12:28:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

БА ӮЗБАКИСТОН ПАРОКАНДАГИИ ФЕОДАЛӢ ТАҲДИД МЕКУНАД

Роберт Катлер, "Asia Times"

Сандуқи байналмилалии пул Ӯзбакистонро тавсиф кард, вале воқеият мураккабтар аст - дар уфуқҳои ин кишвар абрҳои сиёҳ пайдо шудаанд. Раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов яке аз он ду лидери ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ мебошад, ки дар охирин суханронии Михаил Горбачёв дар мансаби раисҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ 20 сол пеш ҳузур доштанд. Чунин лидери дуюм раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад.

/images/stories/2011/12/27_mn_uzbekistan01.jpgЛекин аз ҳамон вақт ба инҷониб бар хилофи Қазоқистон Ӯзбакистон бисёр ҷиҳатҳои мероси Шӯравиро нигоҳ доштааст, махсусан иқтисодиёти марказонидашуда ва вобастагӣ аз якказироатии пахтаро. Ӯзбакистон чаҳорумин истеҳсолкунандаи калони пахта дар ҷаҳон аст. Бо вуҷуди он, ки аҳолии Ӯзбакистон аз аҳолии Қазоқистон қариб ду баробар зиёд аст (28 миллион ба муқобили 16 миллион), маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар камтар аз се як ҳиссаи ММД-и Қазоқистонро ташкил медиҳад.

Асъори миллӣ сӯм танҳо соли 2003 дар доираи барномаи босуботсозӣ баъди маслиҳати Сандуқи байналмилалии пул (СБП-МВФ) бадалшаванда (конвертеррусмий) шуд. Ӯзбакистон ва СБП давоми даҳ сол мубодилаи афкор карданд, лекин танҳо дар асоси мутобиқ кардани асъор соли 2003 Ӯзбакистон тавонист ӯҳдадориҳои муайян дар доираи Моддаи Созишномаи СБП қабул кунад. Шурӯъ аз соли 2006 дар ду ҷониб доир ба моддаи 4 машваратҳо доир мекунанд.

Моддаи 4 муҳокимаҳои дуҷонибаи ҳарсола ва аз ҷумла сафарҳои ҳайъатҳои баландпояро пешбинӣ мекунад. Баъди ин дар асоси муҳокимаҳои Раёсати иҷрокунандаи СБП ҳисобот тайёр карда мешавад. Дар иртибот ба ҳамин намояндагии СБП аввалҳои моҳи ноябр барои баргузории муҳокимаҳо ва гирдоварии иттилоот ба Ӯзбакистон сафар кард. Ҳоло намояндагӣ ҳисоботи пешакӣ ва тавсияҳои худро пешниҳод намудааст.

Қисман бо сабаби нисбатан автократӣ будани иқтисодиёташ ба Ӯзбакистон муяссар шудааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро хеле хуб паси сар кунад. Бино ба ҳисобу китоби СБП нишондоди миёнаи рушди иқтисодии кишвар давоми панҷ соли охир 8,5 %-ро ташкил додааст, ки ин "аз нишондоди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ баландтар аст". Ҳамчунин СБП умедвор аст, ки нишондоди солонаи ММД ба 8,3 % мерасад ва дар оянда мустаҳкам шудан мегирад.

СБП чунин нишондодҳои хубро ба изофаҳои гузаштаи молиявӣ, захираҳои баланд, кам будани қарзи давлатӣ, системаи босуботи бонкӣ ва "эҳтиёткорӣ" дар иқтибос, яъне қабули ягон чиз аз хориҷа нисбат медиҳад. Ҳукумат дастгирии истеъмоли дохилӣ, инвеститсия ва нархҳои баландро ба содироти ашёи хом идома медиҳад.

Лекин муҳаққиқон аз Маркази тадқиқотҳои иқтисодӣ дар Тошканд аз проблемаҳои дарозмуддат ҳушдор медиҳанд. Ин марказ соли 1999 аз тарафи ҳукумати Ӯзбакистон бо кӯмаки Барномаи рушди СММ ташкил шудааст ва барои як қатор саҳоммон доир ба рушд тадқиқотҳо анҷом медиҳад.

Директори лоиҳаи чанде пеш анҷомёфта бо дастгирии Барномаи рушди СММ ва Бонки Осиёии рушд Идрис Комилов ҳушдор дод, ки захираҳои оби Ӯзбакистон "на танҳо аз сабаби гармшавии сартосарии иқлим, балки боз аз сабаби бесамарии системаҳои обёрӣ, ки истеҳсолкунандаи маводи кишоварзии Ӯзбакистон истифода мебаранд", хушк мешаванд. Зиёда аз ин "50,2 фоизи тамоми заминҳои обёришаванда шӯр ва 7,3 фоизи онҳо хеле сахт шӯр шудаанд".

Лоиҳаи Маркази тадқиқотҳои иқтисодии ба зарурияти истифодаи ҳавасмандкуниҳо барои ҷалби инвеститсия ба тарҳҳои инфраструктураҳои обӣ ишора мекунад. Бо вуҷуди ин масъалаи мазкур ба рӯзномаи баррасиҳо доир ба ҷалби инвеститсияҳои Покистон дохил карда нашуданд.

Проблемаҳои инфраструктураҳои об дар шарҳҳои хотиррасоншуда ва интишорёфтаи СБП ҳам ёдовар нашудаанд. Ба ҷойи ин дар ҳисобот тавсия дода мешавад: хати маши нисбатан ӯҳдабароёнаи асъор, сиёсати сохти кредитӣ, ислоҳотҳо (дар бахшҳои маъмурисозии андозҳо ва идораи маблағҳои давлатӣ), омори сифатан баланд ва нисбатан транспорентӣ.

Дар хулосаҳои ҳисоботи марказ ҳушдорҳо оид ба нарасидани маводи ғизоӣ ва бекорӣ барои ояндаи дарозмуддат вуҷуд доранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои босуботсозии иқтисодиёт бояд ҳамкориҳоро оид ба масоили об густариш диҳанд.

Каримов аллакай 73-сола аст ва эҳтимол вай то охири умраш, то он рӯзе, ки саломатиаш побарҷост, ҳукмронӣ хоҳад кард. Сиёсати дастгоҳи ҳукумат ба системаи кланӣ асос ёфтааст. Аз сабаби мавҷуд набудани алтернатива ба ҳокимият дигарандешҳо ба созмонҳое мисли "Ҳизб-ут-таҳрир" умед мебанданд, ки дар Осиёи Марказӣ хилофат ташкил кардан мехоҳад.

Ҳамин тариқ, дар ин ҷой масъалаи суботи сиёсӣ муҳим мебошад. Дар ҳисоботи марказ пешгӯӣ мешавад, ки аҳолии Ӯзбакистон то соли 2025 ба 33,2 миллион мерасад, ки аз се як ҳиссаи он дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳад кард. Баробари аз мансаб рафтани Ислом Каримов мумкин аст кишвар ба мулкҳои нисбатан мухтори феодалӣ тақсим шавад ва исломизм пурзӯр мегардад.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi