БОЙДЕН: ТАҲТИ ҲАР ШАРОИТЕ ТО 2014 АЗ АФҒОНИСТОН ХОРИҶ МЕШАВЕМ
Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳурии Амрико, таъкид кардааст, ки барномаи шурӯъи ақибнишинии нерӯҳои Амрикоӣ аз Афғонистон дар соли оянда иқдоме сирфан нумодин нест ва ин нерӯҳо сарфи назар аз шароити мавҷуди Афғонистон, он кишварро то соли 2014 тарк хоҳанд кард. Оқои Бойден рӯзи якшанбе ба барномаи "Рӯ дар рӯ бо матбуъот"-и шабакаи Энби-сии Амрико гуфт: "Мо (тахлияи нерҳоро) дар июли 2011 шурӯъ хоҳем кард ва то соли 2014 сарфи назар аз ин ки чи шароите ҳоким аст, комилан аз Афғонистон хориҷ хоҳем шуд."
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико соли гузашта дастури эъзоми 30 ҳазор нерӯи дигар ба Афғонистонро содир кард, тасмиме, ки гуфта мешавад, оқои Бойден бо он мухолиф аст. Ҷу Бойден рӯзи якшанбе ҳамчунин гуфт, ки Амрико "дар ҳамаи ҷабҳаҳо дар ҳоли пешрафт аст" аммо афзуд ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин пешрафтҳо бо суръати кофӣ сурат мегирад ё на. Бо ин ҳол ӯ изҳор дошт, ки қавли оқои Убомо барои калид задани раванди хуруҷи нерӯҳо аз тобистони оянда ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст. Оқои Бойден се рӯз пас аз он изҳори назар мекунад, ки давлати Убомо натоиҷи баррасии истротежии ҷанг дар Афғонистон ва Покистонро мунташир кард.
Дар ин гузориш бори дигар бар шурӯъи раванди ақибнишинӣ аз Афғонистон аз тобистони оянда таъкид шудааст. Оқои Бойден дар ин мавриди гуфт Амрико "бо фаро расидани июл ақиднишинии нерӯҳоро оғоз" хоҳад кард ва шурӯъ ба вогузории масъулият ба афғонҳо мекунад. Ӯ таъкид кард, ки "ин як иқдоми сирфан нумодин нахоҳад буд. Оқои Бойден дар ҳоле бар хуруҷи комил аз афғонистон то соли 2014 таъкид мекунад, ки дигар мақомҳоим аршади Амрико то пеш аз ин идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон пас аз соли 2014-ро мардуд надониста буданд.
Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ, НОТУ, наздик ба як моҳ қабл дар ҷараёни нишасти Лисабун дар Пуртғолдар мавриди интиқоли масъулияти умури амниятӣ ба нерӯҳои давлатии афғон то поёни соли 2014 бо давлати Кобул ба тавофуқ расид., аммо идомаи истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар онҷоро ғайримумкин надонист. Ондерс Фуг Росмусен дабири кулли НОТУ гуфта буд, ки ҳарчанд "идомаи ҳузури нерӯҳои размӣ пас аз 2014-ро пешбинӣ намекунад, аммо ин ба шарте аст, авзоъи амниятӣ иҷоза диҳад мо вориди як нақши ҳимоятӣ шавем... бояд итминон ҳосил кунем, ки Афғонистонро зудтар аз мавъид тарк намекунем."
Оқои Убомо низ дар ҷараёни нишасти Лисабун гуфта буд, ки ҳатто пас аз соли 2014 низ мумкин аст "ҳамкории густардае бо нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон барои таҳкими шароити амниятӣ" вуҷуд дошта бошад. Ин ки дар соли 2014 чи иттифоқе меафтад ба авомили мухталифе бастагӣ хоҳад дошт, аз ҷумла ин қи дар интихоботи соли 2014-и Амрико чи касе баранда хоҳад шуд.
Ба ҳамин далел бархе нозирон баҳсҳои кунунӣ дар бораи замони дақиқи тарки Афғонистон тавассути нерӯҳои хориҷиро зудҳангом медонанд. Ин дар ҳоле аст, ки давлати Амрико зимни эъломибарномаи хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон то соли 2014 эҳтимоли идомаи ҳузури низомӣ пас аз он таърихро комилан мардуд надонистаанд. Шумори нерӯҳо ғарбӣ дар Афғонистон акнун ба 150 ҳазор нафар мерасад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷанги Афғонистон дар як соли гузашта хунинтарин сол аз 2001 то кунун будааст давлати Амрико барои хуруҷ аз он кишвар таҳти фишори зиёде қарор дорад. Як назарсанфҷии муътабар и тоза дар Амрико нишон медиҳад, ки акнун 40 дарсади Амрикоиҳо мегӯянд ин ҷанг арзиши ин ҳама ҳазинаро надоштааст. Ба иловаи фишор аъзои ҳизби демукрот низ бар давлати Убомо зиёд аст.
Мақомҳои давлати Амрико гуфтаанд, ки ҳарчанд мутаваҷҷеҳи афкори умумӣ ҳастанд, аммо тасмимот дар мавриди ҷангро бар ин асос намегиранд. Бархе ҷумҳурихоҳон, ки аз ҳизби рақиби оқои Убомо ҳастанд, мегӯянд, агар Толибон мутмаин бошанд, к базудӣ артиши Амрико аз Афғонистон хориҷ мешавад, имкони шикаст доданаш камтар мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3925------2014----.html