05:21:14 01-уми Июли 2025 сол

РӮЗНОМАИ ЭРОН АЗ БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ АМРИКОӢ БА ИТТИҲОМИ ҶОСУСӢ ХАБАР ДОД

Рӯзномаи Эрон, вобаста ба давлати ин кишвар дар шумораи рӯзи панҷшанбеи 6 январи худ аз боздошти як зани амрикоӣ тавассути маъмурони марзии Эрон ба иттиҳоми ҷосусӣ хабар додааст.

 

american_hikersБа навиштаи ин рӯзнома як зани панҷоҳу панҷсолаи амрикоӣ ҳангоми вуруд ба Эрон аз тариқи марзи ин кишвар бо Арманистон тавассути маъмурони гумруки поёнаи марзии "Нурдӯз" дастгир шудааст. Пештар теъдоде аз сойтҳои хабарии дохили Эрон аз ҷумла сойти Тобнок дар хабаре таҳти унвони "Боздошти ҷосуси амрикоӣ" гузориш дода буданд, ки ин зан Ҳол Толоён ном дорад ва бидуни доштани раводиди сафар ба Эрон қасди вуруд ба ин кишварро доштааст.

 

Дар ин гузоришҳо гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошти хонуми Толоён мушаххас шуд, ки ин зани амрикоӣ таҷҳизоти шунуди ҷосусӣ (микруфуни махфӣ) дар дандони худ кор гузоштааст. Дар ин гузоришҳо, ки хабаргузориҳои байналмиллалӣ онро мухобира кардаанд, афзуда шуда, ки зани амрикоӣ пас аз дастгирӣ ба маъмурони эронӣ гуфтааст, ки агар ӯро ба Арманистон боз гардонанд, нерӯҳои амниятии он кишвар ӯро хоҳанд кушт, аммо далеле барои ин нигаронии ӯ ироа нашудааст.

 

Ҳанӯз манобеъи расмии Эрон, Омрико ва Арманистон нисбат ба ин гузориш вокунише нишон надодаанд. Дар сурате ки ин хабар сиҳҳат дошта бошад, ин дуввумин бор тайи ҳудуди як соли ними гузаштааст, ки маъмурони марзии Эрон шаҳвандони омрикоиро дар марзи Эрон бо минтақаи Курдистони Ироқ боздошт карданд ва ба Теҳрон интиқол доданд.

 

Дар гузоришҳои аввалия иттиҳоми ин се нафар убури ғайримаҷоз аз марз унвон шуд, аммо баъдан бархе аз манобеъи давлатӣ ононро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд ва гуфтанд, ки ин афрод ба ин иттиҳом муҳокима хоҳанд шуд. Давлати Омрико иртиботи ин се нафар бо ташкилоти иттилоъотии он кишварро рад карда ва аз Эрон хостааст ононро озод кунад.

 

Дар моҳи септомбри соли гузашта мақомоти қувваи қазоияи Эрон гуфтанд, ки зани боздоштиро ба "далоили пизишкӣ" ва дар баробари тавдеъи васиқае ба маблағи ним миллиёрд тумон озод карда ва иҷоза додаанд, то замони баргузории муҳокима ба Омрико бозгардад. Ахиран ба нақл аз додситони кулли Эрон гузориш шуд, ки муҳокимаи ду марди амрикоӣ дар авоили моҳи феврал оғоз хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4081-2011-01-06-18-57-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ