08:15:11 29-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ ИТТИҲОМИ АЖМАДИНАЖОД АЛАЙҲИ ИН КИШВАРРО РАД КАРД

Давлати Русия дар вокуниш ба иитиҳоми Маҳмуди Аҳмадинажод, ки раиси ҷумҳурии Русия сенориюи тарроҳишуда аз сӯйи Омрикоро алайҳи Эрон калид зада, ин суханони ӯро ғайримасъулона ва ғайриқобили қабул донистааст.Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, рӯзи ҷумъа (23 июл) иттиҳоми Дмитрий Медведевро, ки Эрон то ду соли дигар ба бумби атомӣ даст пайдо хоҳад кард, беасос дониста ва гуфта буд, ки раиси ҷумҳурии Русия сенориюи Ғарб ва Омрико барои фишор қарор додани Эронро "калид" задааст.

 

Ба гузоириши Хабаргузории донишҷӯён (ИСНО), Маҳмуди Аҳмадинажод гуфта буд: "Душманон як тарроҳии ҷанги равонӣ ва шайтанат алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон кардаанд ва бо бархе низ дар дохил ҳамоҳанг кардаанд, ки фазои сангинеро ба қавли худашон алайҳи мо дар дунё эҷод кунанд, фишор биоваранд, фишорро ба авҷ бирасонанд ва дар авҷи ин фишорҳо ба яке ду кишвари Ховари Миёна, ки дӯсти мо ҳастанд, бо кумаки саҳюнистҳо ҳамлаи низомӣ бикунанд, то ба хиёли худашон як таваққуф ва заъферо дар иродаи миллати Эрон эҷод кунанд."

 

Оқои Аҳмадинажод афзуд, ки раиси ҷумҳурии Русия низ бахше аз ин сенорию аст ва онро "калид" задааст ва ӯ базудӣ ҷузъиёти ин сенориюро эълом хоҳад кард. Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе (26 июл) бо интишори баёнияе эълом кард, ки изҳороти оқои Аҳмадинажод хатти машйи "бетарафона" ва "мустақили" Русия дар баробари барномаи атомии Эронро "таҳриф" кардааст ва онро ғайриқобили қабул донист.

 

Давлати Русия ҳамчунин гуфт: "Мо пешниҳод мекунем, ки ба ҷои суханони бефоида ва ғайримасъулона беҳтар аст, ки ҳайати ҳокимаи Эрон бо бардоштани гомҳои мушаххс ва созанда, муноқишаро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл кунанд."

 

Дмитрий Медведев рӯзи душанбе, 12 июл, гуфта буд, ки Эрон ба доштани тавоноии сохти силоҳи ҳастаӣ наздиктар мешавад. Эрон барномаи атомии худро сулҳомез медонад. Раиси ҷумҳурии Эрон аз изҳороти оқои Медведев ибрози таассуф кард, аммо гуфт, Эрон ба ҳифз ва густариши равобит бо Русия алоқаманд аст.

 

Давлати Русия дар баёнияи рӯзи душанбе (26 июл)-и худ ҳамчунин аз идомаи музокироти атомии байни Туркия ва Бразил бо ҳадафи ёфтани роҳе барои таъмини сӯхти реоктури ҳастаии Теҳрон истиқбол кард. Вазорати умури хориҷаи Русия ибрози умедворӣ кардааст, ки музокироти атомии қудратҳои бузург бо Эрон низ аз сар гирифта шавад.

 

Ин дар ҳолест, ки вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласаи душанбе дар мақарри ин иттиҳодия дар шаҳри Бруксел таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон тасвиб карданд. Ромини Меҳмонпараст, сухангӯйи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупоро беасар хонд ва таъкид кард, ки ин масъала фақат ба печидатар шудани шароит кумак хоҳад кард.

 

Ҳамзамон, Алиасғари Султония, намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, аз таҳвили номаи Эрон ба Юкиё Омону, мудири кулли ин созмон хабар дода, ки ба гуфтаи ӯ посухи кишвараш ба гурӯҳи Виен ва дар бораи таъмини сӯхти реоктури Теҳрон аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2773-2010-07-27-05-21-19.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ