| ҲИМОЯТИ ДАҲҲО УЗВИ КУНГРЕИ ОМРИКО АЗ ГУЗИНАИ НИЗОМИИ ИСРОИЛ АЛАЙҲИ ЭРОН |
| Хабар - Равзана ба ҷахон | |||
| 24.07.2010 14:01 | |||
|
Луи Гумерт, яке аз намояндагони иёлати ҷанубии Тегзос, пешнависи ин қатъномаро таҳия кардааст ва то рӯзи ҷумъа (1 мурдод) 46 узви Маҷлиси Намояндагон онро имзо кардаанд. Ҳизби демукрот дар ҳоли ҳозир кунтрули ду рукни Кунгре - Маҷлиси Намояндагон ва Сеноро дар даст дорад ва мақомҳои аршади ин ҳизб дар бораи пешнависи ёдшуда вокунише нишон надодаанд.
Бар асоси ин пешнавис, агар ҳеҷ роҳи сулҳомезе "дар тайи муддати замонии қобили қабул" барои муқобала бо хатари "фаврии" Эрон алайҳи Исроил пайдо нашавад, Исроил метавонад аз ҳар василае, ҳатто нерӯи низомӣ, алаҳи Эрон истифода кунад. Дар ин пешнавис ба мавориди мутаъадиди "таҳдидҳои" лафзии Эрон алайҳи Исроил бо зикри нақли қавл ва замони он ишора шудааст.
Барои намуна дар он гуфта шуда Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар 26 октябри соли 2005 дар кунфронси "Ҷаҳоне бидуни саҳюнисм" гуфтааст: "Иншоаллоҳ ба кумаки Худо базудӣ шоҳиди ҷаҳоне бидуни Исроил ва саҳюнисм хоҳем буд" ва "режими ишғолгар аз нақшаи ҷаҳон маҳв мешавад."
Дар ин пешнавис ҳамчунин ба нақл аз Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, навишта шудааст, ки равобити Вошингтун ва Теловив "беш аз як иттиҳоди истротежик" аст ва меафзояд Омрико ба дунболи ҷанг бо Эрон нест, аммо ҳамаи гузинаҳоро барои худ барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атумӣ маҳфуз медорад. Давлати Борок Убомо ҳанӯз дар бораи пешнависи қатъномаи ёдшуда изҳори назар накардааст.
Қатъномаҳои Маҷлиси Намояндагон ва Сенои Омрико барои Кохи Сафед лозимулиҷро нест ва сирфан назари ин ду рукни Кунгреро баён мекунад. Ин дар ҳолест, ки аксарияти қариб ба иттифоқи аъзои Кунгре, аз ду ҳизби демукрот ва ҷумҳурихоҳ, дар моҳи июн ба ташдиди таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон райъи мусбат доданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2753-2010-07-24-09-03-03.html
|












