14:48:21 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

АФҒОНИСТОН: ПАЙМОНИ СТРАТЕГӢ БО ИМА ВА СУЛҲ БО ТОЛИБОН МАФҲУМҲОИ ХИЛОФИ ҲАМДИГАР НЕСТАНД?

Луи Ҷиргаи анъанавӣ, ки аз 16 то 19-уми ноябр дар пойтахти Афғонистон идома дошт ва он асосан ду масъала- Паймони стратегӣ бо Амрико ва сулҳ бо Толибонро муҳокима кард, бо қабули қатъномаи 76 моддаӣ ба кори чаҳоррӯзаи худ анҷом дод. Пеш аз он ки дар бораи нуктаҳои асосии ин қатънома чанд сухан бигӯем, нахуст мехоҳем аз зарурат, ҳадафи баргузории ин ҷаласаи бузурги афғонҳо ва назари ҷомеъаи Афғонистон ба баргузории ин чорабинии муҳими ҳукумати Ҳомид Карзай ҳарф бизанем.

Зарурат ва ҳадафи баргузории Луи Ҷиргаи анъанавӣ

/images/stories/2011/11/24_loya_jerga_1.jpgДар бораи сабабҳо ва зарурати баргузории Луи Ҷиргаи анъанавӣ дар байни коршиносону таҳлилгарон асосан ду нуқтаи назар мавҷуд аст. Якум баргузории чунин як Ҷирга андешаи худи ҳукуматдорони Афғонистон аст. Давлатмардони ин кишвар баъди эълони он тасмим, ки нирӯҳои низомии хориҷӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард, дар фикри он шудаанд, ки дар оянда низ аз кӯмаку дастгирии ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ба хусус кӯмакҳои низомии онҳо, барои тамдиди қудрати хеш бархурдор бошанд ва албатта ин андешаро тавассути намояндагони мардуми Афғонистон дар Луи Ҷиргаи анъанавӣ таъйид кунанд ва баъдан ба ҳукми қонун дароранд.

Дуввум баргузории Луи Ҷиргаи анъанавиро аз ҳукуматдорони Афғонистон Амрико талаб кардааст. Амрико мехоҳад ҳузури низомии худро дар Афғонистон баъди соли 2014 низ идома бидиҳад. Таърих нишон медиҳад, ки дар он ҷойҳое, ки низомиҳои Амрико қадами худро гузоштаанд, бо хоҳиши хеш асло он ҷойҳоро тарк накардаанд. Конгресс ва Сенати Амрико ба чунин як иқдоми ҷиддӣ, яъне идомаи ҳузури нирӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон замоне розигӣ дода метавонад, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо чунин як хоҳише ба Амрико муроҷиат кунад ва онро дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалӣ ба онҳо пешкаш намояд.

Ҳадафи асосии баргузории Луи Ҷиргаро таҳлилгарон ва мухолифони сиёсии ҳукумати Карзай дар ҳамин тамдиди ҳукуматдории Ҳомид Карзай ва ҳузури нирӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон медонанд.

Муносибати ҷомеъаи Афғонистон ба баргузории Луи Ҷирга

А) Мавқеи Парламон (Вулси Ҷирга)-и Афғонистон

Рӯзи 12-уми ноябр, яъне чаҳор рӯз қабл аз оғози кори Луи Ҷирга Парлумони Афғонистон дар як ҷаласаи худ масъалаи ширкати вакилони Парлумони Афғонистонро дар ин Луи Ҷирга мавриди баррасӣ қарор дод. Фавзия Куфӣ, намояндаи Бадахшон дар Парлумон ба хабарнигорон гуфтааст, ки вакилони мардумии Афғонистон баъди баррасии ин масъала ба ду натиҷа расидаанд. Якум баргузории Луи Ҷирга хилофи қонун аст ва чун хилофи қонун аст, намояндагони Парлумон дар он ширкат нахоҳанд кард. Дуввум ҳукумат бояд дар яке аз ҷаласаҳои Парлумон ҳисобот бидиҳад, ки ҳазинаи баргузории Луи Ҷиргаро аз куҷо пайдо кардааст ва он чи миқдор маблағро ташкил медодааст.

Б) Андешаи аҳзоб ва эътилофҳои сиёсии оппозисиюн пиромуни Луи Ҷирга ва масъалаҳои он

Баъзе аз аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумати Карзай бо баргузории Луи Ҷирга ва масъалаҳое, ки дар он матраҳ мешуданд, ибрози мухолифат карданд. Масалан Эътилофи «Тағйир ва умед», ки роҳбарии онро Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири хориҷаи пешини Афғонистон ва рақиби сарсахти Ҳомид Карзай дар интихоботи президентӣ ба ӯҳда дорад, дар як конферонси амалие, ки махсус ба ҳамин баргузории Луи Ҷирга ихтисос дода шуда буд, эълон дошт, ки Луи Ҷирга ғайриқонунӣ аст ва аъзои эътилофи ӯ дар он ширкат нахоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ вакилони Луи Ҷирга аз тамоми мардум ва ақвоми Афғонистон намояндагӣ карда наметавонанд ва аз ҳамин сабаб қарорҳои он мавриди қабули мардуми Афғонистон шуда наметавонанд. «Луи Ҷирга ин воситаест, ки Ҳомид Карзай бо истифода аз он мехоҳад «аҳдофӣ пинҳонӣ»- тамдиди қудрати худро таъмин кунад, мегӯяд ӯ.

Эътилоф дар қатъномаи дар ин конферонс қабулшуда баён доштааст, ки «баргузории Луи Ҷирга барои машварат дар мавриди масоили муҳими кишвар дар ҳоле, ки Парлумон вуҷуд дорад ин хилофи қонун ва мудохила дар корҳои ин ниҳод аст». Дар ин қатъномаи Эътилоф инчунин омадааст, ки «Баҳс пиромуни санади равобити стротегӣ бо Амрико ва мусолиҳа бо мухолифини мусаллаҳ ба унвони масоили калони миллӣ танҳо аз салоҳиятҳои хоси Шӯрои миллӣ (Парлумон) аст ва матраҳ намудани он дар «Луи Ҷиргаи анъанавӣ» дар воқеъ қонуншиканӣ аз ҷониби ҳукумат ва мудохила дар умури Шӯрои миллии кишвар аст».

«Ҷабҳаи миллӣ», ки бархе аз сарварони ҷиҳодӣ ва шахсиятҳи маъруфи Афғонистон, аз ҷумла Аҳмад Зиё Масъуд, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашид Дустум ва ғайраро муттаҳид сохтааст, низ баргузории Луи Ҷиргаро ғайриқонунӣ хисобида онро «талош барои тазъифи Парлумони Афғонистон аз сӯи ҳукумат» донистаанд.

В) Толибон: болои Луи Ҷирга ҳамла мебарем

Дар арафаи баргузории Луи Ҷирга толибон дар як баёнияи худ изҳор доштанд, ки ба дасти онҳо як санади 27 саҳифагии мақомоти амниятии Афғонистон расидааст, ки дар он нақшаи таъмини амнияти баргузории Луи Ҷирга сабт шудааст. Онҳо бо истифода аз ин нақша болои Луи Ҷиргаи анъанавӣ ҳамла хоҳанд бурд. Дар посух сухангӯёни мақомоти амниятии Кобул гуфтаанд, ки изҳороти Толибон дар мавриди он ки ба барномаи амниятии Луи Ҷирга дастрасӣ доранд, ҷуз «ҷанги иттилоотӣ»-и онҳо сухане беш нест.

Ба ҳар ҳол як рӯз қабл аз оғози кори Луи Ҷирга дар маҳали баргузории он мақомоти амниятӣ нафареро, ки дар тан маводи мунфаҷира дошт, бо зарби тир ба қатл расонданд. Дар рӯзи дуввуми баргузории Луи Ҷирга чанд мушаке низ дар атрофи биное, ки он ҷо ин маҷлиси бузург ҷараён дошт, мунфаҷир шуданд. Кормандони умури дохила гуфтаанд, ки омилони ин мушакпартоиро дастгир кардаанд ва онҳо мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтаанд.

Шеваи гузиниши вакилони Луи Ҷиргаи анъанавӣ

/images/stories/2011/11/24_loya_jerga_2.jpgМасъулияти баргузории Луи Ҷираги анъанавиро ҳукумати Карзай ба дӯши Комиссиюни омодагӣ барои тадвири Луи Ҷирга бо роҳбарии профессор Сибғатуллоҳ Муҷаддидӣ гузошт. Қомиссиюни мазкур, ки аз 32 нафар иборат буд, салоҳияти тафтиш кардани ашхоси ҳамчун аъзои Луи Ҷирга маъруфӣ шударо дошт. Яъне ба он маънӣ ки ашхосе, ки ба Луи Ҷирга аз маҳалҳо ҳамчун вакил пешниҳод шудаанд, оё дар ҳақиқат шахсиятҳои бонуфузи қавмӣ ҳастанд ё не.

Агар Комиссиюн тасмим мегирифт, ки шахси пешниҳодшуда дар байни мардум нуфуз надорад ва онро бояд табдил кунанд, ин кор бояд дар маҳалҳо сурат мегирифт. Тибқи муқаррарот аз ҳар як вулусволӣ, шаҳр ва маркази вилоят як нафарӣ, инчунин 30 дар 100 аъзои Шӯрои интихобии вилоятҳо ҳаққи ширкат дар ин Луи Ҷиргаи анъанавиро доштанд. Ба гуфтаи сухангӯи ин Комиссиюн хонум Сафия Сиддиқӣ намояндагони муҳоҷирини Афғонистон дар кишварҳои Эрон, Покистон, Амрико, Урупо барои ширкат кардан дар ин Ҷирга даъват шуда буданд.  

Дар анҷоми омодагиҳо феҳристи вакилонро Комиссиюни мазкур ба раиси ҷумҳур пешниҳод намуд ва онро Ҳомид Карзай бо имзои худ тайид кард. Ҳамин тариқ дар рӯзи оғози кори Луи Ҷирга аз 2030 вакили номнависшуда 1900 нафар барои ширкат кардан дар ин гирдиҳамоӣ ҳозир шуданд. Азҷумла наздик ба 200 нафар вакили Парлумони Афғонистон аз ширкат дар Луи Ҷиргаи анъанавӣ худдорӣ карданд.

Ҳомид Карзай хатти маши Луи Ҷиргаро таъйин кард

Дар оғози кори Луи Ҷиргаи анъанавӣ Ҳомид Карзай суханронӣ карда нуктаи назари хешро дар бораи масоили дар Луи Ҷирга дар миён гузошта шуда иброз намуд. Азҷумла ӯ қайд кард, ки «агар манофеи Афғонистон дар паймони стратегӣ бо Амрико ба назар гирифта шавад, ин кишвар метавонад дар Афғонистон таъсисоти низомӣ дошта бошад». Ӯ афзуд «Амрико барои манофеи худ хостори имзои паймони стратегӣ бо Афғонистон шуд. Аммо Афғонистон низ бояд дунболи манофеи худ дар ин робита бошад. Робитаи дарозмуддат миёни Афғонистон ва Амрико бояд робитаи миёни ду кишвари мустақил бошад, ки манофеъи ҳарду кишвар дар он таъмин бошад.

Ҳам бо Британия, ҳам бо Урупо ва ҳам бо НАТО ва ҳам бо Амрико ҳозир ҳастем паймони стратегӣ дошта бошем. Аммо муомила бо Амрико фарқ хоҳад кард. Онҳо бо қувват ин ҷо мемонанд, аз таъсисоти низомӣ истифода мекунанд. Пас кӯшиши мо мо ин аст, ки манофеи худро дар манофеи онҳо ҷустуҷу кунем». Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки «Амрико дар сурате метавонад дар Афғонистон ҳузури дарозмуддат дошта бошад, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад». Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид намуд, ки «ба ҳеҷ кишваре иҷозат дода намешавад, ки муқобили кишвари саввум аз хоки Афғонистон истифода барад».

Ҳомид Карзай дар ин суханронии худ дар бораи мусолиҳа бо толибон пешниҳоди мушаххасе надошт ва ин корро ба ӯҳдаи Луи Ҷирга вогузошт.

Луи Ҷирга ва чил кумитаи он

Баъди гирифтани дастур ва ё ҳидояти Раиси ҷумҳур қариб ду ҳазор вакили Луи Ҷирга ба чил кумита тақсим шуданд.Ҷолиб он аст, ки касе аз вакилон намехост вориди кумитаи 39-ум шавад ва дар утоқи 39-ум кор кунад. Гап дар ин ҷост, ки дар баъзе манотиқи Афғонистон шумораи 39-ро бархе қавмҳо синоними калимаи «беномусӣ» таъбир мекунанд. Аз ҳамин рӯ касе ҳозир намешавад, ки дар ҳеҷ арсаи зиндагӣ аз ҳамин адад кор бигирад. Айнан мисли бархе аз аврупоиён, ки аз шумораи 13 ҳассосият доранд. Хулоса баъди кумитаи 38, кумитаҳои чил ва чилу як таъсис ёфтанд. Ҳамин тариқ аъзои чил кумита рӯи ду масъала баҳс карда дар асоси пешниҳодҳои онҳо қатъномаи Луи Ҷиргаи анъанавӣ содир шуд.

Масалан Фазлуллоҳи Ваҳидӣ, волии Кунар, раиси Кумитаи аввали Луи Ҷирга ба хабарнигорон гуфтааст, ки «ҳарчанд ӯ ба эҷоди пойгоҳҳои доимии Амрико дар кишвар мухолиф ҳаст, аммо бар асоси шароити кунунии кишвар бастани паймони стратегӣ бо Амрико лозим аст. Ӯ таъкид кардааст, ки бар асоси ин паймон бояд манофеи Афғонистон дар заминаҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мушаххас шавад. Нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон бояд барои тақвияти нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар корҳои бештареро анҷом диҳанд».

Рӯзи шанбе вакилони Луи Ҷирга қатъномаи хешро ба тасвиб расонда онро дар ҳузури Ҳомид Карзай ва вазири корҳои хориҷии Олмон Гидо Вестервалле қироат карданд.

Чи гуна паймон бояд ба имзо бирасад?

Вакилони Луи Ҷирга дар қатъномаи худ гуфтаанд, ки ҳар санаде, ки байни Амрико ва Афғонистон ба имзо мерасад, бояд дар ҳадди як паймон бошад ва ин паймон бояд замонат дошта бошад, ки иҷро мешавад. Бояд аз сӯи порлумони Афғонистон ба тасвиб бирасад ва ҳамчунин санади имзошуда байни Амрико ва Афғонистон дар Созмони Милалил Муттаҳид ба қайд гирифта шавад. Ҳамчунин омадааст, ки ҳама афғонҳое, ки дар зиндонҳои амрикоӣ ба сар мебаранд, ба Афғонистон бозгардонда шаванд ва Амрико ҳақ надорад дар хоки Афғонистон зиндон дошта бошад.

Амрико ҳақ дорад пойгоҳ дошта бошад, вале…

Дар қатънома омадааст, ки амрикоиҳо бояд ҳадду андозаи таъсисоти низомиро, ки мехоҳанд дар Афғонистон дошта бошанд, мушаххас кунанд ва таъсисоти низомии амрикоиҳо бояд дар манотиқи марзии Афғонистон ва ҷойҳое бошад, ки аз он ҷо таҳдидҳое алайҳи Афғонистон сурат мегиранд. Вакилон бо ҳузури доимии Амрико дар Афғонистон мухолифанд ва замони паймоне, ки бо Амрико имзо мешавад, бояд маҳдуд бошад. Таъкид шудааст, ки Амрико бояд тақвият ва таҷҳизи артиши Афғонистон ва омӯзиши нерӯҳои амниятии Афғонистонро ба ӯҳда бигирад.

Амрико бар асоси ин паймон бояд ӯҳдадор шавад, ки агар Афғонистон аз сӯи кишвари саввумӣ мавриди ҳамла қарор мегирад аз Афғонистон ҳимоят кунад. Яке аз моддаҳои дигари ҳуҷҷат ин аст, ки бо имзои паймони стратегӣ байни Амрико ва Афғонистон тамоми санадҳое, ки қабл байни ин ду кишвар ба имзо расидаанд, лағв хоҳанд шуд. Вакилони Луи Ҷирга хостори он шудаанд, ки паймони стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико ҳарчи зудтар имзо шавад ва баъд аз он имзои он ба зудтарин фурсат ба иҷро гузошта шавад.

Масунияти қазоии сарбозони хориҷӣ бардошта шавад

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар қатънома омадааст ин бардоштани масунияти қазоии нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон аст. Яъне агар сарбозони нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷинояте содир кунанд, бояд дар додгоҳҳои Афғонистон муҳокима шаванд. Инчунин талаб шудааст, ки амалиёти шабона ва бидуни ҳамоҳангӣ бо давлати Афғонистони аз сӯи низомиёни хориҷӣ қатъ карда шавад..

Гуфтушунидҳои сулҳ бо Толибон идома ёбанд

/images/stories/2011/11/24_loya_jerga_3.jpgДар қатъномаи омадааст, ки ҳукумат гуфтушунидҳои сулҳро бо гурӯҳҳои шӯришӣ идома бидиҳад. Аммо дар механизми гуфтушунид бояд тағйирот ворид шаванд. Дар ин ҳуҷҷат сареҳан омадааст, ки давлати Афғонистон бояд бо касоне гуфтугӯ кунад, ки ҷои мушаххас доранд, қонуни асосии Афғонистон ва дастовардҳои даҳ соли ахири кишварро эътироф мекунанд. Давлати Афғонистон бояд таърифи мушаххасси дӯсту душманро дошта бошад. Аз Покистон хоста шудааст, ки сиёсатҳои худро дар қиболи Афғонистон тағйир дода дар мубориза бо терорризм бо Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад.

«Ин қатъномаро раҳнамои амали худ қарор дода шароитеро, ки дар он зикр шудааст, ба унвони назари миллати Афғонистон иҷро хоҳам кард», гуфт Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар суханронии кӯтоҳи худ, ки пеш аз хатми кори Луи Ҷирга дар назди вакилони он ироа кард.

Ҳамин тариқ ин маротибаи дуввум аст, ки дар таърихи равобити даҳсолаи Афғонистон бо Амрико мусаввадаи эъломияи ҳамкориҳои стратегии миёни ин ду кишвар дар матбуот мунташир мегардад. Бори аввали ин гуна эъломия соли 2005 ба нашр расида буд. Аммо ҳукумати Афғонистон натавонист бар асоси он эъломия асноди ҳуқуқӣ, барномаҳои иҷроиву амалиро роҳандозӣ кунад ба нафъи сулҳу суббот дар кишвар коре анҷом бидиҳад.

Талоши дуввум шояд босамар бошад. Вале вокунишҳои аввали бархе аз мардуми Афғонистон аз норозигии онҳо нисбати қатъномаи Луи Ҷирга дарак медиҳад. Як рӯз баъди Луи Ҷирга дар Нангарҳор ба нишони эътироз ба тасмимоти Луи Ҷирга беш аз 1000 нафар гирдиҳамоӣ карданд, ки дар ҷараёни он аксҳои Барак Обамаро ба оташ кашида шиорҳои зидди амрикоӣ сар доданд.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi