| НЕРӮҲОИ АФҒОН ДАР БАРГИ МАТОЛ АҚИБНИШИНӢ КАРДАНД |
| Хабар - Равзана ба ҷахон | |||
| 25.07.2010 19:20 | |||
|
Ҷамолиддини Бадр, волии Нуристон мегӯяд, ки ин "ақибнишинӣ" ба манзури ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар даргирии миёни пулис ва Толибон сурат гирифтааст. Оқои Бадр ҳамчунин гуфтааст, ки теъдоди нерӯҳои пулис дар Барги Митол ба таносуби Толибони муҳоҷим кам буда ва ин масъала нерӯҳои пулисро дар баробари ҳамалоти Толибон осебпазир сохтааст.
Мақомот мегӯянд, нерӯҳои пулис дар Барги Матол, бар иловаи камбуди нафар, бо камбуди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ рӯбарӯ ҳастанд. Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, базудӣ нерӯи изофӣ ба Барги Матол фиристода ва амлиёти густардаеро барои бозпасгирии ин вулусволӣ оғоз мекунанд.
Сухангӯйи Вазорати дохила таъйид кард, ки кунтрули маркази ин вулусволӣ ба дасти Толибон афтодааст. Дар ҳафтаҳои ахир даргириҳои парокандае дар Барги Матол миёни Толибон ва нерӯҳои афғон сурат гирифтааст. Волии Нуристон мегӯяд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо наздик ба сӣ нафар аз Толибон кушта шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2758-2010-07-25-14-21-39.html
|






