13:25:22 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

ШОҲЗОДАИ ҚАФҚОЗ – РАМЗАН ҚОДИРОВ

Фёдор Добролюбов, "Деньги"

Агар барои тоҷирони сарватманд чорабиниҳои дилхушӣ бо иштироки ситораҳои маъруф ва дигар "нишаст"-ҳое, ки сарфибузурги маблағро талаб менамоянд, меъёри оддӣ маҳсуб ёбанд, сиёсатмадорон кӯшиш мекунанддар онҳо ширкат наварзанд -дар сойири кишварҳо ин аз доираи ахлоқу одоб берун ҳисоб мешавад. Русия дар ин радиф истисност: чорабиниҳои бошукӯҳе, ки президенти Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров баргузор мекунад, вирди забони одамон аст ва чун афсонае оиди онҳо ҳарф мезананд.

Дӯстии мустаҳкам

/images/stories/2011/11/29_ramzan-kadirov_291111.jpgТобистони гузашта сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров бо аҳли байташ дар меҳмонхонаи панҷситорадори  MardanPalace воқеъ дар Анталияи Туркия, ки сохтмони он барои Телман Исмоилов ба 1,4 миллиард доллар "афтидааст", истироҳат кард. Қодиров истироҳати шоҳона намуд. Чуноне ки Vesti.Az хабар медиҳад, ВАО-и туркӣ баъзе ҷузъҳои аҷоиби ин истироҳатро ошкор сохтанд.

Маълум гардид, ки ҳамроҳи аҳли оилааш Қодиров ба Туркия.. тамоми ҳайати клуби футболи "Терек" ва ситоди мураббиёни дастаро гирифтааст. Барои ҳамаи ин ҳайати "ситораҳо" шоҳзода Рамзан 50 ҳуҷраро киро намудааст. Худи Қодиров бошад, дар ҳуҷраи шоҳии Royalsuit таваққуф намуд, ки майдони умумиаш 600 метри квадратӣ аст. Як шабонарӯз дар он зист намудан 15 ҳазор евроро ташкил медиҳад.Ҳуҷра дорои толори калон, се хобгоҳ (ҳуҷраи хоб), толори алоҳидаи синамо, ҳавзи шиноварӣ мебошад. Ғайр аз ин, дар он пианинои антиқӣ, қолинҳо аз шоҳии тоза партофта шудаанд, ҷузъиёти ҳаммому ҳоҷатхонааш тиллоист.

Бо чунин тарзи "ҳаёти дарвешона" қаноатманд нагашта, "шоҳзодаи қафқозӣ" ҳамчунин бӯстонсарои алоҳидаи HectorResidence-ро дар комплекси  меҳмонхонаҳои RixosPremiumHotelба иҷора гирифт, ки нархи зисти якшабонарӯзиаш 17 ҳазор доллар мебошад. Бино ба хабаргузории ВАО-итуркӣ, Қодиров савори автомобили гаронбаҳои RollRoycePhantomCabrio бо нархи 2 миллион доллар мегардад ва аз дасти худ соати "Bovet"-ро, ки 300 ҳазор доллар арзиш дорад, бадар намесозад.

Шубҳае нест, ки баMardanPalace Қодировро Телман Исмоилов даъват кардааст. Чунки сарвари "бадарғашудаи" гурӯҳи АСТ ва собиқ хӯҷаини бозори Черкизови Маскав тавассути дастгирии маҳз Рамзан Қодиров тавонист соли гузашта ба Русия бозгардад. Ҳамон вақт, моҳи феврали соли 2010 вохӯрии Исмоилов ва Қодиров, ки бешубҳа, бо розигии Кремл сурат гирифт, ба ҳангомаи ҳақиқие боис шуд. Мегӯянд, ки бар ивази кӯмак расонидан ба қатъ гаштани ҷустуҷӯи ҷиноӣ Исмоилов ба Рамзан Қодиров сармоягузорӣ ба ҷумҳуриашро ваъда додааст.

Умуман, дӯстӣ бо тоҷирони сарватманд худи Қодировро низ доро мегардонад. Масалан, соли 2006, Умар Ҷабраилов ва Руслан Байсаров, киаз муҳаббати Рамзан ба мошинҳои гаронбаҳо огаҳӣ доштанд ба шарафи 30-солагии ӯ FerrariTestarossa ҳадя намуданд. Худрав 450 ҳазор евро арзиш дошта, рақамҳояш ба насаб ва синни Қодиров мувофиқанд-К 030 РА. Он вақт дар мусоҳиба ба "Комсомольская правда" Рамзан Қодиров далели гирифтани тӯҳфаро тасдиқ намуд ва ваъда дод, ки мошинро ба кӯдакони чечен тӯҳфа хоҳад намуд.

Аммо ин танҳо як лаҳзаест. Воқеият ин аст, ки имрӯзҳо тоҷирони чечен маблағҳои калонро ба хазинаи ҷамъиятии минтақавии ба номи Қаҳрамони Русия Аҳмад Қодиров равона месозанд. Хазина барои мақсадҳои хайриявӣ ва маблағгузории корҳои таъмиру барқарорсозии шаҳри Грозний бунёд шудааст. Маҳз ин хазина, тибқи маълумотҳои ВАО, манбаи асосии зиндагонии шоҳонаи сарвари Чеченистон ба шумор меравад.

Худи Рамзан на як бору ду бор ба ВАО изҳор намуда буд, ки маблағҳои зиёдро ба хазина "собиқ дӯсони Аҳмад Қодиров" медиҳанд. -Новобаста аз он, ки шумораи зиёди тоҷирони чечен муддати зиёдест, ки на дар ҷумҳурӣ, балки дар Маскав фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, онҳо пайваста барои барқарорсозӣ маблағҳоро интиқол медиҳанд, -гуфт Қодиров ба портали "Старан.Ru". -Метавонам ҳатто якчанд номро ба забонгирам. Инҳо бародарон Умар ва Ҳусайнӣ Ҷабраиловҳо, Михаил Гутсериевва дигар шахсони баландҳиммат мебошанд.

Президенти (сарвари) хазина модари Рамзан Қодиров-Аймани мебошад. Дар сайти хазина қайд шудааст, ки "аз ҳисоби хайрияҳои ихтиёрии соҳибкорон, тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат бо дастгирии хазина дар ҷумҳурӣ сохтмони бузургҳаҷми манзил, пулҳо, роҳҳо рафта истодааст. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи бекорӣ, офатҳои табиӣ ва садамаҳо, моҷароҳои мусаллаҳона зарар дидаанд, кӯмак расонида мешавад". Бешубҳа, ҳадафҳо ва бисёр корҳои анҷомдодаи хазина боиси хушнудист. Вале маълумоти охирин оиди лоиҳаҳои амалишуда дар сайт декабри соли 2007 санагузорӣ шудаанд, маълумоти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории хазинаро бошад, умуман дарёф сохтан мумкин нест.

ӣ гуна хазинаи ба номи Аҳмад Қодиров пур мегардад, танҳо ба Парвардигор ва албатта, ба Рамзан маълум аст, -мегӯяд манбаи "Деньги". -Асламбек Аслаханов, ки ҳанӯз соли 2006 оиди ин мавзӯъ бо амрикоиён сӯҳбат намуда буд, баъди ошкор гаштани "досьеи чеченӣ" дар WikiLeakc дар ҳолати ногуворе монд -ӯ маҷбур гардид иқдоми худро ба иҳотаи Қодиров "фаҳмонад". Оиди ин тамоми чеченҳо медонанд ва барои ҳамин ҳам ҷуръати лаб во карданро надоранд.

Манбаъ дар назар воқеаи пурмоҷарои нашри "досьеи чеченӣ"-ро аз моҳи декабри соли 2006 дар WikiLeaks аз ҷониби собиқ сафири ИМА дар Русия Уилям Бернсро дорад. Дар он Бернс менависад, ки Қодиров қадам ба қадам тамоми вуруди маблағҳое, ки пеш федеролиҳоро таъмин мекард, зери назорати худ гирифтааст ва чун падараш, мехоҳад нафти чечениро низ назорат бикунад. Маблағҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ӯ ҳамчун "ҳадя барои тинҷӣ" мешуморад.

Ба суханони мушовири Қодиров -Асламбек Аслаханов ишора намуда, Бернс ақидайе изҳор менамояд, ки "Қодирови хурдӣ то сеяки тамоми кӯмаки молиявиеро, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ба дасти худ мегирад".

Моҳи сентябри соли гузашта вазири молияи Ҷумҳурии Чеченистон Эли Исаев чунин ҳаҷми буҷаи ҷумҳуриро пешкаши сомеъон намуд (барои соли 2011), қисми даромад 9 млрд 362 млн, хароҷотӣ-63 млрд 149 млн рубли русӣ. Ҳамин тариқ, кӯмакпулиҳо (дотатсияҳо) ба ҷумҳурӣ анқариб 54 млрд рублро ташкил мекунанд, ки ба маълумотҳои расмии Вазорати молия (13,07 млрд рубл) барои соли 2010 ҳеҷ мувофиқат намекунанд.

Мошиндӯстдори баландмартаба

-Маълум нест, ки сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров сарватмандтарин губернатори Русия маҳсуб мегардад ё на. Аммо он, ки ӯ беш аз ҳама дӯст медорад имконияти молиявиашро нишон бидиҳад, ҷойи шубҳа нест, -мегӯяд директори Институти (Донишгоҳи) стратегияи миллӣ, сиёсатшиос Станислав Белковский. Вале даромади расмии Қодиров, чуноне ки дар доираи ҳукуматдории Русия маълум аст, аз сатҳи муқаррарии даромадҳои сардорони дигар минтақаҳо боло нест.

Тибқи декларатсия (эъломия) оиди даромад ва амволе, ки барои соли 2010 дода шудааст (дар омади сухан, ин эъломия аз солҳои 2009 фарқияте надорад), даромади  Рамзан Қодиров дар ҷойи асосии кораш 4 млн 191 ҳазор 138 рублро ташкил дод (даромади миёнаи кормандони маъмурияти президент, аъзои ҳукумат ва губернаторҳо -3-4 млн рубл).

-Аз амволи ғайриманқул ба номи Рамзан Қодиров бо шартҳои иҷораи иҷтимоии бебозгашт ҳуҷраи бо майдони умумии 36 метри квадратӣ сабт гардидааст, -гуфта мешуд дар сайти раисҷумҳур. Аз он маълум мегардад, ки Қодиров ягон мошин надорад. Соли 2009 дар декларатсияи Рамзан Қодиров мошини ВАЗ-210539 қайд шуда буд.

Аммо ба эъломияҳои даромади зимомдорони Русия касе кайҳо боз боварӣ надорад. Чӣ гуна ба эъломия оиди "Жигулӣ" бовар намуд, вақте ки соати дастии Қодиров истеҳсоли ширкати Bovet бо қолаб аз тиллои сафед тибқи маълумоти "Ведомости" 300 ҳазор доллар нарх дорад? Моҳи майи соли 2009 сардори палатаи баҳисобгирии Русия Сергей Степашин дар барномаи хабарии "24" шабакаи "Рен-ТВ" эъломияи Қодировро чунин шарҳ дод: "Қодиров тамоми ҷумҳуриро моли шахсӣ намудааст. Барои ҳамин зинҳор оиди ӯ ғусса нахӯред".

Сайти Рунетро моҳи феврал суратҳо (аксҳо)-и қароргоҳи раисҷумҳури Чеченистон дар деҳаи авлодиву аҷдодии Қодировҳо- Сентарой зеб дод - шаҳомату шукӯҳи он касро ба ҳайрат меорад. Ва ВАЗ-21053, ки гӯё ягона мошини шахсии щоҳзода Рамзан аст, таҳқире беш наменамояд: муҳаббати асосии ӯ -автомобилҳои гаронбаҳо ба ҳар касе, ки ақаллан як бор "кортежи президентӣ"-ро дидааст, маълум мебошад.

Ҳанӯз соли 2008 яке аз фаъолони ҳаракати "Солидарность" Иля Яшин дар блоги худ навори гузашти кортежи Рамзан Қодировро, ки тахмин аз 50 мошин иборат буд, маърази истифодабарандагони шабакаи интернет қарор дод. Дар наворҳо то даҳ BMW, нӯҳ Porsche Cayenne, ду Mersedes-BenzS-klasse  ва якчанд Mersedes G-klasse, ҳашт Lexus LX-470, бар замми ин анқариб понздаҳ "Волга"-ву "Жигули"-ҳо (албатта, муделҳои навашон- «Дунё») дида мешаванд. Нархи тахминии кортежро муаллифи блог ба 2 млн евро ҳадс задааст. Фақат нигоҳубини ин мошинҳо, тибқи баъзе ҳисобот, 10-12 ҳазор долларро дар як рӯз ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, моҳи марти соли ҷорӣ блогер Рустам Адагамов дар www.drugol.livejournal.com\3519188.html аксҳои панҷ MercedesE350 4 Matic (нархи ҳар кадомаш -85 ҳазор доллар)-и навро нишон дод, ки барои баталёни таъиноти махсуси "Грозний", ки шахсони воломақоми ҷумҳуриро муҳофизат мекунад, харидорӣ шудаанд. Соли 2005 бошад,рӯзноманигори маҷаллаи GA, ки бо Қодиров дар хонаи аҷдодиаш воқеъ дар Сенторой мусоҳиба мекард, дар истгоҳи назди ҳавлии президент мушоҳида намуд, "-он ҷо Nummeru  сиёҳ, ҷип Lexus ва якчанд мошини варзишӣ қарор гирифтаанд".

Муҳаббати кӯҳистонии ҳақиқӣ ба мошинҳои гаронбаҳо ҳиссиёти қафқозиро ба аспҳо чун дар замони пешин мемонад. Рамзан Қодиров бомуваффақ ҳам ину ҳам онро дар худ таҷассум кардааст. Ӯ дар ихтиёри худ галаи аспҳои олидараҷаро дорад. Соли 2006 Қодиров дар сӯҳбат бо хабарнигори махсуси рӯзномаи "Жизнь" бо он мефахрид, ки дорои ҳашт тойи хушзот аст, ки миёни онҳо аспи инглисӣ Ҷасил дӯстдоштатаринаш мебошад. Баъдан мутахассисон онҳоро аз 300 ҳазор то 2,5 млн доллар барои як асп нархгузорӣ намуданд. Ҳангоме, ки дар Дубай ба ҷони Сулим Ямадаев сӯиқасд ташкил карда шуд, аспҳои қодировӣ дар пойгоҳи ин кишвар ширкат доштанд. Барои даст доштан дар ин ҷиноят ҳукуматдорони маҳаллӣ шахси иронитабор -Маҳдӣ Лорниёро дастгир намуданд, ки ӯро Қодиров аспбонӣ худ бихонд.

-Саис боздошт гардид. Аспҳои қимматбаҳо бе нигоҳубин мондаанд, -афсӯс хӯрда буд он вақт Қодиров.

Октябри соли 2007, дар арафаи зодрӯзи хеш, тибқи маълумоти ВАО, Қодиров аспи арабие бо лақаби Эселмдиш харидорӣ намуд, ки нархи он қариб як  миллион долларро ташкил дод.

-Ғайр аз аспҳо Рамзан Қодиров футболро низ дӯстмедорад. Манбаи асосии маблағгузории дастаи "Терек", ки дар премьер-лигаи Русия баромад мекунад, ҳамон хазинаи ба номи Аҳмад Қодиров аст. Даста дар Кисловодск зист ва тамрин мекунад, барои он майдонҳои машқӣ ва пансионат ба иҷора гирифта шудаанд,- қайд мекунад Станислав Белковский.

Барои гузаронидани бозиҳои "хонагӣ" даста ба Грозний тавассути хатсайри чартерӣ парвоз мекунад, ҳол он кимасофа байни ин ду шаҳр ҳамагӣ 340 км-ро ташкил медиҳад. Худи Рамзан Қодиров президенти "Терек" мебошад.

Дар аввали сол ба мақоми мураббии асосии команда шахсияти дар олами футбол маъруф -ҳолландӣ Рууд Гуллит даъват карда шуд. Маблағи созишнома, тибқи баъзе маълумот 5 млн евро дар як солро ташкил медод. Вале Гуллит бо Қодиров ба мувофиқанаомаданд- барои он ки раисҷумҳури чечен ҳайати асосиро худаш муайян сохтанро дӯст медошт. Худи Гуллит онро пинҳон намедошт, ки ба Чеченистон барои "пул ва саргузашт" омадааст, баъди силсилаи бозиҳои бебарор ба истеъфо равона карда шуд.

Ҳамчунин соли ҷорӣ дар шаҳри Грозний ду бозии футбол доир гардид, ки диққати оммаро ба худ ҷалб намуд. Аввал дар арафаи 8 март Рамзан Қодиров ветеранҳои бразилӣ-қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба футбол дар соли 1994 ба бозии рафиқона бо дастаи сарвари Чеченистон даъват кард. Ба ҳайати ин даста аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ва бозингарони маъруфи русиягӣ шомил гаштанд. Тибқи гуфтаҳои Қодиров сухан оиди ҳақмузди бозингарони бразилиягӣ намерафт "Онҳо кори хубу бародаронаро иҷро намуданд, хоҳиши омадани онҳо амали савоб буд". Вале дар мусоҳиба ба нашрияи бразилиягии Globoesporte яке аз қаҳрамонон -Ромарио суханони Қодировро рад намуд. Ӯ гуфт, ки агар ба ӯ маблағи калон намедоданд, ӯ ҳеҷ гоҳ ба Чеченистон намерафт.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба шарафи кушодашавии варзишгоҳи бошукӯҳи "Аҳмад-Арена" Қодиров бозие ташкил намуд, ки барои иштирок дар он чунин футболбозони маъруфи солиёни гузашта, чун Диего Марадона, Фабьен Бартез, Франко Барези, Луши Фигу, Иван Саморано, Ален Богослян ва Жанпьер Папен даъват шуда буданд. Ҳамчунин сарояндагони замоне машҳур -Тото Кутуньо, Ал Бано, Ваннесса Мэй ва С.С.Catch низ даъватӣ буданд. Ташкилкунандагони бозӣ пинҳон насохтанд, ки футболбозонро бепул даъват насохтаанд, вале қайд намуданд, ки барои ин ягон рубл аз буҷа масраф нагардид. Чуноне ки маълум гашт, ҳузури ин ситорагонро тоҷири чечен ва ноиби президенти "Терек" Булат Чагаев маблағгузорӣ намудааст.

Дар сужаи худ шабакаи фаронсавии Canal+  нишон дод, бозингароне, ки тайёраи хатсайри Грозний-Женеваро мунтазир буданд, ғайричашмдошт аз сардори милитсияи маҳаллӣ соатҳоидастии гаронбаҳо тӯҳфа мегиранд.

Масалан, соате, ки насиби Ален Богосян гардид, бо бриллиантҳо кошинкорӣ шуда буд. Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешуд, аксарияти ситорагони даъватшуда ба сифати тӯҳфа бузургтар маблағеро ба даст овардаанд, магар ки соатҳои гаронбаҳо. Иван Саморано назди дастгоҳи банаворгирӣ иқрор гардид, ки соҳиби маблағи калоне шудааст. Бино ба гуфти Canal+ Марадона 1 млн евро гирифтааст, дигарон ба ҳисоби миёна ҳар кадомашон аз 20 то 50 ҳазор евро ба даст овардаанд.

Футболбози тозадаъватгардидаи "Терек" Ҷонатан Лежар иқрор гардид, ки ба гузаштан ба ин даста хеле хурсанд аст. Собиқ бозингари "Андерлехт" нақл намуд чӣ гуна раисҷумҳури Чеченистон ба даста муносибат дорад.

Суханони ӯро нашрияи Het Nieuwsblad айнан овардааст: "Бояд он қасре, ки 550 м2 майдонаш асту ман алҳол дар он зиндагӣ мекунам, дид. Дар он шаш ҳуҷраи хоб, ошхонаи бузург, сауна, ҷакузи ва боғи калоне барои саги ман воқеъ аст. Ҳамаи ин дар паси деворҳои баландест бо дарвозаҳои барқӣ. Ин ба ман хонаеро дар Ҳолливуд мемонад. Пеш дар ин ҷо Рамзан Қодиров зиндагӣ мекард. Ҳоло ин қаср ба ӯ лозим нест.Ман ҳеҷ шикояте надорам. Президент дастаро эрка кардааст. Рафиқони ман дар даста нақл менамуданд, ки ӯ пайваста баъди итмоми бозӣ ба ҷойи либоспӯшии бозингарон даромада то се маротиба ҳаҷми мукофотпулиро зиёд мекунад. Ва ё ӯ метавонад баъди бозӣ ба бозингарони беҳтарин 75 ҳазор евро ба ҳар кадомаш бидиҳад. Ӯ метавонад соати гаронбаҳо ё мошин ҳадя бикунад.

Ҳамдастагони нави ман мегӯянд, ки оиди бехатарӣ дар Чеченистон мушкилие нест. Қодиров ҳама кӯшишҳоро нисбати ҳифозати бозингарони "Терек" ба харҷ медиҳад. Масалан, пойгоҳи машқии дастаро пулис муҳофизат мекунад.

Ман на дар Грозний, балки дар Кисловодск зиндагонӣ мекунам. Ин шаҳри истироҳатиест, ки 250 км дуртар аз пойтахти Чеченистон воқеъ аст".

Сарпарасти истеъдодҳо

Боз як дилбастагии Рамзан Қодиров -ситорагони шоу-бизнес, чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ ҳастанд, ки онҳоро сарвари чечен дӯст медорад ба чорабиниҳои худ даъват бисозад. Онҳо одатан ин даъватҳоро рад намесозанд ва ба камоли майл ба сафарҳои кӯтоҳмуддат ба ин ҷо меоянд.

Моҳи январи соли 2005 бо даъвати Қодиров ба ҷумҳурӣ Наталя Ионова (тахаллуси саҳнавиаш Глюкоза), Ксения Собчак ва гурӯҳи "Звери" омада буданд. Консерт дар клуби варзишии "Рамзан" ба шарафи оғози сохтмони аквапарк ва маҷмааи дилхушӣ дар Гудермес баргузор гардид. Тибқи маълумоти ВАО, ташкилкунандагон дар маҷмӯъ барои гузаронидани ин чорабинӣ зиёда аз 5,5 миллион евро масраф намудаанд.

Сентябри соли 2005 боксчии амрикоӣ барои сафараш ба Гудермес бо даъвати Рамзан Қодиров, бино ба маълумоти ожонсии Caucasustimes.com, 2 миллион доллар гирифтааст. Зебогии занона дар Қафқоз нархи баланд дорад: тақрибан ҳамин қадар маблағ ба сафари Грозний иштирокчиёни озмуни зебоӣ миёни занони шавҳардор "Миссис мира-2007", ки дар Сочӣ мегузашт, сарф карда шуд.

Моҳи октябри соли 2005 ба президенти иттифоқи байналхалқии КВН Александр Масляков аз номи президенти Чеченистон медали "Барои хизматҳои арзанда назди Ҷумҳурии Чеченистон" супурдаанд. Ба капитанҳои се дастае, ки дар Чеченистон баромад намуда буданд, яктои мошини тамғаи ВАЗ 21010 тӯҳфа карда шуд.

Баъд аз иштирок дар чорабинии солинавие, ки январи соли 2008 дар Чеченистон баргузор гардид, ҳиммати Рамзан Қодировро тавонистанд стилист Сергей Зверев, сароянда Дима Билан ва продюсери ӯ Яна Рудковская баҳо диҳанд. Ба Сергей Зверев соат бо нархи 100000 доллар тӯҳфа карда шуд. Зверев баъдан худаш низ инро тасдиқ намуд:

 -Чунин тӯҳфаро интизор набудам, ин барои ман чун раъду барқ буд!

Ба Яна Рудковская бамуносибати зодрӯзаш худрави Porsche Cayenne Turbo, ки нархаш 250 ҳазор доллар аст, ҳадя гарид ва ВАО дарҳол аз ҳиммати бемисли сарвари чечен хабар доданд.

Баъди бархостани ҳангома Қодиров кӯшиш намуд,худро аз далели додани тӯҳфаи гаронбаҳо дур бигирад. Дар мусоҳиба ба шабакаи родиёии "Эхо Москвы" ӯ гуфт, ки "мошинро як тоҷири сарватманде, ки исмашро намехоҳам ба забон орам, ҳадя намудааст.

Албатта, дар бобати тамоми азҳадгузарониҳое, ки сарвари Чеченистонба худ раво мебинад, маълумот пайдо намудан душвор аст. Вале ҳатто он масрафҳое, ки ошкор шудаанду ВАО борҳо дар бораашон навиштаанд (бе баҳисобгирии қасри бошукӯҳи Сенторой) маблағи ҳангуфтеро ташкил медиҳанд. Оқибаташ ба хайр бошад!

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi