ИМРӮЗ ИН АФРИҚОСТ, ФАРДО ТАМОМИ ДУНЁ
Рафтани кишварҳои кӯҳнаи мустамликадор аз Африқо, дар партави рушди ҷанги сард, миллатгароии бузургнишини африқоӣ дар шуури миллатҳои ин қитъа вазъи кайфиятбори истиқлолиятро бедор сохт.
Дар бисёр маврид ин кайфият зуд бо хунрезиву моҷароҳо, табаддулотҳою бетартибиҳо иваз гардид. Ҳокимони деринаи мустамликавӣ бо қувваи дучанд ва ташнаи интиқом бозгаштанд. Баъди зиёда аз 50 сол сойири миллатҳои африқоӣ чун пештара хеле қашшоқанд, дар қарзҳо ғӯтидаанд, аз моҷарову бархӯдҳо, бетартибиву номӯътадилӣ азият мекашанд. Ҳамаи ин дар алоқа бо баргаштани дубора эҳё гаштани таъсири кишварҳои мустамликадор сурат мегирад.
Он кишварҳое, ки ба бозгашти ҳокимони собиқ муқобилият мекарданд, бераҳмона ҷазо дода шуданд. Воқеаҳои Либия ва Кот-д'Ивуар намунаи мавҷи нави фаъолияти мустамликадорон дар симои Фаронса, Англия ва ИМА мебошанд
Тамоми бетартибию моҷароҳое, ки дар кишварҳои африқоӣ рух доданду рух медиҳанд дорои унсурҳои умумианд. Ин кашида шудани кишварҳои хориҷӣ ба бетартибиҳо, истифодабарии қувваҳои маҳаллӣ, ҳамчунин ягонагии ҳадафҳо -назорат аз болои захираҳо, иқтисодиёт, минтақаҳои аз нигоҳи геосиёсӣ ва стратегӣ муҳим мебошанд. Ҳамаи ин зери ниқоби "риояи ҳуқуқҳои инсон ва ҳифзи демократия" сурат гирифта, мақсади он пиёдасозии ҳадафҳои дар боло зикршуда ва мубориза алайҳи рақибони абарқудрати дигар -Чин ва Русия мебошад.
Сарбозони кироя ва Ал-Қойида
Истифодабарии "асбобҳои" маҳаллӣ дар фаъолияти заифгардонӣ дар сатҳи даркорӣ такя бар хусусиятҳои қабилавӣ ё мазҳабӣ пиёда мегардад. Намунаи олии ин стратегия Ангола мебошад. Баъди он, ки ҳаракати сотсиалистии MPLA (ҳаракати мардумии озодибахши Ангола), ки ба Куба ва ИҶШС такя менамуд, сари қудрат омад, кишварҳои НАТО ду ҳаракати мухолифро созмон ва дастгирӣ намуданд - NFLA (Ҷабҳаи миллии озодибахши Ангола) дар шимол ва UNITA (Иттиҳоди миллии истиқлолияти Ангола) дар ҷануби кишвар. Ҳамаи ин ҳаракатҳо дар заминаи ягонаи ҳадафҳову принсипҳо созмон дода шуданд, вале аз ҷиҳати мансубияти қабилавӣ ҷудо буданд.
Дар мисоли Афғонистон ИМА ва кишварҳои НАТО онҳоеро дастгирӣ менамуданд, ки "муҷоҳидин" меномиданд ва сарбозони кирояи арабтаборе, ки аз ҷониби СРУ ташкил шудаву баъдан чун Ал-Қойида маъруф гашт, низ маҳсули дасти онҳост.
Ин ташкилот, ки аъзояш кироягони арабу афғон буданд, аз ҷониби НАТО дар ҷанги алайҳи Сербия ва фатҳи Косово истифода бурда шуд. Ва ҳамин ташкилот аз тарафи хадамоти махсуси ғарбӣ тӯли даҳсолаҳо алайҳи Либия истифода бурда шуда, маҳз он таҳкурсии асосӣ барои ба ном ҳаракати шӯришгарон дар Либия гардид. НАТО чӣ гуна ин Ал-Қойидаро истифода мебарад? Вобастаба вазъият- гоҳо чун душмани эҳтимолӣ, гоҳи дигар чун иттифоқчӣ. Айни замон "Ал-Қойида", аниқтараш шохаи террористии он дар Банғозӣ ё Дерн, ки "Гурӯҳи Ҷангии Исломии Либия" (ГҶИЛ) ном дорад, ҳоло меҳварест, ки гирди он СРУ ҷангиёнро ҷамъ меорад.
Дар ҳоле, ки ВАО-и ғарбӣ Муаммар Қаззофӣ ва ҳукумати Либияро "диктатори хунхору бераҳм" ном мебурд, "Ал-Қойида", артиши кироя, лӯхтакони сиёсие чун Маҳмуд Ҷабраил, Ҷалил ва сиёсатмадорони "пинҳонии" Шӯрои Гузариши Миллӣ қаҳрамонони "инқилоби либиёӣ" арзёбӣ шуданд.
"Омодасозии" розигии аҳолӣ тавассути ВАО ҷузъи ҷудонашавандаи роҳандозии ҷанг маҳсуб мегардад. Сохтани ҳукумати нави "қонунӣ" унсури тағйирнаёбандаи мустамликадории нав аст (намунаи он Шӯрои Миллии Сурия мебошад).
Ал-Қойида ҳеҷ гоҳ монеаи асосӣ барои роҳандозии неомустамликадорӣ дар қитъаи Африқо набуд, аммо Муаммар Қаззофӣ ва ҳукумати Либия, Лоран Гбагбо аз Кот-д'Ивуар ва Роберт Мугабе аз Зимбабве монеаҳои ҷиддӣ буданд.
Африқо ва Суди Олӣ
Дар Кот-д'Ивуар вазъ нисбати Либия фарқият дошт. Дар ин кишвар интихоботи президентӣ доир гардид, бо натиҷаи анқариб монанди миёни номзадҳо ба ин мақом. Тавассути ВАО-и ғарбӣ мо ҳама шунидему дидем, ки Комиссияи интихоботии Кот-д'Ивуар Оуттараро ғолиби интихобот эълон дошт.
Вале ВАО-и ғарбӣ хабар надоданд, ки дар ин интихобот ба қонунвайронкуниҳои зиёд роҳ дода шуд ва Суди Олӣ Лоран Гбагборо ғолиби интихобот донист, чунки сарфи назар аз натиҷаи интихобот ӯ бояд президенти қонунии ин кишвар бошад.
Ҳолате, ки дар Кот-д'Ивуар рух дод, шаҳодати он аст -Фаронса ва ИМА бар хилофи Суди Олӣ ва Шӯрои Конститутсионии Кот-д'Ивуар Оуттараро дастгирӣ намуданд, чунки Суди Олӣ қарорро ба манфиати Лоран Гбагбо қабул намуд, на ба манфиати дастнишондаи неомустамликадорон.
Артиши Оуттара аз омехтаи "қувваҳои шӯришгарон" ва сохторҳои кӯҳнаи мустамликадорӣ иборат буд. Ғайр аз ин, дар ин артиш 2500 сарбози фаронсавӣ, ҳамчунин сарбозони СММ шомил буданд. Ана чӣ гуна Оуттар соҳиби артиш гардид (шӯришгарон, сарбозони фаронсавӣ ва ҷангиёни СММ). Артише, ки дар рафти табаддулоти давлатии постмодернистии навмустамликадорӣ ҳазорҳо шаҳрвандони Кот-д'Ивуарро бикушт. Барои чӣ ИМА-ву Фаронса хоҳиши зиёди сарнагунсозии Қаззофӣ ва Гбагборо доштанд?
Баъд аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ кишварҳои аврупоӣ барои барқарорсозии сохти анъанавии раёсати мустамликадорӣ тавассути иқтидори ҳарбӣ ва назорати пурраи сиёсӣ дар Африқои аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ меборизаро аз нав оғоз бахшиданд. Ва ВАО дар давраи баъдиҷангӣ барои пойдор гаштани чунин назорату ҳукмронӣ воситаи хуби роҳандозӣ гашт. Лоран Гбагбо нағз медонист, ки мустамликадории нав барои Африқоро дар чанги қашшоқӣ нигоҳ доштан равона шудааст.
Яке аз сабабҳои асосие, ки Гбагбо бояд аз ҷониби Фаронса сарнагун мешуд, ин буд, ки ӯ ҷорӣ намудани асъори навро дар Иттиҳоди кишварҳои Африқо фаъолона дастгирӣ мекард ва дигар кишварҳои минтақаро дар ин самт ташвиқ менамуд. Аммо Фаронса, ки назорати иқтисодиёти 8 кишвари минтақа дар дасташ аст ва 85 % тамоми захираҳои асъории Кот-д'Ивуар, Бенин, Бӯркинафасо, Гвинея-Бисау, Мали, Нигер, Сенегал ва Гого зери назорати пурраи худ гирифтааст ба ин розӣ шуда наметавонист.
СFА (Ҷомеаи молиявии Африқоӣ) аз ҷониби Аврупо барои соири кишварҳои африқоиро дар холати қашшоқӣ нигоҳ доштан, ҳамчунин барои ғорат намудани захираҳои табиии онҳо, барои рафъи "гуруснагии иқтисодии" иқтисодиёти Фаронса ва умуман Аврупо созмон дода шудааст. Президенти Кот-д'Ивуар ҳамагӣ чанде қабл аз интихоти кишвараш масъалаи барҳам додани ин созмони хунмакро ба миён гузошта буд. Дар маҷмӯъ Лоран Гбагбо зидди мустамликашавии кишвараш буд, ӯ ба манфиати мардуми хеш ва Соҳили Оҷ фаъолият мебурд. Ана барои ҳамин ӯ бояд аз саҳнаи сиёсӣ нест мешуд.
Ҳукми Қаззофӣ
Сиёсати мустамликадорӣ дар Африқо аз замони дохил шудани Амрико ба сиёсати африқоӣ баъд аз Ҷанги Дуввуми ҷаҳонӣ тағйир пазируфт. Он баъди якҷояшавии Аврупо зиёдтар ба тағйирот рӯ ба рӯ бигашт.
Замоне ки Фаронса дорои манфиатҳои миллии муайян дар минтақаи СҒА буд, қисми зиёди кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ ба васеъшавии бозори аврупоӣ дар ҳудуди ҳавзаи баҳри Миёназамин сайъ намуда, ҳадаф аз ин мустамликакунонӣ тавассути назорати иқтисодӣ ва ҳузури ҳарбӣ дар Африқо буд. Амалисозии ин ҳадаф дар якчанд бахш, масалан, назорат аз болои кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин то имрӯз идома дорад.
Президенти Фаронса Николя Саркозӣ ҳадафи худро ба он равона сохтааст, ки дар вақташ Наполеон натавонист амалӣ бисозад -тамоми Африқои Ғарбӣ ва Шимолиро ба мустамлика табдил додан. Соли 2008 Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо омодагиро барои амалисозии ин мақсад ҷиддӣ пеш гирифтанд. Монеаи асосӣ пешорӯи ин ҷоҳталабӣ танҳо Либия буд -ин кишвар ошкоро дастгирӣ намудани ҷоҳталабии мамолики Ғарбро рад намуд.
Вақте аз Қаззофӣ оиди эътилофи ҳавзаи баҳримиёназамин суол карданд, ӯ изҳор дошт, ки "агар Аврупо хоҳони ҳамкорист, он бояд тавассути Қоҳира ва Аддис-Абеба сурат бигирад". Соли 2008 президент Саркозӣ ин эътилофро мехост чун заминаи Иттиҳоди Аврупо ташкил бикунад. Тӯли шаш моҳи раёсати Фаронса дар ИА вазири умури хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер на танҳо хабари хуш аз ин самт намеовард, балки рӯирост изҳор медошт, ки Либия ва Қаззофӣ "монеаи асосӣ барои фатҳи минбаъдаи мустамликашавии Африқои Шимолӣ" мебошанд. Ба ҷойи он ки боз як нусхаи СҒА дар Африқои Шимолӣ роҳандозӣ намояд, Қаззофӣ аз ин ғоя даст кашида, динори умумиафриқоиро, ки бо тилло таъмин мешуд, пешниҳод кард. Ин иқдом ба ғораткунии минбаъдаи Африқо хотима мебахшид.
Либия, ки аз рӯи нишондодҳои сатҳи зидагӣ пешсафи кишварҳои африқоӣ буд, дар пешгирӣ намудани иқдоми мустамликадорӣ сайъ намуд. Аз ин сабаб, ИМА ва Аврупо чораи дигаре надоштанд, ба ҷуз сарнагун сохтани ҳукумати Қаззофӣ.
Ташкилоту созмонҳое, ки дар қораи Африқо амал мекунанд, аз ҷумла Иттиҳоди Африқо, ғуломони ҳалқабаргӯши мустамликадорони ҷадиди амрикоиву аврупоианд. Он далел аҷиб аст, ки сеяки тамоми буҷаи Иттиҳоди Африқо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ташкил дода мешавад -ҳамчун садақа ба Африқо, аз маблағҳое, ки аз худи Африқо ситонида шудаанд. Яъне Иттиҳоди Африқо -ин маъмурияти Мустамликадории Иттиҳоди Аврупост.
Хатари калидии глобалӣ дар он зуҳур меёбад, ки имрӯз Созмони Миллали Муттаҳид пурра бозичаи дасти кишварҳои НАТО буда, зери доираи он "рақс" мекунад.
Ҳафтаномаи «Дунё»