ҚАТЪНОМАИ ШӮРОИ АМНИЯТ АЛАЙҲИ ҲУКУМАТИ ЛИБИЯ
Шӯрои амнияти Созмони милал алайҳи ҳукумати Либия ва раҳбари он - Муаммар Қаззофӣ қатънома содир намуд. Бар асоси ин қатънома, дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, аъзои хонавода ва наздикони ӯ масдуд шуда, онҳо бо мамнӯъияти сафар ҳам мувоҷеҳ мешаванд.
Ин қатънома шомили таҳрими таслиҳотии ҳукумати Либия низ мебошад. Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал ҳамчунин додгоҳ байналмилалии ҷиноиро масъули расидагӣ ба саркӯбии мӯътаризони зиддидавлатӣ дар Либия ва муҳокимаи омилони куштори ғайринизомиён дар он кишвар кард. Бино ба гузоришҳо дар даргириҳои ахир миёни нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ, ки хостори суқути ин раҳбари худкома ҳастанд, садҳо нафар кушта шудаанд.
Рӯзи ҷумъа, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал дар як нишасти Шӯрои Амният дар мавриди Либия, аз ин шӯро хоста буд, то ҳарчӣ зуд барои поён додан ба хунрезиҳо дар он кишвар иқдом кунад: “Авзоъ дар Либия башиддат вахимтар мешавад. Мо имрӯз доир ба даргириҳои хушунатбор ва бо қурбониҳои зиёд гузоришҳои нав гирифтем. Мо ҳамчунин доир ба нақзи пайваста ва фарогири ҳуқуқи инсон гузоришҳои тоза дорем. Аз ҷумла, доир ба қатлҳои яксара, боздоштҳои худсарона, тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарони осоишта, боздошт ва азияти мухолифон ва киро кардани зархаридони хориҷӣ."
Дар Вашингтон Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ҳисобҳо ва дороиҳои Муаммар Қаззофӣ ва аҳли хонаводаи ӯ дар Иёлоти Муттаҳидаро масдуд мекунад. Рӯзе пеш аз ин, нерӯҳои тарафдори Қаззофӣ, ба сӯи тазоҳургарони зиддавлатӣ дар шаҳри Троблус башиддат тирандозӣ карданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, мардум баъди берун омадан аз намози ҷумъа дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр тазоҳурот карда ва мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Хабаргузории «Франс Пресс» аз қавли як шоҳиди айнӣ дар Троблус навиштааст, «садои тирандозӣ тамоми шаб ба гӯш мерасид» ва «нерӯи барқ ҳам қатъ шуда буд.»
Ӯ гуфтааст, аз тарси онки ба хонаҳояшон ҳамла накунанд, ҳамачизеро, ки метавон аз онҳо ба ҳайси силоҳ истифода кард, гирифта ва пушти дар истодаанд. Муаммар Қаззофӣ, ки аз соли 1969 дар Либия ҳукумат мекунад, зоҳиран омодаи набард то охир аст. Ӯ ва аъзои хонаводааш қиём алайҳи ҳукуматро кори дасти Ал-Қоида ва тундравони исломӣ хондаанд. Муаммар Қаззофиро дар телевизиони давлатӣ нишон додаанд, ки бо хитоб ба садҳо тарафдоронаш дар майдони сабзи Троблус мегуфт, мо меҷангем ва онҳоро шикаст медиҳем. «Бирақсед, бихонед ва худро омода кунед.»
Ӯ возеҳ гуфт, ки омода аст, тарафдоронашро мусаллаҳ кунад: “Мо бо иродаи мардум ва мардуми мусаллаҳ қодир ба шикаст додани душман ҳастем. Агар зарур шавад, анбори силоҳҳо барои мардуми Либия, қабилаҳои Либия боз мекунем. Либия ба оташи сурх ва ахгар табдил хоҳад шуд.”
Аммо айни замон, писари Муаммар Қаззофӣ, Сайфулислом аз тазоҳургарони зиддидавлатӣ даъват кард, бо ҳукумат музокирот кунанд. Сайфулислом сару садо ширкати зархаридони хориҷӣ дар ҷанг алайҳи тазоҳургаронро рад кард ва гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ ба зудӣ, назорати шарқи кишварро ба даст хоҳанд гирифт. Мухолифони давлати Либия мегӯянд, бахши зиёди шарқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либияро дар даст доранд. Хушунатҳо дар Либия ҳазорон нафарро маҷбур ба тарки ин кишвар кард. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, то кунун аз Либия 22 ҳазор нафар ба Тунис ва 15ҳазори нафари дигар ба Миср гурехтаанд.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4535-katnomai-shuroi-amniyat-alayhi-hukumati-libiya.html