23:57:13 02-уми Июни 2025 сол

ШӮРОИ ИНТИҚОЛИИ ЛИБӢ: ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУД

Дар Либӣ мақомоти Шурои Миллии Интиқолӣ аз кушта шудани Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи Либӣ дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Сирт хабар додаанд.

/images/stories/2011/10/20_muammar-gaddafi_ubit.jpgПештар Мақомоти давлати муваққати Либӣ пас аз ҳафтаҳо даргирӣ аз кунтрули комили шаҳри Сирт, зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ хабар дода буданд. Абдулмаҷид аз мақомоти Шурои Миллии Интиқолии Либӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфта буд: "Оқои Қаззофӣ аз ноҳияи ҳар ду по маҷруҳ шудааст."

Дар ҳамин ҳол хабаргузории Фаронса ба нақл аз Муҳаммад Лайс, яке дигар аз мақомоти Шурои Милии Интиқолӣ гуфта буд, ки сарҳанг Қаззофӣ дастгир аммо ба "шиддат захмӣ" шудааст. Яке аз нерӯҳои Шурои Миллии Интиқолӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки онҳо Қаззофиро дар ҳоле ки дар як гудол дар шаҳри Сирт махфӣ шуда буд, пайдо карданд.

Шурои Миллии Интиқолии Либӣ гуфтааст, ки ба зудӣ дар ин бора кунфаронсе хабарӣ баргузор мекунад. Гузоришҳои тасвирӣ, ки бар рӯи шабакаи интернет қарор гирифта, зоҳиран Муаммар Қаззофиро дар ҳоли маҷруҳшуда нишон медиҳад. Ин акси мардеро шабеҳи сарҳанг Қаззофӣ нишон медиҳад, ки ба шиддат аз ноҳияи сар дучори хунрезӣ шудааст.

Хабаргузории Фаронса гузориш додааст, ки Муътасим, яке аз писарони Муаммар Қаззофӣ ҳам дар шаҳри Сирт кушта шудааст. Яке аз аъзои Шурои Миллии интиқолии Либӣ гуфтааст, ки ин бовар вуҷуд дорад, ки Сайфулислом Қаззофӣ, яке аз писарони Муаммар Қаззофӣ дар минтақаи биёбонӣ дар ҷануби Либӣ ба сар мебарад. Дар хиёбонҳои шаҳри Сирт ва Таробулус, пойтахти Либӣ мардум ба ҷашну пойкӯбӣ машғуланд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854