01:14:13 02-уми Июли 2025 сол

НАҚШИ ТЕКНУЛУЖИҲОИ ҶАДИД ДАР ҚИЁМИ ТУНИС

"Инқилоби гули ёси" Тунис ба назар мерасад аз поён ёфтан ҳанӯз фосилаи зиёд дорад, агарчи Зайнулъобидин бин Алӣ, раиси ҷумҳур, ки 23 сол қудратро дар даст дошт, кишварро тарк кардааст. Давлати интиқолӣ талош дорад пас аз чаҳор ҳафта эътирозот кунтрули авзоъро ба даст гирад, аммо вазъият норӯшан боқӣ мемонад.

 

tunisia_protestВале як чиз мусаллам мешавад: Расонаҳои электруники муъосир ба афзоиши эътирозот ва барканории раиси ҷумҳур ва хонаводаи қудратманди ӯ кумак кардаанд. Баъд аз ду даҳаи шиканҷа, озор ва зиндонӣ карданҳо ба назар мерасад мардуми Тунис садои худро дарёфтанд ва он аз телефунҳои мубойл, шабакаҳои иҷтимоъӣ ва интернет баландтар ба гӯш мерасад. Ҷарақае, ки қиёми мардуми Тунисро фурӯзон кард, худсӯзии ҷавони 28 солаи сабзиҷотфурӯш буд.

 

Сано Абдулалӣ, вазъиятро дар Тунис пас аз кӯтаҳ замоне баъд аз худсӯзии ин ҷавон дар рӯзи 17 Декабр чунин тавсиф мекунад: "Вақте ин мард худро дар Сиди Бузид дар моҳи декабр оташ зад, хабари он мисли барқ ҳама ҷоро гирифт. Ҳама аз тариқи Фейсбук видиюи ин ҳодисаро ба дигарон мефиристоданд ва хабарашро дар Твитер менавиштанд. Фақат ба хотири ин ки бигӯянд, ки ҷавони 26 солае аз ноумедӣ худро сӯхтааст. Ниҳояти кор ин аст ки мардум ба сутуҳ омадааст."

 

Ин моҷаро пас аз гузашти замони кӯтаҳе аз қатъи дастрасӣ ба асноди сафорати Омрико дар сойти Викиликс тавассути давлат иттифоқ уфтод. Сонсури шадиде, ки дар кишвар вуҷуд дошт, пас аз нашри асноди Викиликс, ки режими бин Алиро фосид ва баста хонда, шадидтар шуд. Мақомот ба ҳак кардани имейлҳо, блогҳо ва ҳисобҳои фейсбукӣ (рухномаи) афрод пардохтанд. Тунисиҳо низ бо ҳамла дар интернет посух доданд, онҳо ба сойтҳои давлатӣ ҳамалоти сойберӣ карданд.

 

Ҷавонони тунисӣ интернетро барои ба хиёбон кашондани ҳамдигар истифода карданд. Замоне ошӯбҳо раиси ҷумҳурро маҷбур сохт дар сафҳаи телевизиюн зоҳир шавад ва бигӯяд, ки барои даври дигар раиси ҷумҳур боқӣ нахоҳад монд, ӯ ҳамчунин қавл дод маҳдудиятҳо дар интернетро коҳиш диҳад. Бархе блогнависоне, ки боздошт шуда буданд, озод шуданд ва қатъи дастрасӣ ба Ю Тюб лағв шуд. Аммо дигар кор аз кор гузашта буд.

 

Бисёриҳо мувофиқанд, ки текнулужиҳои ҷадид ба хусус шабакаҳои иҷтимоъии қобили дастрасӣ тавассути мубойл аз қабили Твитер, ки кунтрули онҳо бештар мушкил аст, дар қиёми Тунис нақш доштаанд. Агарчи набояд мисли таҷоруби пеш, ки дар Эрон иттифоқ уфтода дар нақши текнулужиҳои ҷадид муболиға шавад. Шабакаҳои иҷтимоъӣ, телефунҳои мубойл ва интернет ба танҳоӣ наметавонанд режимҳоро тағйир диҳанд.

 

Дар Эрон замоне, ки режим тавонист муътаризонро саркӯб кунад, интернет барои дарёфти иттилоъоти марбут ба муътаризон кумак кард. Пулис гурӯҳҳои фейсбукии фаъолон, навиштаҳои Твитер ва имейлҳоро барои дарёфти мавод ҷиҳати ворид сохтани иттиҳом истифода кард. Бадин тартиб қабл аз он ки "Инқилоби гули ёси" Тунис "Инқилоби Твитер" номгузорӣ шавад, беҳтар аст муҳтотона интизор буд ва дид, ки оё нақши текнулужиҳои ҷадид ба андозае ки тасаввураш мерафт, бузург будааст ё хайр.

 

Фирдавс Робинсон, сардабири бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4185-2011-01-18-16-02-58.html

Шарҳҳо   

 
+1 #2 Guest 19.01.2011 08:21
Калимахои нофахм хеле зиёданд кушиш кунед ки фахмотар бошанд маколахоятон нависандагони азиз.
 
 
+1 #1 Guest 19.01.2011 08:19
Мухтарам нависандагон ба забони точикиии худамон нависед, ки хондан ва фахмиданаш хеле душвор аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ