01:19:24 02-уми Июли 2025 сол

АҲМАДИНАЖОД: ЭРОН АЗ ТАҚВИЯТИ РАВОБИТИ ДӮСТОНА БО АВРУПО ИСТИҚБОЛ МЕКУНАД

Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, изҳор дошт кишвари вай моил ба таҳкими равобити худ бо кишварҳои аврупоӣ буда ва ин кор ба нафъи ҳам Эрон ва ҳам ба нафъи Аврупо аст. Вай ин матлабро дар мусоҳиба бо шабакаи «EuroNews» эълом кард.

 /images/stories/2011/08/05_president-mahmoud-ahmad_5.8.jpg

Ба гузориши хабаргузории РИА «Новости» ба нақл аз хабаргузории ISNA, Маҳмуд Аҳмадинажод бо баёни ин ки Эрон, аз тақвияти равобити дӯстона ва эҳтиромомез бо Аврупо истиқбол мекунад ва онро ба суди ду тараф медонад, изҳор кард: «Давлатҳои аврупоӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки равобит ва ҳамкориҳои худро бо Эрон набояд таҳти таъсири Амрико қарор диҳанд».

Аҳмадинажод бо ишора ба авзоъи Афғонистон гуфт: «Шароите, ки дар Афғонистон ҳоким аст, ба нафъи ҳеҷ кас нест. Мушкили ин кишварро фақат метавон бо эҳтиром ба ҳуқуқи мардуми афғон ҳал кард. Ва Эрону Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар ин росто бо якдигар ҳамкории созандае дошта бошанд».

Аҳмадинажод дар посух ба суоли мабни бар ин ки оё Эрон ба дунболи содироти газ ба Аврупо аст, изҳор кард: «Албатта исрори содироти газ ба Аврупо вуҷуд надорад, чаро ки энергетика ҷузъу коллоҳое ҳаст, ки ҳамвора муштариҳои зиёде дорад, бинобар ин мавзӯъи содироти гази Эрон ба Аврупо сирфан метавонад баҳонае барои дӯстиҳо ва тақвияти ҳамкориҳо бошад».

Ёдовар мешавад Иттиҳоди Аврупо дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон, илова бар таҳримҳои байналмилалӣ барқарор шуда, таҳримҳои изофиро бар зидди ҷумҳурии исломӣ барқарор кардааст. Амрико ва бархе аз кишварҳо мӯътақиданд, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомезии ҳастаӣ, машғули сохтани силоҳи ҳастаӣ аст. Мақомоти эронӣ низ бо радди ин иттиҳомот борҳо эълом кардаанд, ки барномаи ҳастаии ин кишвар танҳо барои ниёзҳои энергетикии ин кишвар аст.

Дар робита бо Эрон панҷ қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид вуҷуд дорад, ки аз ин миён се қатъномаи таҳримот бо далели эъдоми тавқифи ғанисозии уран ва иҷоза надодан ба мутахассисини оҷонсии байналмилалии энергеткаи атомӣ, ҷиҳати бозрасии коркарди ҳастаии Эрон тасвиб шудаанд.

Гурӯҳи «5+1» аз соли 2003-и мелодӣ бо ҳамроҳи оҷонcии байналмилалии энергетикаи атомӣ, хоҳони он аст, ки Эрон корҳои марбута ба ғанисозии уранро, ки барои режими манъи густариши ҳастаӣ хатарсоз аст, мутаваққиф созад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ