УМЕДВОРИИ АМРИКО БА АЗСАРГИРИИ МУЗОКИРАИ ГУРӮҲИ 5+1 БО ЭРОН
Давлати Амрико ибрози умедворӣ кардааст, ки диплумотҳои аршади панҷ кишвари узви доими Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон дар зарфи чанд ҳафтаи оянда бо намояндаи Эрон дар бораи барномаи атомии ин кишвар музокира кунанд. Филип Кровлӣ, сухангӯйи Вазорати умумри хориҷаи Амрико, чаҳоршанбе, 28 июл эълом кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли баррасии посухи катбии Эрон ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст.
Алиасғари Султония, намояндаи Эрон дар Ожонс, душанбе аз таҳвили номаи Эрон ба Юкиё Омону, мудири кулли ин Ожонс хабар дод ва гуфт, ки ин нома ҳовии посухи Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи таъмини сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон аст. Ин дар ҳолест, ки Аҳмад Довуд Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, гуфт, ки Эрон мувофиқат карда, ки дар сурати пазириши тарҳи мавриди назараш барои мубодилаи сӯхти атомӣ бо Ғарб, ғанисозии урониюми то ҳадди 20 дарсадро мутаваққиф кунад.
Давлати Эрон расман ин хабарро таъйид накардааст. Урониюм бо ғанои 20 дарсад дар сохти силоҳи атомӣ корбурд дорад, аммо Эрон бо радди иттиҳомҳои Ғарб мегӯяд, ки барномаи атомиаш сулҳомез аст. Оқои Кровлӣ дар вокуниш ба изҳороти вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, ки Эрон дар гузашта низ пешниҳодҳоеро дар робита бо барномаи ғанисозиаш ироа карда, ки ҳамагӣ машрут ба шароити сангине будааст.
Ин мақоми Амрикоӣ дар айни ҳол бар тамоюли Иёлоти Муттаҳида ба музокираи чандҷонибаи ҳастаӣ бо Эрон таъкид кард. Ӯ гуфт: "Мо умедворем, ки дар зарфи чанд ҳафтаи оянда мулоқоте монанди дидоре, ки дар октябри гузашта доштем, анҷом диҳем.
Намояндагони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия октябри гузашта дар Женеви Суес бо Саъид Халилӣ, музокиракунандаи аршади атомии Эрон дидор карданд, ки тайи он Эрон ба таври усулӣ бо тарҳи мубодилаи сӯхт бо Ғарб мувофиқат кард, аммо сипас мухолифати худро бо он эълом кард.
Эрон сипас дар моҳи июн пас аз миёнҷигарии Туркия ва Бразил мувофиқаташ бо мубодилаи сӯхти атомиро эълом кард, ки Амрико ва қудратҳои бузург онро рад карданд. Сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Амрико чаҳоршанбе аз ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дифоъ кард ва ҳадафи онро тағйири хатти машйи атомии ҳайати муҳокимаи Эрон донист.
Иттиҳодияи Урупо ва Конодо низ ин ҳафта таҳримҳои якҷонибаи худ алайҳи Эронро ташдид карданд. Аз сӯйи дигар, Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, низ дар дидор бо Уливер Груген, сафири ҷадиди Ирлонд дар Теҳрон аз таҳримҳои тозаи Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон интиқод карда ва хоҳони тавсеъаи равобити кишвараш бо "як Урупои мустақил" шудааст.
Амрико ва қудратҳои бузург аз Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо барои интиқоли дидгоҳҳои худ ба тарафи Эрон истифода мекунанд. Хонум Эштун чаҳоршанбе бори дигар таъкид кард, ки қудратҳои бузург тамоюл доранд, ки музокира бо Эрон ҳарчи зудтар шурӯъ шавад ва меҳвари музокирот барномаи атомии Эрон бошад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2786-------51--.html