18:24:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФҒОНИСТОН: ДАВЛАТИ ИСЛОМИРО ДАР ҚАБРИСТОН НАМЕСОЗАНД

Қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

Панҷшерӣ будан яъне чӣ? Мазори Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ рӯҳия дорад? Иштибоҳҳои аслии Амрико дар Афғонистон чӣ будаанд? Мушкили хориҷ шудани ИМА аз Афғонистон дар чист? Чаро немегузоранд, ки дар Афғонистон сулҳ шавад? Барои танқиди Ҳомид Карзай чӣ ҷазо медиҳанд? Ин масъалаҳоест, ки дар қисмати ниҳоии ин сафарнавиштаҳо аз Афғонистон баррасӣ мешаванд.

Панҷшер як фарҳанг аст: ё гузаре ба «қабристони танкҳои шӯравӣ»

afganistan_abdulla-rahnamo_.jpgИмрӯз боздид аз Панҷшер ҷузъи барномаҳои сафари аксари ҳайатҳо ва шахсиятҳо ба Афғонистон аст. Зеро Пенҷшер худ яке аз ифтихороти Афғонистон буда, низ яке аз ифтихороти дигари Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро дар домани худ ҷой додааст. Пас сафари Афғонистон бе дидани Панҷшер ва бе боздид аз оромгоҳи Масъуд ҳаргиз комил намешавад.

Панҷшер дар асл як дараест, ки дар шимоли Кобул ҷой дошта, бо мошини хубрав ҳудудан ду соат масофа дорад. Канораҳои роҳи Кобул то Панҷшер ҳама манзараҳои сабзу зебо, боғҳои анбӯҳ, рӯдхонаҳо, водии васеъ, ки дар як иборат онро «Шимолӣ» меноманд. Ҳамон «Шимолӣ»-е, ки васфаш дар сурудҳои афғонӣ садо медиҳад. Ва тамоми роҳ номҳои зебои тоҷикӣ: Гулдара, Шакардара, Қӯҳдоман, Гулбаҳор, Чоряккор … ва ниҳоят ПАНҶШЕР.  

Худи Панҷшер дараи бисёр тӯлониест, ки чандин дараҳои амиқи дигарро дар бар мегирад, вале ҳамагӣ як роҳи вуруд дорад ва он роҳ низ аз тангии миёни кӯҳҳои баланд мегузарад ва метавон гуфт, ки Панҷшер ҳамагӣ як дарвоза дорад. Ва агар ин роҳи танг хуб нигаҳбонӣ шавад, ҳамаи вуруду хурӯҷи Панҷшер зери назорат қарор мегирад. Панҷшер бо ҳафт вилояти Афғонистон ҳаммарз буда, дар тобистон аз тарафҳои дигар низ роҳҳои бисёр мушкилгузари кӯҳистонӣ дорад, вале роҳи мошинрави он фақат яктост.

Ин мавқеи стратегӣ ва сохти ҳисоргуна боис гашта буд, ки Панҷшер ҳаргиз аз тарафи нирӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла, нирӯҳои Шӯравӣ комилан ишғол нашавад. Чун ба умқи дара ҳамагӣ як роҳ аст, Аҳмадшоҳи Масъуд дар нисбати Артиши Шӯравӣ равиши хоссеро пеш гирифта буд: ӯ қаторҳои танку зиреҳпӯшу мошинҳои сарбозони шӯравиро аввал ба дохили дара роҳ медод, то ба умқ раванд, сипас роҳи бозгашти онҳоро баста, аз болои кӯҳҳо онҳоро мавриди ҳамла қарор медод. Ин аст, ки дар қад-қади роҳ ва рӯди Панҷшер садҳо адад техникаи низомии Шӯравӣ харобу нимшикаста хобидаанд. Кӯшиши ҳисоб кардани онҳо низ беҳуда аст, зеро шояд беҳисобанд… Баъзе аз онҳоро дарё зери рег бурда, вале аксари онҳо чун муҷассамҳои шикасти қӯдрати шӯравӣ дар баробари ғайрати ин мардум ҳамчунон боқӣ мондаанд. Ин аст «қабристони тонкҳои Шӯравӣ», ки бо ҳамин ном дар ҳама ҷаҳон маъруф гаштааст…

Машҳуртарини ин тонкҳо сари роҳе дар деҳаи Ҷангалак аст, ки бисёр бузург буда, бачаҳо болои он бозӣ мекунанд ва сайёҳон рӯи он акс мегиранд. Вале барои соҳиби ҳавлие, ки ин тонк миёни он барои ҳамеша истодааст, ин «муҷассама» маънои дигар дорад. Ӯ мегӯяд: ин тонк замини ҳавлии маро ишғол кардааст ва на метавонем аз ҷояш ҷунбонем ва на метавонам дар замин чизе кишт бикунам. Ман илова кардам: «Афғонистон озод шуд, вале замини ҳавлии шумо ҳамчунон ишғол аст…» Воқеан, барои аз замини ӯ берун бурдани ин тонк нирӯ ё техникаи бисёр пуриқтидор лозим аст, ки он ҷо дастрас нест ва дар минтақаи кӯҳистоние чун Панҷшер замин арзиши бузург дорад… Ин аст, ки истеъмор бо ҳазорон тарз захми худро дар дурдасттарин гӯшаҳои ин кишварҳо гузоштааст.      

Вале он чӣ аз Панҷшер муҳим аст, ин аст, ки ин дараи кӯҳистонӣ бо мардуми сарбаланди худ, бо ҷиҳоду муборизаи худ, бо ғайрату устувории худ ва бо Аҳмадшоҳи Масъуди худ машҳури ҷаҳон гаштааст. Ва дар тӯли беш аз 30 соли мубориза Панҷшер аз сатҳи як мафҳуми ҷуғрофӣ берун рафта, маънои як фарҳанг ва як арзишро гирифтааст: маънои мубориза, муқовимат, ғайрат, сарбаландӣ, истодагӣ, истиқлолият. Ҳамин аст, ки Панҷшер  фақат як дара нест ё як вилоят нест, Панҷшер як фарҳанг аст.

Оромгоҳи бовиқори Аҳмадшоҳи Масъуд рӯи теппаи баланде дар деҳаи Бозорак гӯиё то имрӯз вазъияти Панҷшерро аз он баландӣ зери назорат дорад. Чун вориди ин дараи овозадор шавед, эҳсос мекунед, ки Панҷшер ҳамоно саршор аз рӯҳи Масъуд аст. Дар китобе, ки сари марқади ӯ ниҳодаанд, аз намояндагони тамоми ҷаҳон ёддоштҳое ба ҷой мондааст ва даҳҳо раиси ҷумҳуру сарвазиру вазир ва шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангию сиёсӣ ҳамагӣ азамати Масъудро сутудаву эътироф кардаанд. Вале ҷолибтар аз ҳама ёддоштҳои чанд генерали рус буд, ки баъди солҳо набард бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар ниҳоят пеши рӯҳу тавони ӯ бо дасти худ эътирофи таслим навиштаанд.

Чор иштибоҳи бузурги Амрико дар Афғонистон

Бо вуҷуди ҳама, бозигари муҳимми саҳнаи сиёсию низомии Афғонистон ИМА мебошад ва ба гуфти мардуми Афғонистон, имрӯз ҷанг ҳам ба гардани Амрикост, сулҳ ҳам ба гардани Амрикост. Вале Амрико бо ворид шудан ба Афғонистон чанд иштибоҳи бузург кард, ки имрӯз домангираш гаштаанд:

1.Гарчӣ ИМА нирӯҳои низомии худро дар чорчӯби «эътилофи зиддитеррористӣ» вориди Афғонистон сохт, вале мардум онҳоро ҳамчун «нирӯҳои амрикоӣ» мешиносанд. Ва бо он ҳамчун нирӯи ишғолгари амрикоӣ муносибат доранд. Албатта, имрӯз зарурати ҳузури нирӯҳои хориҷӣ барои пешгирии набардҳои беохири байнихудӣ дар Афғонистонро аксари мардум ва коршиносон қабул доранд. Вале агар ин нирӯҳо аз назари мақоми ҳуқуқию сиёсӣ ҳамчун нирӯҳои СММ ва аз назари таркиб дар ҳайати омехтаи намояндагии нирӯҳои кишварҳои ғарбӣ ва кишварҳои исломӣ ворид мешуданд, шояд муносибат ба онҳо комилан дигар мебуд. Ва он дар ҳақиқат «ҷомеаи ҷаҳонӣ» мебуд, номе, ки нирӯҳои амрикоӣ бисёр дӯст медоранд бо он номида шаванд. Яъне, имрӯз нирӯҳои ғарбию амрикоӣ дар Афғонистон бо камбуди эътибор ва ё бо бӯҳрони машрӯъият рӯбарӯ ҳастанд. Ин модари ҳамаи мушкилоти дигари онҳост.

2.Иштибоҳи дигари амрикоиён дар муносибати онҳо бо нирӯҳои сиёсию ҷиҳодии дохилии Афғонистон буд. Вақте онҳо вориди ин кишвар шуданд, дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои муҷоҳиди «Ҷабҳаи муттаҳида» ё бо дасти онҳо «Толибон»-ро ба суръат аз кишвар берун ронданд. Вале ҳангоми ташкили ҳукумат аксари шахсиятҳои сиёсию низомии давраи ҷиҳод ва муқовимати Афғонистонро дар як-ду соли аввал бо роҳҳои гуногун ба тадриҷ аз саҳна канор гузоштанд. Ба ҷои онҳо ҳукумати нав ва мақомоти олию миёнаи онро аз ҳисоби паноҳандагони афғонии муқими кишварҳои ғарбӣ ва ИМА ташкил намуданд, ки бо номи «тими амрикоиҳо» машҳур гаштанд. Яъне, афғонистониёни ғарбишудаи амрикоитафаккур.

Аммо ин гурӯҳ бино бар дурии замонӣ ва фосилаи зеҳнии худ аз ҷомеаи Афғонистон натавонист, ки вазъи кишварро ба эътидол оварда, барномаҳои созандагии Афғонистонро пеш барад. Бахши зиёде аз онҳо ҳатто шаҳрвандии кишварҳои ғарбиро доштанд ва ҳамчун шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ амал мекарданд. Ин буд, ки давлати овардаи Амрико ноком шуд ва ҳаракати толибон дубора дар сатҳи кишвар ҳамчун ҳаракати мухолифини давлат фаъол гашт. Ин аст, ки давлат маҷбур шуд дубора ҳамон шахсиятҳои ҷиҳодию сиёсии давраи муқовиматро ҳамчун муовинони Раиси Ҷумҳур, вазирон, муовинони вазир, қумандонҳои минтақавӣ, волию шаҳрдору бахшдорҳо як-як ба давлат ҷалб менамояд. Зеро фақат онҳо қудрати рӯёрӯӣ бо толибро доранд ва низ нуфӯзи воқеии мардумӣ дар дасти онҳост… Вале онҳо акнун ба Амрико чандон эътимод надоранд ва медонанд, ки фақат аз ноилоҷӣ онҳоро дубора ба саҳна авардааст...

3.Дигар қадами иштибоҳӣ таҳоҷуми васеъ ба фарҳангу боварҳои мардуми Афғонистон буд. Бо омадани нирӯҳои эътилоф ва ҳукумати нав фазои фарҳангӣ ва арзишие фароҳам омад, ки пеш аз ҳама, ду хусусият дошт:

а) Камранг нишон додани арзишҳо, дастовардҳо ва чеҳраҳои давраи муборизаву ҷиҳоду муқовимати Афғонистон ва гоҳо дар зеҳни ҷавонони кишвар манфӣ нишон додани онҳо. Дар ин давра аксари роҳбарони сиёсӣ ва қумандонҳои муқовимату муҷоҳидатро бо номи «ҷангсолрҳо», «туфангсолорҳо» ва ҳатто «ҷинояткорони ҷангӣ» ба муҳокимаю маҳкумияти ҷамъяитӣ кашида, ҳатто талошҳои ба додгоҳҳои низомӣ кашидани онҳо сурат гирифт. Дар барномаҳои таълимӣ ва шабакаҳои телевизонӣ ин саҳифаҳои таърихи Афғонистон бисёр тира ва манфӣ арзёбӣ шуданд. Давлати нав ҳатто ҷашни 8-уми саврро (28 апрел), ки рӯзи пирӯзии муҷоҳидон бар ҳукумати коммунистӣ дар соли 1992 мебошад, сол аз сол камрангтар ҷашн мегирад. Ва ҳамон рӯзи баргашти мо аз сафар, ки ба 8-уми савр рост омад, аксари мардум ва собиқадорони муқовимат аз он норозӣ буданд, ки ҳукумат ҷашни ин рӯзро дар сатҳи давлатӣ ба таври шоиста намегузаронад. Ва худи қумандонҳо ва шахсиятҳои давраи муқовимат ҳар ҷо дар маҳфилҳое ин санаро аз ҳисоби худ таҷлил мекарданд.

б) Дар баробари ин, дар кишвар фарҳанги либералии ғарбӣ, хусусан, дар бахшҳое чун ҳуқуқи занон ва озодии ахлоқӣ аз тариқи ташкилотҳои ғайридавлатии ғарбгаро ва шабакаҳои телевизонӣ сарозер шуданд. Даҳҳо канали телевизонӣ дар Афғонистоне, ки фарҳанги ғолиби он шакли бисёр анъанавии исломӣ буд,  рақсу овозу таронаву фасод ва филмҳои ғарбӣ пахш мекунанд, ки телевизонҳои мо дар баробари он бисёр хубанд.

afganistan_abdulla-rahna.jpgБа назари коршиносон, ин таърихзудоӣ ва фасодпароканӣ дар солҳои аввал таваҷҷӯҳи зиёдеро ба вуҷуд овард, вале бо гузашти даҳ сол метавон гуфт, ки бори дигар ҷадвали арзишҳои ҷомеа тағйир ёфта, мардум ба ин гуна барномаҳо нафрати худро эълон мекунанд. Ва дар пушти ин ҳама таърихзудоиву фарҳангзудоӣ мардум боз ҳам Ғарб ва грантҳо ва сармоягузориҳои ғарбиро мебинанд. Ва яке аз аъзои Шӯрои уламои Афғонистон мегуфт: агар ин ғарбиҳо раванд, телвизонҳои фоҳишашонро дар як соат ҷамъ мекунем, як рӯз ҳам не, як соат…

4.Ва иштибоҳи дигаре, ки ба Амрико нисбат дода мешавад, навъе «бозӣ бо толибон» аст. Қиссаи робитаҳои Амрикою толибон тӯлонист, вале ончӣ имрӯз дар Афғонистон мавриди таҳлил аст, бозии дуҷонибаи Амрико бо толибон номида мешавад. Аз як сӯ, толибон эълон медоранд, ки то замоне, ки Амрико аз кишвар хориҷ нашавад, мо ҷангро бас намекунем ва аз сӯи дигар, амрикоиҳо эълон медоранд, ки то вақте толибон ҷангро бас накунад ва кишвар амн нашавад, мо аз кишвар хориҷ намешавем. Пас, будани яке сабаби будани дигарест. Ин қазия зоҳиран дуруст аст, вале дар асл, ин навъе механизми таъмини мавҷудият ва ҳузури ҳамдигар ба ҳисоб меравад. Ва мардуми Афғонистон худро навъе гаравгони ин бозӣ медонанд. Ин аст, ки Раиси Академияи улуми Афғонистон доктор Рошид дар конфронси Кобул изҳор дошт: мо бояд аввал таърифи дурусте аз ҷанги Афғонистон ва тарафҳои ин ҷанг бидиҳем, мо бояд на бо толибон, ки ҳамагӣ нақши як абзорро доранд, балки бо худи ИМА музокира кунем, то кишвар ба сулҳ бирасад, зеро агар онҳо хоҳанд, дар як рӯз сулҳ ҳосил мешавад...   

Дар мавриди сиёсату амали ИМА дар Афғонистон метавон аз иштибоҳу фурӯгузориҳои зиёди дигаре низ ёдовар шуд. Ва шояд гуфт, ки иштибоҳи асосӣ худи дохил шудан ба як кишвар буд, он ҳам ба кишваре чун Афғонистон. Акнун масъалаи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ҳам барои ҷомеаи Афғонистон ва ҳам барои худи амрикоиён як амри мусаллам аст ва он масъалаи замон аст. Имрӯз онҳо аз дили мардуми Афғонистон, аз зиндагии мардуми Афғонистон ва аз эътимоди мардуми Афғонистон хориҷ шудаанд. Акнун ин мондааст, ки аз сарзаминашон низ хориҷ мешаванд. Фақат талош хоҳад шуд, ки ин хуруҷ як «хуруҷи обрӯмандона» бошад, шояд бо ҳифзи чанд пойгоҳи низомӣ дар ин минтақаи стратегӣ. Ва шояд ҳадафи аслии воридшавӣ ба Афғонистон низ маҳз ҳамин буд…

Ҷомеаи зинда, вале захмин

Вале Афғонистони имрӯзро ҷомеаи зинда дарёфтам. Ҷомеаи озодии баён, ҷомеаи озодии сухан ва матбуот, ҷомеаи хабару таҳлил. Дар ин кишвари ҷангзада ҳоло 30 шабакаи телевизонӣ, беш аз 50 радио, беш аз 200 рӯзнома ва беша аз 100 маҷалла фаъолият доранд. Гарчӣ бахши бузурги ҷомеаи Афғонистон (ҳудуди 50 %) бесавод ҳисоб мешаванд, вале қишри таҳсилкардаи он бисёр фаъол ва худшинос мебошад. Бояд иқрор шуд, ки дар масъалаи забону баён, таҳлилу тафаккур, худшиносу шахсият будан ва дар назару мавқеъ доштан қишри зиёию таҳсилкардаи мо ҳатто қобили муқоиса нест. Сатҳи барномаҳои радиоиву телевизонӣ, сатҳи маҳфилҳои илмию адабӣ ва сатҳи таҳлилҳои сиёсию ҷамъиятӣ низ бисёр болотару пуршӯртар аз чизест, ки мо тасаввур мекунем. Шояд дар сатҳи минтақа маҳз дар Афғонистон тавон дид, ки телевизони зинда яъне чӣ, барномаи мустақим яъне чӣ, «микрафони озод» яъне чӣ, мизи гирд дар телевизон яъне чӣ, таҳлилу нақд яъне чӣ

Як қиссаи воқеӣ дар ин замина: Президенти Афғонистон Ҳомид Қарзай дар шаҳри Қандаҳор назди мардум аз дастовардҳои давлати худ суханронӣ мекард. Пирамарде бо эътироз аз ҷой хеста, сухани ӯро бурида гуфт:

-Хомӯш шав, ту барои ин кишвар ҳеҷ коре ва ҳеҷ хизмате накардаӣ!

Ҳомид Карзай ба оромӣ ҷавоб дод:

-Падарҷон, ман барои ин кишвар коре ва хидматеро кардам, ки ҳеҷ подшоҳ, ҳеҷ амир ва ҳеҷ Раиси Ҷуҳуре дар ин кишвар ҳаргиз накардааст…

Пирамард ҳайрон шуда боз хурӯшид, ки чӣ кардӣ?!

Карзай гуфт:

-Ҳамин ки имрӯз дар Афғонистон Шумо метавонед бе ҳеҷ ҳарос ва бо боварӣ ба Раиси Ҷумҳури кишвар чунин муносибат кунед, ба ӯ чунин сухан гӯед ва рӯ ба рӯ аз ӯ интиқод кунед, дар тамоми таърихи Афғонистон фақат дар давраи ман имконпазир гашт… Магар ин хидмати ман нест?...  

Хулоса, имрӯз чунин рӯҳияро метавон дар аксари хабару таҳлилу барномаҳои расонаҳои Афғонистон эҳсос намуд. Ҳангоми конфронси матбуотӣ дар меҳмонхонаи «Инсоф»-и Кобул аз болои минбар ҳисоб кардам, ки илова бар даҳҳо телефону суратгиру дурбинҳои хусусӣ, 15 шабакаи телевизонӣ мусоҳибаи матбуотиро сабт мекард. Ва ҳама даст боло доштанд, ки ба меҳмонон савол бидиҳанд. Ростӣ ин ҷо ҷое буд, ки беихтиёр ҳавас кардам, ҳасад бурдам… Ҷомеаи зинда. Ҷомеаи зинда, захмин, вале зинда. Ва хулосаи ман ин шуд, ки агар бигзоранд, ки дар ин кишвар сулҳу субот фароҳам ояд, бо ин рӯҳу бо ин фазое, ки доранд, онҳо аз ҳамаи назарҳо бисёр пеш хоҳанд рафт… Вале афсӯс, ки намегузоранд…

Ин буд баъзе нуктаҳо аз достони сафари пурмӯҳтаво ба сарзамини Афғонистон. Сафаре ки пур аз меҳрубонӣ, пур аз самимият, пур аз диданию шуниданӣ ва пур аз паёмҳои муҳим буд. Ва ин навишта ба дунболи он буд, ки аз мушкилоти Афғонистон ва аз воқеиятҳои Афғонистон чӣ нуктаву чӣ паёмҳоеро метавон барои тақвияти суботу амнияти миллии худ, барои ҳифзи давлату давлатдории худ ва барои эмин мондани кишвари худ аз бозиҳои манфиатӣ ва гирдобҳои тахрибгари сиёсӣ бардошт намоем.

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқ ва сиёсатшинос, махсус барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #3 Guest 12.07.2011 23:05
Бехтарин мавод аст
Намешавад ки Абдулло Рахнаморо бо се китоби хубаш ва бо маколахои пурмазмунаш ба ягон чоиза пешниход кунем. Мухтарам Султон Хамад шумо ин ташаббусро нишон дихед бисер савоб мегиред. Зеро ба у бисерихо бахили мекунанад ва намехоханд ки мехнтхояш эътироф шавад.
 
 
0 #2 Guest 10.07.2011 22:41
Инро барои чанд чо махсус менависад ин муаллиф?
 
 
0 #1 Guest 09.07.2011 20:17
Аз огои Рахнамо барои ин макола самимона ташаккур мекунам.Вокеан Афгонистон ин сарзамини далерону часурону гаюрону озодагони асил аст.Бехуда М. Икбол мардони ин марзу бумро:
Сарзамине кабки у шохинмизоч
Охуи у гирад аз шерон хироч
Миллате овораи куху даман
Дар раги шон хуни шерон мавчзан
ситоиш накардааст.Аз ин сарзамин бо хама чангу низоъу факру нокоми буйи озодии вокеи меояд.
Худовандо яъсу нокомиро аз сари ин миллати мусалмон дур бигардон ва файзу баракати Хешро бо истикрори сулху вахдату бародари саодатмандию ободи ба эшон иноят бифармо!Омин!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi