13:04:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШОДРАВОН БУРҲОНУДДИНИ РАББОНӢ ЧӢ ГУНА КУШТА ШУД?

Бурҳонуддини Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон, дуввумин президенти тоҷиктабор ва раиси Шӯрои олии Сулҳ дар ин кишвар, 20-уми сентябр, рӯзе ки 71-умин солгарди умрашро пазироӣ мекард, дар манзили худ, дар минтақаи Вазиракбархони Кобул, бар асари як ҳамлаи аз қабл тарроҳӣ шуда, ба шаҳодат расид ва фардо, рӯзи ҷумъа, ҷанозаи ӯ дар Кобул хонда шуда, ба хок супурда мешавад. Ин ҳодиса вокунишҳои мухталиферо дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард.

/images/stories/2011/09/22_burhanuddin_rabbani_22.9.20.jpgЭмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, чаҳоршанбе, Абдулғафур Ахтари Муҳаммад Орзӯ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонр қабул кард ва бо изҳори ҳамдардӣ ҳодисаи кушта шудани профессор Бурҳониддин Раббон, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистонро маҳкум кард ва онро талафоти ҷуброннопазир донист.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон барқияти тасаллиятии худро ба унвонии Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ирсол намуд, ва дар он гуфта шудааст: «Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷӯи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шӯрои Олии Сулҳ дар кишвар буд».

Ҳамчунин дар ин барқия омадааст: «Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ӯ дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рӯҳбаланд хоҳад кард».

Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон, ки барои ширкат дар иҷлоси СММ ба ИМА сафар карда буд, ҳодисаи куштори Раббониро маҳкум кард ва дар нимаи кор ин сафари хешро қатъ карда ба Афғонистон баргашт.

Барак Обама низ дар вокуниш ба террори Раббонӣ гуфт: «Ӯ марде буд, ки ғамхори мардуми Афғнистон ва яке аз мушовирони пурқиммат барои президент Карзай. Раббонӣ дар бозсозии ин кишвар саҳми бузург дошт. Аз ин рӯ, қатли ӯ як бохти фоҷиавист…».

Кушта шудани Бурҳонуддин Раббониро дар аксар кишварҳои ҷаҳон маҳкум карданд ва низ онро як навъ осибпазирӣ дар раванди сулҳи Афғонистон унвон карданд…

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари Академия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» гуфт: «Чун қарор буд, устод Бурҳониддин Раббонӣ дар ин анҷумани ҲНИТ ширкат варзад, ин Ҳизб қасд дорад, дар мақарри ҲНИТ, рӯзӣ ҷумъа, 23-ум ё шанбе, 24-уми сентябр, ки аъзо ва ҳаводарони ҲНИТ барои ширкат дар анҷумани навбатӣ ба Душанбе ташриф хоҳанд овард, бо шумули кормандони мақомоти дипломатии муқими Душанбе, барои марҳум Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президени Афғонистон, ки дар раванди сулҳи тоҷикон нақши созандаеро иҷро карда буд, ғоибона ҷаноза бихонанд.

Моҷараи воқеаи куштор

Аҳмад Саъидӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғоннистон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс раванди ин терорро шарҳ дода афзуд: Ҳафтаи пеш, Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ, ки дар Теҳрон дар иҷлоси «бедории исломӣ» ҳузур дошт, барои дармони қалби худ ба Дубай сафар кард. Аъзои Шӯрои олии Сулҳ дар тамос бо Раббонӣ вайро аз омодагии яке аз раҳбарони бузурги Толибон барои музокира ва пайвастан ба раванди сулҳ хабар доданд ва муваффақ шуданд ӯро ба бозгашти зудбаҳангом ба Кобул водор созанд.

Воҳидёр, вазири собиқ дар умури муҳоҷирати ҳукумати Толибон ва муовини раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон як рӯз пеш аз бозгашти устод Раббонӣ ба Кобул дар тамоси телефонӣ бо ӯ ба вай хабар дод, ки ду тан аз раҳбарони муҳими Толибон моиланд то бо шумо музокира ва сипас ба раванди сулҳ бипайванданд. Аҳмадвалӣ Масъуд, бародари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ҷузъиёти ин терорро, субҳи дирӯз, дар вақти фотихонӣ фош кард ва гуфт: номи он маргталаб Насруллоҳ буд ва устод Раббонӣ пас аз тамосҳои пайи дар ҳами Ҳомид Карзай аз Амрико, розӣ шуд то бо эшон мулоқот кунад.

Яке аз шоҳидони айнӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузорӣ гуфт: асри рӯзи гузашта замоне, ки Муҳаммад Маъсум Стонакзай, сухангӯи Карзай ва Воҳидёр ҳамроҳ бо маргталаб ба манзили Устод Раббонӣ дохил шуданд, устод дар манзил ташриф доштанд ва мунтазири онон буданд. Вай афзуд: «Устод Раббонӣ аз ҷои худ бархост ва барои гуфтугӯ бо фарде, ки фармондеҳи толибон муаррифӣ шуда буд, ба самти вай ҳаракат кард».

Ин шоҳиди айнӣ, ки дар замони террор машғули пазироӣ буд ва бар асари ин ҳодиса захмӣ шудааст, гуфт: «Ҳангоме, ки устод Раббонӣ бо ин фард машғули сӯҳбат буд, ногаҳон садои муҳибе баланд шуд ва пас аз он дигар ҳеч чизеро мутаваҷҷеҳ нашудам».

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, куштори Бурҳониддин Раббониро аз ҷониби гурӯҳи Толибон тасдиқ кард ва ба расонаҳо гуфт: «Раббонӣ ҳамагӣ 3 қадам ба сӯи Муҳаммад Маъсум, сухангӯи Ҳомид Карзай, гузошта буд, ки ҷомаи ҳомили маводи таркандаро тарконданд».

Қаблан баъзе расонаҳо ба нақл аз монобеи худ, хабар дода буданд, ки марди маргталаб маводи таркандаро дар дастори худ ҷо карда ва ҳангоми вуруд ба манзили устод Раббонӣ, Стонакзай, ба нигаҳбонони Раббонӣ гуфтааст, ки ин мардро бозрасии баданӣ накунед, то мабодо боиси ранҷиш шаваду он боиси сард шудани раванди сулҳ ва музокирот гардад.

Маргталаб ҳангоми наздик шудан ба Раббонӣ сарашро ба синаи шаҳид Раббонӣ наздик карда, худашро тарконидааст. Бар асари ин таркиш устод Раббонӣ, Муҳаммад Маъсум, Воҳидёр ва чанд тани дигар захмӣ ва кушта шудаанд. Ду нафар аз нигаҳбонон, ки дар саҳни манзил ҳузур доштанд низ ҳангоми шунидани садои таркиш гурехтаанд.

Матолиби расонаҳои хабарӣ аз он дарак медиҳанд, ки ахиран устод Раббонӣ зимнӣ як мавзеъгириҳои худ Толибонро барои истифода аз кӯдакон хеле сахт мавриди танқид қарор дода буд. Ин интиқод боиси он шуд, ки хуни қотилонро дар мавриди суръат бахшидани қатл ва чӣ гуна ба шаҳодат расонидани раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гармтар кунад.

Зиндагиномаи устод Раббонӣ

Бурҳонуддини Раббони аз табори тоҷикони Яфтали Файзободи Бадахшон дар Афғонистон буд. Шодравон 20-уми сентябри соли 1940, дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон, чашм ба дунё кушод. Раббонӣ дар соли 1960 ба донишкадаи Шаръиёти Кобул дохил шуд ва дар соли 1963 ин донишкадаро хатм намуд ва дар ҳамин Донишкада ба тадрис шурӯъ кард.

Раббонӣ дар соли 1966 барои такмил додани донишҳои худ ба донишгоҳи Ал-Азҳари шариф дар Миср, дохил гардид ва марҳилаи Моҷистерро дар ҳамин донишгоҳ, дар бахши фалсафаи исломӣ, ҳимоя намуд ва дубора ба донишгоҳи Кобул баргашт, то ба таълиму тадрис шурӯъ кунад.

Раббонӣ дар даврони донишгоҳӣ бо ҳамроҳи чанд тан аз рафиқонаш, Наҳзати ҷавонони мусалмон дар Афғонистонро, таъсис кард. Ин Наҳзат баъд аз чанд муддати фаъолияти худ ва истеъфои устод Ғулом Муҳаммад Ниёзӣ, раиси ин Наҳзат, тавассути устод Раббонӣ ба «Ҷамъияти исломии Афғонистон» тағйири ном кард. Бо кудатои Муҳаммад Довудхон дар соли 1976 аъзо ва ҳаводорони Ҷамъияти исломии Афғонистон, таҳти таъқиб ҳукумати Довудхон қарор гирифтанд, пас аз он Раббонӣ ва иддаи дигар аз фаъолони исломгаро аз Афғонистон хориҷ шуда, ба Покистон фирор карданд.

Дар онҷо аҳзоби исломгаро ва ҳукумати вақти Покистон ба раёсати Зулфиқор Алӣ Буҳутто, ки равобити сарде, ба хотири минтақаи Паштунистон бо давлати Афғонистон дошт, аз онҳо пазироӣ кард ва бо мусаллаҳ кардани Ҷамъияти исломии Афғонистон онҳоро барои ҷанг бо ҳукумати Довудхон омода кард. Аммо иддае аз раҳбарони Ҷамъияти исломӣ аз ҷумла, Раббонӣ мухолифи ҷанги мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Довудхон буданд. Ба ҳамин далел кишвари Покистонро тарк карда роҳии Арабистони Саъудӣ гардиданд…

Бурҳониддин Раббонӣ ҳамвора хоҳони хурӯҷи нерӯҳои собиқ Шӯравӣ аз Афғонистон ва супурдани он ба муҷоҳиддин буд, то ин, ки дар соли 1992 ва пас аз пирӯзии муҷоҳидин ва шикасти давлати Наҷибуллоҳи Аҳамзай ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Афғонистон интихоб шуд. Пас аз он, 30-уми декабри соли 1992 Бурҳониддин Раббонӣ ба унвони нахустин раиси ҷумҳури расмии ҳукумати муҷоҳидин дар Афғонистон интихоб гардид.

Ҳанӯз чанд соле нагузашта буд, ки ҷангҳои дохилӣ дар Афғонистон ҳукумати Раббониро тазъиф кард ва билахира, 26-уми сентябри соли 1996 Кобул, ки зери ҳамалоти шадиди мухолифон дохилӣ қарор дошт, ба Толибон вогузор шуд. Раббонӣ, ки мақари ҳукуматро ба Мазори шариф интиқол дода буд, ҳанӯз ба унвони раиси ҷумҳури расмии Афғонистон шинохта мешуд, ҳарчанд ба мурури замон қаламравашро аз даст рафта медид ва фақат ба даҳ дар сади кишвараш ҳукумат дошт.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар соли 1996, Раббонӣ ба зодгоҳи худ, шаҳри Файзободи вилояти Бадахшон бозгашт ва фаъолиятҳои зидди толибонии худро оғоз кард, фаъолияте, ки то ҳамлаи нерӯҳои Амрико ва ҳампаймононаш ҳеч натиҷае дар пай надошт. Баъд аз фурӯпошии режими Толибон, дар ҳамалоти Амрико дар соли 2001, Раббонӣ, ки то он замон ба унвони раиси ҷумҳури Афғонистон шинохта мешуд, тайи маросиме баъди иҷлосия Бонн қудратро расман ба Ҳомид Карзай, раиси идораи муваққати Афғонистон таҳвил дод.

Раббонӣ баъдҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аз Ҳомид Карзай ҳимоят кард ва худ низ дар интихоботи парлумонии Афғонистон ширкат кард ва ба унвони аввалин намояндаи мардуми вилояти Бадахшон бо бештарини оро ба узвияти порлумони ин кишвар роҳ ёфт. Солҳо баъд Шӯрои олии сулҳи Афғонистон тавассути Ҳомид Карзай ташкил шуд ва устод Бурҳониддини Раббонӣ раиси ин Шӯро таъйин шуд ва дар ин симат масъули гуфтугӯ ва сулҳ бо Толибон буд…

Далвати Афғонистон бинобар шаҳодати фақид профессор Бурҳонуддини Раббонӣ дар тамоми қаламрави Афғонистон се рӯз, рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанберо рӯзҳои мотами миллӣ эълон кардааст.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi