11:47:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚИМОРИ АРАБӢ: БОЗ КӢ ШАҲДИ ИНҚИЛОБҲОРО ХОҲАД ЧАШИД?

Тирамоҳи соли 2011 мавҷи намоишҳои эътирозӣ дар Ховари Наздик рӯ ба поин бирафт ва бархе аз таҳлилгарон ҳатто оиди "контринқилоби арабӣ" сухан ронданд. Бозии калони ховариназдикӣ чун бозии қимор бо оқибати номаълумаш зуҳур намуд.

/images/stories/2011/11/13_protesters-demonstrate-2011.jpgШаҳди инқилобҳоро на издиҳоми норозиёни дар орзуи ҳақиқату инсофи иҷтимоӣ буда, балки бозингарони бонуфузи минтақавие, ки ният доранд, нақшаҳои геосиёсии худро амалӣ бисозанд, мечашанд. Дар шумори ин кишварҳо, ки манфиатҳои муайяне аз "баҳори арабӣ" бардоштаанд ва ба нақши лидери Ховари Наздик даъво доранд -Туркия, Арабистони Саудӣ ва Қатар мебошанд.

Туркия - мероси Империяи Усмонӣ

То замони охир ба воқеъият мубаддал намудани орзуи эҳёи империяи усмонӣ ду омил халал мерасонд: таъсири стратегии Эрон ба вазъ дар Сурия, Лубнон ва Ироқ, ҳамчунин эътилоф миёни кишварҳои арабии бузургвазн -Арабистони Саудӣ ва Миср. "Баҳори арабӣ", ки бо зуҳури хеш суқути режими Муборак ва ба иттифоқчии асосии Эрон -Сурия душвориҳои зиёдеро ба бор овард, тасаввуре рӯйи об баровард, ки он ба Туркия як қатор имтиёзҳоро медиҳад.

Умуман, сиёсати фаъоли Анқара дар самти арабӣ ҳанӯз хеле пеш аз намоишҳои инқилобӣ оғоз шуда буд. Аз моҳи майи соли 2010 баъд аз ҳуҷуми Исроил ба киштиҳои Флотилияи озод туркҳо хеле бомуваффақ қартаи фаластиниро бозӣ мекарданд. Ва даъвоҳои ҳизби дар Туркия ҳукмрони "Адолат ва тараққиёт"-и исломӣ ба ҳокими минтақавӣ будан аз диди бисёриҳо асоснок намудор шуданд. Баъд аз нокомии ин ҳизб дар самти наздикшавӣ ба Аврупо, идеологҳои он қарор доданд ҷониби Ховари Наздик рӯ биёваранд.

Азбаски дар ҷаҳони араб сарвари эътирофшуда вуҷуд надорад, туркҳо қарор доданд ин ҷойи холиро касб бикунанд. Муваффақиятҳои иқтисодии командаи Раҷаб Эрдуғон имкон доданд модели туркиро ба сойири кишварҳои ҳамсоя пешкаш бисозад, ғалабаи мутлақ дар интихоботи парлумонӣ ва референдуми конститутсионӣ мавқеъҳои ҲАТ-ро дар дохили кишвар мустаҳкам сохт.

Вале ҳолатҳои барои Туркия манфӣ низ вуҷуд дорад. Аввалан, равандҳои сиёсие, ки "демократҳои исломӣ" пеш мебаранд, бисёр маврид "тозакуниҳои" шӯравии соли 1937-ро ба хотир меоранд. Масалан, кори "Эргенекон" ба ҳабсҳои оммавӣ ва истеъфои ҳарбиёни болаёқату босавод оварда расонд. Ҳоло коршиносон вазъи артиши туркро бо бӯҳрони Армияи Сурх дар марҳилаи пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи равандҳои сиёсӣ он бероҳбар монд, муқоиса мекунанд.

Барои гузаронидани амалиётҳои пулисӣ чунин артиш ба кор меояд, аммо дар ҳолати зиддияти васеи ҳарбӣ бо Сурия ё зиёда аз ин бо Исроил, мағлубият ногузир аст. Сониян, дар дарку фаҳмиши арабҳои муосир дар сатҳи зеҳнӣ номақбулии тамаддунӣ ва сиёсии Туркия вуҷуд дорад. Агар Империяи Усмонӣ ба мардуми мусулмонии маскуни он дилкаш мебуд, замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати усмонӣ, ки ба порашавии минтақа оварда расонд, доир намегаштанд.

Ғайр аз ин, элитаҳои арабиро он далеле, ки ҳукмдорони ҳозираи туркӣ иттифоқчиёни собиқи худро мефурӯшанд, ба ташвиш меандозад. Воқеа бо Башор Асад, ки ӯо Эрдуғон бародар мехонду баъдан бе азоби виҷдон бо оппозитсияи суриягӣ иваз бинмуд, равшан нишон медиҳад -барои пешбурди манфиатҳои худ туркҳо дилхоҳ касро хоҳанд фурӯхт ва шарикони эҳтимолиро ин омил ба таҳлука меандозад

Арабистони Саудӣ: шаҳомат ва қашшоқии шоҳигарӣ

Ба назар мерасад -суқути лоиҳаи миллиагроии дунявӣ дар Ховари Наздик метавонад ба Арабистони Саудӣ кӯмаки назаррас бидиҳад ва ӯро ба нақшҳои аввал дар минтақа барорад. Аммо ин ҷо ҳам мушкилиҳо вуҷуд доранд. Сараввал ин давлат дар ҳолати фавқулодда қулайи геосиёсӣ ва иқтисодӣ қарор гирифтааст. Захираҳои бойтарини табиӣ (ҷойи аввал дар дунё аз рӯи захираҳои нафт, 24 % коркарди ҷаҳонӣ), нақши калидӣ дар нимҷазираи Арабистон- ҳамаи ин омилҳо ба бисёр мусулмонҳо имкон медиҳанд, то бигӯянд -бар сари шоҳони саудӣ, "раҳмати Аллоҳ" аст.

Маҳз саудиҳо сарпарасти шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадина маҳсуб меёбанд ва рӯҳониёни суннимазҳаб онҳоро ҳатто "ҷойнишинони муваққатии халифаҳо" меноманд. Вале тайи сӣ соли охир элитаи саудӣ аз ин имтиёзҳову бартариятҳои хеш истифода бурда натавонист. Пеш аз ҳама ин бо мутавозин набудани потенсиали бузурги кишвар ва зеҳну ақлу идроки шахсоне, ки онро роҳбарӣ мекунанд, маънидод мешавад.

Қудрат дар Арабистони Саудӣ дар дасти гурӯҳи хурди (20-30 шахс) афроде, ки аз сулолаи ҳукмрони ал-Сауданд, мебошад. Дар тӯли 78 соли мавҷудияти шоҳигарии Саудӣ ягон нафар аз 6 шоҳи он -Абдулазиз, Сауд, Файсал, Холид, Фаҳд, Абдуллоҳ -дипломи хатми донишгоҳро надоранд. Ҳамаи онҳо бо тарбияи анъанавии баддавӣ ва муддати кӯтоҳи омӯзиш дар мадраса қонеъ гаштаанд.

Ғайр аз ин режими саудиро беҳуда геронтократия наменоманд. Дар сохтори ҳозираи меросбарии тахт калонтарин шахс дар авлоди ҳукмрон шоҳ интихоб мегардад. Чун қойида, ин фарди синнаш аз 70 боло ва дорои мушкилиҳои калони саломатист. Масалан, шоҳи кунунии саудӣ Абдуллоҳ ба наздикӣ 85-сола шуд. Аммо аз ҳама мисоли фарсудагии сиёсӣ ва физиологӣ шоҳи марҳум Фаҳд буд, ки дар ҳолати ғайриманқул ва зеҳни маҳдуд дар иҳотаи гурӯҳи духтурон кишварро идора мекард. Ва ин дар замоне, ки Арабистони Саудӣ шарики муҳимтарини ИМА дар ҳалли қазияҳои тезутунди Ироқу Афғонистон буд!

Ба устувор намудани ҳокимии хеш дар ҷаҳони араб Арабистони Саудиро инчунин номафҳумии консепсияҳои хориҷӣ-сиёсиаш халал мерасонад. Дар истеблишменти Саудӣ ҳамеша се самт мубориза мебурданд: панарабӣ, ҷонибдории амрикоӣ ва исломӣ (ваҳҳобӣ). Тарафдори эътимодноки ваҳдати арабӣ шоҳ Файсал буд. Аммо соли 1975, баъди изҳороти машҳур оиди он, ки ӯ орзу дорад дар масҷиди ал-Ақсои Уршалаим (Байтулмуқаддас) намоз гузорад, ин шоҳ қурбонии куштори сиёсӣ гардид.

Меросбарон кӯшиш мекарданд таҷрибаи фоҷианоки ӯро ба назар бигиранд ва диққати ҷиддии хешро ба қазияи ҳалли моҷарои Ховари Наздик равона насозанд. Дар натиҷа дар сиёсати хориҷии кишвар самти исломӣ бартарият ба даст овард.

Такя бар мувофиқаи пурра бо ғояҳову шартҳои ваҳҳобия саудиҳо дар ҷиҳоди алайҳикоммунистӣ дар Афғонистон ширкати фаъолона варзида, солҳои 90-уми қарни 20 ба исломиёни Чеченистон ва Осиёи Марказӣ кӯмак мерасонданд. Вале ҷонибдорони салафиёни ифротӣ ба доираҳои ҳукмрони саудӣ зарбаи ҷавобӣ бизаданд, вақте ки намояндаи контр-элитаи ваҳҳобӣ Усома бинни Лодан ба сулолаи саудӣ мухолиф баромад.

Нокомиҳо Ар-Риёзро дар самти арабӣ низ интизор буданд. Нақшаҳои сулҳофарини ҳалли қазияи Ховари Наздик, ки аз ҷониби шоҳ Фаҳд (соли 1982) ва шоҳ Абдулло (соли 2005) пешниҳод шуда буданд, аз ҷониби амрикоиён ва исроилиён сарфи назар шуда буданд. Бар замми ин, чуноне ки пажӯҳишгари сиёсати ховариназдикӣ Рене Ноба, ки дар тӯли сӣ сол ба ҳайси рӯноманигори ожонсии Франс Пресс фаъолият бурдааст, мегӯяд, -чунин амалҳо, чун ҷонибдорӣ намудани шӯриши салафиҳо дар Ҳамои Сурия дар соли 1982 ва маблағгузории Ироқ замони ҷанги эронӣ-ироқии солҳои 1980-88 пурра бовариро ба саудиҳо дар дунёи мусулмонӣ барканданд.

-Аммо агар Арабистони Саудӣ намебуд, -мегӯянд сиёсатмадорони ғарбӣ, -кадом давлат зуҳуроти эътирозиро ба маҷрои барои мо зарурӣ равона месохт?

Қатар: "Паҳлавони" нави минтақа?

Тӯли солҳои охир дар ВАО-и ҷаҳонӣ хабарҳо оиди Қатар чун лидери нави минтақавӣ пайдо шуданд. Ҳукмронони ин аморати хурд тӯли 15 сол сӯи ин қулла роҳро тай бинмуданд. Соли 1995 дар Қатар табаддулоти осоишта сурат гирифт, дар натиҷаи он сари қудрат амири кунунӣ Шайх Ҳомин бин Халифа ат-Танӣ омад, ки падари хешро сарнагун бисохт. Аз ҳамин лаҳза дар кишвар модернизатсияи тезҷараён оғоз гардид ва тибқи гуфтаи сиёсатшиносони ғарбӣ он пайваста ба "автократия бо симои одамӣ" табдил ёфт.

Дилкашии иловагиро ба имиҷи шоҳигарии қатарӣ зани амир Музо- зани зебою босавод, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад, медиҳад. Соли 2010 ӯ аъзои амалкунандаи Академияи санъатҳои зебои Фаронса интихоб гардид. Симои ӯ бо симои зан дар Арабистони Саудӣ, ки ҳанӯз ба наздикӣ оиди ҳуқуқи рондани автомобил аз ҷониби мусулмонзанон мубоҳисаҳои тезутунд мерафт, баръаксии ҳайратоварро дорост.

Амири Қатар шоҳи ҷавони дорои маълумоти аврупоӣ мебошад. Ӯ боварӣ дорад, ки дар сиёсати муосир ҳама чизро пул ва воситаҳои ахбори омма ҳал мекунанд. Маблағҳои Қатар кофист. Чунки ин кишвари хурд дорои захираҳои бузурги нафту газ аст. Захираҳои муайяншудаи гази кишвар 25,46 трлн кубометрро ташкил дода, аз рӯи ин нишондод Қатар баъд аз Русияву Эрон дар дунё мақоми саввумро касб мекунад (14-15 % захираҳои ҷаҳонӣ). Қисми зиёди гази қатарӣ дар кони шелфии шимоли, ки чун Гумбази Шимолӣ маъруф аст, ҷо гирифтааст (захираҳои он 8-10 трлн метри кубӣ  ҳадс зада мешавад).

Бартариятро дар соҳаи иттилоотӣ ширкати телевизионии "Ал-Ҷазира", аз ҳама ширкати пешрафтаву дилкаши минтақаи Ховари Наздик таъмин мекунад. Ширкат соли 1996 аз ҷониби собиқ кормандони Би-Би-Си созмон дода шуд. Сатҳи баланди касбият ба "Ал-Ҷазира" имкон дод монополияи ВАО-и ғарбиро дар самти рӯшансозии ҳаводиси минтақавӣ дарҳам бизанад. Ҳамчунин ширкат воситаи хубе дар мубориза баҳри ҳокимии минтақавӣ, ки Қатар ва Арабистони Саудӣ миёни ҳам мебаранд, табдил гардид.

Дар аввали солҳои 2000-ум хадамоти махсуси амрикоӣ комбинатсияи аълоро бозиданд, ки имкон дод ба иттифоқчии боэътимод -амири қатарӣ алибибегуноҳиро таъмин бисозад. Баъди оне, ки тирамоҳи соли 2001 раиси Пентагон Доналд Рамсфелф барои нодуруст равшан сохтани ҳаводиси Афғонистон "Ал-Ҷазира"-ро зери тозиёнаи танқид гирифт ва рейнҷерҳои амрикоӣ намояндагии кобулии ширкатро ҳадафи оташ қарор дода, сардори бюрои афғонии он -Тайсир Аллуниро дар доштани алоқа бо "Ал-Қойида" муттаҳам сохтанд, -амир ат-Танӣ дар симои сиёсатмадоре, ки аз империализми ғарбӣ зарар дидааст, "ҷилва" намуд.

Моҳи апрели соли 2003 Иёлоти Муттаҳида намояндагии "Ал-Ҷазира"-ро дар Бағдод ҳадафи бомбандозиҳо қарор дод (сарвари онро амрикоиён "ёрдамчии Саддом Ҳусейн" номиданд). Чанде пештар аз ин портали саудии  Arabic news.com xабареро паҳн намуд, ки тибқи он амрикоиён нақша доранд дар Қатар табадуллот доир сохта, ба ҷойи ат-Танӣ ҳокими гапдаротареро шинонанд. Чунин дурӯғҳои иттилоотӣ, бино бар назари таҳлилгарон, барои Вашингтон аз сабаби пинҳон сохтани нақши ҳақиқии элитаи қатарӣ дар ҷанг алайҳи Ироқ лозим буд. Оиди ин нақш аз рӯйи ҳаҷми ҳузури ҳарбии ИМА дар ин аморати хурд ҳадс задан мумкин аст.

Аз соли 1995 дар ҳудуди Қатар масолеҳи ҳарбӣ барои бригадаи зиреҳтонкӣ аз ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла 110 тонки М1А2 "Абрамс", воситаҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ ва яроқи оташфишон. Ғайр аз ин, дар аморат ду пойгоҳи ҳарбии амрикоӣ ҷойгузин шудаанд:  пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии ал-Удайд ва пойгоҳия Солия, ки дар он нуқтаи Фармондеҳии Марказии (Centcom) Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА (он соли 2003 амалиётҳои ҳарбии амрикоиёнро дар Ироқ роҳандозӣ мекард), воқеъ гардида буд. Элитаи қатарӣ на як бору ду бор дар нақши миёнарав дар равандҳои сиёсие, ки дар Ховари Наздик рух медоданд, баромад менамуд.

Тӯли муддати мадид дар ҳудуди Қатар намояндагии (бюрои) тиҷоратии Исроил, ки сареҳан нуқтаи алоқа миёни Уршалаим ва шоҳигариҳои халиҷи Форсро иҷро менамуд, вуҷуд дошт (фаъолияти он соли 2009 баъд аз амалиёти "Сурби обшуда" дар Ғазза қатъ гардид). Шарики стратегии ИМА маҳсуб гардида, Қатар бо Эрони ғарббадбин алоқаи хуб дорад ва то оғози соли ҷорӣ бо режими ҳукмрони Сурия дар "муносибати махсус" буд. Аммо ин ба Доҳа халал нарасонд, то дар барномаи пропагандистии алайҳи асадӣ, ки ВАО-и ғарбӣ баъд аз бетартибиҳои Сурия оғоз намуданд, ширкат биварзад.

Умуман нақши Қатар дар ҳаводиси "баҳори арабӣ" чунон бузург аст, ки як қатор таҳлилгарон ин аморати хурдро ҳукмрони ҷадиди Ховари Наздик меноманд. Президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ эълом дошт, ки Қатар аз паси намоишҳои Либия, Сурия ва Яман меистад. Вале агар дар навбати аввал инқилобҳои арабӣ сабабҳои дохилии худро доранд, элитаи қатарӣ дар ҳақиқат кӯшиши истифодаи онҳоро бар манфиатҳои хеш дошт. Ба хотир овардани нақши фаъолонаи қатариҳо дар сарнагун сохтани "Шери биёбон" (Муаммар Қаззофии марҳум.

Равонаш шод бод. Дунё) басанда аст. Онҳо барои амалиёти ҳарбӣ дар Либия тайёраҳои ҷангӣ пешкаш намуданд, ошӯбгаронро машқу тамрин медоданд ва менеҷменти корхонаҳои нафтиро дар Киренаика амалӣ месохтанд. Оиди он, ки ба талошҳои Қатар дар Ғарб назари ҷиддӣ доранд, он далел шаҳодат медиҳад, ки соли 2022 дар ин кишвар, сабқати (чемпионати) ҷаҳонӣ оид ба футбол гузаронида мешавад. Вале ин "шоҳ эълон намудан"-и рамзӣ ба осонӣ нахоҳад гузашт.

ӯшиши эълон намудани Қатар чун ҳукмрони (гегемони) минтақавӣ як маъно дорад: амрикоиён тамоми алоқа бо воқеиятро гум карданд, -қайд мекунад сафири собиқи Ироқ дар Русия Аббос Халаф. -Чунки ин аморати хурд ҳеҷ вақт нақши "нуқтаи васли" равандҳои арабиро иҷро карда наметавонад. Ҳамин ки Мисри аз летаргияи Мубораки аз хоб хеста ба бозидани нақши фаъолона дар сиёсати арабӣ оғоз мекунад, Қатарро ҳама фаромӯш хоҳанд кард.

Бар замми ин шоҳигариҳои нафтии Халиҷ муддати дароз аз равандҳои инқилобӣ дар канор нахоҳанд истод. Ҳиссаи асосии шаҳрвандон дар ин кишварҳо ҳуқуқҳои хешро доро нестанд ва лобалои қазияҳои ҷиддии иҷтимоӣ қарор доранд. Ва мумкин аст, "аловандозон" дар муддати хеле наздик маҷбур хоҳанд гашт, то сӯхторе, ки дар хонаҳои худашон сар хоҳанд зад, хомӯш бикунанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi