, аз женерол Петриус нақли қавл кардааст: "Ин як маъмурияти муштарак аст, ки дар он сарбозони афғон ва муттаҳидони онҳо шона ба шона алайҳи Толибон ва соири тундравон меҷанганд."

 

Ӯ меафзояд: "Мо қурбонии бисёр додаем ва бояд итминон ҳосил кунем, ки эътимоди миёни нерӯҳои мо пойдор боқӣ бимонад, то битавонем душмани муштараки худро шикаст диҳем."

 

Дар гузашта чандин бор сарбозони афғон дар асари "оташи худӣ"-и нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон кушта шудаанд, аммо он чи ҳодисаи тоза дар Ҳелмандро мутамоиз месозад, эҳтимоли тирандозии "амдии" сарбози афғон ба нерӯҳои НОТУ аст. Ин масъала агар дуруст собит шавад, метавонад нигарониҳои ҷиддиро дар заминаи омӯзиши нерӯҳои афғон ба миён оварад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2673-2010-07-14-14-45-21.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ