15:46:52 01-уми Июли 2025 сол

ТУРКТОЗӢ ДАР ҲОШИЯИ ХУРУҶИ НЕРӮҲОИ АМРИКОӢ АЗ АФҒОНИСТОН

Вазъи Афғонистон рақобати кишварҳои минтақавиро дар сари тақсимоти қудрат ва доираи нуфузи Осиёи Миёнаи Бузурги пасоамрикоӣ тезонидааст. Дар ин ҷода талошҳои ошкорову пинҳонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки таҷрибаи тақсим ва таҷзияи кишварҳоро, аз қабили Афғонистон, бо сардории А.Дустум, Тоҷикистонро бо дахолати М.Худойбердиев ва Қирғизистонро бо сарварии Қ.Ботиров дорад, ба маърази намоиш гузоштааст.

/images/stories/2011/08/04_news-afg_4.8.2011.jpgӮзбекистон чорабиниҳои дастҷамъиро рӯи даст тирифтааст,ки мавқеи ин кишварро ҳамчун абарқудрати минтақавӣ асоснок мекунад. Аз ҷумла ҶӮ бо такя ба иқтисоди ғолибан аз ҷониби давлат идорашаванда, таҳти ҳамла қарор додани барномаҳои гидроэнертетикии ҶТ ва ҶҚ, тавсеаи дахолати низомӣ ва афзоиши фаъолияти хадамоти махсус, барҷаста сохтани нақши намояндатони ҳаракатҳои тундгаро дар минтақа, аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар хатти сарҳади шимолии Афғонистон бо Тоҷикистон, ба таври мунтазам марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давдати абарқудрати Шӯравӣ дар аввали солҳои 90-уми асри 20 ба рақобати кишварҳои ғарб тоб наоварда, ба фаромӯшгоҳ ва зовияи таърих андохта шуд. Ҷумҳуриҳои яқвақт бародар ҳини тақсимоти шерозаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, ба муноқишаҳои тезутунд байниҳамдигар оғоз намуданд. Кишварҳои фароминтақавӣ ба бозиҳои геополитикӣ бо таваҷчӯҳ ба вуҷуд омадани низоми нави ҷаҳон даст мезаданд. Меҳвари асосии заминагузорӣ дахолати кишварҳои аҷнабӣ ба вазъи ҷумҳуриҳои навистиқлол, аз лиҳози сохторӣ, иқтисодӣ ва зеҳнӣ осебпазирии ҳаряки онҳо буд.

Аз ин заифиҳои кишварҳои Шӯравии собиқ, Ӯзбекистон моҳирона истифода бурд. Зеро дар айёми Шӯравӣ бо назардошти назокатҳои мавҷуда, маркази таҳқиқоти ҷосусии шӯравиро Ӯзбекистон дар қаламрави худ ҷо дода буд. Ва табиист, ки дар вазъи самти Шарқи наздик, хосатан Афғонистон, Эрон ва Покистон ин ҷумҳурӣ хуб дарк мекард ва аз тамоми қувваҳо истифода менамуд то халои эътиқодие, ки шӯравӣ эҷод карда буд, ҷуброн намояд.

Сухан дар бораи коркарди барномаи Ӯзбекистон аз ҷониби коршиносон ва дасттоҳи таҳлилии ҶУ барои айёр ва тайёр намудани сохтори давлатӣ ҷиҳати роҳандозии таносуби нави сиёсӣ-минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ӯзбекистон аз соли 2011 оғоз намуда, нисбати кишварҳои минтақа, хосатан Афғонистон ва Тоҷикистон, стратетияи васеи амалиро тарҳрезӣ карда, мехоҳад онро ба ҳар роҳу восита татбиқ намояд, ки мақсади аслии он ба абарқудрати минтақавӣ табдил ёфтани Ӯзбекистои баъд аз Афғонистон берун рафтани амрикоиҳо мебошад.

Чунончи, дар иртибот ба масьалаҳои муносибатҳо бо Ӯзбекистон бо иқтибос ба нуқтаи назари коршиносон метавон илова намуд, ки ҷониби Ӯзбек, вақтҳои охир, бинобар тақвият бахшидан ба равобити хориҷӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва аъзо-кишварҳои НАТО иқдомҳои таъсиргузорро рӯи даст гирифтааст. Аз татбиқи ин амалҳо, Ӯзбекистон мақсади ба даст овардани ҳам фоидаи мушаххаси молӣ ва боло бурдани обрӯву эътибораш дар арсаи байналхалқиро тарҳрезӣ намудааст. Ин сиёсати «як бому ду ҳаво», яъне дугонаи Узбекистон, манфиатҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро пеш аз ҳама пушти по мезанад.

Чунончи, бо таваҷҷӯҳ ба хориҷшавни нерӯҳои низомии Амрико аз Афтонистон, сислсилавохӯриҳои Вазорати хориҷии худро бо ҷониби ғарб, аз ҷумла Амрикоро тақвият бахшидааст. Ин давлат «Масири шимолӣ»-и интиқоли борҳон ннзомнро, ки аз тариқи мамлакатҳои назди Балтика тавассути Россия аз як тараф ва тавассути кишварҳои Қафқоз бо баҳри Хазар (Каспий) аз сӯи дигар мехоҳад, соҳибӣ намояд.

Бо ин мақсад, ҶӮ роҳи оҳани Термнз-Мазори Шарифро дар соли 2010 анҷом дода, ба таври дуҷониба, яъне интиқоли борҳои мулкӣ-низомӣ барои заруратҳои воҳидҳои низомии ИМА ва НАТО дар ҶИА ва аз ҷониби дигар табдил додани роҳҳои Ӯзбекистонро барои самти асосии хориҷшавии нерӯҳои низомии Амрико аз ин кишвар, кӯшиш менамояд. Табиист, ки ҶӮ аз ин амалиётҳо интизори фоидаи калони молиро низ аз ИМА ва кишварҳои НАТО дорад. Ин тарзи бархурди Ӯзбекистон барои Тоҷикистон пеш аз ҳама маънои баста шудани рохҳои оҳанро барои интиқоли борҳои ҶТ дорад.

Барои Афтонистон бошад, барҷаста сохтани омили туркгароӣ дар сохтори давлатӣ ва низомии нн кишвар мебошад. Татбиқи маҳдудиятҳои ҶӮ, ба гуфти таҳлилгарон, аллакай оғоз ёфтааст. Ӯзбекистон ба ташаккул додани мӯҳраҳои нави пиёдасози сиёсати хориҷӣ дар самти Афғонистон такя намудааст, ки Ҳоҷӣ Абдурауф Иброҳимӣ-раиси тозатаъини Парлумони ҶИА ва бародари А.Дустум-Абдуқодир Дустум ифодагари талошҳои дипломатҳои ӯзбек мебошанд.

Дар ни росто, идеяҳои пешниҳоднамудаи сохти давлатдории федералӣ аз ҷониби сиёсатмадорони ӯзбекгаро дар Афғонистонро, барномаи тақсими Афғонистон метавон унвон намуд. Ғараз аз федерализм, таҷзияи Афтонистон аз рӯи мансубияти қавмӣ мебошад, ки дар солҳои 90-ум аз ҷониби А.Дустум бо кӯмаки Ӯзбекистон амалӣ гардид. Ии бархурд шимоли Афғонистонро ба як салтанат табдил дода буд, ки Дустум Дустумподшо ва халқи асили таҳҷоӣ тоҷикон дар шимоли Афғонистон аз саҳнаи кору зиндагӣ ба кунҷи узлат ронда шуданд.

Ҳамин тариқ, «Масири Шимолӣ»-и шоҳроҳи хориҷшавии НАТО ба нуқтаи рақобати носолими кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтаааст, ки ҶӮ дар ин самт пештоз ҳаст.

Саидамир Усмонӣ, унвонҷӯ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ