07:38:32 02-уми Июли 2025 сол

ДАР МИСР БА МАНЗИЛҲО, ДАР АЛҶАЗОИР БА ХИЁБОНҲО МЕРАВАНД

Низомиён дар Миср татбиқи Қонуни асосиро мутаваққиф ва парлумонро пароканда карданд. Шӯрои олии низомӣ дар изҳороти худ гуфтааст, ин ниҳод тайи шаш моҳи наздик – то интихоботи нав сари қудрат боқӣ хоҳад монд.

 

222Кобинаи вазирон низ таҳти раёсати Аҳмад Шафиқ фаъолияти худро идома медиҳад. Худи нахуствазир эълом дошт, ки вазифаи асосии ҳукумат – эҳёи низом баъд аз се ҳафтаи тазоҳуроти густурдаи мардумист. Ин дар ҳолест, ки зиндагӣ дар Миср баъди бештар аз ду ҳафтаи тазоҳурот тадриҷан ба маҷрои пешинаи худ бармегардад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи якшанбе бархе аз фурӯшгоҳҳо дари худро боз кардаанд. Низомиёни мисрӣ, ки поккории майдони "Таҳрир"-и Қоҳира машғуланд, ба ихроҷи охирин гурӯҳҳои эътирозгарон аз маркази шаҳр шурӯъ намуданд.

 

Субҳи рӯзи якшанбе, 13-уми феврал, ҳазорҳо нафар дар майдони "Таҳрир" боқӣ монда, исрор мекарданд, ки то таъсиси ҳукумати нав майдонро тарк нахоҳанд кард. Аз ин пеш низомиён сангарҳоро бардошта, роҳро барои ҳаракати нақлиёт қисман боз намуданд. Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки ошӯби мардуми Миср барои дигар кишварҳои арабӣ намуна шудааст. Дар Алҷазоир ҳазорон эътирозгар ба майдон рехта, истеъфои раисиҷумҳур Абдулазиз Бутефликоро талаб намуданд.

 

Ҳафтаи гузашта раҳбари Алҷазоир эълом дошт, ки ба зудӣ вазъи фавқулодда дар кишварро лағв мекунад. Вазъи изтирорӣ дар Алҷазоир солҳои навадуми қарни гузашта, пас аз саркӯбсозии як ошӯби исломгароҳо ҷорӣ шуд. Дар он ошӯб тақрибан 200 ҳазор нафар кушта шуда буданд. Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, низ рӯзи шанбе ҳазорон нафар ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳро талаб намуданд.

 

Ҷонибдорони ҳукумат ва кормандони амниятӣ бо корду калтак онҳоро пароканда карданд. Аммо эътирозгарон мегӯянд, аз талоши худ барои аз байн бурдани режим даст бардоштанӣ нестанд. Рӯзи якшанбе, 13-уми феврал, низ ҳазорҳо нафар боз ба хиёбонҳои Санъо рехтанд. Мақомоти амниятиву ҳифзи тартибот ин бор ҳам аз вуруди онҳо ба маркази шаҳр ҷилавгирӣ карданд.

 

Яке аз тазоҳургарони яманӣ Аҳмад Умар мегӯяд, “мо мехоҳем, ки ҳуқуқҳои ҳама мардумро талаб намоем ва режимро сарнагун созем. Раисиҷумҳур бояд чун Ҳуснӣ Муборак ва раисиҷумҳури Тунис ҳатман барканор шавад.” Донишҷӯ Абдураҳмон Абдулло бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва меафзояд, "мардум аз раҳбари Яман шиканҷаи зиёд дидаанд."

 

Сайидқосими Қиёмпур, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4425-aljazoiriho-ba-khiyobon-meravand.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ