11:56:16 26-уми Июни 2025 сол

«ИХВОН-УЛ-МУСЛИМУН»: АЗ ТАЪСИС ТО «ТАҲРИР»

Интишори ҷунбиш дар ҷаҳони араб ва ислом

Ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» ба унвони меҳвари пайванддиҳандаи ҷунбишҳо, ба вижа, ҷунбишҳои исломии дигар шуд. Даъват ба ваҳдати ду ҷаҳон араб ва ислом ва истиқлоли онҳо ва адами ҷиҳатгирии он ба сӯи Шарқу Ғарб, яке аз муҳимтарин аҳдоф ва шиорҳои ин ҷамоат буд, ки дар оғози даҳаи 40 матраҳ шуд.

 

Ҷамоъати «Ихвон-ул-муслимун» барномаи ислоҳии васеъ ва густурдаеро тадвин ва матраҳ кард, ки дар он афкоре чун адолати иҷтимоӣ, баробарӣ, озодӣ, сулҳ ва чигунагии рӯ ё рӯӣ бо сахтиҳо ва мушкилоти зиндагӣ ҷилвагар буд ва ҳамин омиле шуд то ба ҷамоат маҳбубияти мардумии бисёре ба вижа миёни табақаи фақир бахшид, ки аксари ҷомеаи Мисрро ташкил медод.

 

Ихвониҳо муътақид буданд, ки мароҳили мутаъадиде вуҷуд дорад, ки ҷунбиш бояд аз он убур кунад то ба ҳадафи худ бирасад, ки он ниҳоятан ба иҷрои ойин ва дин ва шаръи Худо бар рӯи замин бианҷомад. Дар 26-уми январ соли ҷорӣ рӯзномаи «Ихвон-ул-муслимун» барои нахустин бор дар Миср мунташир шуд. Ин рӯзнома нахустин нашрия органи ин гурӯҳ ба шумор мерафт. Гуфта мешавад, шумори аъзои ин ҷамъият дар поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум ба беш аз ду миллион нафар мерасид.

 

Муомила бо дигар ҷунбишҳои исломии муосир

Дар даҳаи 20-и солшумории мелодӣ афкори сиёсии исломии суннатгароён ё аносири муҳофазакори Ал-Азҳар, тарафдорони навгароӣ ё шогирдони Муҳаммад Абдуҳ, ислоҳталабони пайрави Рашид Ризо дар ҷомеа густариш меёфт.  Гарчӣ ақидаи Ҳасан-ул-Банно аз лиҳози фикрӣ аз “навгароӣ”-и Муҳаммад Абдуҳ, “ислоҳталабӣ”-и Рашид Ризо ва “таҳарруки бедорӣ”-и Сайидҷамолуддин Асадободӣ таркиб ёфта буд, вале ӯ барномаҳои худро ба унвони як биниши ҷомеи исломӣ ироа кард.

 

Аз назари Ҳасан-ул-Банно Сайидҷамолуддин фақат як фарёди ҳушдор барои мушкилот буд, шайх Муҳаммад Абдуҳ, фақат як муаллими файласуф ва Рашид Ризо, фақат таърихнавис ва воқеанигор буд, дар ҳоле, ки «Ихвон-ул-муслимун» ба маънои “ҷиҳод, талош ва кор” аст ва фақат як паёми фалсафӣ нест.

 

Мароҳили сегона дар фаъолияти ҷунбиш

Ҳасан-ул-Банно аз оғози фаъолиятҳояш 3 марҳиларо барои таҳаққуқи аҳдофи худ дар назар гирифт:

 

Марҳилаи таблиғ, иртибот, тафҳим ва тафоҳум;

Марҳилаи ҷазб, интихоб, созмондиҳии тарафдорон ва аъзо;

 

Марҳилаи амал, ки тамоми фаъолиятҳои «Ихвон-ул-муслимун» дар он табақабандӣ мешавад.

 

Усул, қавоид ва паёми Ихвон

Исҳоқ Мусо- ал- Ҳусайнӣ, дар китоби худ дар бораи «Ихвон-ул-муслимун» истидлол мекунад, ки ин ҷамоат бар 6 асл муттакӣ аст:

 

Ироаи як тафсири дақиқ аз Қуръон, дифоъ аз он дар баробари тафсирҳои нодуруст (амалӣ).

Даъвати Миср ва кишварҳои исломӣ бар асоси усули Қуръонӣ, таҷдиди нақш ва таъсири амиқи он (амалӣ).

Густариш ва ҳифзи сарвати миллӣ, иртиқои сатҳи зиндагӣ, таҳаққуқи адолат (иқтисодӣ).

Мубориза бо ҷаҳл, беморӣ ва фақр (иҷтимоӣ).

Озодсозии водии Нил ва ҳама кишварҳои араб.

Тарвиҷи сулҳи ҷаҳонӣ ва тамаддуни инсонӣ бар бунёдҳои ҷадиди моддӣ ва маънавии ислом (инсонӣ ва ҷаҳонӣ).

 

«Ихвон-ул-муслимун» ва кишварҳои исломӢ

Ҳасан-ул-Банно дар талош барои ба ҳукумати исломии мавриди назар худ расидан зимни интиқод аз кишварҳои исломӣ бо ирсоли нома ва интишори баёнияҳои мутаъаддид барномаҳо ва нуқтаназарҳои худро дар мавриди наҳваи идораи мамлакат ташреҳ кард. Аз ҷумлаи ин иқдомот ирсоли номаҳое таҳти унвони “Наҳваннур” («Ба сӯи нур») ба сарони кишварҳои исломӣ ва раҳбарони барҷастаи ҷаҳони араб буд, ки дар он барномаҳои ислоҳии «Ихвон-ул муслимун» матраҳ шуда буд.

 

Ба таври куллӣ фаъолиятҳои хориҷии Ихвон рӯйкарде аз моддаи дуввуми ойинномаи ин ҷунбиш дорад, ки мегӯяд: “«Ихвон-ул-муслимун» ҷунбиши ҷаҳонӣ ва исломиест, ки дар роҳи расидан ба ормонҳои исломӣ талош мекунад.”

 

Аввалин дафтар ва шохаи хориҷии «Ихвон-ул-муслин» дар соли 1937 дар Димишқи Сурия эҷод шуд, ки кумитаи марказӣ масъули таъсиси дафтарҳо дар Сурия ва Лубнон низ буд. Ҳар дафтари марказӣ метавонист бо назароти кумитаи марказӣ шӯъбаҳои дигаре низ доир кунад. Дар даҳаи 50-и асри бист Ихвон дафтарҳои зиёде дар Лубнон, Сурия, Фаластин, Урдун, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Шрилонко ва Покистон доир намуд ва дар Эрон ҳамкории наздик бо фидоиёни ислом дошт, ки мунҷар ба тарҷима ва нашри бисёре аз осори раҳбарони «Ихвон-ул-муслимун» шуд.

 

Анҷуманҳои «Ихвон-ул-муслимин»

Аввалин кунгура дар моҳи майи 1933 баргузор шуд ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои мубориза бо фаъолияти миссионерҳои масеҳӣ пардохт. Дуввумин кунгура авохири соли 1933 ба наҳваи таблиғ ва ишоаи афкори ҷамоат ва андешаҳои исломӣ дар ҷомеа ва ташкили муассисаи интишоротӣ барои ҷамоат пардохт. Саввумин кунгура дар моҳи марти 1935 ба завобит ва меъёрҳои узвият ва табақабандии аъзо ва сохтори ташкилотии Ихвон пардохт. Чаҳорумин кунгура дар июли 1937 ба муаррифии «Ихвон-ул-муслимун» ба унвони як созмони сиёсӣ пардохт, ки ҳамзамон бо даҳумин солгарди таъсис ва фаъолияти Ихвон низ рост меомад.

 

Шикоф дар «Ихвон-ул-муслимун»

Тайи солҳои 1937 ва 1939 аъзое, ки дар ҷамоъат ба наҳве ақоиди инфиродӣ ва мухолиф доштанд, ҷунбишро ба далели нохурсандӣ аз хаттӣ машйи Ҳасан-ул-Банно тарк карданд. Ба назари онҳо дидгоҳҳо ва иқдомоти Банно ошкоро бо аҳдофи ҷунбиш дар таъоруз қарор буд. Дар соли 1939 ихтилофи назарҳо бар сари масоили сиёсӣ, махсусан вақте Банно аз додани иҷозаи иқдом ба воситаи зӯр ва хушунат худдорӣ кард, тухми ҷудоӣ ва тафриқа дар ҷунбиши Ихвон кошт.

Аз ҷумлаи шохаҳои ҷудошуда аз «Ихвон-ул-муслимун» метавон ба “Ҷомеаи ҷавонони муҳаммадӣ” ва пайвастани Муҳаммад Абӯзайд, сардабири нашрия “Ан-назир” ба он ишора кард.

 

Инҳилоли ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун»

Фаъолиятҳои Ихвон дар робита бо қазияи Фаластин ва ирсоли силоҳ ва нерӯ ба сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳамчунин иқдомоти муҳими он қабл ва баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Миср ва дигар кишварҳои исломӣ мухолифатҳои шадиди Ғарб хусусан инглисро бо фаъолияти ҷунбиш барангехт. Аз тарафе аъзои ҷавон бо тасмимҳои аҷулонаи худ, ки дар бархе маворид мавриди таъйид ихвон ҳам набуд, ба ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» зарба мезад.

 

Ба таври куллӣ фаъолиятҳои низомиро шохаҳои низомии ҷунбиш ё “катоиб” анҷом медод. Дар январи соли 1948, давлати Миср эълон кард, ки дар теппаҳои “Муқотим”(дар ҳумаи Қоҳира) теъдоди 165 бамб ва сандуқҳои силоҳ баъд аз як даргирӣ байни полис ва «Ихвон-ул-муслимун» кашф кардааст. Ихвон эълон кард ин таҷҳизот барои ирсол ба Фаластин пешбинӣ шуда будааст. Дар 22-уми марти ҳамин сол Аҳмад ал-Хазиндарг яке аз судияҳои барҷастаи Миср ба далели муҳокимаи яке аз аъзои Ихвон террор шуд ва ба қатл расид.

 

Дар октябри ҳамон сол давлати Миср эълон кард, як анбори бузург силоҳ ва муҳиммот дар Исмоилия аз раҳбари гурӯҳи Зарбати Ихвон кашф намудааст. Дар 8-уми декабри 1948 вазорати дохилии Миср дастури инҳилол (баста шудани) «Ихвон-ул-муслимун»ро содир кард ва билофосила бисёре аз масъулин ва аъзои Ихвон дастгир ва равонаи зиндон шуданд.

 

Террори Ҳасан-ул-Банно

Инҳилоли ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» боис шуд фаъолиятҳои зеризаминии он ташдид шавад. Дар 28-уми декабри 1948 Нақарошӣ, нахуствазири вақти Миср, дар ҳоли вуруд ба вазорати кишвари Миср тавассути яке аз ҷавонони Ихвон террор шуд.

 

Баъд аз террори Нақарошӣ давлати ҷадиде тавассути дӯсти наздики вай Иброҳим Абдулҳодӣ, ташкил шуд. Ҳасан-ул-Банно аз ҳамон ибтидо мехост бо Абдулҳодӣ музокира кунад ва марги Нақароширо маҳкум мекард, аммо Абдулҳодӣ ин ҳусни нияти Банноро рад кард ва иқдомоти шадиде ҷиҳати инҳидом (аз байн бурдан)-и шохаи зеризаминии Ихвон анҷом дод. Банно, ки аз давлати Абдулҳодӣ ноумед шуда буд, дар номаи кӯтоҳе тахти унвони “Қавлулфасл” тамоми иттиҳомот ворида ба Ихвонро рад ва инҳилоли онро маҳкум кард.

 

Ин охирин навиштаи Банно буд. Вай дар 12 феврали 1949 ба таври мармузе дар муқобили мақарри созмони “Мусалмонони ҷавон” ба ҳангоми савор шудан дар як таксӣ мавриди исобати гулӯла қарор гирифт ва чанд дақиқа баъд дар бемористон даргузашт. Таҳқиқот ва муҳокимаҳои баъдӣ ҳокӣ аз дахолати нахуствазири Миср ва маъмурони полис дар террори Ҳасан-ул-Банно дошт.

 

Фаъолияти Ихвон баъд аз Ҳасан-ул-Банно

Пас аз террори Ҳасан-ул-Банно, Ҳасан ал-Ҳузайбӣ ба унвони дуввумин раҳбари «Ихвон-ул-муслимун» интихоб шуд. Вай баъд аз имзои қарордод дар соли 1954 байни Миср ва Инглистон тавассути Ҷамол Абдунносир, вайро хоин хонд. Ихвон иқдом ба террори Носир кард, ки ин террор нофарҷом монд ва дар натиҷа бисёре аз сарон ва аъзои «Ихвон-ул-муслимун» дастгир ва эъдом шуданд.

 

Баъд аз Носир дар замони раёсати ҷумҳурии Анвар-ус-Содот, ба далели эътиқоди вай ба секулорисм ва мухолифати шадид бо фаъолияти Ихвон, дар шашуми октябри 1981 тавассути шохае аз «Ихвон-ул-муслимун» мавсум ба “Аттакфир валҳиҷра”(такфир ва ҳиҷрат) ба раҳбарии Холид-Ал-Исломбулӣ террор шуд.

 

Пас аз террори Содот ва эъдоми Исломбулӣ фишорҳои зиёде бар «Ихвон-ул-муслимун» ворид шуд ва фаъолиятҳои онҳо бештар ҷанбаи махфиёна ва зеризаминӣ пайдо кард. «Ихвон-ул-муслимун» дар соли 1987 тасмим гирифт намояндагоне дар парлумони Миср дошта бошад ва вориди фаъолиятҳои сиёсии Миср шавад. Дар ҳамон аввалин даври ширкат дар интихоботи парлумонӣ 36 тан аз аъзои ҷамоат муваффақ шуданд, ба парлумон роҳ ёбанд. Маъмун ал-Ҳузайбӣ дар он замон сухангӯи фраксияи Ихвон дар парлумон буд ва андаке баъд ба муованати ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» ва сухангӯи расмии ин ҷамоат баргузида шуд.

 

Намояндагони ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» ҳамчунин дар соли 2000 тавонистанд, аз маҷмӯъи 444 курсии парлумон бар 17 курсӣ даст ёбанд, ки дар ниҳоят ду тан аз намояндагони он аз фаъолияти парлумонӣ манъ шуданд. Бо ин ҳол 15 намояндаи дигар ба фаъолиятҳои парлумонии худ идома доданд. Муҳаммад Маъмун ал-Ҳузайбӣ 9-уми январи соли 2004 дар синни 83 солагӣ вафот кард.

 

Дар интихоботи парлумонии соли 2004-и Миср низ, ки фазои сиёсии ҷаҳон нисбат ба як даҳаи гузашта тағйир карда, «Ихвон-ул-муслимун» фурсат ёфтанд, мизони маҳбубияти миллӣ-мардумии худро маҳак бизананд. «Ихвон-ул-муслимун» дар ин интихобот тавонист дар маҷмӯъ 90 курсиро бадаст оварад. Аммо дигар бор фишор бар ин ҳаракат афзоиш ёфт ва бисёре аз ҳаводорони ин ҷамоат дар шаҳру вилоятҳои Искандария, Буҳайра, Қулубия, Ғарбия, Бурсаъид, Суиз, Исмоилия, Қано ва Фуюм ки бештарин аъзои Ихвон дар онҷо ҳузур доранд, боздошт шуданд, Бо вуҷуди ин муваффақиятҳои сиёсӣ мақомоти мисрӣ ҳанӯз «Ихвон-ул-муслимун»-ро ҷунбиши ғайриқонунӣ медонад.

 

«Ихвон-ул-муслимун» ва ҳаводиси ахир

Аммо дар пайи ҳаводиси ахири ҷорӣ дар Миср «Ихвон-ул-муслимун» ба унвони яке аз аносири аслии ин миллат бо дастгирии дархостҳои асосии миллати Миср, ки тамоми ақшори миллат ва гурӯҳҳои миллӣ ва мардумӣ бар рӯи онҳо иттифоқи назар доранд, ба ҷамъи тазоҳуркунандагони майдони «Таҳрир» пайваст. Дар ҳоли ҳозир Муҳаммад –ал- Бадеъ раҳбари кулли ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» аст ва Ассом ал-Урён, низ сухангӯи ин ҷамоат ба шумор меояд.

 

«Ихвон-ул-муслимун» таъкид дорад, ки ҳукумати Миср бояд озодиҳои шахсӣ ва демократиро риоят кунад. Мазеъи «Ихвон-ул-муслимун» дар баробари бародарони масеҳӣ дар Миср, ҷаҳони ислом ва араб комилан возеҳ ва шаффоф аст. Онҳо шарикони ин ҷунбиш дар кишвар ва сохти тамаддун ва ҳамкорӣ дар дифоъ аз усул ва тавсеа ва пешрафти кишвар ҳастанд. «Ихвон-ул-муслимун» муътақид аст, ки асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ мушорикати комил, баробарӣ дар ҳуқуқ ва вазифаҳо бо ҳифзи масоили шахсии афрод аст.

 

Ёдовар мешавем, ки ин ҷунбиш дар қатори 12 ҳизбу ҳаракати дигар дар қаламрави Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият надоранд ва аз ҷумлаи созмонҳои террористӣ ва тундрав шинохта шудаанд. Ҳадафи мо аз ин сайри таърихӣ на таблиғи ин ҷунбиш, балки кӯмак кардан ба онҳое мебошад, ки мехоҳанд нақши кунунии «Ихвон-ул-муслимин»-ро дар моҷароҳои охири Миср дуруст дарк бикунанд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4379-az-tasis-to-tarikh.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ