СИЁСАТҲОИ АМРИКО ПАС АЗ ҲАВОДИСИ 11 СЕНТЯБР; ҶАҲОНРО НОАМН КАРДААСТ
Рӯзноманигори покистонӣ, рӯзи якшанбе гуфтааст, ки сиёсатҳои Амрико пас аз вуқӯъи 11-уми сентябри 2001, ҷаҳонро ноамн ва бесубот кардааст.
Раҳимуллоҳи Юсуфзай, дар гуфтугӯ бо хабарнигори «Ирно» афзудааст, ки терроризм дар ҷаҳон ба далели сиёсатҳои нодуруст ва ғалати Амрико густариш ёфтааст. Рӯзноманигор гуфтааст, ки иттифоқоте, ки пас аз 11-уми сентябр дар Афғонистон рух дод, ба маротиб бадтар аз иттифоқоте аст, ки пеш аз ин дар ин кишвар тавассути артиши шӯравии собиқ рӯй дода буд.
Ба гуфтаи вай, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дурусти хостори таҳқиқоти мустақил дар иртибот ба авомили ҳамалоти 11-уми сентябр шудааст, чаро ки дуруст нест, мусалмонони бидуни ҳеҷ гуна асноди исботшуда бар дахолат ба ин воқеа, мавриди сарзаниш қарор гиранд.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ гуфта, ки пас аз ҳамалоти 11-уми сентябр давлати Амрико бисёре аз мусалмонони ин кишварро бидуни вуҷуди асноди исботшуда ихроҷ ва ҳамчунин иддаи зиёде аз онҳоро аз байн бурдааст.
Ин рӯзноманигор дар идомаи матлабаш навиштааст, ки тибқи таҳқиқоти нодуруст ва яксӯяи Амрико, давлати ин кишвар мусалмонони ҷаҳонро ҳадафи иттиҳомоти худ дар иртибот бо парвандаи ҳодисаи 11-уми сентябр муаррифӣ кардааст.
Ба ақидаи мудири масъули рӯзномаи англисии «Забони хабар», дар иёлоти Хайбари Пахтунхваи Покистон, сулҳ ва амният ба ҷаҳон он вақт боз мегардад, ки давлати Амрико сиёсатҳои худро тағйир диҳад.
Юсуфзай менависад, ки эъломи ҷанг алайҳи терроризм аз сӯи Амрико, яъне оғози ҷанге, ки сабаби пайдоиши террористҳои бештар барои идомаи муқовимат ва ҳамчунин мубориза барои зистан мешавад. Пас ҷанг ба ҳеҷ унвон роҳи ҳали оқилонае набуда ва нахоҳад буд.
Вай гуфтааст, ки 10 сол аз ҳаводиси 11-уми сентябр мегузарад ва ҳанӯз авомили ин воқеа аз сӯи ниҳодҳои байналмилалӣ муаррифӣ нашудаанд ва пушти пардаи ин ҳаводис мушаххас нест. Албатта Амрико ин иҷозаро намедиҳад.
Ба ақидаи ин рӯзноманигори барҷаста, ки солҳо дар Афғонистон ҳузури фаъол доштааст, Иёлоти Муттаҳида бидуни вуҷуди ҳеҷ гуна асноди исботшудаи мустанад ба кишварҳои ҷаҳон ҳамла мекунад, ки нишондиҳандаи ин мавзӯъ аст, ки Амрико қасд дорад то тамоми ҷаҳонро ба контроли худ дарорад, ки ин амри ғайримумкин аст.
Вай, ки ҳамакнун дар Пешовар зиндагонӣ мекунад, дар поёни мақолааш таъкид кардааст, ки афкори умумии ҷаҳон дар робита ба ҳаводиси 11-уми сентябр тағйир кардааст.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
Тоҷикистону Эрон алоқамандии худ барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дифоӣ ва низомиро эълон кардаанд.ширкат и ин воҳиди эронӣ ба реҷаи истиқлол ҷалоли бештаре изофа кардааст.лозим шавад ду соат роҳ аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар Тоҷикистон мешаванд. Агар лозим шавад, мо ба Эрон меравем, якдигарро дастгирӣ мекунанд ( ва Афғонистон ) Бале Душанберо барои ҷалби як пуштибони қудратманд, дар пайи бозиҳои замонӣ кардааст. Аммо ин пуштибон метавонад Эрон бошад? Вақте ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон аз майдон (Паради) гузашт, мардум кафкӯбӣ карданд."
RSS Обуна