22:55:13 28-уми Июни 2025 сол

ШАҲРОМ АМИРӢ ВОРИДИ ТЕҲРОН ШУД

Шаҳром Амирӣ, ки чаҳоршанбе Вошингтун, пойтахти Омрикоро тарк карда буд, панҷшанбе аз тариқи Дуҳаи Қатар вориди фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон шуд. Бар асоси гузоришҳо, оқои Амирӣ панҷшанбе, 14 июл, ҳудуди соъати панҷу ними субҳ ба вақти маҳаллӣ вориди фурудгоҳи Имом Хумайнӣ шуд ва аз сӯйи хонаводааш ва теъдоде аз мақомҳои эронӣ, аз ҷумла Ҳасани Қашқовӣ, аз муъовинони вазири умури хориҷа, мавриди истиқбол қарор гирифт.

 

Шаҳроми Амирӣ ҳангоми вуруд ба кишвар эълом кард, ки донишманди ҳастаӣ нест ва Омрико барои таҳти фишор қарор додани Ҷумҳурии Исломӣ дар як ҷанги равонӣ ӯро ба барномаи атомии Эрон муртабит карда буд. Хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз Шаҳром Амирӣ гузориш медиҳад: "Ман пажӯҳишгари содае ҳастам, ки дар як донишгоҳ кор мекунам ва кори маҳрамонае анҷом намедиҳам. Илова бар он дарби донишгоҳе, ки банда дар он машғули фаъолият ҳастам, ба рӯйи ҳамкорӣ боз аст ва кори маҳрамонае дар он сурат намегирад."

 

Як мақоми аршади омрикоӣ, ки хоста номаш фош нашавад, чаҳоршанбе дар бораи Амирӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ӯ иттилоъоти муфиде ба Иёлоти Муттаҳида дод. Эрон ҳоло ӯро дар ихтиёр дорад. (Ин вазъ) аз назари бурду бохт, қобили муқоиса ҳам нест."

 

Аммо оқои Амирӣ иттиҳоми ҷосусӣ барои Созмони Иттилоъоти Марказии Омрикоро рад кард ва гуфт, ки агар мушкиле дошт, ба Эрон барнамегашт. Хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз Ҳасани Қашқовӣ менависад: "Матлабе, ки Шаҳром Амирӣ матраҳ кард комилан равшан ва зулол ҳамчун об аст, чаро ки Амирӣ як пажӯҳишгаре дар яке аз донишгоҳҳои Эрон аст."

 

Пӣ Ҷӣ Кровлӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико чаҳоршанбе бори дигар иттиҳоми рабуда шудани оқои Амирӣ тавассути созмонҳои иттилоъотии Иёлоти Муттаҳидаро рад кард ва гуфт, ки ӯ озодона дар Омрико зиндагӣ мекард.

 

Ин мақоми омрикоӣ гуфт, ки бастагӣ ба худи Шаҳром Амирӣ дорад, ки дар бораи таҷрубиёташ суҳбат кунад ва ба хабарнигорон тавсия кард, ки нисбат ба сиҳҳати изҳороташ тардид дошта бошанд.

 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар Пуртғол ба сар мебарад, дар посух ба ин суол, ки оё аз Шаҳроми Амирӣ ҳангоми вуруд ба Эрон монанди "як қаҳрамон" истиқбол мешавад, гуфт: "Бояд аввал бубинем, ки дар ин ду сол чи гушта ва баъд бубинем оё ӯ қаҳрамон аст ё на."

 

Ба гуфтаи оқои Муттакӣ "бояд барои Эрон муҳраз шавад, ки иддаъоҳои ӯ дар хусуси рабуда шуданаш дуруст аст."

 

" Пешниҳоди 50 милюн дулор"

Хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз оқои Амирӣ менависад: "Онҳо як мубойл ба банда доданд ва то рӯзи охир таъкид доштанд, ки дар сурати ҳамкорӣ илова бар додани 50 милюн дулор шароити зиндагӣ дар яке аз кишварҳои урупоиро бароям фароҳам хоҳанд кард."

 

Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико, сешанбе гуфт, ки Шаҳром Амирӣ ба майли худ ба ин кишвар сафар карда буд,ва пас аз зиндагии озодона дар он ба ихтиёри худ метавонад Иёлоти Муттаҳидаро тарк кунад.

 

Шаҳром Амирӣ дар Вошингтун ба ин изҳорот гуфтааст: "Ман мадорике дорам, ки нишон медиҳанд озод набудам ва таҳти назари афроди мусаллаҳи созмонҳои иттилоъотии Омрико қарор доштам. Шояд Клинтун аз вуҷуди чунин нерӯҳое хабар надорад, ки беҳтар аст дар ин замина аз раиси ҷумҳури Омрико бипурсад."

 

Мақомҳои Эрон таъкид кардаанд, ки аз тариқи байналмилалӣ пайгири "осебҳои моддӣ ва маънавӣ"-и ворида аз сӯйи Омрико ба оқои Амирӣ хоҳанд шуд. Ба гузориши хабаргузории "Меҳр" Ҳасани Қашқовӣ ҳамчунин ин назарро, ки Вошингтун барои озодии се ҷавони омрикоии зиндонӣ дар Теҳрон Шаҳром Амириро раҳо карда, беасос донистааст.

 

Бино бар ин гузориш, оқои Қашқовӣ гуфт: "На давлати Омрико то кунун ин иддаъоро матраҳ карда ва на ин мавзӯъ воқеъият дорад. Ин сенориюе аст, ки аз сӯйи расонаҳои хориҷӣ дунбол мешавад. Мо баҳси мубодила дар озодии Амириро такзиб мекунем ва оянда ҳам ин мавзӯъро собит мекунад.

 

Тарки Омрико

Аз замони қатъи равобити диплумотики Ҷумҳурии Исломӣ ва Омрико дар ҳудуди сӣ сол пеш, сафорати Покистон дар Вошингтун ҳифозат аз манофеъи Эрон дар Омрико ва сафорати Суес дар Теҳрон ҳифозат аз манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар Эронро бар уҳда дорад.

 

Ба гузориши Воҳиди Марказии Хабар, оқои Меҳмонпараст, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки Шаҳром Амирӣ ҳангоми тарки Омрико аз сӯйи раси Дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон пазируфта шуд ва афзудааст, ки шаби гузашта Беҳрӯзи Камолвандӣ, муъовини омрикоии ин вазоратхона, бо оқои Амирӣ телефунӣ гуфтугӯ кард.

 

Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати хориҷа, оқои Камолвандӣ дар ин гуфтугӯи телефунӣ бо оқои Амирӣ "зимни ҳусули итминон аз саломат ва оромиши руҳии вай , хусусан пас аз ҳузур дар Дафтари ҳифозат аз манофеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Вошингтун, бар ҳар гуна талоши кишвар барои бозгардондани вай ба меҳани исломӣ ва оғӯши хонаводааш таъкид ниҳод."

 

Хабари хуруҷи Шаҳроми Амирӣ аз хоки Омрико як рӯз пас аз он гузориш мешавад, ки хабаргузориҳо гузоришҳоеро дар мавриди муроҷеъаи ӯ ба Дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон дар Вошингтун мунташир карданд ва ин гузоришҳо мавриди таъйиди мақомоти покистонӣ ва омрикоӣ қарор гирифт.

 

Агарчи родию ва телевизиюни давлатии Эрон аз "паноҳ бурдани" Шаҳром Амирӣ ба Дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон сухан гуфта буд, аммо шомгоҳи гузашта вазири умури хориҷаи Омрико гуфт, ки оқои Амирӣ озодона ва ба майли худ ба Омрико омада ва озод аст ва ҳар замон, ки мехоҳад хоки ин кишварро тарк кунад.

 

Мақомоти омрикоӣ таъкид кардаанд, ки иқдомоти оқои Амирӣ, аз ҷумла ирсоли навори видиюӣ ва ҳамчунин муроҷеъа ба Дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон, нишонаи озодии амали комили ӯ буда ва ҳар гуна муъомилае бо давлати Эрон дар мавриди мубодилаи оқои Амирӣ бо омрикоиёни зиндонӣ дар Эронро такзиб кардаанд.

 

Дар пайи интишори гузориши муроҷеъаи оқои Амирӣ ба Дафтари ҳифозат аз манофеъи Эрон дар Омрико ва ибрози тамоюл ба бозгашт ба Эрон, иртиботи эҳтимолии бозгашти вай бо моҷарои боздошти се шаҳрванди омрикоӣ дар марзи Эрон ва Ироқ ва нопадид шудани як шаҳрванди дигари омрикоӣ дар ҷазираи Кеш матраҳ шуд.

 

Дар вокуниш ба ин гузоришҳо Роберт Гибс, сухангӯйи Кохи Сафед, бо радди ҳар навъ иртиботе байни вуруд ва ҳузури оқои Амирӣ дар Омрико ва боздошти шаҳрвандони омрикоӣ дар Эрон гуфт "мо ӯ (Шаҳром Амирӣ)-ро нигаҳ надоштаем ва бинобар ин ҳеҷ мубодилае дар кор нест."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2684-2010-07-15-09-56-20.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ