00:52:27 02-уми Июли 2025 сол

ҶАНҶОЛИ ИРОҚИҲО САРИ ҚАБРИ ИМОМ ҒАЗЗОЛӢ

Мардум дар бораи сиҳҳат доштани қабри Имом Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ дар пойтахти Ироқ, шаҳри Бағдод ақидаи якранг надоранд. Баъзеҳо иддао мекунанд, ки шахси дафнгардида дар ин марқад Имом Ғаззолӣ аст ва баъзеи дигар ин ақидаро рад карда мегӯянд, ки Имом Ғаззолӣ дар зодгоҳаш - шаҳри Тӯси Эрони имрӯза ба хок супурда шудааст. Имом Ғаззолӣ дар соли 450-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Тӯс ба дунё омадааст ва дар замони хилофати Аббосиҳо, ки наҳзати илмӣ дар он давра хеле пеш рафта буд, зиндагӣ кардааст ва 14-и ҷамодиюлохири соли 505-и ҳиҷрии қамарӣ, мувофиқ ба 19-уми декабри соли 1111 мелодӣ вафот кардааст.

 

БарзанчиАз ҷониби дигар, мутаваллии ин мазор, Шайх Фозил ал- Барзанҷӣ, иддао дорад: «қабре, ки вай ба нигоҳубини он машғул аст, қабри Имом Ғаззолӣ мебошад» ва   қавли онҳоеро, ки вуҷуди оромгоҳи Ғаззолиро дар Ирон медонанд, рад мекунад. Номбурда ба шабакаи телевизионии «Алҷазира» бо истинод ба санги мазоре, ки рӯи қабр гузошта шудааст, чунин гуфтааст: «ҳаккокӣ шудани номи Имом ва санаи таваллуд ва вафоташ дар ин санг гувоҳи он аст, ки қабри Имом дар Бағдод аст, на ҷои дигар».

 

Ранҷи ғафлат

Барзанҷӣ афзуд, ки вай дар ин замина пажӯҳишҳои амиқеро дар батни сарчашмаҳои таърихӣ анҷом додааст ва ҳақиқатан тахминаш дуруст баромадааст. Инчунин ӯ бо таърихдонони зиёде дар ин замина мукотаба доштааст ва ин муддат исбот ҳам кардааст, ки Ғаззолӣ дар Бағдод дафн гардидааст. Ӯ гуфтааст, ки талошҳои пажӯҳишиашро Анҷумани таърихдонони араб дар санаи 12-07-1999 қадр карданд ва ин ҳама исботи ақидааш аст.

 

Ҳамзамон, Барзанҷӣ аз он шикоят кардааст, ки  дар даврони нооромиҳои Бағдод ин марқад таъмирталаб шудааст ва ҳукумати Бағдод нисбат ба он беэътиноӣ зоҳир мекунад. «Ба ҳамин хотир, таваҷҷӯҳи муассисаҳои исломиро ба он ҷалб кардан мехоҳам то онро таъмир намоянд».

 

Ба гуфтаи Барзанҷӣ, Имом Ғаззолӣ алломаи ҳамадон буд ва дар тамоми риштаҳои илмии замонаш, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ, фалсафӣ ва калом маҳорати хуб дошт. Ӯ дар ин хусус асарҳои зиёде таълиф кардааст ва осори Ғаззолӣ бо беш аз 12 забони дунё тарҷима шудаанд. Алҳол, дар баъзе донишгоҳҳои Аврупо аз китобҳои вай дарс мегӯянд.

 

Ҳангомаи сохта

 

Мачид ХудуДар ин баробар, устоди таърихи донишгоҳи Бағдод, дуктур Ҳамид Маҷид Ҳуду ба вуҷуд доштани мадфани Ғазолӣ дар Бағдод ва ақида Барзанҷӣ шак дорад. Ӯ мегӯяд, ки Имом Ғаззолӣ дар минтақае бо номи Ғаззол, воқеъ дар Тӯси Хуросони Эрон ба хок супурда шудааст. Ба назари Ҳуду, дар ин мақбараи Бағдод шахси сӯфимаобе, ки лақабаш Ғаззолӣ буд, гӯронида шудааст. Ин сӯфӣ бо номи « Кашфуссадо ва ғуслурром» китобе дорад. Тахминан ин мард қабл аз сесад сол ба Бағдод омадааст ва баъд аз чанд соли сукунат дар ин ҷо вафот карда, наъшаш дар мақбари мазкур хобидааст. Ин ҳангомаи сохтааст ва мардум онро ғалат дарк кардааст. Манбаъҳои дар Тоҷикистон нашршуда низ қавли Ҳудуро тасдиқ мекунанд ва мақбараи дар Тӯс будаи бо номи Имом Ғаззолиро мадфани аслии вай медонанд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4214-2011-01-21-05-43-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ