01:11:14 03-уми Июни 2025 сол

КАРЗАЙ: АМРИКО БО ТОЛИБОН МУЗOКИРА КАРДААСТ

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон музокираи ИМА бо Толибонро тайид кардааст. Ҳомид Карзай рӯзи шанбе дар конфронси миллиb ҷавонони Афғонистон дар шаҳри Кобул гуфт: «Ин музокирот аз сӯи қувваҳои хориҷӣ ва ба сурати вижа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба пеш бурда мешавад».

karzay_455585.jpgБо ин ҳол, дар ҳамон лаҳзае, ки Ҳомид Карзай аз сухан аз музокираи амрикоиҳо бо Толибон ба миён меовард, ин гурӯҳ дар як ҳамлаи хунин ба посгоҳе дар Кобул 9 нафарро ба қатл расониданд. Аз сӯи дигар, дар вокуниш ба изҳороти Ҳомиди Карзай, Сибғатулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳаракати Толибон бо ради суханони раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт: «Мо пештар гуфтаем ва бисёр такрор кардаем, ки музокирае мо бо ИМА надоштаем ва мо ҳаргуна хабаре дар ин бораро тазкиб мекунем».

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сафорати Амрико дар Кобул низ аз ҳар гуна изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст. Мақомҳои ғарбӣ, ки нахостаанд номашон ифшо шавад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса тоййид кардаанд, ки талошҳое барои эҷоди тамос бо гурӯҳи Толибон сурат гирифта, аммо ин тамосҳо дар мароҳили аввалия аст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико аввалҳои соли ҷорӣ аз гурӯҳи Толибон хоста буд, ки роҳи худро аз гурӯҳи Алқоида ҷудо кунанд ва бо пазируфтани Қонуни асосии Афғонистон ба ҷомеъа бипайванданд. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико низ аз имкони музокира бо Толибон то поёни соли ҷорӣ сухан ба миён овардааст.

Моҳи гузашта нашрияи «Шпигел» навишт, ки Олмон барои гуфтугӯи мустақими Амрико ва Толибон дар хоки Олмон миёнҷигарӣ кардааст. Як рӯз пеш аз суханони Ҳомиди Карзай Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳои Толибон ва Алқоидаро ба ду бахш ҷудо кард, ки ба гуфтаи дипломатҳо метавонад гоме ба сӯи ба самар нишастани музокира бо Толибон бошад.

Сузан Райс, намояндаи Амрико дар СММ гуфт, ки ин иқдом паёми рӯшан ба Толибон буд, ки онҳо дарёбанд, ки агар аз Алқоида ҷудо шаванд ва хушунатро канор бигузоранд, барои онҳо ояндае дар Афғонистон вуҷуд дорад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.06.2011 14:01
Гар Эрон набошад тани ман мабод ё тан сухта бод,
Бадин марзу бум аз дасти катаган як тан зинда мабод.

Точикистон ба чуз Эрон гамхори асил надорад ва нахохад ёфт.
Дигарон ахдофи гаразнок доранд ва дар пайи истисмор ва нобудии миллати Точиканд. Густариши хамкори ва муносибот бо ин кишвари бародар, хамзабон ва мусалмону хамфарханг барои худшиноси ва бедориву баргаштан ба асли хеш ба мо кумак ва мусоидат хохад кард. Эрон омода хаст дар хама чанбахо миллати моро дастгири намояд.
Дустии бародарони Эрону Афгону Точик поянда бод.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо мо хар чи кард, он ошно кард.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854