10:34:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САБАҚИ ПОЛКОВНИК ҚАЗЗОФӢ БА ЛИДЕРҲОИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

Нависанда Сергей Лукяненко баъди қатли лидери Либия Муаммар Қаззофӣ дар сомонаи худ дастури мухтасари "Сабақи полковник Қаззофӣ ба лидерҳои кишварҳои ҷаҳон"ро навиштааст. Нависанда ба роҳбарони давлатҳо "10 васият"-ро пешниҳод кардааст, ки аз таҷрибаи Қаззофӣ бармеоянд:

/images/stories/2011/11/15_muammar-gaddafi_liby_2012.jpgБа ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ вақт бовар накун, агар дар кишвари ту нафт ва ё ҳадди ақал чизи дигаре мавҷуд бошад. Ҳеҷ вақт ба кишварҳое бовар накун, ки дӯстони ту буданд -кишварҳо доимо дигар мешаванд. Ҳеҷ вақт ба ҳокимоне бовар накун, ки дӯстони ту буданд -ҳокимон ҳеҷ вақт дигар намешаванд.

Ҳеҷ вақт ба халқи худ бовар накун, агар онро подаи нодоне гумон кунӣ, ки кофист онро хӯрондану нӯшондан. Пода ҳама вақт подабонро бад мебинад. Коре кун, ки орзуву мақсадҳои ту орзуву мақсадҳои онҳо шаванд, коре кун, ки пода ба халқ табдил ёбад. Танҳо халқ туро намефурӯшад-вале ҳамон вақте ки ту вайро намефурӯшӣ.

Ҳеҷ вақт танҳо ба ҳамшаҳриҳоят такя накун, ҳарчанд ин боҳаловат ва мувофиқ бошад ҳам. Дар хотир дошта бош, халқро ҳеҷ чиз он қадар тез ва осон вайрон намекунад, ба мисли тақсим кардани он ба "худиҳо" ва "бегонаҳо".

Ҳеҷ вақт ба нидоҳои хурсандонаи ҷавонҳо бовар макун. Он касе, ки дирӯз акси туро мебӯсид ва ваъда медод, ки барои ту хоҳад мурд, фардо ба рӯйи ту тир меандозад. Ҷавонон ба сарнагун кардани бутҳои худ моиланд.

Ҳеҷ вақт ба суханҳои таҳсинкунандаи мӯйсафедон бовар макун. Онҳое, ки дирӯз ришу автоматро алвонҷ медоданд, вақте ки барои куштани ту меоянд, аз хонаҳояшон намебароянд. Пиронсолон аз ҷавонон бештар зиндагӣ карданро дӯст медоранд.

Ҳеҷ вақт ба ҳайкали зинда табдил наёб, агар хоҳӣ, ки ҳам зинда монию ҳам ҳайкал бошӣ. Ҳар ҳоким вақти муайяне дорад то дигаронро аз паси худ барад ва ҳам аз роҳ берун шавад.

Ҳеҷ вақт фикр накун, ки дар паҳлӯи ту калламушҳо нестанд. Лекин онҳо чӣ қадар мешаванд -танҳо аз он вобаста аст, ки ҳокимияти ту то чӣ андоза пӯсидааст.

Ҳеҷ вақт фикр накун, ки марг ин поёни ҳама чиз аст. Барои ҳар кас хуршед дар алоҳидагӣ аз нурпошӣ мемонад".

Мо чанде аз афроди шинохта бо чунин суол муроҷиат намудем: Шумо бо ин сабақҳо розиед ва ё чизе илова мекунед?

Журналист Александр Белковский:

Илова карданиям -ҳеҷ вақт ба вазифаи подабонии подаи нодон даъво накун -пода метавонад ҳар як лаҳза туро зери по кунад.

Тарҷумон ва IT- соҳибкор (Бостон, ИМА) Фёдор Толстой:

Агар сухан дар бораи сабақ ба диктаторҳо ва ё лидерҳое бо одатҳои диктаторӣ равад, сабақи асосии Қаззофӣ чунин аст: "Ҳеҷ вақт ба Инқилоби Ҷаҳонӣ ва ташкили кадом як Ҷаҳони нави зебо бовар макун".

Худкомаҳои дигари кишварҳои аз нафт бойро мисол меорем. Масалан, Умар Бонго аз Габона (кишваре, ки нафташ аз Либия ҳам фаровонтар аст) 42 сол ҳукмронӣ кард, оромона аз дунё рафт ва курсии раисҷумҳур ба писараш гузашт. Чаро? Тарзи анъанавии зиндагиро вайрон накард, ба кормандони сектори давлатӣ аз ҳисоби даромади нафт кӯмак намуд, ба қабилаҳои норозӣ ёрдампулиро зиёд кард.

Ва асосиаш дар Африқо ҳамчун "сулҳофар" ном баровард, бар хилофи Қаззофӣ барои хомӯшу ором кардани зиддиятҳо кор кард. Ҳамчунин Бонго солҳои охири умраш ба бисёрҳизбӣ роҳ дод ва аз ин рӯ агар писари ӯро сарнагун кунанд, на дар натиҷаи ҷанг, балки аз тариқи интихобот мекунанд ва ӯ оромона бо миллионҳо доллари худ ба ягон кишвари хориҷӣ меравад.

Корнамоӣ кардан мехоҳӣ? Машҳур шудан мехоҳӣ?

Аз Муаммар Ал-Махдум аз Дубай ибрат бигир. Дар тамоми ҷаҳон машҳур шудааст, бинои дар ҷаҳон баландтарин, ҷазираҳои сунъӣ-нахлистон ва бисёр мӯъҷизаҳои дигар сохт. Шаҳрвандони худро бо сатҳи хеле баланди зиндагӣ таъмин кард (на аз ҳисоби нафт, балки аз ҳисоби амалиётҳои дигари тиҷоратӣ). Чаро? Дар ҷустуҷӯйи "Роҳи худ" нашуд, бомуваффақият ба иқтисодиёти глобалӣ мутобиқ шуд ва дар он мавқеи худро пайдо кард. Фикр кардан лозим нест, ки ин роҳ барои Либия номумкин буд: дар он ҷой аҳолӣ аз Дубай ҳамагӣ чаҳор маротиба бештар аст, вале сармояҳои нафти боз ҳам хеле зиёдтар буд.

Дар маҷмӯъ боз сабақ чунин аст: "Системаи глобалии бозори муосир алтернатива надорад ва онро ихтироъ кардан ҳам лозим нест".

Сармоядор ва журналисти мустақил Нестор Комарнитский:

Ман чунин илова кардан мехостам. Дар хотир дошта бош, ки ҳам офтоби тобон ва ҳам барфи сафед чашмро як хел хира мекунанд, вале ҳар кадоме вақти худро дорад. На танҳо дар амал, сухан ва фикрҳои худ, балки боз дар ҳамарӯза тайёр кардани онҳое, ки ба ҷойи ту меоянд, собитқадам бош.

Журналист ва тарҷумон (Исроил) Даниэл Штайеслингер:

Ин сабақҳои универсалиест барои ҳар як лидери худкома. Ҳатто бо Сталин ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Соли 1949, вақте ки қобилияти кории ӯ аз сабаби бад шудани вазъи саломатӣ якбора паст шуд, тақсимоти пӯсти хирси ҳанӯз зинда оғоз гардид ва гурӯҳҳои элита ба мубориза на барои ҳаёт, балки барои мамот шурӯъ намуданд.

Акси садои ин мубориза ҳодисаи Ленинград ва ҳодисаи духтурон буд, ки онҳоро на Сталин, балки довталабони тоҷу тахти ӯ таҳрик дода буданд. Ҳамааш танҳо баъди қатли Берия ва "торумори гурӯҳи зиддиҳизбии Молотов, Маленков, Каганович ва Шепилови ба онҳо ҳамроҳшуда" ва мумкин аст ҳатто баъди ба нафақа рафтани Хрушёв поён ёфт.

Сари вақт аз мансаб рафта тавонистан лозим ва баробари ин расман ҷойгузини худро эълон кардан даркор. Лекин, бо назардошти одатҳои замони худ, Сталин наметавонист чунин рафтор кунад: баъди як ё ду соли истеъфои ихтиёрӣ мумкин ӯро сокини зиндон мекарданд.

Сиёсатшинос ва нависанда (Испания) Лев Вершинин:

Бо Сергей Лукяненко розиям, лекин бо баъзе иловаҳо "Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ вақт бовар накун, агар дар кишвари ту нафт ва ё ҳадди ақал чизи дигаре мавҷуд бошад. Агар ту барои гапдаро будан тайёр бошӣ, фармонбарор бошӣ ва ҳаққи хоҷаҳоро диҳӣ, аз ҳеҷ чиз натарс.

Ҳеҷ вақт ба кишварҳое бовар накун, ки дӯстони ту буданд -кишварҳо доимо дигар мешаванд. Аз ҳамин сабаб пешакӣ ғами онро хӯр, ки озори ба кишвари ту расонидашуда дарҳол ба дарди кишвари туро озордода табдил ёбад.

Ҳеҷ вақт ба ҳокимоне бовар накун, ки дӯстони ту буданд -ҳокимон ҳеҷ вақт дигар намешаванд. Аз ҳамин сабаб алҳол, ки дӯстӣ меварзӣ, иттилоот ҷамъ кун. Одамони бегуноҳ нестанд. Вале ӯро шантаж накун, вале дар вақти зарурӣ коре кун, ки дилозор бо проблемаи аз ту ҳам калонтар рӯ ба рӯ шавад.

Ҳеҷ вақт ба халқи худ бовар накун… Ҳеҷ вақт фаромӯш накун: ту ҳар қадаре, ки хуб набошӣ, халқҳо ҳама вақт ба ду тақсим мешаванд ва яке аз онҳо ҳама вақт зидди туянд. Бигзор вай ақаллият бошад. Ва аксарият сахт бовар дошта бошанд, ки аз мансаб рафтани ту онҳоро ба ақаллият табдил медиҳад.

Ҳеҷ вақт танҳо ба ҳамшаҳриҳоят такя накун, ҳарчанд ин боҳаловат ва мувофиқ бошад ҳам. Дар хотир дошта бош, халқро ҳеҷ чиз он қадар тез ва осон вайрон намекунад, ба мисли тақсим кардани он ба "худиҳо" ва "бегонаҳо". Аммо ҳеҷ вақт фаромӯш накун: ту ҳар қадаре, ки барои ба ҳама "худӣ" шудан кӯшиш накунӣ, барои баъзеҳо бегонаҳо аз ту худитар мешаванд.

Ҳеҷ вақт бо ҳайкали зинда табдил наёб, агар хоҳӣ, ки ҳам зинда монию ҳам ҳайкал бошӣ. Ҳар ҳоким вақти муайяне дорад, то дигаронро аз паси худ барад ва ҳам аз роҳ берун шавад. Бигзор ҳатто барои вонамуд кардан бошад. Ҳамин кофист.

Ҳеҷ вақт фикр накун, ки дар паҳлӯи ту калламушҳо нестанд. Лекин онҳо чӣ қадар мешаванд, танҳо аз он вобаста аст, ки ҳокимияти ту то чӣ андоза пӯсидааст. Ҳарчанд аз он ҳам вобаста аст, ки ту чӣ андоза барои тоза кардани хонаи худ тайёр ҳастӣ. Агар барои касе тоза кардани хонаи ту нолозим бошад, бигзор аз сари ҳокимият рафтанат барои вай сахт хатарнок бошад.

Боварӣ дорам, ки Сергей барои баъзе иловаҳоям ба матлаби олиҷанобаш моро мебахшад. Вале бало ба паси ин ҳокимон. Худи мо чӣ хулосаҳо мебарорем?

Ҳамоҳангсози гурӯҳи байналмиллалии экспертии OUREXСергей Сибиряков:

Бо тезисҳои Сергей Лукяненко розӣ шудан мумкин аст. Вале ба ин иловаи Лев Вершинин баҳс кардан мумкин: "агар ту барои гапдаро будан тайёр бошӣ, фармонбардор бошӣ ва ҳаққи хоҷаҳоро диҳӣ, аз ҳеҷ чиз натарс".

Миср ва Тунис ба андозаи кофӣ гапдаро буданд.

Магар худи Қаззофӣ ҳам пулҳои кишварашро дар бонкҳои Ғарб нигоҳ дошта, ҳаққи хоҷаҳоро намедод? Вале баҳори арабӣ маҳз аз лидерҳои гапдаротарин оғоз гардид. Пештар ҳам чунин набуд? Магар Чехословакия ба гапи Гитлер намедаромад? Ман 15 миллион ҳиндуҳои Амрикоро ба хотир намеорам, ки ба санги осиёби "тамаддун"-и аврупоӣ партофта шуданд! Ҳодисаҳои Либия тасдиқ карданд, ки назарияи асосии рушди олами Ғарб сотсиал-дарвинизм мебошад, ки тибқи он рафтори қурбоншаванда аҳамияте надорад.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi