21:47:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РУСИЯ ВА НАТО ДАР ХОВАРИ НАЗДИКУ МИЁНА

Гумер Исоев, Столетия

Баррасии танқидии фаъолияти НАТО дар маҷмӯъ маҳз дар контексти корҳои воқеӣ, ки ин созмон амалӣ мекунад, мумкин аст ва ин имрӯз амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистону Либия мебошад. Ва маҳз дар ҳамин ҷой Русия, агар вай ҳоло ҳам давлати бонуфуз будан хоҳад, бояд ба он иштибоҳҳою ғалатҳои эътилоф диққат диҳад, ки боиси носуботии пурзӯри сиёсӣ мешаванд, аз ҷумла дар сарҳадҳои ФР.

/images/stories/2011/12/05_nata-russia_2011.jpgМаҳз Русия бояд танқидкунандаи асосӣ ва бешафқати ин созмони ҳарбӣ-сиёсие бошад, ки фаъолияташ дар баъзе самтҳо ба амнияти глобалӣ хатар ба вуҷуд меорад. Чанде пеш муяссарам шуд дар назарпурсие иштирок кунам, ки "atlanticcommunity" доир карда буд ва ба муносибатҳои Русияву НАТО ихтисос дошт. Бо мақсади муайян кардани муносибати элитаи зеҳнии Русия 103 одам -намояндагони макотиби олӣ ва марказҳои тадқиқотӣ мавриди пурсиш қарор гирифтанд.

Хушбинии бештарро байни пурсидашудагон ҳамкориҳои Русияву НАТО доир ба амалиёт дар Афғонистон ба вуҷуд овард -аз се ду ҳиссаи онҳо ин ҳамкориро дастгирӣ мекунанд, 17 %-и дигар чунин меҳисобанд, ки Русия бояд НАТО-ро боз ҳам бештар дастгирӣ кунад. Маҳз ҳамин нукта боиси ҳайрати ман гардид ва маро маҷбур сохт, то чанд саволи муҳимро дар контексти муносибатҳои Русияву НАТО ба миён гузорам.

Саволи якум: Оё баъди 10 соли оғози амалиёт перомуни муваффақиятҳои НАТО дар Афғонистон метавон сухан кард? Чанде пеш ба қатл расидани Усома ибни Лоданро муваффақияти калон ҳисоб кардан даргумон аст, зеро вазифаи асосии эътилофи Атлантикаи Шимолӣ ҳеҷ гоҳ қасос барои ҳодисаҳои 11-уми сентябр набудааст.

Муроҷиат мекунем ба сарчашмаҳои аввал ва аз онҳо бармеояд, ки вазифаи расмии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон барқарор кардани контроли режими кунунии Кобул дар тамоми ҳудудҳои Афғонистон будаасту мебошад. Ин вазифа бе несту нобуд кардани ҷунбиши "Толибон" иҷронашаванда аст. Давоми 10 соли ҳузури НАТО дар Афғонистон новобаста ба изҳороти мунтазами амалдорони баландпояи низомӣ перомуни муваффақиятҳои калони эътилоф торумори "Толибон" ба вуҷуд наомад.

Баръакс, сухан ҳарчи бештар дар бораи муваффақиятҳои толибҳо ва зери контроли боэътимоди онҳо будани як қатор маҳалҳои аҳолинишин меравад. Ҳузури беш аз даҳсолаи НАТО дар Афғонистон бештар ба ишғолгарии бади гаронбаҳо монанд аст, на ба амалиёти самарабахши зиддитеррористӣ, ки мақсад аз он наҷоти Афғонистон аз толибҳо ва харобиҳои бисёрсола мебошад.

Дар пасманзари тахрибкориҳои (диверсияҳо) беохир аз ҷониби толибҳо, куштори сиёсатмадорони намоён (раисҷумҳури собиқ Раббонӣ), куштори тасодуфии сокинони осоишта, худи номи нерӯҳои байналмиллалии мусоидат ба амният (ISAF), ки дар Афғонистон ба он НАТО фармондеҳӣ мекунад, хандаовар ба назар мерасад -бо назардошти характери сустии амалиётҳои ҳарбӣ, ки ҳатто ба амнияти худи 132 ҳазор афсару сарбози ISAFбо душворӣ мусоидат мекунанд.

Сустию заифии амалиётҳои ҳарбӣ бо рақамҳои ками талафот дастгирӣ мешаванд, ки ҳаргиз намунаи дастнорас будани сарбозони контингент нест, балки далели ҳузури камфаъоли онҳо, адами амалиётҳои ҷиддии нерӯҳои хушкигард ва роҳбарии кӯр-кӯронаи роҳбарият бар он мебошад, ки бо нерӯҳои авиатсия дар тамоми ҷанг ғолиб омадан мумкин аст. Авиатсия аллакай зиёда аз даҳ сол боз Афғонистонро бо ҷидду ҷаҳд бомбаборон мекунад, вале ягон пешравии воқеӣ ба назар намерасад. Муваффақияти НАТО-ро дар Афғонистон ғайриқаноатбахш баҳо додан мумкин аст.

Дар сомонаи НАТО (NATO.int), дар бахше, ки ба амалиёт дар Афғонистон бахшида шудааст, суратҳое ҳастанд, ки низомиҳои эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дасти сокинони маҳаллиро мефишоранд. Таблиғоти хеле ғайрибоварибахш аст ин, зеро қисми калони афғонистониҳо ба ҳузури НАТО муносибати манфӣ доранд ва "Толибон"-и "бомуваффақият торуморшуда" бо дастгирии ҳамин сокинони маҳаллӣ онҳоеро, ки барои наҷот додани кишвар аз толибҳо омадаанд, маҷбур месозад то дар ҳалқаи сегонаи мудофиа бишинанд. Аз ҳамин сабаб сарбоз дар як акс дасти мӯйсафеди маҳаллиро мефишорад ва дар акси дигар бо ваҳму ҳаросавтоматро.

Саволи дуюм: Русия аз ҳамкориҳои абстрактӣ бо НАТО дар Афғонистон чӣ мегирад? Перомуни индар сатҳи олӣ хеле зиёд сухан мегӯянд ва хеле кам одамон шубҳа доранд, ки ҳамкориҳои Русияву НАТО дар ин самт муҳим аст. Манбаъҳои расмии НАТО қайд мекунанд, ки яке аз бахшҳои асосии ҳамкорӣ мубориза бо наркотрафик аз тариқи сарҳадҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказии ИДМ мебошад.

Бидуни шубҳа, маҳз маводи мухаддир, на толибҳо, хатар ба амнияти Русия маҳсуб мешавад. Вале агар боз ин сафсатаҳои расмиро як сӯй гузорем ва натиҷаҳои ҳамкориҳои Русияву НАТО-ро дар мубориза бо маводи мухаддир аз нуқтаи назари танқидӣ арзёбӣ кунем, ба хулоса меоем, ки вай на танҳо самарабахш нест, балки контрпродкутивист -истеҳсоли ҳероин ҳамасола зиёд мешавад.

Омори даҳшатовар худ гувоҳи ин аст -аз соли 2002 то ба ин ҷониб истеҳсоли тарёк дар Афғонистон 44 маротиба зиёд шудааст. Танҳо соли равон ҳосили кӯкнор дар Афғонистон 61 % зиёд шуд ва қисми зиёди он дар шакли ҳероин аз тариқи марзҳои сустмуҳофизатшавандаи Афғонистон ба Русия интиқол мешавад, ки аз ҷиҳати нашъамандии ҳероинӣ дар ҷаҳон мақоми аввалро ишғол мекунад. Мубориза бо истеҳсоли тарёк гумон намекунам, ки барои НАТО зӯрнорас бошад. Бо назардошти он, ки НАТО ба бомбаборонкунӣ майлу рағбати зиёд дорад, масъалаи несту нобуд кардани майдонҳои кӯкнор, ки ҳатто аз кайҳон дидан мумкин аст, кори душвор нест.

Ҳалли масъалаи кӯкнор кори бисёрсола ва масрафи калонро талаб намекунад. Ҳастанд мисолҳои ҳалли самарабахши проблемаи маводи мухаддир аз тарафи худи ҳамон ИМА, ки дар Колумбия майдонҳои кишти маводи мухаддирро несту нобуд кардааст. Боз ҳаст мисоли дигар аз таърихи Афғонистон. Роҳбарияти "Толибон" солҳои 2000-2001 дар назди худ чунин мақсад гузошта, тавонист дар як мӯҳлати кӯтоҳ истеҳсоли кӯкнорро ба маротиб коҳиш диҳад.

Ҳамон вақт толибҳо тавонистанд давоми як сол истеҳсоли кӯкнорро даҳ маротиба кам кунанд ва аз 2200 тонна ба 185 тонна расонанд. Вале баъди амалиёти "Озодии шикастнопазир" афзоиши ин заҳри қотилро ҳеҷ кас пешгирӣ карда натавонист ва аллакай соли 2007 8200 тонна кӯкнор ҷамъоварӣ шуд. Озодиро сокинони Афғонистон надиданд, вале онро истеҳсолкунандагони маводи мухаддир ҳис карданд, бо истифода аз он, ки "Толибон"-ро нерӯҳои НАТО шикаст доданд.

Хандаовар аст набудани мандат ба нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон барои несту нобуд кардани майдонҳои кишти кӯкнор. Давоми 10 сол ҷомеаи ҷаҳонӣ додани чунин мандатро лоиқ надонист. Лекин намояндагони НАТО барои сафед кардани беамалии худ далелҳои мӯътамад доранд: "Мо наметавонем ба он роҳ диҳем, ки сокинони яке аз кишварҳои қашшоқтарини дунё барои зиндагӣ бевасила монанд ва бар ивазаш чизе нагиранд", Ин суханҳои пур аз тараҳҳумро намояндаи НАТО Ҷеймс Аппатура дар маҷлиси васеи Шӯрои Русия -НАТО 24-уми марти соли 2010 дар Брюссел баён кардааст.

Мантиқи суханҳои намояндагони НАТО фаҳмост -эътилоф намехоҳад ба чораҳои ғайримаъруфе рӯй орад, ки боиси қаҳру ғазаби қишри муҳим ва бонуфузи табақаи иҷтимоӣ-наркофермерҳои боқуввати Афғонистон мегарданд. Зеро агар онҳоро аз бизнеси хоксорона маҳрум кунанд, онҳо дӯст доштани НАТО-ро бас менамоянд ва ин ба фоидаи "Толибон"-и машҳур хоҳад шуд ва он метавонад дар Афғонистон ба ғолибият муваффақ гардад.

Хоксории аз ҳад зиёди сиёсатмадорон ва ходимони ҷамъятии Русия дар баррасии мавзӯи Афғонистон ҳам муддати дароз нофаҳмо мемонд. Бале, ҳама мегӯянд, ки наркомания афзоиш меёбад, вале баробари ин кам одамоне ҳастанд, ки онро ошкоро ба ҳузури НАТО дар Афғонистон иртибот медиҳанд, ҳарчанд вобастагии аз ин бештар мустақимро тасаввур кардан душвор аст. Лекин вақтҳои охир баъзе амалдорони Русия ҷуръат пайдо кардаанд, ки НАТО-ро танқид намоянд.

Бар хилофи элитаи зеҳнии Русия, ки аз "ҳамкориҳо дар Афғонистон" ба ваҷд омадаанд, онҳо бо проблемаҳои воқеӣ сару кор доранд. Аммо ҳатто муборизи асосии Русия бо маводи мухаддир -сарвари Хадамоти федеролии контроли маводи мухаддир В.Иванов, яке аз аввалинҳое, ки дар бораи "хизматҳо"-и НАТО дар масъалаи наркотрафик садо баланд кард, ба ҳар ҳол дар изҳори андеша эҳтиёткор аст.

Бо вуҷуди ин ишораҳо дар изҳоротҳои ӯ рӯшан ба назар мерасанд: "Созмони фаромиллии наркодавлат ва наркоиқтисодиёт дар Афғонистон он далели фундаменталиро инъикос мекунад, ки истеҳсоли маводи мухаддир дар ноҳияҳои ҷанубии сайёра бемайлон аз шиддатнокии геополтикӣ пайравӣ мекунад, ки пеш аз ҳама аз ҷиҳати ҳузури ҳарбии хориҷӣ ба вуҷуд омадааст".

Моҳҳои охир ба Иванов вазири умури хориҷии Русия Лавров ҳамроҳ шудааст. Вай бо қаҳру ғазаби бештар камфаъолии нерӯҳои байналмиллалиро дар масъалаҳои мубориза бо майдонҳои кишти кӯкнор қайд мекунад. Лекин сиёсатмадорони Русия аз сарҳади муайяни одобу назокат берун намераванд, зеро расман Русияву НАТО ҳамкориҳои пурмаҳсул доранд.

Ба назари ман ин одобу назокат тамоман ноҷой аст -40 ҳазор русиягие, ки ҳар сол аз ҳероин мемиранд, сабаби хубест барои боодоб набудан. Намояндаи Русия дар НАТО Д.Рогозин чанде пеш нисбатан  самарабахш изҳори андеша кард, вале ба ҳар ҳол боодобона: "Чӣ хеле ки мегӯянд, фаҳмою равшан маслиҳат кардан лозим. Перомуни кӯмаки НАТО ба мо дар масъалаи ҳероин аҳду паймон бояд кард".

Русияро лозим аст, ки авлавиятҳоро аниқ муайян кунад -вай дар Афғонистон бештар аз чӣ ҳарос дорад ва хатари стратегиро дар чӣ мебинад? Ҷавоби ин савол маълум аст -хатари асосӣ барои Русия ин ҳероини афғонист. Ва мумкин аст агар толибҳо аз вайрон кардани "афкори ҷамъиятӣ"-и Афғонистон нисбати худ натарсанд ва мисли солҳои 2000-2001 ҳазорҳо гектар майдони кишти кӯкнорро несту нобуд кунанд, барои Русия маънӣ дорад барқарор намудани ҳамкориҳо бо онҳо?

Дар мавриди иштироки НАТО дар ҷанги дохилии Либия метавон гуфт, ки дар ин ҷой вазъият дар муқоиса бо Афғонистон хеле бештар шаффоф аст. НАТО бори дуюм баъди Югославия дар сарнагун сохтани режимҳои барои Ғарб номатлуб иштирок намуд ва ин корро бории дигар зери пардаи қатъномаи СММ ба сомон расонд, ки мазмунан шубҳаовар аст ва дар он ягон хел дастур ба ҳуҷуми ҳарбӣ вуҷуд надорад. Дар натиҷа пешгирии парвозҳои авиатсияи Либия ва "муҳофизати шаҳрвандони осоишта" ба амалиёти фачи ҳарбӣ оид ба сарнагун кардани режими давлати соҳибистиқлол бо тамоми оқибатҳои аз он бароянда табдил ёфт.

Танҳо ҳайрон шудан аз зудбоварӣ ва ё бешармии сарвари НАТО Фог Расмуссен боқӣ мемонад. Вай изҳор дошт, ки давоми амалиёти НАТО дар Либия ягон намояндаи аҳолии мулкӣ зарар надидааст. Ин баъди бомбаборонҳои сахти Триполи ва Сирт, ин баъди иштироки хизматчиёни ҳарбии баъзе давлатҳои узви НАТО дар амалиётҳои ҳарбии заминӣ!Лаҳни ҳақиқатан гоббелии намояндагони баландпояи НАТО маҷбурменамояд сари он андеша кунем, ки умуман идеяи амнияти дастаҷамъии атлантикӣ куҷо равон аст. Ва ин "амният" чӣ хел дар кишварҳои дур аз Атлантика барқарор карда мешаванд.

Ҷолиби диққат аст, ки фармондеҳии НАТО дарҳол баъди қатли Муаммар Қаззофӣ поёни амалиёти ҳарбиро дар Либия эълон карда гӯё бо ин гуфтанӣ аст, ки маҳз ҳамин чиз, яъне куштани полковник вазифаи асосӣ буд. Аз ҳоло маълум аст, ки  мамлакат ба гирдоби ҷанги дохилӣ ва кашмокашҳои байниқабилавӣ меғӯтад. Ин проблемаро эътилофи тавоно ҳал кардан намехоҳад. Инфраструктураи Либияро несту нобуд карда ба пудратчиҳои амрикоию аврупоӣ қарордодҳои бисёрмиллионаро барои барқарорсозӣ кафолат дода, НАТО ба хонааш бармегардад ва ҳамаро ба ғалабаи дурахшонаш бовар мекунонад.

Нерӯҳои НАТО мераванд. Лекин онҳо баъди худ чиро боқӣ мегузоранд? Суботу демократияи ваъда кардаашонро? Таҷриба нишон медиҳад -беҳокимиятӣ ва бесарусомониро. Бидуни шак, дар муносибатҳои НАТО ва Русия масъалаҳое ҳастанд, ки аз ин хеле муҳимтар ба назар мерасанд -масалан, масъалаи густариши НАТО дар Шарқ ва ё инкишофи сипари зидди мушакӣ. Ба назари ман баррасии танқидии фаъолияти НАТО маҳз дар контексти корҳои воқеӣ, ки ин созмон  амалӣ мекунад, мумкин аст ва ин имрӯз амалиётҳои ҳарбӣ дар Афғонистону Либия мебошад.

Ва маҳз дар ҳамин ҷой Русия, агар вай ҳоло ҳам давлати бонуфуз будан хоҳад, бояд ба он иштибоҳҳою ғалатҳои эътилоф диққат диҳад, ки боиси носуботии пурзӯри сиёсӣ мешаванд, аз ҷумла дар сарҳадҳои Федератсияи Русия. Маҳз Русиябояд танқидкунандаи асосӣ ва бешафқати ин созмони ҳарбӣ-сиёсӣ бошад, ки фаъолияташ дар баъзе самтҳо ба амнияти глобалӣ хатар ба вуҷуд меорад.

Бисёр гуфтаанд, ки кори гузашта бояд ба муносибатҳои имрӯзаи Русияву НАТО таъсир накунад ва ин муносибат набояд зери таъсири таърихи Ҷанги сард қарор дошта бошад. Вале ба ҷойи "инерсия" ва тарсу ҳароси таърихӣ имрӯз мо тобхӯриро ба тарафи дигар мебинем, ки дар "шарикии пурарзиш" инъикос ёфтааст, дар ҳоле, ки манфиатҳо тамоман номувофиқ ва ҳатто зидди ҳамдигаранд. Дипломатҳоро фаҳмидан мумкин аст, вале дар бораи намояндагони "элитаи зеҳнӣ" чӣ метавон гуфт, ки ҳамин чизи мисли офтоб равшанро намефаҳманд? Дар таърихи кишвари мо марҳилаҳое буданд, ки сиёсати хориҷӣ дар асоси догмаҳои идеологӣ роҳандозӣ мешуд, бидуни ба назари эътибор гирифтани манфиатҳои давлатӣ. Ва ин натиҷаи хубе ба бор наовардааст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi