ЭРОНИЁНЕ, КИ БАРОИ ОЗОДӢ МЕҶАНГАНД, ТАНҲО НЕСТАНД
Ҳилорӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, тайи баёнияе аз тасвиби қатъномаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал, ки нисбат ба нақзи "мукаррари" ҳуқуқи башар дар Эрон ибрози нигаронӣ мекунад, истиқбол кардааст. Қатъномаи Маҷмаъи Умумӣ сешанбешаб, 21 декабр, бо 78 раъйи мусбат дар муқобили 45 раъйи манфӣ ва 59 раъйи мумтанеъ тасвиб шуд ва дар он нисбат ба "нақзи ҷиддӣ ва мукаррари ҳуқуқи башар, ки ҳамакнун дар Эрон иттифоқ меафтад, амиқан ибрози нигаронӣ " шудааст.
Дар ин қатънома аз ҷумла ба "шиканҷа ва рафтор ё муҷозотҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиромез монанди шалоқ ва қатъи узв" ишора шудааст. Дар баёнияи хонум Клинтон, ки чаҳоршанбе (22 декабр) мунташир шуд, зимни истиқбол аз ин қатънома омадааст: "Ин қатънома ҳамчунин муайяди он аст, ки Эрон бояд муҷаввизи таҳқиқоти муътабар ва мустақил дар мавриди ҳамаи иддаъоҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи башарро содир кунад."
Хонум Клинтон навишт ин қатънома мунъакискунандаи нигаронии Амрико дар мавриди шумори рӯзафзуни зиндониёни сиёсӣ аст, ки барои касби ҳадди ақали ҳуқуқи башар даст ба эътисоби ғизоии хатарнок мезананд. Ӯ навишт: "Ба ҳамаи эрониёне, ки барои баланд кардани садояшон дар бораи озодиҳои асосӣ ва ҳуқуқи инсонии худ тақалло мекунанд, мегӯем, ки шумо танҳо нестед. Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеъаи байналмилалӣ дар канори шумо истодаанд."
Дар қатъномаи Маҷмаъи Умумӣ ҳамчунин ба "шумори боло ва афзоиши шадиди иҷрои муҷозоти эъдом дар малои ом аз тариқи сангсору дор, дар ғиёби тадобири муҳофизатии пазируфташудаи байналмилалӣ" ишора шудааст. Ин маҷмаъ ҳамчунин ба истифода аз муҷозоти эъдом барои касоне ки ҳангоми иртикоби ҷароим зери 18 сол доштаанд, эътироз кард.
Ин қатънома ҳамчунин ба "нобаробарии густардаи ҷинсӣ ва хушунат алайҳи занон, идомаи саркӯби мудофеъони ҳуқуқи занон, боздоштҳо, саркӯбҳои хушунатомез ва муҷозоти заноне, ки ҳаққи таҷаммуъи озодонаи худро дунбол мекунанд" ишора кардааст. Ин қатънома аз маҳдудиятҳои ҷиддӣ бар озодии фикр ва озодии дин дар Эрон сухан мегӯяд ва аз боздоштҳои худсарона ва муҷозотҳои тӯлонимуддат барои зиндониён ақидатӣ интиқод мекунад.
Ин қатънома ибтидо рӯзи 18 ноябр дар кумитаи севуми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасвиб шуда буд. Моҳи гузашта Эрон бо эъзоми Муҳаммад Ҷаводи Лориҷонӣ, дабири ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломӣ ба мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йурк кӯшид аз тасвиби ин қатънома ҷилавгирӣ кунад.
Дабири собиқи ҳуқуқи башари Эрон дар як суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, ин қатъномаро санаде "зиддиэронӣ" тавсиф кард ва талоши кишварҳои ғарбӣ барои маҳкум шудани амалкарди ҳуқуқи башари Эрон дар Маҷмаъи Умумиро "сӯйиистифодаи сиёсӣ ба манзури баргаштан аз таъомул ва ҳамкории созанда бо Шӯрои ҳуқуқи башари СММ" хонд.
Ӯ аз парвандаи ҳуқуқи башар ва назми қазоии Ҷумҳурии Исломӣ дифоъ кард ва гуфт: "Мо ба доштани чунин низоме ифтихор мекунем. Дар ин низом қуззот сирфан бар асоси қавонине, ки барои мо муҳтарам ҳастанд, ҳукм медиҳанд ва касоне ки қавонини моро намеписанданд, ҳаққи тавҳин ба онро надоранд."
Оқои Лориҷонӣ дар Ню-Йурк гуфт, ки 70 дарсади эъдомиҳо дар Эрон аз қочоқчиёни маводди мухаддир ҳастанд ва афзуд, ки иллати боло будани мизони эъдомҳо ин аст, ки Эрон, ба гуфтаи ӯ, дар хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводди мухаддир қарор дорад ва ин мавод пас аз убур аз Эрон, ба кишварҳои ғарбӣ мерасад. Пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта дар Эрон, ҳукумати ин кишвар теъдоди зиёде аз мухолифон ва муътаризон ба натиҷаи интихоботро, ки онҳоро "иғтишошгар" мехонд, дастгир ва муҳокима кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3956-2010-12-23-08-13-16.html