18:55:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИНТИҚОДИ МАРДУМ АЗ ШАЙХУЛ АЗҲАР

shaykh-ul-azhar_ruzgor111.jpgАммо хабаргузории “ahram.org” ба нақл аз Аҳмад Таййиб, шайхул Азҳар, навиштааст, ки Таййиб дар вокуниши худ, ки таъид кардааст, ки ҳангоми дидор бо кашишон нагуфтааст, ки «дини ислом исломи ноболиғон ва онҳое, ки ба балоғат нарасидаандро эътроф намекунад», ва низ қайд кардааст, ҳама он чизе, ки бо эшон сӯҳбат кардам,ба манзалаи фатвои шаръӣ набуд, балки мавқеъи як шаҳрванди мудерн ва оне, ки мехоҳад дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зиндагӣ кунад, ҳисобида шавад. Илова бар он расонаҳои гурӯҳиро лозим аст, ки ҳангоми дар бораи алАзҳар ва шайхи ӯ, ба хусус дар робита ба масоили динӣ, агар хабаре паҳн кардан хоҳанд, аз сарчашмаҳои муътамад ва ё бевосита бо худи масъулини Алазҳар сӯҳбат намоянд.

Дидори Шайхул Азҳар бо гурӯҳе аз кашишон ва намояндагони калисоҳои Миср ва сӯҳбат кардани ӯ дар хусуси ислом овардани ду тан аз хоҳарон: Кристяни 17-сола ва Нонсии 14-сола, дар ҳоле сурат гирифт, ки низ қаблан падарашон ислом қабул карданашро эълон карда буд ва мехост, ки онҳоро аз дасти модари масеҳиашон гирифта дар тарбияи худ қарор бидиҳад, аммо муваффақ нагардид.

Баъд аз чанд муддат худи духтарон бо сабаби фишорҳои хонаводагӣ аз манзилашон гурехта, дар ҷои дигар исломашонро эълом карданд ва тарс аз он, ки ба муҷозоти калисо гирифтор нашаванд, пинҳон шуданд. Гурӯҳе  аз мусалмонон низ аз ин духтарони тоза исломро қабулкарда пуштибонӣ карданд. Ин амр боис шуд, ки ихтилофоти дингароӣ дар ҷомеа авҷ бигирад ва сару садоҳои зиёдеро ҳам ба вуҷуд оварад. Полиси Миср низ чанд нафарро ба далели даст доштани дар пинҳоншавии Кристян ва Нонсӣ ба додгоҳ кашид ва барои чанд муддат се нафар аз эшонро равонаи зиндон кард...

Бо далели он, ки яке аз сабабҳои асосии мулоқоти кашишони мисрӣ бо Шайхул Азҳар ҳамин мавзӯъ буд, таваҷҷуҳи расонаҳои гурӯҳӣ ва ҷомеа зиёд шуд. Ба ин хотир ВАО-и Миср ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ ба нақл аз манобеи худ ин дидор ва сӯҳбати эшонро шарҳу тафсил дода ва шумори зиёде аз мардум ва худи Аҳмад Таййиб низ маҷбур шуд, ки ба баъзе тафсилоти хабарии расонаҳо вокуниш нишон диҳад.

Сомонаи Насиҷ дар идомаи матлаби худ менависад, имомбузрги Азҳар ҳангоми мулоқоташ бо гурӯҳе аз кашишони калисо, ки он гурӯҳ шомили кашиш Ағобиюс, намояндаи асқафнишин аз Мино, кашиши ҷараёни Батер, кашиш калисое дар Ҷиза буд, гуфт: ҳамоно исломи ду тан аз духтарони Мино, Кристяни 17-сола ва Нонсии 14-сола, эътироф нашуда аст, барои он, ки эшон ба сини булӯғ нарасидаанд. Шайхул ба гурӯҳе, ки ӯро зиёрат кард, гуфт, ки ҳар як оила дар хонадони мисрӣ бояд барои ҳалли мушликилоти мазҳабгароӣ саҳм бигирад ва мушкили Кристиян ва Нонсӣ низ бояд ҳалли худро пайдо кунанд.

Шайхул Азҳар ба ин гурӯҳ тавзеҳ дод, ки «Комисиюни пазириши ислом» (ки дар назди Азҳар амал мекунад А.Н.) ба иттилоъи ҳар хонаводаи мисрӣ, ки ба ислом рағбат дорад, расонидааст, ки ҳузури хонавода ҳангоми эълони исломи яке аз эшон, ҳатмӣ аст (дар КПИ), ва низ ба ин гурӯҳ ваъда дод, ки пеш аз пазириши ислом ҳар соҳиби дини дигаре, ки хоҳони ислом қабулкарданро дорад, ҷаласаҳои насиҳатӣ гузаронида мешавад. Бо таъкид бар ин, ки Алазҳар ҳамеша фарзандони ватанро ҳангоми руҷӯъ ба он истиқоб мегирад ва дар шунидани ҳарфи онҳо ҳеҷ тафовуте дида намешавад.

Аҳмад Таййиб ба кашишон дар бораи «Комисиюни пазириши ислом», ки дар назди Алазҳар фаъолият мекунад сухан кард ва қоида ва қонунҳое,ки исломи мисриёнро сабт мекунад, шарҳ дод ва аз ҷумла қайд кард, ки пазириш ва сабти номи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаандро ин комисиюн қабул надорад, на бахотири ғаразҳои шахсӣ ё фишорҳои хонаводагӣ ва ё майл доштан ба издивоҷ, ин комисиюн муроҷиати роғибони дини исломро тайи чанд рӯз баррасӣ мекунад, то  мутмаин шавад, ки исломро бо майл ва довталабона қабул мекунад.

Ба иттилоъи расонаҳои мисрӣ ин сӯҳбати кашишон ва мавқеъгирии шайхул Азҳарро мардуми Миср бо даҳҳо далел ба боди интиқоди шадид қарор доданд. Яке аз онҳо гуфтааст, ки марҷаъи асосӣ дар ислом Қуръон ва Суннат аст ва дар ҳеҷ ҷое аз ин ду марҷаъ гуфта нашудааст, ки инсон то 18-сола нашавад, наметавонад, ки ислом оварданашро расман эълон намояд ва бар илова мақарри асосии имон ин қалб аст, ба ин хотир «Комисиюни пазириши ислом», ки дар назди Алазҳар амал мекунад, фаъолияташ бо ин сурат, ғайри мантиқӣ аст.

Чунки дар замони Расули акрам (с) Алӣ бини Аби Толиб дар сини даҳсогӣ ва баъд аз он садҳо  каси дигар қабл аз сини 18-солагӣ ислом оварданд ва худи Расули акрам ба ислом овардани онҳо эътироз накард, балки аз тамомии онҳо ба хубӣ пазироӣ кард. Бар илова шариъати ислом ва мазоҳиби чоргона шартҳои ба балоғат расидани инсонро ҳазор сол пеш сабт кардаанд ва ҳадди аксари умри ноболиғро тамоми 14 сол унвон карда ва гуфтаанд, ки инсон дар синни15 солгӣ новобаста аз ҷинс ба балоғат мерасад.

Баъзе касон, аз ҷумла баъзе духтарон дар синни 9 солагӣ ҳайз мебинанду ба балоғат мерасанад ва баъзеи писарон дар синни 12-солагӣ манӣ аз эшон хориҷ мешавад ё мӯйҳои зери нофу зери бағалашон месабзанд, ки далели ба балоғат расидани онҳо мебошад, аз ин рӯ он духтаронро ба ҳеҷ ваҷҳ ноболиғ гуфтан мантиқӣ нахоҳад буд. Ва низ ҳеҷ як аз соҳибмазҳабон дар ҷое нагуфтаанд, ки инсон дар сини 18 солагӣ ба балоғат мерасад, аслан дар ислом чунин ақида вуҷуд надорад, балки ақида ва андешаи инсон дар синни 18-солагӣ ба балоғат мерасад моли худи ғарбиҳост, ки эшон дар дин пайравӣ аз Исои Масеҳ мекунанд, ба ҷомеаи исломӣ ворид шудааст.

Далели дигар мунаққидон ояи карима аст, ки Худованд хитоб ба Паёмбар (с) не, балки ба тамоми мӯъминон карда мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъмине, ки муҳоҷират кардаанд, ба наздатон оянд, биозмоедашон. Худо ба имонашон донотар аст. Пас, агар донистед, ки имон овардаанд, назди кофирон бозашон магардонед. Зеро инҳо бар мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар онҳо ҳалол нестанд. Ва ҳар чӣ он кофирон барои ин гуна занон харҷ кардаанд, бипардозед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе накардаед. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва ҳар чӣ харҷ кардаед, аз мардони кофир бихоҳед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд, аз шумо бихоҳанд. Ин ҳукми Худост. Худо миёни шумо ҳукм мекунад ва ӯ донову ҳаким аст!» (Мумтаҳина, ояи 10).

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 03.07.2011 19:24
И мардаки хуб доктор Аҳмад Таййиб- Шайхул Азҳар ба фикрум дар сари пириш майл ба молу мулк кардай. Насронихо албат пули калонуш ваъда карданд... :lol:
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi