ТАМҶИДИ МУСАВӢ АЗ ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН
Ба гузориши вебсойти "Калима" Мирҳусейни Мусавӣ дар баёнияи кӯтоҳе эътирозоти рӯзи 25 баҳманро "дастоварди бузурги миллат ва ҷунбиши сабз" хонда ва аз он "пойдории хиракунандаи мардум" тамҷид карда ва Меҳдии Каррубӣ низ дар баёнияи ҷудогонае хушунат алайҳи мӯътаризонро маҳкум кардааст.
Ба гузориши "Калима", ки ахбори марбут ба Мирҳусейни Мусавӣ ва мӯътаризонро мунъакис мекунад, оқои Мусавӣ др баёнияи худ ба таърихи 26 баҳман (15 феврал) нигошта шуда, навишт: "Пас аз роҳпаймоии шукӯҳманди шумо дар рӯзи 25 баҳман, ин дастоварди бузурги миллат ва ҷунбиши сабз, ки бо ширкати ҳама қишрҳои мардум аз мардон ва занони силаҳшӯри ҷомеъа дар муқобили нобоварии бисёре аз бадбинон ва иқтидоргароён шакл гирифт, аз ду сӯ мавриди таҳоҷум қарор гирифтааст."
Оқои Мусавӣ аз ду гурӯҳ интиқод мекунад: "Аз як сӯ мавриди таҳоҷуми ифротгароёне, ки чашм ба мақому мартаба ва зару зевар дар оянда доранд ва аз сӯйи дигар талоши бегонагон ва мавҷсаворони байналмилалӣ барои пай гирифтани тамаъҳои худ будааст, ки ҳар ду талош кардаанд, ки ҷунбишро ба саҳюнисм ва Омрико нисбат бидиҳанд."
Дар рӯзи 25 баҳман мӯътаризони эронӣ ба дархости Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ саъй доштанд дар ҳимоят аз ҷунбишҳои мардумӣ дар Тунис ва Миср тазоҳурот кунанд, ки бо ҳузури густардаи нерӯҳои пулис ва амниятӣ дар сатҳи Теҳрон ва соири шаҳрҳо рӯбарӯ шуданд. Дар ин тазоҳурот, ки алорағми мамонеъати густардаи пулис, дар нуқоти мухталифи Теҳрон ва чанд шаҳри дигар баргузор шуд, шиъорҳои тунди зиддиҳукуматӣ сар дода шуд ва тайи он ҳадди ақал ду нафар кушта ва теъдоде маҷруҳ шуданд.
Ин эътирозот бо вокуниши тунди мақомҳои ҳукумати Эрон рӯбарӯ шудааст. Аз ҷумла баъзе намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хостори эъдоми Мусавӣ ва Каррубӣ шудаанд. Оқои Мусавӣ дар ин баёния ишорае ба ин вокунишҳо намекунад. Ин баёния дар шароите мунташир мешавад, ки оқои Мусавӣ ва Каррубӣ пеш аз шурӯъи тазоҳуроти эътирозии рӯзи 25 баҳман (14 феврал) дар ҳабси хонагӣ будаанд. Мирҳусейни Мусавӣ дар ин баёния бори дигар иттиҳоми ҳукумати Эрон доир бар вобастагии ҷунбиши мухолифон ба кишварҳои хориҷиро рад мекунад.
Ӯ навишт: "Ин дар ҳоле аст, ки ифтихори бузурги ҷунбиши Сабз дар истиқлол ва такяи он бар нерӯи азими миллат будааст. Ҷунбиши Сабз ҳамвора бо бегонагон фосила дошта ва аҳдофи аслии он эҳёи арзишҳои инқилоб ва ормонҳои Имоми роҳил ва мутолиботи озодихоҳона ва мутакассири миллати шарифи Эрон буда ва ҳамвора талош кардааст, ки аз роҳҳои мусолиматомез аҳдофи худро бо таъкид бар асли бунёдини каромати зотии инсон ва ба расмият шинохтани ҳаққи миллат барои ҳокимият бар сарнавишти худ ва иҷрои бидуни танозули қонуни асосӣ дунбол кунад."
Ӯ дар поёни ин баёния менависад: "Ин ҳамроҳи кучаки шумо зимни табрик ба муносибати пойдории хиракунандаи мардум шаҳодати фарзандони азизи шумо миллати сарфарозро таслият мегӯям."
Меҳдии Каррубӣ низ дар баёнияе, ки вебсойти ӯ "Саҳом нюз" мунташир карда, зимни тақдир аз ҳузури мардум дар роҳпаймоии 25 баҳман навиштааст: "...Мутаассифона бори дигар роҳпаймоии мусолиматомези мардум тавассути афроде, ки рафтор ва нақшу вобастагии онҳо ба ниҳодҳои хос бар ҳамагон маълум ва мушаххас аст, ба хушунат кашида шуд ва ҷамъе аз мардум маҷруҳ ва теъдоде касире низ боздошт шуданд."
Ӯ ҳамчунин ба хонаводаҳои Солеҳ Жола, донишҷӯйи риштаи намоиши донишгоҳи ҳунар, ва Муҳаммад Мухторӣ, 22-сола, ки дар ҷараёни эътирозоти 25 баҳман кушта шуданд, таслият гуфт. Оқои Каррубӣ навишт: "... Зимни маҳкумияти шадиди бархӯрдҳои хашин ва ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ ҳушдор медиҳем, ки то дер нашудааст панбаҳоро аз гӯшҳоятон хориҷ кунед ва садои мардумро бишнавед. Эъмоли хушунатомез ва инод бо хости мардум то замоне ва ҷое метавонад ба истимрори чунин вазъияте кумак кунад. Аз сарнавишти дурии ҳукуматҳо аз мардум ибрат бигиред."
Ӯ хостори озодии зиндониёни сиёсӣ ва рӯзномаҳо шуд ва навишт, ки "ҳарос аз ҳеҷ таҳдиде" надорад ва омодаи пардохти ҳар гуна ҳазинае дар "ин роҳи пурфайз" аст."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4457-tamjidi-musavi-az-tazohurkunandagon.html