02:15
бо вакти Душанбе
10-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1607 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3476 TJS
2012-02-09

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ДАСТРАСӢ БА ОБИ СОЛИМ ҲАҚҚИ АСОСИИ БАШАР ЭЪЛОМ ШУД
Хабар - Равзана ба ҷахон
29.07.2010 10:54

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае дастрасӣ ба оби ошомидании солим ва системи тахлияи фозилобро яке аз ҳуқуқи асосии инсонҳо эълом кардааст. Ин қатъномаи ғайриилзомовар чаҳоршанбе, 28 июл, бо 122 раъйи мухолиф ба тасвиб расид. Хабаргузории Фаронса гузориш медиҳад, ки музокира дар бораи матни ин қатънома 15 сол тӯл кашидааст. Бар асоси ин қатънома: "Ҳаққи дастрасӣ ба оби ошомидании солим ва покиза ва низ системи тахлияи фозилоб яке аз ҳуқуқи башар аст, ки барои бархӯрдорӣ аз ҳаққи ҳаёт зарурист."

 

Олмон, Фаронса, Русия ва Чин аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки аз ин қатънома ҳимоят кардаанд. Аммо Конодо, Омрико, Бритониё ва Устролиё ба он раъйи мумтанеъ додаанд. Баъзе аз кишварҳои мухолиф мегӯянд, ки қатъномаи мазкур ба равшании мафҳуми ҳаққи асосии дастрасӣ ба оби солимро баён намекунад. Теъдоде дигар аз мухолифон низ гуфтаанд, ки судури ин қатънома метавонад равандеро, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мустақар дар Женеви Суес дар бораи ҳаққи дастрасӣ ба оби солим оғоз карда, тазъиф кунад.

 

Бар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, ҳадди ақал 884 милюн нафар дар ҷаҳон ба оби ошомидании солим дастрасӣ надоранд ва дастикам ду милёрду 600 милюн нафар ҳам аз шабакаи фозилоби муносиб маҳруманд. Ин созмон ҳамчунин тахмин мезанад, ки солона марги ҳадди ақал яку ним милюн кӯдаки зери панҷ сол дар дунё ба далели аворизи ношӣ аз олудагии об ё набудани шабакаи фозилоби муносиб аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2785-2010-07-29-06-01-00.html

 

 

Миқдори нигориши мавод: 263

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh