АҲМАДИНАЖОД: "БО УРДАНГӢ" ХОРИҶ ХОҲЕД ШУД
Маҳмуди Аҳмдинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, бори дигар ҳамалоти 11 сентябрро мавриди тардид қарор дода ва мегӯяд, ки аз он барои "ишғолгарӣ" дар минтақаи Ховари Миёна истифода шудааст. Оқои Аҳмадинажод рӯзи якшанбе, 3 октябр, дар маросими ифтитоҳи беш аз ҳазор воҳиди маскунӣ дар Ҳаштгирди Караҷ изҳори назар мекард.
Ӯ дар ин суханронӣ аз беасар будани таҳримҳои байналмилалӣ ба хотири барномаи атомии Эрон суҳбат кард ва ҳамчунин ба Омрико ҳушдор дод, ки агар минтақаро тарк накунад, миллатҳо онҳоро "бо урдангӣ" (лагад) берун хоҳанд кард. Ӯ бидуни ном бурдан аз Омрико гуфт, ки ин кишвар зулмҳои зиёде дар ҳаққи Эрон карда ва гуфт Омрико дар ҳоле Эронро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунад, ки ба гуфтаи ӯ "сангинтарин хафақон дар Омрико" вуҷуд дорад.
Ӯ ҳамчунин аз Исроил ба унвони "саги ваҳшӣ, ки дар минтақа раҳо кардаанд" ном бурд. Оқои Аҳмадинажод гуфт: "Моҷарои ҷадиде ба номи 11 сентябр дуруст кардаанд ва қасд доранд онро табдил ба як мавзӯъи муқаддас ва ба баҳонаи он ишғолгарӣ кунанд. Онҳо ба баҳонаи 11 сентябр ба минтақаи мо ҳамла карданд ва мегуфтанд аввал Афғонистон, баъд Ироқ ва Эронро таҳдид мекарданд."
Ӯ афзуд, ки "ҳақиқати 11 сентябр бояд мушаххас шавад. Онҳо ба баҳонаи 11 сентябр ба минтақаи мо омаданд ва ҳар коре дилашон мехоҳад, анҷом медиҳанд." Оқои Аҳмадинажод дар ҷараёни суханронии рӯзи 28 сентябри худ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамалоти 11 сентябрро зери суол бурда буд, ки бо вокуниши интиқодомези Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, рӯбарӯ шуд.
Оқои Убомо дар мусоҳиба бо телевизиюни форсии Би-би-сӣ гуфт: "Бавижа ба ин далел ки ӯ (Аҳмадинажод) чунин изҳоре кард, он ҳам ин ҷо дар Манҳетен, танҳо дар фосилае кӯтоҳ аз ҷое ки ҳодиса иттифоқ афтод, ҷое ки хонаводаҳо азизонашонро аз даст доданд, мардуме аз тамоми мазоҳиб ва қавмиятҳо, ки инро бузургтарин тродежии наслашон қаламдод мекунанд, ин ки ӯ чунин чизе бигӯяд, қобили тавҷеҳ нест ва бо вокнуише, ки миллати Эрон дар замони ҳодиса нишон доданд, дар таъоруз аст."
Оқои Убомо ёдовар шуд: "Он замон иддае (дар Эрон) шамъ ба даст шабзиндадорӣ карданд, эҳсосоти инсондӯстӣ, ки дар Эрон иброз шуд, шиддати ихтилофи байни амалкарди раҳбарӣ ва режими Эрон аз як сӯ ва аксарияти мардуми Эронро аз сӯйи дигар нишон медиҳад. Аксарияте, ки нисбат ба ин масоил бо эҳтиром ва таъаққул фикр мекунанд."
Аммо оқои Аҳмадинажод рӯзи якшанбе зоҳиран дар вокуниш ба он изҳорот гуфт: "Фикр мекунанд агар биёянд пушти телевизиюн ва сару садо кунанд, мо ақибнишинӣ мекунем."
Ӯ аз замони нутқи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал чанд бор аз изҳороташ дар бораи 11 сентябр дифоъ карда ва пои он истодааст. Оқои Аҳмадинажод ҳамчунин дар бораи эҳтимоли ҳамлаи низомии хориҷӣ барои садама задан ба барномаи атомии Эрон чунин изҳори назар кард: "...Ба худ ҷуръат дода ва миллати моро таҳдид мекунанд ва мегӯянд роҳи ҳалҳо рӯйи миз аст, мурдашури худатон, чеҳратон ва мизатонро бибаранд, ки дунёро ба лаҷан кашидаед."
Ӯ ҳамчунин аз Омрико ва муттаҳидони он, ки аз онҳо ба унвони "ишғолгарони минтақа" ном бурд, хост минтақаро тарк кунанд ва гуфт: "Агар бо пои худ аз минтақа хориҷ нашавед, миллатҳои минтақа шуморо бо урдангӣ (лагад) аз минтақа хориҷ хоҳанд кард."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3273--q-q---.html