03:46:31 29-уми Июни 2025 сол

НЕРӮҲОИ АФҒОН ДАР БАРГИ МАТОЛ АҚИБНИШИНӢ КАРДАНД

Нерӯҳои амниятии Афғонистон аз маркази вулусволии Барги Матол дар шарқи Афғонистон ақибнишинӣ кардаанд. Бо ин ҳаракат Толибон як бори дигар кунтрули ин вулусволиро дар вилояти Нуристон ба даст гирифтанд. Барги Матол бо Покистон марзи муштарак дорад ва дар гузашта чандин бор мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтааст. Мақомоти афғон ақибнишинии нерӯҳои пулис аз ин вулусволиро таъйид карда, аммо онро як ҳаракати "токтикӣ" хондаанд.

 

Ҷамолиддини Бадр, волии Нуристон мегӯяд, ки ин "ақибнишинӣ" ба манзури ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар даргирии миёни пулис ва Толибон сурат гирифтааст. Оқои Бадр ҳамчунин гуфтааст, ки теъдоди нерӯҳои пулис дар Барги Митол ба таносуби Толибони муҳоҷим кам буда ва ин масъала нерӯҳои пулисро дар баробари ҳамалоти Толибон осебпазир сохтааст.

 

Мақомот мегӯянд, нерӯҳои пулис дар Барги Матол, бар иловаи камбуди нафар, бо камбуди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ рӯбарӯ ҳастанд. Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, базудӣ нерӯи изофӣ ба Барги Матол фиристода ва амлиёти густардаеро барои бозпасгирии ин вулусволӣ оғоз мекунанд.

 

Сухангӯйи Вазорати дохила таъйид кард, ки кунтрули маркази ин вулусволӣ ба дасти Толибон афтодааст. Дар ҳафтаҳои ахир даргириҳои парокандае дар Барги Матол миёни Толибон ва нерӯҳои афғон сурат гирифтааст. Волии Нуристон мегӯяд, ки дар ҷараёни ин даргириҳо наздик ба сӣ нафар аз Толибон кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2758-2010-07-25-14-21-39.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ