10:14:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭРОН ОН АЪҶУБАЕ НЕСТ, КИ ВАО ТАСВИР МЕКУНАД

Зол Теретняк", "Mixednews"

Вашингтон кайҳо боз Эронро муттаҳам месозад ва онро сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳо дар Ховари Наздик тасвир мекунад. Арабистони Саудӣ дар эътирозҳои дохили кишвари худ ва Баҳрайн дасти шуми Эронро дидааст. Мегӯянд, вақте ки сарбозҳои охирини амрикоӣ охирҳои соли равон Ироқро тарк мекунанд, ин кишвар ба зудӣ бозичаи дасти Эрон мешавад.

/images/stories/2011/12/25_iran_251211.jpgБадномсозии Эрон баъзан ҳамчун омодагӣ ба ҳуҷум аз тарафи ИМА ва Исроил монанд аст. Роҳандозии таблиғоти сиёсӣ ба таблиғоти зидди Ироқ дар соли 2002 хеле монанд мебошад. Дар ду ҳолат ҳам давлати изолятсияшуда бо захираҳои маҳдуд гӯё ба минтақа ва дар маҷмӯъ тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекарда бошад. Назарияи аз эҳтимол хеле дур ва баъзан хандаовари сӯиқасд мақоми расмӣ мегирад.

Масалан, сӯиқасди фурӯшандаи мошинҳои истифодашуда, сокини эронитабори амрикоӣ аз Техас, ки гӯё дар ҳамдастӣ бо горди инқилобии Эрон мехост дар Вашингтон сафири Арабистони Саудиро бикушад. Барномаи ҳастаии Эрон ҳамчун хатаре тасвир мешавад, ки замоне силоҳи қатли оми мавҷуднабудаи Ироқ тасвир мешуд.

Лекин ҳуқуқшиноси барҷастаи амрикоии мисритабор Шариф Бассиуни, ки комиссияи мустақилро оид ба тафтиши бетартибиҳо дар Баҳрайн соли равон роҳбарӣ мекард, қотеона изҳор намуд, ки ягон далели иштироки Эрон дар бетартибиҳои Баҳрайн вуҷуд надорад ва ин изҳорот душманони Эронро ҳайратзада кард.

Зеро хонаводаи шоҳии Баҳрайн ва монархҳои Халиҷи Форс дар ин бетартибиҳо дасти Эронро медиданд. Баҳрайн ҳатто киштиҳои ҳарбии Қувайтро даъват кард, ки соҳилҳои ҷазираро посбонӣ кунанд, зеро гумон доштанд, ки мумкин аст Эрон ба намоишгарони шиамазҳаб силоҳ биёрад.

Бидуни шубҳа шоҳону амирони Халиҷи Форс ба назарияи сӯиқасди эҷодкардаи худ сахт боварӣ доранд. Бисёрии онҳо, ки ҳангоми саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳо дар Баҳрайн зери шиканҷа қарор гирифтаанд, мегӯянд аз онҳо талаб мекарданд, ки дар иртибот доштанашон бо Эрон иқрор шаванд.

Мушовирони шифохонаҳои низомиро маҷбур мекарданд, то хаттӣ эътироф намоянд, ки онҳо аъзои сӯиқасди эронӣ барои баргузор кардани табаддулот дар кишвар мебошанд. Баъди қабули гузориши 500-саҳифагии Бассиунӣ шоҳ Ҳомад Исо ал-Халиф гуфт, ки ҳукуматаш далели аниқе пешниҳод карда наметавонад, лекин бо вуҷуди ин нақши Эрон ба"ҳамаи онҳое, ки чашму гӯш доранд" маълум аст.

Чунин як порамойя (як навъи касалии рӯҳӣ) дар мавриди Эрон байни суннимазҳабҳои тамоми Ховари Наздик низ вуҷуд дорад. Як муртади (дисидент) баҳрайнӣ, ки аввалҳои соли равон ба Қатар гурехта буд, гуфтааст. "Одамон дар Қатар мепурсиданд, ки дар ҳақиқат аз Эрон то майдони Марворид (ҷойи намоишҳо) туннел вуҷуд дорад".

Идентификатсияи фаъолнокии сиёсии шиаҳо бо Эрон дар мағзи сари сунниҳо чуқур ҷой гирифтааст. Чанд рӯз пеш дар байни аҳолии Арабистони Саудӣ эътирозҳо аз нав шурӯъ шуд. Баъди дар яке аз гузаргоҳҳои марзӣ ба Қатар кушта шудани Носир ал-майшии 19-сола ҳукуматдорон чанд соат ба аҳли хонаводаи ӯ гирифтани ҷасадро иҷозат надоданд ва ба қавли яке аз фаъолони мухолифин он боиси қаҳру ғазаби одамон шудааст. Чун ҳарвақта Вазорати умури дохилаи Арабистони Саудӣ изҳор кард, ки муқобилият байни пулис ва эътирозгарон дар хориҷа тарҳрезӣ шудааст, ки бидуни шубҳа шарики навбатии саудиҳо ба сӯи Эрон мебошад.

Ба гуфтаи оппозитсия шарҳи шиаҳо дар Твейрет ва дар интернет нишон медиҳанд, ки одамон ба тӯҳматҳои Ироқ нисбати Эрон акнун он қадар бовар намекунанд, чӣ хеле ки пештар буд. Чунин ба назар мерасад, ки эътирозҳо дар музофоти шарқии Арабистони Саудӣ пурзӯртар мешаванд. Чун дар тамоми олами араб одамон дигар ба лидерҳои анъанавӣ итоат намекунанд. Монархҳои саудӣ ва баҳрайнӣ метавонанд телевизиони Эронро дар барангезиши вазъият гунаҳкор кунанд, лекин дар асл қаҳру ғазаби шиаҳо аз хабарҳои интернет манша мегирад.

Баъди бедоршавии олами араб воситаҳои анъанавии саудиҳо дар бобати розӣ кардани аъёну ашрофи маҳаллӣ дигар ба кор намеояд. Губернатори музофоти шарқӣ Муҳаммад бин Фатҳ шикоят мекунад, ки ваъдаҳои пештара дар бораи эътироз накардани боиси ягон гузашт аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ нашуд ва онҳо бадномсозии шиаҳоро бас накарданд. Маҳбусони шиамазҳабро аз соли 1996 инҷониб бидуни мурофиаи додгоҳ дар зиндонҳо нигоҳ медоранд.

Боварии ҳукуматҳои Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн ба дасти ноаёни Эрон боиси он шудааст, ки ҳар ду ҳукумат ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд. Онҳо гумон мекарданд, ки бо хатари инқилоб рӯ ба рӯ шудаанд, ҳол он ки шиаҳои ҳар ду давлат танҳо хоҳони одилона тақсим кардани ҷойҳои корӣ, мавқеъ дар ҳокимият ва бизнес буданду халос ва аз ин чизи бештарро талаб намекарданд. Шиаҳо мехоҳанд "ба клуб шомил шаванд", на вазъиятро тарконанд. Ҳамин чизҳоро дидан нахоста, монархҳо худашон вазъиятро дар давлатҳояшон носубот месозанд.

Эрон ҳеҷ вақт он қадар пурқувват набуд, ки онро душманонаш тасвир мекунанд. Аз бисёр ҷиҳат ба аҷозил монанд кардани роҳбарияти Эрон амбитсияҳои Эронро, ки худро қудрати минтақавӣ нишон додан мехоҳад, қонеъ мегардонад. Дар амал бошад лаҳни тунду тези роҳбарияти Эрон ҳама вақт бо сиёсати хориҷии эҳтиёткорона ва бо диққат ба ҳисоб гирифташудаи давлат тавъам будааст.

Оё ҳоло эрониҳо барои пур кардани вакууме, ки баъди рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ба вуҷуд меояд, кӯшиш мекарда бошанд? Албатта аҳамияти амрикоиҳо дар Ироқ кам мешавад, зеро сарбозҳо мераванд, барои он ки Амрико ба Ироқ камтар пул сарф мекунад. Масалан, замоне маблағгузории разведкаи Ироқ ба буҷаи кишвар вазнинӣ накард, зеро пурра аз тарафи СРУ пардохт шуда буд.

Ақида дар бораи ҳукмронии Эрон дар Ироқ соддалавҳона аст: ҳастанд бозингарони дигари бонуфуз -Туркия ва Арабистони Саудӣ. Шиаҳои ироқӣ дар анъана ва эътиқодҳояшон аз ҳаммазҳабҳои эронии худ фарқ мекунанд. Боз курдҳо ва суннимазҳабҳо эътироз хоҳанд кард. Агар Эрон аз ҳад зиёд ҷидду ҷаҳд кунад, масалан, мисли ИМА баъди соли 2003, барои душманҳои сершумори гуногун ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Дар Баҳрайн, Арабистони Саудӣ ва Ироқ нақши Эрон дар таҳрики бетартибиҳо бофтаю хаёлӣ ва ё муҳобот аст. Вале инқилобгар ҳисоб кардани намоишгарони осоишта барои худи Эрон муфид аст. Дафъаи дигар ислоҳотхоҳони ноумедшуда дар ҳақиқат метавонанд дастгириро аз берун ҷӯянд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi