12:23:24 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АСРОРИ ОИЛАВИИ ИСЛОМ КАРИМОВ

 

"Uznews"

Тибқи фарзияи расмӣ кӯдакии раисҷумҳури Ӯзбакистон дар хонаи бачагон гузаштааст. Гуфта мешавад, ки вай аз муносибати наздик бо бародарону хоҳарони ҳамхун маҳрум карда шуда буд ва аз ҳамин сабаб бо онҳо то имрӯз дар тамос нест. Сабабҳои аслии ҷудошавии вай аз хешовандон тамоман дигаранд, хабар медиҳал "Викиликс".

Ҳеҷ вақт ятим набудааст

Ислам Каримов"Ҳарчанд рӯйи вай пур аз изи лат -доғҳои калон буданд, монандии ҷисмониаш бо раисҷумҳур хеле ҳайратангез аст", -гузориш медиҳад сафир Ричард Норланд дар маълумотномаи худ "Раисҷумҳур Каримов -ятим нест ва сирҳои дигари оилавӣ" аз 27-уми декабри соли 2004, ҳангоми тасвири намуди зоҳирии Ҷамшед Каримов, ҷияни раисҷумҳури Ӯзбакистон. Тибқи ин хабар ҳангоми як сӯҳбати тӯлонӣ бо намояндаи сафорат ҷияни "бегонашуда"-и Ислом Каримов- Ҷамшед Каримов ва модари ӯ Муслима Каримова -келини раисҷумҳур (ӯро Маргарита низ мегуфтанд, -қайди идора) бисёр ҷузъиётҳои пештар номаълуми хеши машҳурашонро ошкор карданд.

Ҷамшед Каримов, журналисти ҷиззахӣ, мухбири ғайриштатии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳи бритонӣ (IWPR) ва модари ӯ Муслима  Каримова, бевазани бародари раисҷумҳур Арслон (соли 1989 дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шудааст, -қайди идора) намояндаи сафоратро дар квартираи хурди оилавии худ пешвоз гирифтанд. Бо истинод ба "Рейтерс" сафир менависад, ки чанде аз ин пештар ду одами номаълум ҷияни раисҷумҳурро латукӯб кардаанд.

Давоми якуним соат Ҷамшед ва Муслима дар бораи ҷудо шуданашон аз оилаи "якум"-и Ӯзбакистон нақл карданд ва ба ибораи намояндаи сафорат далелҳои "бадномкунанда"-ро аз карйераи қаблии Ислом Каримов ва ҳаёти оилавиаш ошкор намуданд. Муслима ба таърихи таваллуди расмии раисҷумҳур тамасхур мекард.

"Тибқи тарҷумаи ҳоли расмияш раисҷумҳур Каримов ятим мебошад. Раисҷумҳур бо оилаи ҳамсараш наздикӣ дорад, падари биологии вай ҳеҷ вақт хотиррасон намешавад, аз ҷумла Пётр, писари Каримов аз завҷаи аввалааш", мефаҳмонад зерматнро сафир Норланд.

Ба қавли Ҷамшед ва Муслима раисҷумҳур Ислом Каримов ҳеҷ вақт ятим набудааст ва дар оилаи мӯътадил, дар Самарқанд калон шудааст. Вай шаш додару бародар ва як хоҳар дошт. Ҳоло аз онҳо дутояшон зиндаанд -Хуршед ва Ибодулло: яке дар Тошканд ва дигаре дар Самарқанд зиндагӣ мекунанд.

Ба қавли Муслима президент Каримов бори аввал дар зиндагиаш перомуни ятимии худ миёнаҳои солҳои 80-ум овоза паҳн кардааст, то худро аз аҳли оила дур намояд. Ҳар ду- ҳам Ҷамшед ва ҳам Муслима таъкид карданд, ки муносибатҳои пештараи оилавӣ дар ҳақиқат наздик будаанд.

Модари Ҷамшед хотираҳояшро дар бораи Ислом Каримов ва солҳои донишҷӯияшон ба хотир овард. Ҳамон вақтҳо раисҷумҳури оянда бо қарз пурсиданҳояш ба дили ӯ зада будааст. "Вай ҳеҷ вақт пулҳои гирифтаашро барнамегардонд",- бо андӯҳ шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи ӯ издивоҷи Каримов бо Наталя, духтари сарвари заводи истеҳсоли мошинҳои кишоварзӣ Пётр Кучма беғараз набудааст. Каримов писаре дошт ва ӯро Рустам ном гузошта буд. Вале баъди аз Каримов ҷудо шудан дар охирҳои солҳои 1960 модараш номи ӯро дигар- Пётр кардааст.

Таърихи қатъи алоқа

Каримов миёнаҳои солҳои 1980, вақте ки бародараш Хуршед, яклухтфурӯши маҳсулот (асосан чой) ба як ҷанҷоли коррупсионӣ ҷалб шуд, аз оилаи худ дурӣ ҷуст. Ба қавли Муслима ҳамон вақт Каримов муовини раиси Госплан будааст ва бояд вақтҳои наздик мансаби баландтар мегирифтааст. Вай бародари дигараш, Арслан, шавҳари Муслимаро даъват мекунад ва талаб менамояд, ки аз Хуршед мункир шаванд. Ба унвони вай дашномҳо равон карда, мегӯяд, ки вай карйераҳои онҳоро зери хатар гузоштааст. (Солҳои 1980-замони бераҳмона "решакан кардан"-и коррупсия дар ҶШС Ӯзбакистон, -қайди идора).

Арслон, қозии (судя) додгоҳи Ҷиззах, аз додараш мункир намешавад. Ба қавли Муслима онҳо аз ҳамон вақт инҷониб бо ҳамдигар робита надоранд. "Ҳоло Хуршед одами сарватманд аст, -овардааст суханҳои Муслимаро Норланд. -Вай дар Тошканд, дар як хонаи бешукӯҳ зиндагӣ мекунад ва ӯро Исмоил Ҷӯрабеков (мушовири давлатӣ, шахси бовариноки раисҷумҳур, сарвари бонуфузи клани Ҷиззах-Самарқанд, соли 2004 ба истеъфо равонаш карданд, -қайди идора) ҳимоя мекунад".

Баъди муддати начандон зиёд Каримов котиби якуми Кумитаи вилояти ҳизб дар Қашқадарё таъин шуд ва қариб ҳамаи вақти худро дар сафар байни Тошканду Қаршӣ мегузаронид. Баъд, чӣ хеле ки Муслима ва Ҷамшед гуфтанд, вай эълон кард, ки ятим ба воя расидааст.

Ҷудошавии ниҳоӣ бо оила соли 1989, вақте ки Каримовро котиби якуми КМ Ҳизби Коммунистии Ӯзбакистон интихоб карданд, ба амал омад. Худи ҳамон сол дар натиҷаи бархӯрди мошинаш бо автобус Арслон ҳалок шуд. Баъди ин яке аз кӯчаҳои Ҷиззахро ба номи ӯ гузоштанд, вале Ислом Каримов талаб кард, ки номи аввалаи кӯчаро баргардонанд. Худи ҳамон сол боз як бародари дигари Каримов вафот кард.

Ба қавли Муслима Каримов ба маросими дафни Арслон омад, вале бисёр наистод ва ба аҳли оилааш 350 сӯм дод -барои ҳамон вақт пули на он қадар кам. Аз ҳамон вақт рафтуомад қатъ шуд. Муслима баъзан-баъзан ба дастгоҳи раисҷумҳур занг мезанад, агар ба вай ягон чизи махсус зарур шавад, масалан, табобат. Боре вай хост ба қароргоҳи раисҷумҳур занг занад, гӯширо духтари Каримов Гулнора гирифт ва дарҳол онро ба ҷояш монд.

Бо вуҷуди кӯмаки моддии на он қадар калони дастгоҳи раисҷумҳур аз тариқи ҳокимияти Ҷиззах (маъмурият, -қайди идора) оила маҷбур шуд, ки хонаи калони худро дар Тошканд фурӯшад ва ба квартираи дар Ҷиззах будааш кӯчад. Онҳо ҳоло дар он зиндагии хоксорона доранд. Пули газ, барқ ва телефонро давлат пардохт мекунад ва ҳокимияти Ҷиззах гоҳ-гоҳ ба муносибати ягон ид тӯҳфаҳо медиҳад. Кори ягонае, ки Каримов барои хонаводаи онҳо кардааст, ин нигоҳ доштани мақбараи оилавиашон дар муҷтамаи Шоҳи Зиндаи Самарқанд мебошад.

Журналист Ҷамшед Каримов

Баъди чанд муддати канда шудани алоқаи оилавӣ дар рӯзномаи "Джизакская правда" нашрияи Ҳизби Коммунистӣ, ки баъдтар рӯзномаи расмии Ҳокимияти вилояти Ҷиззах шуд, ба кор даромад. Баъди он ки ин кори беоянда ба дилаш зад, чӣ хеле ки худи Ҷамшед мегӯяд, ӯро раиси Ҷамъияти Ҳомии ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон Толиб Ёқубов аслаш аз Ҷиззах, ба директори намояндагии IWPR Ҳалима Бухорбоева муаррифӣ кард. Ҷамшед гуфт, ки бо Ёқубов соли 1998 шинос шудааст ва давоми солҳои дигар бо якчанд узви шӯъбаи дар Ҷиззах будаи Ҷамъияти ҳомии ҳуқуқи инсон шинос шудааст.

Чӣ хеле ки Ҷамшед иброз дошт, ӯро боэътибор будани кор дар матбуоти байналмилалӣ ва ҳамчунини музди хуб -100 доллар барои як мақола ба худ ҷалб кардааст. Моҳи октябри соли 2004 вай қарордод имзо кард ва корро дар IWPR ба ҳайси мухбири ғайриштатӣ оғоз намуд.

Қариб дарҳол баъди чоп шудани мақолаи якумаш Ҷамшедро роҳбари вилояти хадамоти амнияти миллӣ бо исми хонаводагии Марозов ба идорааш даъват кард. Вай ваъда дод, ки агар вай корро дар IWPR қатъ кунад, барояш вазифаи хуби давлатӣ пешниҳод менамояд. Ба қавли Ҷамшед Морозов аз ҷумла аз он дар хавотир буд, ки ҷияни раисҷумҳурро пай мебаранд, агар вай дар бораи намоишҳои на он қадар калон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, ки ҳамон солҳо дар Ҷиззах тез-тез рух медоданд, мақолаҳо нависад. Хоҳари калонии Ҷамшед Гулбаҳор Каримова, ходими сиёсии маҳаллӣ, вакили парлумон аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбакистон (Ҳизби собиқи коммунистии ҶШС Ӯзбакистон, -қайди идора) ҳам аз ӯ хоҳиш кард, ки дар IWPR кор накунад.

Баъдтар ба ӯ кори нави эҷодӣ пешниҳод намуданд -"публитсисти шахсӣ"-и ҳокими вилояти Ҷиззах Убайдулло Ямонқулов. Ҷамшед гуфт, ки ӯро ба қабули вазифа моил карданд, вале дар дақиқаҳои охирин бо супориши дастгоҳи раисҷумҳур ин пешниҳод бекор карда шуд.

Ҷамшед хабар дод, ки дар IWPR муддати кам кор кардааст ва дар бораи намоишҳо нанавиштааст. Бо вуҷуди ин шоми 20-уми декабр, пеш аз оғози намоиши навбатӣ, ки бояд дар назди бинои ҳокимияти вилояти Ҷиззах доир мегардид, Каримовро ду одам боздоштанд ва ба роҳи пиёдагард кашола карда, якчанд бор ба сараш заданд. "Ин усулҳоест, ки Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ) истифода мебарад", -изҳор дош Ҷамшед. Ба ақидаи ӯ ин ҳамларо барои дар IWPR ба ҳайси мухбир кор карданаш ташкил кардаанд.

Ҳамзамон бо ин ҳамкасби Ҷамшед аз IWPR гуфт, ки латукӯб бештар ба ҳодисаи тасодуфӣ монанд аст. Ҳангоми сӯҳбат бо намояндаи сафорат Улуғбек Ҳайдаров фаҳмонд, ки одамони ба Ҷамшед ҳуҷум карда маст буданд ва ин ҳодиса як амали муқаррарии ваҳшоният мебошаду халос. Ба қавли Ҳайдаров ҳеҷ кас барои чунин кор бо ҷияни раисҷумҳур бидуни иҷозат аз боло ҷасорат намекунад. Вай хабар дод, ки Ҷамшедро сардори раёсати тандурустии вилояти Ҷиззах шахсан муолиҷа кардааст.

Сафири ИМА қайд мекунад, ки далелҳои овардаи Ҷамшед ва Муслима хеле муфассал ва мантиқан алоқаманди ҳамдигар буданд. "Мулоҳизаҳои ӯ ва модараш ба фаҳмидани шахсияте кӯмак мерасонанд, ки то ҳол асроромез боқӣ мондааст. Каримов ва атрофиёнаш ҳамаи кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то афсонаро дар бораи ятим ба воя расидани раисҷумҳурро ҳифз намоянд", -омадааст дар шарҳи Норланд.

Ҷияни раисҷумҳур дар девонахона

Моҳи сентябри соли 2006 Ҷамшед Каримовро дастгир ва маҷбурӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии Самарқанд бистарӣ карданд. Ҳамон моҳ додгоҳи Ҷиззах қарор бароварда буд, ки вай мӯҳлати шаш моҳ ба табобати маҷбурӣ равона карда шавад. Баъдтар ин мӯҳлатро якчанд маротиба тамдид карданд. Бино ба хабари "Uznews.net" мурофиаи додгоҳӣ пинҳонӣ, бидуни огоҳ кардани хешовандон ва бидуни ҷалби коршиносони мустақил баргузор шудааст.

Дар маълумотномаи дигари "Викиликс" аз таърихи 4-уми марти соли 2008 хабар дода мешавад, ки Ҷамшед бо вуҷуди хулосаи духтурон дар бораи сиҳату саломат будани ӯ аз моҳи сентябри соли 2006 инҷониб дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ аст. Дар маълумотнома гуфта мешавад, ки модари вай дар Ҷиззах зиндагӣ дорад ва аз сабаби бад будани саломатиаш вақти бештари худро дар манзилаш мегузаронад. Ҳомии хуқуқ аз Ҷиззах Бахтиёр Ҳамроев гуфт, ки вай то аз шифохона баромадани писараш бо сафир вохӯрда наметавонад. Ба вай гуфтаанд, ки охирҳои моҳи апрел (соли 2008, -қайди идора) комиссияи духтурҳо ҳолати саломатии Ҷамшедро месанҷанд ва ӯ умеди калон дошт, ки писарашро озод мекунанд.

Бо вуҷуди хушбинии Каримова, лидери ҳизби оппозитсионии фермерҳои озод Нигора Ҳидоятова ва Бахтиёр Ҳамроев, ки чанде пеш бо вай вохӯда буданд, умед надоштанд, ки ҳукумат моҳи апрел Ҷамшедро озод мекунад. Вақтҳои охир хабар мерасид, ки саломатии ӯ дар шифохона бад шудааст ва вай аз депрессия азият мекашад.

Ҳидоятова гуфт, ки сабаби тамдид шудани мӯҳлати табобати иҷбории Каримов муносибати бади ӯ бо амакбачааш Азиз Каримов -мудири шӯъбаи тиҷорати хориҷии ҳукумати вилояти Самарқанд мебошад. Ба қавли ӯ Ҷамшед то боздошт ва дар шифохона иҷборан бистарӣ шуданаш Азим Каримовро дар хазинадуздӣ ва иштирок дар тиҷорати маводи мухаддир муттаҳам кардааст. "Мо наметавонем мустақилона ин далелро бисанҷем", -навиштааст Норланд. "Бар хилофи бандиҳои дигар дар зиндон нигоҳ дошта намешавад ва бо ҳамин сабаб нозирони маҳбас аз ҳоли ӯ хабар гирифта наметавонанд, -идома медиҳад ӯ. -Дар ҷавоби хаттии ҳукумати Ӯзбакистон ба ИА гуфта мешавад, ки Каримов авф карда намешавад, зеро вай ҳеҷ гоҳ ҷиноят содир накардааст.

Маргарита (Муслима) Каримова озодшавии писарашро дида натавонист. Вай соли 2008 вафот кард. Ҷамшед хеле дертар -2 ноябри соли 2010, баъди панҷ соли бистарӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ озод шуд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi