00:49:19 02-уми Июли 2025 сол

ДУ СИЁСАТМАДОРИ ТУНИС МУТТАҲАМ ШУДАНД

Садҳо тазоҳуркунандаи муътариз ба давлати муваққати Тунис аз манотиқи ғайришаҳрӣ вориди пойтахти ин кишвар шудаанд. Ин афрод ба тазоҳуркунандаҳое пайвастаанд, ки бо ҳузур дар хиёбонҳои пойтахти Тунис дар рӯзҳои ахир хоҳони истеъфои Муҳаммад Ғанушӣ, нахуствазир ва аъзои давлати муваққати Тунис шудаанд.

 

tunisia_demoРоҳпаймоии эътирозии ин афрод "корвони озодӣ" ном гирифтааст. Роҳпаймоии эътирозӣ аз дирӯз ва аз шаҳри Манзили Бузиён шуруъ шуд. Манзили Бузиён ҷое аст, ки аввалин қурбонии нооромиҳои Тунис дар моҳи декабр ба дасти нерӯҳои амниятии ин кишвар кушта шуд. Ҳамоҳангкунандаҳои роҳпаймоии корвони озодӣ гуфтаанд, ки дар идомаи эътирозашон дар беруни муҳавватаи сохтмонҳои давлатӣ дар пойтахти Тунис таҳассун мекунанд.

 

Онҳо эълом кардаанд, ки то барканории тамоми вазирони вобастаи ҳизби ҳокими собиқи Тунис ба эътирозашон идома хоҳанд дод. Дар айни ҳол бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Тунис имрӯз барои ду сиёсатмадори аршади ин кишвар ҳам, ки аз муттаҳидони раиси ҷумҳури собиқи Тунис ба шумор мераванд, ҳукми боздошти хонагӣ содир шудааст.

 

Гуфта шудааст, ки ин ду нафар Абуллоҳ Қаллол, раиси маҷлиси улё ва Абдулазиз бини Зиё аз мушовирони раиси ҷумҳури собиқ ҳастанд. Муътаризон дар Тунис дар рӯзҳои ахир хостори истеъфои Муҳаммад Ғанушӣ, раиси давлати муваққати Тунис шудаанд. Оқои Ғанушӣ, ки дар давлати сарнагуншудаи қаблӣ ҳам нахуствазир буд, ваъда додааст, ки баъд аз баргузории интихобот дар ояндаи наздик ба фаъолияти сиёсии худ поён хоҳад дод.

 

Интизор меравад, ки интихоботи Тунис дар шаш моҳи оянда баргузор шавад. Иттиҳодияи умумии коргарони Тунис, ки муҳимтарин Иттиҳодияи синфии ин кишвар аст, аз тазоҳуркунандаҳои мухолифи давлати муваққат ҳимоят кардааст. Имрӯз якшанбеи 23 январ охирин рӯз аз се рӯзи азои умумӣ барои кушта шудагони эътирозҳои чанд ҳафтаи ахири Тунис аст.

 

Дар шароити кунунӣ гумонаҳое дар бораи эҳтимоли густариши эътирозот ва нооромиҳо аз Тунис ба кишварҳои дигар матраҳ шудааст. Дирӯз дар Алҷазоир нерӯи пулис бо тазоҳуркунандагони мухолифи давлат даргир шуд. Дар ҷараёни эътирозҳо ҳудуди 300 тазоҳуркунанда хоҳони озодиҳои бештар дар Алҷазоир буданд. Дар Яман тазоҳуроте алайҳи давлати Алӣ Абдулоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури ин кишвар анҷом шудааст.

 

Оқои Ғанушӣ ваъда додааст, ки баъд аз баргузории интихобот дар Тунис ба фаъолияти сиёсиаш поён медиҳад Муҳаммад Ғанушӣ, ки ҳидояти давлати муваққати ин кишварро ба уҳда дорад, қаблан аз аъзои ҳизби ҳокими собиқ буд, вале аз он хориҷ шудааст. Теъдоде аз вазирони давлати муваққат аз ҷумла вазирони дифоъ, кишвар, дороӣ ва умури хориҷа ҳам дар давлати пешини Тунис ҳузур доштанд, вале оқои Ғанушӣ таъкид дорад, ки ин чанд нафар "дастҳояшон олуда нест" ҳарчанд ин таъкидҳои оқои Ғанушӣ барои бисёре аз чеҳраҳои мухолифи давлат ва низ тазоҳуркунандаҳо розикунанда набудааст.

 

Дирӯз шанбе нерӯҳои пулис, ки то ҳудуди 10 рӯз пеш дар дифоъ аз давлати Зайнулъобидин бин Азиз бо тазоҳуркунандаҳо муқобала мекарданд, ба ҷамъи муътаризон ба давлати муваққати Тунис пайвастанд. Маҷдӣ Абдулҳодӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тунис мегӯяд, ки ҳузури ин нерӯҳои пулис дар байни тазоҳуркунандаҳо пешрафти чашмгире дар раванди таҳаввулоти ин кишвар ба шумор меравад.

 

Дар гузоришҳои расмӣ теъдоди афроде, ки дар ҷараёни эътирозот ба давлати пешин кушта шуданд, 78 нафар эълом шудааст, вале бар асоси эъломи Созмони Миллали Муттаҳид дар ҷараёни ин эътирозҳо беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Мақомоти Тунис ваъда додаанд, ки таҳқиқоти лозим дар бораи марги ин тазоҳуркунандаҳо анҷом шавад.

 

Бар асоси гузоришҳо муаллимони мадориси Тунис ҳам дар эътироз ба давлати муваққат дар ҳоли барномарезӣ барои эътисоб ҳастанд. Донишгоҳҳо ва мадориси Тунис аз охирин рӯзҳои нооромиҳо дар ин кишвар таътил шудаанд ва дар сурати эътисоби муаллимон бозгушоии мадорис бо мушкил рӯбарӯ мешавад.

 

Тазоҳурот ва эътирозҳо ба давлати Зайнулъобидин бин Алӣ дар моҳи декабр ва дар эътироз ба шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тунис шуруъ шуд. Ба таври мушаххас бахши қобили таваҷҷуҳе аз эътирозҳо мутаваҷҷеҳи аъзои хонаводаи раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар буд. Наздикони оқои бин Алӣ ба масрафгароӣ ва фасоди ошкор дар Тунис шинохта мешуданд.

 

Оқои бин Алӣ ва ҳамсараш ҳамзамон бо авҷ гирифтани эътирозҳо дар рӯзи 16 январ ба Арабистони Саъудӣ гурехтанд, вале мақомоти расмии Тунис эълом кардаанд, ки 33 нафар аз аъзои хонаводаи оқои бин Алӣ боздошт шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4236-2011-01-24-06-18-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ