22:56:33 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАВҚУ РАҒБАТИ ДӮСТДОРОНИ НАФТ ДАР АТРОФИ ЭРОН

Людмила Морозова, Голос Россия

Сатрҳои гузориши МАГАТЭ перомуни он, ки Эрон то соли 2003 корҳоро доир ба сохтани силоҳи ҳастаӣ идома медод ва мумкин аст ҳоло ҳам онро қатъ накарда бошад, тамоми чаҳонро ба ҳаяҷон овард. Аллакай дар ВАО хабарҳое пайдо шуданд,ки Исроил мумкин аст охирҳои соли равон ва ё аввалҳои соли оянда ба иншоотҳои ҳастаии Эрон зарба занад. Дар ин бора рӯзномаи бритонии "Дейли Мейл" хабар додааст.

/images/stories/2011/11/29_naft-iron_291111.jpgҲанӯз пеш аз интишор шудани гузориши МАГАТЭ хабар расид, ки сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу кӯшиш дорад дастгирии аксарияти вазирони калидиро барои баргузории амалиёти ҳарбӣ зидди Эрон соҳиб шавад. Дар пасманзари ин коршиносони ҷаҳонӣ ба ҳисобу китоби зарарҳои эҳтимолӣ аз зарбаи ҳарбии Исроил ба иншоотҳои ҳастаии Эрон оғоз намуданд. Лекин сухан дар бораи қурбониҳо байни аҳолии осоишта намеравад, ки дар чунин ҳолатҳо пешгирӣ карданаш номумкин аст. Дар рӯзномаи муҳокимаҳо танҳо як масъала меистад -нархи нафт.

Таҳлилгарон аллакай ҳисоб кардаанд, ки дар ҳолати сар задани муқовимати ҳарбӣ байни Исроилу Эрон нархи "тиллои сиёҳ" то моҳи марти соли 2012 ба 200 доллар барои як баррел мерасад ва баъзе шаккокон мегӯянд, ки нархи он то ба 290 доллар барои як баррел расиданаш мумкин аст. Аллакай имрӯз дар пасманзари тахминҳо перомуни он, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ дорад ва нерӯҳои исроилӣ ният доранд онро несту нобуд созанд, арзиши як баррел нафти навъи "Brent" то ба 115 доллар расидааст.

Ва ин новобаста ба он, ки дар истеҳсоли чунин навъи ашёи хоми карбогидрид Эрон аз кишварҳои пешсаф ба шумор намеравад, тахмин мекунад коршиноси Русия Денис Борисов. Имрӯз кишвари номбурда дар як шабонарӯз тақрибан 4 миллион баррел нафт тавлид мекунад, ки аз он ду миллионашро ба хориҷа мефурӯшад. Ин аз тавозуни умумиҷаҳонӣ аз 2 % каме бештар аст. Лекин Эрон бартарии дигар дорад, меафзояд коршинос:

Ин мамлакат гулӯгоҳи Ормуз-дарвозаи Халиҷи Форсро таҳти назорати худ дорад. Тамоми нафти истеҳсолшудаи минтақа, ки аз тариқи Халиҷи Форс интиқол мешавад, дар як шабонарӯз тақрибан 15-20 миллион баррелро ташкил менамояд. Агар ҳамин миқдор дар нафт ба бозор дохил нашавад, метавонад боиси сактаи ҷиддӣ ва камбуди нафт дар бозори ҷаҳонӣ гардад. Ин, албатта, якбора боло рафтани нархи ин сӯзишвориро таҳрик медиҳад. Вале баробари ин то охир маълум нест, ки вазъият нисбати Эрон чӣ хел вусъат меёбад.

Дар мисоли ҷанги байни Эрону Ироқ ба хотир овардан мумкин аст, ки ҳамон вақт ҳам ба ташкили ҷанги танкерӣ (киштиҳои нафткашон) кӯшиш шуда буд. Лекин вай характери глобалӣ ва миқёсан васеъ нагирифт. Алҳол танҳо метавон гуфт: агар амалиётҳои ҳарбӣ шурӯъ шаванд, метавонад боиси ҳаннотона болоравии қимати нафт гардад. Баъд иштирокдорони бозор паёмадҳои имконпазирро арзёбӣ хоҳанд кард". Бо вуҷуди ин набояд вазъияти ҷориро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ даруни қавс гузошт.

Ҳеҷ кас шубҳа надорад, ки аз 150 доллар зиёд шудани нархи нафтро на иқтисодиёти Амрико кашола карда метавонаду на иқтисодиёти Аврупо, махсусан ҳозир, ки проблемаҳои калони қарзӣ вуҷуд доранд. Лекин ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо ҷанги эҳтимолии байни Исроилу Эрон ба ҳарос овардааст. Дар матбуот бо истинод ба манбаъҳо дар ҳукумати Бритониё хабарҳо пайдо шудаанд, ки агар Эрон соҳиби силоҳи ҳастаӣ шавад, бо он Туркия ва Арабистони Саудӣ пайравӣ хоҳанд кард. Во он вақт дар харитаи ҷаҳон лоббии тавонои ҳастаӣ дар Ховари Наздику Миёна пайдо мешавад. Баробари ин муқобалаи наве ба вуҷуд меояд, ки сенарияи инкишофи онро пешгӯӣ кардан душвор аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi