16:28:08 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАЛАСТИН: «СММ, МОРО ЧУН КИШВАРИ МУСТАҚИЛ БА РАСМИЯТ БИШНОСЕД!»

Ба иттилои расонаҳо қарор аст, ки Маҳмуд Аббос, раҳбари Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи 23-уми сентябр дархости узвият ба Созмони Милали Муттаҳидро пешниҳод кунад. Риёз Ал-Моликӣ, вазири корҳои хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин низ гуфтааст, ки «мо ба Созмони Милали Муттаҳид  меравем, танҳо ба ин далел, ки мехоҳем, шонси азсаргирии музокиротро бештар кунем ва саъй хоҳем кард, то пешниҳодоти ироашударо ба диққат баррасӣ кунем».

/images/stories/2011/09/19_falastin_19.9.2011.jpgМоликӣ афзудааст: «Агар пешниҳоди хубе дарёфт накунем, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин рӯзи 23 сентябр, дақиқ соати 12:30, дархости узвият ба Созмони Милали Муттаҳидро ироа хоҳад кард».

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузории СNN, теъдоде аз фаъолзанони фаластинӣ ва ҳамтоёни эшон аз атбоъи хориҷӣ, дар назди постгоҳе дар Каронаи Бохтарӣ, дар минтақаи Ромуллоҳ, барои ба расмият шинохтани давлати Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид бо дар даст доштани лавҳа ва овезаҳо, ки рӯи онҳо навиштаҷоте, монанди «Давлати мустақили Фаластинро ба расмият бишиносед» ва ғайра сабт шудааст, даст ба тазоҳурот заданд.

Ин тасмими онҳо баъд аз суханронии раиси давлати худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, ки шаби ҷумъа садо дод, гирифта шуд. Вай таъкид карда гуфт, ки қасд дорад, бо ирсоли як номае ба Созмони Милали Муттаҳид ва бо ин тариқ расидани он ба раиси Шӯрои Амният, ба расмияти шинохтани давлати мустақили Фаластинро бо марзҳои соли 1967 талаб мекунад.

Ҳамзамон, Алиакбари Вилоятӣ, вазири корҳои хориҷаи собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабири кулли Иҷлосияи байналмилалии бедории исломӣ (17.09.2011) дар Теҳрон хотирнишон кард: “Ин ҳаракати азим ва пуршӯр хостори таомули одилона ва иззатмандона бо ҷаҳон аст ва ҳар гуна султагарӣ ва султапазириро нафй мекунад”.

Вилоятӣ афзуд: “Бедории исломӣ худогоҳии густардае аст, ки мекӯшад миллатҳои мусалмонро аз асоратҳои фикрӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ раҳо сохта ва иззат ва пешрафт ва ҳамдилиро байни оҳоди исломӣ муҳаққақ созад”.

Вай афзуд: “Фаластину Қудси Шариф ва муқовимат ба унвони аслитарин масъалаи ҷаҳони ислом, ба яке аз аркони бедории исломӣ табдил шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши хабаргузории Форс, рӯзномаи  саҳюнистии «Ядеъут Аҳорнут» навиштааст, намояндагони кумитаи чаҳорҷонибаи Сулҳ муташаккил аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия бо ҳадафи талош барои аз саргирии музокироти созиш байни Ташкилоти худгардон ва режими саҳюнистӣ ва ҷилавгирӣ аз муроҷиати ин ташкилот ба Созмони Милали Муттаҳид, дирӯз нишасти фаврӣ баргузор карданд.

Ба навиштаи ин рӯзнома талошҳои ИМА барои ба шикаст кашонидани тарҳи ба расмият шинохтани кишвари  Фаластин танҳо ба истифода аз нақзи ҳуқуқҳо мунҳасир намешавад, балки тамосҳое низ бо кишварҳои узви Шӯрои Амният барқарор кардааст, то мухолифати онҳоро бо ин тарҳ ҷалб кунад.

«Ядеъут Аҳорнут» ҳамчунин навиштааст, ки дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо чанд дастаи мухталиф ба вуҷуд омадааст, зеро бархе кишварҳои ҳомии Фаластин ва ба расмият шинохтани мустақилияти ин кишвар ҳастанд, дар ҳоле, ки бархеҳо мухолифи ин ин тарҳ ва бархеҳо низ бетарафанд.

Як манбаъи аврупоӣ низ гуфтааст, Кумитаи чаҳорҷониба пас аз он баргузор мешавад, ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар суханроние таъкид кард, ки барои муроҷиат ба Созмони Милали Муттаҳид исрор дорад. Ин дар ҳолест, ки Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, дирӯз муроҷиати фаластиниёнро ба Созмони Милали Муттаҳид «саргармӣ» хонд ва таъкид кард, ки ташкили кишвари Фаластин  танҳо аз тариқи музокироти сулҳ муҳаққақ мешавад.

Барак Обама, президенти ИМА рӯзе қабл дар мусоҳибае бо як расонаи испанизабон таъкид кард: «Агар тарҳи фаластиниҳо ба Шӯрои Амният биёяд, мо шадидан бо он мухолифат мекунем, махсусан, ба ин хотир, ки мо ақида дорем, тарҳи фаластиниҳо зиёновар аст». Вай афзуд: «Мо тасаввур намекунем, тарҳи фаластиниҳо воқеъан, ба як роҳи ҳалли дуҷонибае, ки мо мехоҳем, мунҷар шавад».

Чанд рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷаи ИМА низ гуфт, ки дар сурати омадани тарҳи фаластиниҳо барои ба расмият шинохта шудани кишвари мустақилашон дар Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти ин созмон, Вашингтон онро бекор мекунад. Бо вуҷуди ин, Барак Обама дар ин замина мустақиман изҳори назар накарда буд. Бо суоли ин ки «Тарҳи Маҳмуд Аббос чӣ тағйире дар вазъияти Фаластин дар муқобили режими саҳюнистӣ метавонад ба вуҷуд оварад?», Сайид Муҳийиддин Соҷидӣ, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо  рӯзномаи эронии «Ҳамшаҳрӣ» гуфтааст:

«Ояндаи  ин иқдом ва натиҷаи он барои миллати фаластинӣ ҳанӯз мавриди ихтилофи бисёр, аз ҷумла, худи фаластиниҳо қарор дорад. Дар сурати дархост барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин, ду ҳолат ба вуҷуд хоҳад омад. Дар ҳолати аввал Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид иҷозаи узвияти комил ва тамоми меъёри ин кишварро медиҳад, ки бо таваҷҷуҳ ба пофишории ИМА, эҳтимоли ин масъала бисёр кам аст. Ҳолати дуввум, руҷӯъи Ташкилоти худгардон ба Маҷмаъи умумии СММ буда, ба эҳтимоли зиёд дар он ҷо аксарият ҳамроҳи онҳо хоҳад буд».

Дар ин вазъият Фаластин аз мавҷудияти нозири кунунӣ ба кишвари нозир табдил меёбад. Агар Фаластин ба узвияти Маҷмаъи умумӣ дарояд, вазъияте пеш меояд, ки дар он режими саҳюнистии Исроил ба унвони узви дигари ин созмон бахше аз кишвари дигарро дар ишғоли худ дорад, ин масъала СММ-ро аз лиҳози қонунӣ, мулзам ба дахолат дар он мекунад ва ҳолати нодире иттифоқ меафтад, ки узве аз СММ дигар узви ин созмонро ба ишғоли худ даровардааст.

ИМА то ба ҳол ҳатто ба Иттиҳоди Аврупо ҳаққи дахолат кардан дар мавзӯъи Фаластин ва мудирияти онро намедиҳад. Мудохилаи СММ шояд ба ҳамин хотир шикаста шудани инҳисоре ба ҳисоб ояд, ки ИМА муддатҳост, дар қазияи Фаластин фишор меорад. Фаластиниҳо мумкин аст, бо истифода аз ин масъала тавонанд мавзӯъро ба додгоҳи Женева ё маҷмаъҳои байналмилалии дигар кашонанд. «Вақеъан, СММ ба сурати амалӣ иқдоме дар ин робита хоҳад кард?», - суолест пешорӯи таҳлилгарон.

Соҷидӣ мегӯяд: «Воқеият ин аст, ки Исроил ҳудуди 22 сол ҷануби Лубнонро дар ишғоли худ дошт ва Лубнон ҳам аз солҳои пеш узви комилҳуқуқи СММ-ст, вале ин созмон барои водор кардани Исроил ба ақибнишинӣ аз ҷануби Лубнон ҳеч иқдоме накард. Ақибнишинии Исроил танҳо ба дасти муқовимат ва мардуми Лубнон сурат гирифт. Исроил ҳамчунин чандин даҳа аст, ки баландиҳои Ҷӯлони мутаъаллиқ ба Сурияро дар ишғоли худ дорад ва боз ҳам СММ ҳеч иқдоме дар ин робита анҷом надодааст. Сирф ин, ки кишвари Фаластин ташкил шавад, ба маънои тағйири вазъияти мардуми Фаластин нахоҳад буд».

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi