12:01:42 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РОҲБУРДИ НАВИ ДИФОИИ ИМА: ОЁ ЧИН БА ҶАНГИ АМРИКО МЕРАВАД?

Оё ба авҷи тараққӣ расидани Чин ба таниш бо Амрико меанҷомад? Оё сарнавишт ин аст, ки Чин ба ҷанг бо абарқудрати бечунучарои имрӯзи ҷаҳон биравад? Ин суол сареҳан дар бозбинии ҷадиди роҳбурди дифоъии Иёлоти Муттаҳида тарҳ намешавад, аммо ногуфта пайдост ва худро дар лобалои санади пояии ормонҳои низомии Амрико дар қарни 21 бармало мекунад.

usa-chinaБо хондани ин санад возеҳ аст, ки чолиши ношӣ аз Чин дар роҳбурди (истротежии) дифоъии ҷадиди Амрико ҷойи вижае дорад. Ин санад муроқиб аст, то бигӯяд Чин як душмани билфитра нест. Аммо рӯшан месозад, ки Амрико артиши худро барои боздории Чин ва ё ҳатто, дар сурати лузум, барои рӯёрӯйӣ бо он таҷҳиз мекунад.

Истротежии ҷадиди дифоъии Амрико, ки Борок Убомо онро дар Пентогун эълом кард, ҳадафи рӯшане дорад: «Бозсозии нерӯҳои низомии Амрико ба наҳве ки "бартарии низомии Амрикоро ҳифз кунад ва зомини раҳбарии ҷаҳонияш бошад."

Пентогун ва Кохи Сафед баяқин омодаи пазириши ин тасвир нестанд, ки Амрико бо уфуле иҷтинобнопазир (таназзуле ногузир) мувоҷеҳ аст, он ҳам дар шароите, ки тараққии Чин ба ҳамон андоза иҷтинобнопазир аст. Амрико мехоҳад аввал бошад ва ин сиёсати дифоъӣ барои ҳамин манзур тарроҳӣ шудааст.

Фуқдони эътимод

Борок Убомо мегӯяд "милати мо дар даврони гузор ба сар мебарад" ва санади бозбинӣ (Defense Strategic Review) иброз мекунад, ки "мо дар муқобили як нуқтаи атф ҳастем." Ин санад ду нерӯи асосӣ, ки ин гузорро шакл медиҳанд, бармешумурад: яке даруни Амрико ва дигарӣ беруни он. Аз манзари дохилӣ фишорҳои афзояндаи будҷе ба маънии зарурати коҳиши ҳазинаҳои низомӣ аст. Аммо аз манзари хориҷӣ бояд нисбат ба тавони иқтисодии рӯ ба рушди Чин, ки муносиботи қудратро дар Осиё дигаргун месозад, ҳушёр буд.

Ба гуфтаи Иёлоти Муттаҳида, ороиши дифоъии ҷадид мушаввиқи (ташвиқкунандаи) "эътилои (болоравии) сулҳомези қудратҳои ҷадид" аст, ки ишора ба истиқбол аз рушди Чин аст ва пеш аз ин низ борҳо баён шудааст. Роҳбурди ҷадид диди бозе ба табаъоти (натоиҷи) рушди Чин дорад ва мегӯяд: "Дар дарозмуддат зуҳури Чин ба унвони қудрате минтақаӣ зарфияти асаргузорӣ бар иқтисод ва амнияти Иёлоти Муттаҳидаро дорад."

Таваҷҷуҳ кунед, ки чаро Чин ба унвони "қудрати минтақаии" дар ҳоли зуҳур тавсиф шудааст. Пентогун омодаи пазириши Чин ба унвони як қудрат ё абарқудрати ҷаҳонӣ ё ҳатто абарқудрате дар ҳоли шаклгирӣ нест. Ин амр бозтоби ин воқеъият аст, ки ҳавзаи нуфузи низомии Чин то расидан ба миқёси ҷаҳонӣ роҳи дарозе дорад.

Бо ин ҳол, қудрати иқтисодии Чин инак ҷаҳонро дар мушти худ дорад. Амрико ва Чин ба воситаи манофеъи муштарак ба якдигар гиреҳ хӯрдаанд. Аммо дар санади бозбинӣ фуқдони амалии эътимод бавузӯҳ баён мешавад: "Ду кишвар саҳми умдае дар сулҳу саботи Осиёи Шарқӣ доранд ва ба густариши равобиту ҳамкории фимобайн алоқаманданд. Бо ин вуҷуд, тавсеъаи тавони низомии Чин мебоист барои парҳез аз танишзоӣ дар минтақа бо шаффофияти бештаре дар бораи аҳдофи роҳбурдияш ҳамроҳ бошад."

Мусобиқаи таслиҳотӣ

Амрико мехоҳад ҳамаи баргҳоро нигаҳ дорад. Соли гузашта давлати Убомо "чархиши" худро бо таваҷҷуҳ ба он сӯйи уқёнуси Ором ошкор сохт. Ин тағйири нигоҳ дар санади ҷадид возеҳ аст. Санади ҷадиди роҳбурдии Амрико хотирнишон мекунад, ки ин кишвар "хоҳони тавозуни ҷадиде дар минтақаи Осиё-Уқёнусия аст." Амрико мегӯяд, ки барои мувоҷеҳа бо қудрати рӯ ба рушди Чин дар ҷабҳаҳои мутаъаддиде машғул аст.

Талошҳои Чин барои дастёбӣ ба таслиҳоте, ки амалиёти низомӣ дар шарқи Осиёро барои Амрико душвор мекунанд, яке аз дағдағаҳои аслӣ аст. Чин дар ҳоли сармоягузорӣ рӯйи силоҳҳои пешгирона ва тадофуъӣ, монанди мушаки "қотили ҳавопаймобар" аст, ки метавонад новҳои ҳавопаймобари Амрикоро дар дарё ҳадаф қарор дода ва ғарқ кунад. Ҳамчунин, сармоягузории сангине рӯйи зердарёиҳо ва ҷетҳои зиддиродор кардааст.

Ҳамаи инҳо метавонад новгони новҳои ҳавопаймобари Амрикоро аз савоҳили Чин биронад ва асарбахшияшон бар масирҳои тиҷории муҳимми ҷануби дарёи Чинро маҳдуд кунад ва ононро аз дифоъ аз Тойвон дар сурати ҳамлаи Чин боздорад.

Санади бозбинӣ мегӯяд: "Ҳукуматҳое назири Чин ва Эрон ба ҷустуҷӯйи роҳҳои ғайримутақорин (асимметрӣ) барои мувоҷеҳа бо тавони мо идома хоҳанд дод." Аммо ваъда медиҳад, ки иёлоти Муттаҳида тавони худро барои намоиши қудрат дар манотиқе, ки дастрасӣ ва озодии амалаш маҳдуд шуда, ҳифз мекунад.

Иёлоти Муттаҳида мехоҳад бартарии низомияш нисбат ба Чин побарҷо бимонад. Амре ки бо иқдомоти Амрико дар вокуниш ба пешрафти низомии Чин ба густариши мусобиқаи таслиҳотӣ меанҷомад. Ба навъе Пентогун бо сароягузорӣ дар анвоъи мушобеҳе аз таслиҳоти худ дар ҳоли улгӯбардорӣ аз Чин аст.

Онҳо бар тавсеъаи тавони ҳавоӣ ва дарёӣ, силоҳҳои пешрафтае чун ҷетҳои зиддиродори ҳатто печидатар аз пеш, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо мутамаркиз хоҳанд шуд, албатта дар канори ҷанги сойберӣ ва густариши тавони фазоӣ.

Дӯстёбӣ

Тақвияти шабакае аз муттаҳидони атрофи Чин рукни дигари ин истротежӣ аст: "Мо муттаҳидони феълии худро, ки пояи ҳаётии амнияти Осиё-Уқёнусия ҳастанд, тақвият мекунем. Ҳамчунин, шабакаи ҳамкории худ бо шуракои ҷадидро ба ҳамаи минтақаи Осиё-Уқёнусия густариш медиҳем."

Иёлоти Муттаҳида ҳамакнун ҳам равобити дифоъии наздике бо Жопун, Куреи Ҷанубӣ, Филиппин, Тойвон ва Устролиё дорад ва дар пайи барқарории пайвандҳое бо Виетном ва Андунезӣ аст ва рӯйи шарокати роҳбурдии дарозмуддат бо Ҳинд сармоягузорӣ мекунад.

Ин ҳама аз паёме бисёр қавӣ барои боздорандагии Чин хабар медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида бо ҳар чи ки султаашро ба хатар андозад, меситезад. Пайвандҳояш бо муттаҳидони муҳим дар ҳамсоягии Чинро устувор хоҳад сохт ва аз манофеъаш дар шарқи Осиё муҳофизат хоҳад кард.

Ба пурсише, ки аз он оғоз кардем, бозгардем. Оё рӯзе танише миёни Чин ва Иёлоти Муттаҳида буруз хоҳад кард? Посух ба он ба вокуниши Чин ба роҳбурди эъломшудаи Амрико вобаста аст. Оё Чин дар садади таҳмили (бор кардани) қудрати худ бар шарқи Осиё хоҳад буд? Чунин амре мӯҷиби таниш дар минтақа хоҳад шуд?

Рӯзномаи давлатии Глубол Тоймз дар Чин, ки мавозеъе миллигароёна дорад, аввалин вокунишро нисбат ба ин матн нишон дод. Ин рӯзнома навишт: "Чин мебоист тавони таҳоҷумии дурбурди худро афзоиш диҳад ва барои таҳдиди қаламрави Иёлоти Муттаҳида ба манзури густариши маҳдудаи "бозӣ" бо Амрико роҳҳои ҷадиде биёбад.

Ба навиштаи ин рӯзнома: "Чин бояд Иёлоти Муттаҳидаро ба фаҳми ин нукта водорад, ки пешрафташ таваққуфпазир нест ва барои Амрико беҳтар ин аст, ки бо Чин дӯстӣ кунад."

Деймиян Громотикос, Би-би-сӣ, Пекин



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi