01:13:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО ИМА АЗ ҲУҶУМ БА ЭРОН МЕТАРСАД?

Александр Қримов, СИК

Агар аз рӯйи он ҳодисаҳои давоми ду моҳи охир аз тарафи ВАО-и амрикоӣ ва аврупоӣ хеле зиёд ва бодиққат паҳншуда баҳо диҳем, бидуни шубҳа Эрон "маҳбуб"-и ҷанги иттилоотӣ ба назар мерасад. Албатта, чунин таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба Эрон сабабҳои худро дорад ва ба андозаи кофӣ зуҳуротист. Зеро ҷанги иттилоотӣ, чӣ хеле, ки таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ба зудӣ ба ҷанги классикӣ табдил меёбад, бо зарбаҳои бомбавӣ ва мушакпарронӣ.

/images/stories/2012/01/03_usa_iran_3.1.12.jpgАввал Эронро дар сӯиқасд ба ҷони сафири саудӣ дар ИМА Одил ал-Ҷубайра муттаҳам карданд. Айни замон муайян кардан душвор аст, ки сӯиқасд ҷой дошт ё не. Вале тибқи тафсилоте, ки аз тарафи хадамоти махсуси амрикоӣ садо додааст, ин сӯиқасд миқёси гӯшношунид доштаву хеле моҳирона будааст.

Дар он созмонҳои махфии исломии Эрон, ки аз қисмҳои баргузидаи хадамоти махсус иборатанд, наркобаронҳои мексикоӣ, агенти танҳокори зираки амрикоӣ, ки тасодуфан сӯиқасдро ошкор кардааст ва ғайраву ҳоказо ҳузур доштаанд.

Ҳатто хадамоти махсуси ИМА нафаҳмонданд, ки куштани сафири Арабистони Саудӣ барои Эрон чӣ лозим аст. Сафир ал-Ҷубайр дӯсти наздики шоҳ Абдулло мебошад ва чунин куштор муносибати байни ду давлатро хеле мураккаб мекард ва аз ин Эрон ягон суде намебардошт. Ғайри ин, тибқи маълумоти нав, ҳамзамон бо сӯиқасд ба ал-Ҷубайра Теҳрон боз мехостааст сафири Исроилро низ аз байн бубарад. Теҳрон ва Ар-Риёд баъди хабарҳои дипломатии шадидудлаҳн эълом доштанд, ки ба СММ муроҷиат мекунанд. Эрон раддияи тӯҳматро талаб мекунад, Арабистони Саудӣ бошад, подоши ба нақша гирифтани сӯиқасдро.

Ҳодисаҳои сӯиқасдҳо ба сафирҳо дар муқоиса бо куштори Эртсиртсог Фердинанд боиси резонанс нашуд. Маърӯзаи МАГАТЭ, ки ба барномаи ҳастаии Эрон, хусусиятҳои он ва хатари эҳтимолии вай бахшида шуда буд, натиҷаи бештар дод.

Чин ва Русия аз МАГАТЭ даъват ба амал оварданд, ки гузоришро интишор накунад ва ё ҳадди ақал маълумоти дар он мавҷудбударо бисанҷад. Бо вуҷуди ин гузориш бидуни ягон дигаргунӣ интишор гардид. Теҳрон онро "дурӯғ" номид ва вазорати умури хориҷии Русия гузоришро ҳамчун "талфифаи далелҳои маълум" ва ҳуққубозӣ арзёбӣ кард. Чунин хулосабарорӣ асос дорад, зеро матни гузориш аз калимаҳое ба монанди "мумкин", "эҳтимол", "истисно нест" ва амсоли инҳо пур аст ва баробари ин тамоман ғаразнок ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин дар ҷамъбасти гузориш хулоса кардаанд, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ тайёр мекунад.

Дар назари аввал гузориши ҳайратбарангези МАГАТЭ нуқтаи кафолатдодашудаи "паснагаштан" аст. Хатари возеҳу равшан ва мустақим, сабаби бебаҳс барои ҳуҷум ба Эрон бо тамоми нерӯҳои "иттиҳоди байналмилалӣ". Вале -вазъияти парадакснок, кишварҳои Ғарб ҳоло ин корро кардан намехоҳанд. Вазири дифои ИМА Леон Панетта изҳор намуд, ки ҳуҷум ба Эрон метавонад боиси "паёмадҳои ғайричашмдошт" гардад ва илова кард, ки вай ҷонибдори чунин усулҳои фишороварӣ, аз қабили дипломатия ва ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Эрон мебошад.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Марк Тоунер ҳам ҳамин хел изҳори андеша кард. "Бидуни шубҳа мо тамоми воситаҳои пурзӯр намудани фишори иқтисодӣ ба Эронро баррасӣ мекунем", -гуфт вай. Вазири умури хориҷии Фаронса Ален Жюис бошад Эронро ҳушдор дод, ки Фаронса омода аст нисбати Теҳрон "таҳримҳои бесобиқа"-ро истифода барад, агар вай "аз ҳамкории ҷиддӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ доир ба проблемаи ҳастаӣ гарданкашӣ кунад".

Лекин ҳеҷ кас нагуфт -ин таҳримҳо дар чӣ ифода меёбанд ва умуман онҳоро тавассути СММ ҷорӣ кардан мумкин аст ё на? Аналоги таҳрим зидди Сурия, ки онро аз имконияти фурӯши нафт ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҳрум кардаанд, дар ҳолати мазкур номумкин аст. Эрон яке аз калонтарин фурӯшандаи ҷаҳонии нафт ба шумор меравад ва эмбаргои нафтӣ ногузир арзиши нафтро дар бозори ҷаҳонӣ боло мебардорад. Аз ҷониби худ Русия ҳавасманди ҳамкорӣ бо Эрон дар бахшҳои ҳарбӣ-техникӣ ва ҳастаӣ мебошад, Чин бошад, миқдори зиёди нафтро аз Эрон мехарад ва наметавонад қатъ шудани ин муомилотро маъқул шуморад.

Ҷолиби диққат аст, ки ашхоси мансабдори Вашингтон аз худ нармии махсус намоиш медиҳанд. Сабаби чунин рафтори ғайриоддӣ фаҳмост -ҳамаи таҳримҳои имконпазир зидди Эрон, ки ба манфиатҳои худи ИМА муқобил нестанд, аллакай ҷорӣ шудаанд. Дар давлати Эрон ҳамагӣ чанд "ҷазирачае" боқӣ мондаанд, ки бо олами беруна озод кор мекунанд, масалан- Бонки марказии Эрон.

ИМА, ки ҳавасманди якбора боло рафтани нархи нафт набуд, ҳатто дар лаҳзаҳои тезутундтарини муносибатҳои байниҳамдигарӣ ҳам зидди Бонки марказии Эрон ягон хел таҳрим ҷорӣ накардааст. Ҳарчанд сенати Амрико дуюми декабр лоиҳаи қарори ҷорӣ кардани таҳримро нисбати Бонки марказии Эрон ба тасвиб расонд, Барак Обама ба ин лоиҳаи қонун муқобилият нишон дод.

Сабаби инро шарҳ дода, Обама гуфт, ки ҷорӣ кардани таҳримҳо метавонанд ба бозорҳои нафти ҷаҳон таъсири манфӣ расонанд. Аз ҳамин сабаб дар ҳуҷчати қабулнамудаи сенат таъкид мешавад, ки чораҳои пешниҳодшуда танҳо дар ҳолати мӯътақид шудани раисҷумҳур ба мавҷудияти захираҳои лозимии нафт дар кишвар истифода мешаванд. Дар посух Эрон гуфт чораҳое меандешад, ки баъди онҳо нархи нафт дар ҷаҳон ду баробар боло меравад.

Лекин сиёсатмадорони рости амрикоӣ доир ба Эрон изҳоротҳое мекунанд, ки худ дар сари худ ҷолиби диққатанд ва тасаввуроти онҳо дар муносибат ба проблема тамоман дигар аст. Масалан, чанде пеш пешсафи мусобиқаи интихоботӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳон, спикери собиқи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нют Гингрис пешниҳод кард, ки "дар калонтарин корхонаи коркарди нафти Эрон тахрибкорӣ (диверсия) ташкил карда шавад". Вай қайд намуд, ки агар раисҷумҳур шавад, чунин амалҳои террористиро "ҳар рӯз" барпо мекунад.

Дар навбати худ номзади эҳтимолии дигар аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Рак Санторум изҳор дошт, дар ҳолати сарвари давлат интихоб шуданаш ба амалиётҳои махфие иҷозат медод, ки дар натиҷаи онҳо физикҳои ҳастаишиноси Русияро, ки дар кори барномаи ҳастаии Эрон иштирок доранд, хадамоти махсуси амрикоӣ аз байн мебурданд. Хеле мехостем ақидаи ҷомеаи амрикоиро бифаҳмем -баъди чунин изҳороти хадамоти махсуси Русия ҳақ доранд Рик Санторумро дастгир карда ба Русия оранд? Бо ҳамон асосе, ки дар ИМА Виктор Бутро ҳабс карданд -ӯро дар фаъолияте гумонбар донистанд, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони амрикоӣ метавонистанд зарар бинанд.

Боз як сабабе вуҷуд дорад, ки тибқи дахолати ҳарбии ИМА аз эҳтимол дур аст. Ин эҳтимоли хеле кам, ки Эрон аллакай заряди ҳастаӣ сохтааст. Аммо, ИМА афзалтар медонад, ки дар ҳолати ҷанг муттаҳидини худро дар халиҷи Форс мусаллаҳ намояд. Айни замон масъалаи ба Қувайт, Қатар, Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ додани бомбаҳои зиддибункерии фавқулдақиқ ва силоҳҳои дигар баррасӣ мешавад.

Агар Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар вазъияти ноҳинҷор қарор доранд ё ҳадди ақал бо дастони худ ҷанг кардан намехоҳанд, давлате вуҷуд дорад, ки интихобаш хеле маҳдуд аст. Исроил ва Эрон душманҳои оштинопазиранд. Пешравӣ дар умури ҳастаии Эрон ин пеш аз ҳама "дарди сар" барои Исроил аст. Исроил дар ҳақиқат барои ҳуҷуми пешгирикунанда ба Марказҳои ҳастаии Эрон асосҳои кофӣ пайдо карда метавонад. Бо назардошти маълумотҳое, ки ВАО-и исроилӣ меоранд, нисфи роҳбарияти ин кишвар ба зарбаи аввал исрор мекунанд.

Лекин ба ҳадафҳое, ки ба хотири онҳо ин зарбаҳо зада мешаванд, расидан хеле душвор аст. Иншоотҳое, ки бояд мавриди ҳуҷум қарор гиранд, бисёранд ва сипари зидди ҳавоии Эрон рақиби хеле сазовор аст ва ғайри ин ба ҳуҷуми Исроил Эрон, Сурия ва ҳамаи ҷонибҳои ба Тел-Авив душман ҷавоби кироӣ хоҳанд дод. Ҳатто Туркияи пештар нисбати Исроил бепарво метавонад бетараф намонад, ки оқибати он ҷанги калоне хоҳад шуд дар Ховари Наздик.

Имконияти ягонае, ки барои ИМА, ИА ва Исроил барои "тормоз додан"-и Эрон боқӣ мемонад -ҷавобҳои ҳамвазн аст. Чунин ба назар мерасад, ки корҳо дар ин бобат аллакай идома доранд. Сохторҳои ииттилоотии Эрон, ки ба барномаи ҳастаӣ муносибати мустақим доранд, мавриди ҳуҷумҳои самараашон баланди вирусҳо қарор мегиранд. Як сол пеш вируси "Stuxuct" ба сентрифугҳо, ки барои ғанисозии уран истифода мешавад, зарари назаррас расонид. Ҳоло мутахассисони мулкӣ ва ҳарбии Эрон барои таҳти назорат гирифтани вируси нави "Duqu", ки ба ҷамъи иттилооти муҳофизатшаванда равона шудааст, саъю талош доранд.

Ба инфраструктураи Эрон зарари дигар хел расонида мешавад. Дар натиҷаи ду таркиш, ки 12-уми ноябр дар анбори лавозимоти ҳарбии Бигданеҳ рух доданд, ҳадди ақал 27 одам ҳалок шудаанд. Чӣ хеле ки рӯзномаи исроилии "Гааретс" қайд намудааст, дар пойгоҳи ҳарбӣ қисмҳои ҳарбие мустақар шудаанд, ки мушакҳои тактикии эронии "Шаҳоб"-ро барои сар додан тайёр мекарданд. Ин мушакҳо метавонанд то ҳудудҳои Исроил расанд ва аз ҳамин сабаб роҳбарияти ин кишварро сахт ба ташвиш овардаанд. Дар байни ҳалокшудагон генерал Ҳасан Муқаддам ҳам будааст, ки дар соҳаи ҳарбии кишвар яке аз шахсиятҳои асосӣ ба шумор мерафт ва худи пойгоҳ қариб пурра хароб шудааст.

Вазири дифои Исроил Эҳуд Барак хабар дод, ки аз ҳаҷми мушаххаси харобаҳо хабар надорад, аммо қайд кард, ки "хуб мешуд, агар чунин ҳодисаҳо такрор мешуданд"… Ва такрор шуд -28-уми ноябр таркиши навбатӣ дар Исфаҳон, дар ҳудуди маркази ҳастаие садо дод, ки дар он сентрифугҳо барои ғанисозии уран мавҷуд буданд. Маълумотҳои пора-пора перомуни таркиши сеюм дар худи Теҳрон ҳам расидаанд. 12-уми декабр дар Язд корхонае таркид. Бо вуҷуди он, ки ин корхонаи металлургӣ ба ҳисоб меравад, ВАО-и исроилӣ онро бо коркарди уран алоқаманд медонанд.

Ҳамин тариқ, сенарияи классикии "баҳори арабӣ" дар ҳолати Эрон мумкин буданаш даргумон аст. Алҳол ҷонибҳои ҳавасманд мехоҳанд Эронро бо роҳҳое заиф гардонанд, ки ба арзиши нафт таъсир намерасонанд. Пешгӯиҳо дар бораи амалиётҳои анқариби Исроил зидди Эрон танҳо ҳамон вақт амалӣ шуданашон мумкин аст, ки роҳбарияти Исроил дар бораи соҳиби силоҳи ҳастаӣ будани Эрон маълумоти боварибахш ба даст меорад. Лекин дар гумон аст, ин ҷанг, ки мақсадаш таъмин кардани амнияти Тел-Авив мебошад, танҳо задухӯдҳои маҳдуд гардад ва оқибатҳои онро пешгӯӣ кардан мумкин аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi