РАСОНАИ ДАВЛАТИИ ЭРОН БОНУИ АВВАЛИ ФАРОНСАРО "ФОҲИША" НОМИД
Шабакаи Эрон, ки вобаста ба муассисаи матбуъотии Эрон аст, Корло Брунӣ, ҳамсари Никуло Соркузӣ раиси ҷумҳурии Фаронсаро "самбули хиёнат" ба шавҳар хонда ва гуфтааст расонаҳои ғарбӣ низ "фоҳиша будани" ӯро талвеҳан таъйид кардаанд. Муассисаи матбуъотии Эрон, ки рӯзномаи давлатии Эрон, шабакаи Эрон ва нашриёти мутаъаддиди дигареро дар бар мегирад, зери назари Вазорати иршод ва фарҳанги исломӣ фаъолият мекунад.
Шабакаи Эрон дар гузорише, ки рӯзи душанбе дар сойти худ мунташир кард, хонум Бруниро муттаҳам ба фасоди ахлоқӣ ва доштани иртибототи ҷинсӣ бо афроди мутаъаддид кард ва афзуд "аз интишори бештари ин мавзӯъот ба далели маъзуоти ахлоқӣ узр металабад."
Хонум Брунӣ ахиран аз ҳукми сангсори Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ ба иттиҳои "зинои муҳсина" интиқод кард ва хостори озодии ӯ шуд. Брунӣ ҳунарпеша ва хонандаи фосидулахлоқи итолиёӣ агарчи тавонист хонаводаи Соркузиро аз ҳам бипошад ва ҳамсари раиси ҷумҳури Фаронса шавад, аммо батозагӣ ахбори ҷадиде аз иртибототи вай бо як хонанда мунташир шуд.
РӮзномаи "Кайҳон"
Вай тайи номаи саргушодае, ки дар расонаҳои фаронсавӣ мунташир шуд, хитоб ба хонуми Муҳаммадии Оштиёнӣ навишт: "Чи тавр метавон бо шунидани ҳукми шумо сокит монд?" Вай афзуд ин ҳукми сангсор "захме амиқ бар ҳамаи занон, ҳамаи кӯдакон ва ҳамаи касоне аст, ки эҳсосоти инсонӣ доранд."
Хонуми Брунӣ навишт: "Дар аъмоқи селули зиндони худ бидонед, ки шавҳари ман дар талоше хастагинопазир аст ва Фаронса шуморо танҳо нахоҳад гузошт."
Пас аз ин нома, рӯзномаи "Кайҳон" мақолае таҳти унвони "Фоҳишаҳои Фаронса ҳам вориди доду қоли ҳуқуқи башар шуданд" мунташир кард. Ин рӯзнома навишт: "Брунӣ ҳунарпеша ва хонандаи фосидулахлоқи итолиёӣ агарчи тавонист хонаводаи Соркузиро аз ҳам бипошад ва ҳамсари раиси ҷумҳури Фаронса шавад, аммо батозагӣ ахбори ҷадиде аз иртибототи вай бо як хонанда мунташир шуд."
Интишори ин матлаб дар Шабакаи хабар ва рӯзномаи "Кайҳон" бозтоби васеъе дар расонаҳои ҷаҳонӣ доштааст. Кохи Элиза мегӯяд қасд надорад вокунише ба изҳороти таҳқиромези расонаҳои Эрон нишон диҳад. Илова бар хонуми Брунӣ шумори зиёде аз фаъолони ҳуқуқи башар ва занону низ чеҳраҳои фарҳангӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ аз хонум Муҳаммадии Оштиёнӣ ҳимоят кардаанд.
Мақомҳои Эрон ахиран эълом карданд, ки дар мавриди ин парванда "роҳкорҳои вижаеро" дар дастури кор қарор додаанд, ки натиҷаи он баъдан эълом хоҳад шуд. Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон рӯзи шанбе бо судури иттилоъияе эълом кард ин роҳкорҳо ба манзури "эъмоли диққатҳои музоъаф дар эъмоли қонун ва риъояти ҳуқуқи қонунии афрод" дар назар гирифта шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3009-------qq-.html
Шарҳҳо
дар бораи хонум Оштиёни бояд гуфт ин хукми дину ислом аст ва албатта у хамчунин ба куштани шавхараш хам икрор шуда аст ки бояд касос шавад. Аммо дар бораи хонум Буруни ки худашхам бар корхое ки мекунад икрор аст ва алабатта аз назараи мо фасод ва зинокори номида мешавад. вале холо барои гурез аз якзарра обуруяшхам ки бошад бачои дифоъ аз худаш дифоъ аз ин эронии мучримро пеша кардааст.
Худованд хакро ба хакдор мерасонад.
RSS Обуна