АГАР ҚАЗЗОФӢ ҶИСМАН НОБУД ШУДА БОШАД ҲАМ, КОРИ Ӯ УМРИ ДУБОРА МЕЁБАД
Ман муддати дароз дар бораи ҳодисаҳои 20-уми октябр хомӯш будам, ба умеди он, ки далелҳои мӯътамадро аз сарчашмаҳои мустақил пайдо мекунам. Вале соат ба соат маълумтар мешавад: Суханҳои Отто Эдуард Леопалд Карл-Вилхелм-Фердинандович Иртсог фон Лауэнбург Княз Фон Бисмарк Шёнхаузен "Ҳеҷ вақт ин қадар дурӯғ намегӯянд, чӣ хеле ки пеш аз интихобот, замони ҷанг ва баъди шикор мегӯянд" чун ним аср пештар ҳамчун ҳақиқати раднопазир боқӣ мондаанд.
Алҳол, мутаассифона, танҳо як чиз рӯшан аст ва боиси шубҳа нест: Шаҳри Сирт -зодгоҳи Муаммар Муҳаммадович Қаззофӣ аз тарафи НАТО ба андозае бомбаборон шудааст, ки дар он ҷони зинда қариб боқӣ намондааст ва зархаридон (аз исломиҳои мисрӣ то ба размандагони аз Афғонистон овардашуда) ба ҳудуди бе одам монда бидуни ягон монеа ворид шуданд. Вале сарнавишти худи Полковник ҳоло ҳам ҳамчун мавзӯи баҳсу мунозираҳо ва шубҳа боқӣ мондааст.
Манбаи асосии шубҳаҳо дар ҳудуди Давлатҳои Муттаҳидаи Амрико воқеъ аст. Ин маъруфтарин сервер дар Интернет системаи ҳифзи видеомаводҳо "YouTubе" мебошад. Яке аз роликҳои нахустин, ки дар он куштани лидери эътирофшудаи Либия дар назди мардум тасвир шудааст, қариб соати дуи шаби 20-уми октябр, яъне хеле пеш аз вақти расман эълоншудаи ҳодисаи дар он нишондодашуда дастраси сомонаи мазкур гардидааст.
Коршиносон бисёр нишонаҳои дигари шубҳаро перомуни маълумот дар бораи куштори Қаззофӣ пайдо кардаанд. Ман бо чашми худам дар хабарҳои телевизионии Русия ҷасади ӯро дидам, ки чеҳрааш ба осонӣ шинохта мешавад ва ҳамчунин аломатҳои чоккунии бадан ба осонӣ дида мешуд. Лекин баъди тақрибан ду соат аз тариқи ҳамон барномаҳо изҳороти зархаридони натоиро шунидам: ҷасади ӯро чок накардаанд ва чок нахоҳанд кард.
Чизи ба ҳамин монандро интизор шудан мумкин буд, ҳадди ақал баъди он ки шабакаҳои телевизионии Ғарб якдилона 8-уми августи соли 2008 манзараи аз тарафи гурезаҳо тирборон шудани шаҳри Схинвалро бо зерхати "Русия шаҳри Гории Гурҷистонро тирборон мекунад" намоиш доданд.
Журналистикаи муосири ҳирфавӣ рӯз ба рӯз манзараи воқеии ҷаҳонро ҳарчи камтар инъикос мекунад ва ҳарчи бештар манзараи дилхоҳи худ, ки ба манфиатҳои фармоишгарон мувофиқ аст, тасвир менамояд. Каме пеш ё дертар фарқият ба андозае рӯшан мешавад, ки ба васоити оммаи дезинформатсия ҳатто дар ҳолати мувофиқи манфиатҳои фармоишгарон чизи ба ҳақиқат наздикро хабар додан ҳам бовар намекунанд.
Дар шароити имрӯза ҳатто намоиши ҷасади мурда дар маркази тиҷоратии Мусурат марги шахсеро исбот карда наметавонад, ки бо номи ӯ лашкар ҳамагӣ чанде пеш ба ин лонаи исёнгарони зархарид ҳамла карда буд. Зеро грим кардани ҷасаде, ки аз мурдахонаи дилхоҳ гирифта шудааст, хеле осон аст.
Исботи боварибахш метавонад экспертизаи генетикӣ бошад, ки аз тарафи гурӯҳи муҳаққиқони мустақил аз кишварҳои системаи сиёсиашон гуногун (аз Русия то Сурия) бо иштироки фарзандони Қаззофӣ баргузор шавад. Лекин худи фарзандони Қаззофӣ ҳам ҳадафи НАТО эълон шудаанд ва сиёсатмадорони аксарияти кишварҳо ҳам онқадар шавқманди ташкил намудани комиссияҳои аз онҳо новобаста намебошанд.
Илова бар ин, дар шароити бавуҷудомада ҳамаи ҷонибҳо баробар ҳавасманди ҳалокати расмии бунёдкунандаи ҷомеаи дар таърих бомуваффақияттарини худидоракунӣ -қариб то ба дараҷаи анархия мебошанд.
НАТО барои қатъ кардани қисмати расмии агрессия дар Либия баҳона пайдо мекунад. Таъиноти махсуси бритониро баъди ишғоли қисми калони Триполи асосан баъди талафоти ҳарбии тибқи меъёрҳои ғарбӣ қобили қабул набуда берун карданд. 13 ҳазор пиёдагарди баҳрии амрикоӣ ҳам, ки сафари зудгузари вазири умури хориҷии Давлатҳои Муттаҳидаи Амрико Хиллари Дайану Хъю-Элсуортовна Родемро (ба фамилияи шавҳараш Клинтон) ҳамроҳӣ мекард, ҳангоми кӯшиши ишғоли Сирт аз талафот бенасиб намонд.
Хароҷот барои қисмати ҳавоии амалиёт ҳам аз ҳад гузашт, ки дар шароити Депрессияи Бузурги дуюми имрӯза қобили қабул нест (ин ба ғайр аз масрафи лавозимоти ҷангии фавқулдақиқ дар ду моҳи аввали ҳуҷумҳои ҳавоӣ. Яъне поксозии шаҳрҳои Либия, аз ҷумла Сирт, хеле гарон афтодааст). Умуман нерӯҳои НАТО-ро истироҳат кардан ва таҷрибаи андӯхтаро ба ҳисоб гирифтани он лозим. Охир таҷовуз ба муқобили аъзои дигари Меҳвари Бадии нафтхез: Сурия, Эрон, Русия... дар пеш аст.
Қаззофӣ -агар зинда ва зери харобаҳои Сирт намонда бошад (дар гумон аст, ки ӯро дар он ҷой пайдо кунанд: беҳуда нест, ки ҳамаи далелҳо дар бораи ҳалокати ӯ қалбакӣ ба назар мерасанд) дар гумон аст, ки хоҳони аз худ дарак додан бошад. Барои вай бештар расман хориҷ шудани нерӯҳои душманро интизор шудан манфиатбахштар аст. Маълум, ки Ғарб контроли амалии Либияро аз даст намедиҳад.
Вале ба муқобили корпоратсияҳои ҳарбии хусусӣ мубориза бурдан хеле осонтар аст: на ҳар як зархарид ҷони худро зери хатар мегузорад ва даъват кардани кӯмаки ҳавоӣ ҳам барояшон душвортар мешавад. Албатта, Полковник ҷонибдори нуқтаҳои назари ҷавонмардӣ аст -лекин ӯ ба ҳар ҳол чаҳор даҳсола инҷониб ба қабилаҳои пароканда роҳбарӣ мекунад ва на танҳо қобилияти пайдо кардани компромисҳоро дорад, балки аз ихтилофҳои байниҳамдигарии қабилаҳо истифода бурда ҳам метавонад.
Гумон мекунам, байни кишварҳое, ки худро рушдкарда меҳисобанд, ихтилофҳо аз ин кам нестанд. Аз ҳамин сабаб қатъ шудани амалиёти НАТО, ки кишварҳои ин созмонро бо якдилии расмӣ маҷбур мекунад, ба Қаззофӣ имконият медиҳад, ки ба муқобили нерӯҳои онҳо дар кишвараш босамартар муқобилият кунад. Вале агар дар ҳақиқат Полковник ҳалок шуда бошад, ман ба душманҳои ӯ ҳасад намебарам.
Вай кайҳо боз кӯшиш мекард, ки тибқи қоидаҳои барқарорнамудаи Ғарб бозӣ кунад. Аз ҷумла ӯро борҳо ба дастгирии терроризм муттаҳам кардаанд, вале ягон маротиба ҳам онро исбот карда натавонистаанд. Ҳатто ҳодисаи таркиши ҳавопаймои мусофирбар дар фазои шаҳраки Локёрбии Шотландия, ки боиси маҳкум ва зиндонӣ шудани шаҳрванди Либия гардид, он қадар бебаҳс нест.
Ҳамаи далелҳои ба Либия дахл доштани ин фалокат бо роҳҳои шубҳаовар ба даст омадаанд, аз ҷумла бо баргузории якчанд амалиёти махфии хадамоти махсуси Ғарб. Аз ин рӯ ҳар як вакили дифои беғараз метавонист нодурустии ин далелҳоро исбот кунад. Қаззофӣ танҳо баъди муҳосираи бисёрсолаи иқтисодии Либия ба пардохти ҷубронпулӣ ба хешовандони ҳалокшудагон розӣ шуд ва баробари ин изҳор кард, ки кишвараш танҳо аз лиҳози ахлоқӣ ба ин ҳодиса ҷавобгар аст, ба хотири он ки либиягиро барои ин ҳодиса маҳкум ва зиндонӣ кардаанд.
Вақте ки таҷовузи НАТО оғоз гардид, аксарияти либиягиҳо ва ҷонибдорони Либия дар кишварҳои дигар омода буданд, ки ба он бо усули ба камзӯр ба муқобили пурзӯр дастрас -террор ҷавоб диҳанд. Лекин Полковник чунин воситаи сахттаъсиркунандаро манъ кард: вай то лаҳзаҳои охирин умед дошт бо одамоне, ки ҳадафҳои мақбули омро декларатсия мекарданд, мувофиқа ҳосил кунад. Агар Қаззофӣ дигар дар қайди ҳаёт набошад, манъи эълонкардаи ӯ барои пайравонаш эътибори худро гум мекунад.
Ҷулия Николаевна Саркозӣ (духтари навтаваллудшудаи президенти Фаронса) мумкин аст дар зиндагиаш боре ҳам бо падараш сӯҳбат накунад: мумкин аст падарашро то ба забон даромадани ӯ либиягиҳо ба ҷаҳаннам фиристанд. Хоҳишмандони қасос гирифтан аз ташкилкунандагони ҳуҷум дар Либия рӯз ба рӯз бештар мешаванд.
Акнун кишварро сахт ғорат мекунанд. Тартиботи ҷоринамудаи Қаззофӣ дар бобати тақсими долларҳои аз фурӯши нафт ба даст омада байни либиягиҳо акнун ба хотираи хуш табдил меёбад. Ва бисёриҳо тасмим хоҳанд гирифт: ба зиндагии вайроншудаи онҳо бояд онҳое ҷавоб диҳанд, ки онро хароб кардаанд.
Агар Қаззофӣ ҷисман нобуд шуда бошад ҳам, кори ӯ умри дубора меёбад.
Анатолий Вассерман, "Известия.ру"
Ҳафтаномаи «Дунё»
Дар ин мавзӯъ:
САБАҚИ ПОЛКОВНИК ҚАЗЗОФӢ БА ЛИДЕРҲОИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН
ДУГОНИКИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ, ХУДИ ПОЛКОВНИК ЗИНДА АСТ
ҚИМОРИ АРАБӢ: БОЗ КӢ ШАҲДИ ИНҚИЛОБҲОРО ХОҲАД ЧАШИД?