ҶАНҶОЛИ АКСҲОИ "БАРАҲНАИ" ВИНО МАЛИК ДАР ПОКИСТОН
Вино Малик, ҳунарпешаи зани покистонӣ, аз интишори аксаш рӯйи ҷилди як маҷаллаи ҳиндӣ дифоъ карда, вале мегӯяд, ки он акс нимбараҳна будааст, вале ноширони маҷалла онро бо дасткории диҷитолӣ тамоман урён ҷилва додаанд.
Хонуми Малик ҳамчунин аз нашрияи "Эф-эч-эм" (FHM)-и Ҳинд бобати ин дасткорӣ ду милюн дулор ғаромат хостааст. Ин маҷалла ин иддаъоро рад кардааст. Ин ҳунарпешаи зан ба Би-би-сӣ гуфт, ки барои гирифтани ин тасовир, ки ҷанҷоли бузурге дар кишвараш Покистон ба роҳ андохта, пуле нагирифтааст.
Ӯ афзуд, ки пешниҳоди дигареро барои гирифтани аксҳои бараҳна рад кардааст. Ин тасовир дар шумораи моҳи декабри нашрияи "Эф-эч-эм"-и Ҳинд мунташир шудааст. Масъалаи дигаре, ки ҷанҷолофарин шуда, холкӯбии рӯйи бозӯи хонуми Малик аст.
"Кор кори Ой-эс-ой аст"
Ин холкӯбӣ ҳуруфи аввали Созмони Иттилоъотии Покистон, Ой-эс-ой (ISI)-ро нишон медиҳад. Хонуми Малик дар бораи аксҳои мунташиршудааш дар нашрияи ҳиндӣ гуфт, ки танҳо нимтанаи болои баданаш бараҳна буда ва бо даст бахшҳое аз онро ҳам пӯшидааст.
Ӯ мегӯяд: "Ман аз идеи гирифтани аксҳои ҷасурона хушам омад, аммо акси бараҳна нагирифтам. Барои ҳамин аст, ки имрӯз инҷо ҳастам, зеро мехоҳам ҳақиқатро исбот кунам. Ман иҷоза намедиҳам касе бикинӣ ё шалвор ё рӯсариамро ҳазф кунад. Агар бихоҳам, худам бармедорам ва агар бардорам, инкораш намекунам."
Амо сардабири ин нашрияи ҳиндӣ мегӯяд, ки тасовири видиюӣ аз ҷараёни таҳияи аксҳоро дар ихтиёр дорад, ки исбот мекунад тасовир дасткорӣ нашудааст. Кабир Шармо ба Би-би-сӣ гуфт: "Идеи навиштани "Ой-эс-ой" рӯйи бозӯи Вино Малик идеи ман буд ва Вино худаш пешниҳод дод, ки онро бо ҳуруфи дурушт бинвисем. Мо қасди шӯхӣ доштем, чун дар Ҳинд ҳар вақт чизе хароб мешавад, мегӯем, ки кор кори Ой-эс-ой аст.
Дар моҳҳои ахир ба далели муттаҳам шудани дастгоҳи иттилоъотии Покистон аз сӯйи Омрико ба ҳимоят аз Толибон, Ой-эс-ой борҳо ва борҳо хабарсоз шудааст. Дар моҳи сентябр дарёсолор Мойк Мулен, олирутбатарин мақоми низомии Иёлоти Муттаҳида, эълом кард, ки шабакаи Ҳаққонӣ бозӯи Созмони Иттилоъотии Покистон аст. Покистон иттиҳоми ҳимоят аз пайкорҷӯёнро қавиян рад кардааст.
Интиқод аз мардони муътариз
Вақте Би-би-сӣ аз хонуми Малик дар бораи гузоришҳое мабнӣ бар ин ки падараш ӯро тард карда ва хоҳони муҷозоташ шуда, суол кард, ӯ ҷавоб дод: "Падарам асабонӣ аст."
Ӯ идома дод: «Онҳо хонаводаи ман ҳастанд ва ман онҳоро дӯст дорам. Вақте аз ин парванда фориғ шавам, назди хонаводаам бармегардам ва онҳоро мутақоъид мекунам».
Бисёре аз шунавандагон ва хонандагон бо Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ тамос гирифтаанд, то ё аз Вино Малик ҳимоят кунанд ё интиқод. Баъзе аз ин интиқодҳо бисёр тунд будааст. Як шунавандаи покистонӣ хонуми Маликро муттаҳам ба рафтори ғайриисломӣ ва хиёнат ба ислом ва кишвараш Покистон кард.
Аммо хонуми Малик аз ин тасовир дифоъ кард ва гуфт: "Агар ба санъате, ки акнун дар он кор мекунам, нигоҳ кунед, намунаҳои мутаъаддиде аз ин гуна тасовир мебинед. Ин тур нест, ки ман аввалин нафаре бошам, ки чунин аксҳое мегирам. Чаро масоили ҷинсӣ чунин мушкили бузурге аст? Оё воқеъан болиғ шудаем? Оё ҳануз дар ҷангал зиндагӣ мекунем?"
Бино Шоҳ, рӯзноманигор ва нависандаи муқими Карочӣ, мегӯяд, ки ин интиқодҳо аз хонуми Малик номунсифона аст. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт: "Пурсиши ман аз тамоми мардоне, ки то ин андоза хашмгин шудаанд, ин аст, ки чаро ба ин аксҳо нигоҳ кардед? Агар шуморо ин қадар нороҳат мекунад, чаро рӯи линки он клик кардед?"
Ин аввалин боре нест, ки Вино Малик ҷанҷолофарин мешавад. Соли гузашта низ вақте ӯ дар як барномаи телевизиюни Ҳинд ҳузур ёфт, хашми маҳофили муҳофизакори Покистонро барангехт. Ҳамчунин, вай дар моҳи марти соли ҷорӣ, ба далели ба чолиш кашидани дидгоҳҳои як рӯҳонии покистонӣ дар телевизиюн, хабарсоз шуд.
Би-Би-Си