13:22:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

АФҒОНИСТОН – ПОКИСТОН ҲАМ РАФИҚУ ҲАМ РАҚИБ

 

В. Сапеткайте, "Геополитика", Литва

Муносибатҳои байни Афғонистону Покистон хеле дарҳам-барҳаманд, пеш аз ҳама бо сабаби ба ҳамдигар мухолиф будани сиёсатҳои хориҷии ду кишвар. Ғайри ин нуфузи ҳокимияти мулкӣ дар ҳудудҳои ҳар ду мамлакат хеле маҳдуданд.

Pakistan & AfghanistanМахсусан ин дар Афғонистон ошкор ба назар мерасад, ки дар он вилоятҳои алоҳида қариб аз тарафи роҳбарияти марказӣ контрол намешавад ва онро гурӯҳҳои террористӣ иваз кардаанд. Дар Покистон вазъият каме дигархелтар аст. Дар он аслан ҳокимият ба артиш тааллуқ дорад. Дар қатори вай разведкаи байниидоравии ISI нуфузи калон дорад, ки онро кишварҳои Ғарб бисёр вақт дар дастгирии "Толибон" муттаҳам мекунанд.

Дар муносибатҳои байни Афғонистону Покистон проблемаҳои кӯҳна ва номуайяниҳо хеле зиёданд. Ҳамзамон бо ин метавон дар бораи дурнамои мусоиди муколамаи байнидавлатӣ сухан ронд, зеро ҳар ду тараф ба дӯстиву ҳамкорӣ ҳавасманданд. Ихтилофҳои асосӣ бо хати Дюранд, мубориза бо терроризм ва Ҳиндустон алоқаманданд.

Дар бораи хати Дюранд сухан ронда, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, ки "ин девори кину адоват байни ду бародар аст". Кобул онро ҳамчун сарҳади аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ тасдиқшуда" байни Афғонистону Покистон эътироф намекунад.

Ҳукумати асосан паштунии Афғонистон мавқееро ишғол мекунад, ки тибқи он ҳудудҳои паштуннишини мутааллиқ ба Покистон бояд ба Афғонистон тааллуқ дошта бошанд. Ҷиддӣ будани мухолифат доир ба ин масъалаҳоро он далел ҳам тасдиқ мекунад, ки маҳз ба хотири хати Дюранд танҳо як худи Афғонистон соли 1947, баъди истиқлолияти худро эълон карданаш муқобили қабули Покистон ба СММ райъ дод.

Ҷиҳати дигари проблемавии бенизомии марзии байни Афғонистону Покистон бо хатарҳои соҳаи амният алоқаманд аст. Дар ҳудудҳои баҳсбарангез суботу оромӣ намешавад ва дар сарҳади байни Афғонистону Покистон ҳамавақт ҳодисаҳои гуногуне ба вуҷуд меоянд, ки дар онҳо гурӯҳҳои мухталифи террористӣ иштирок мекунанд.

Шумораи задухӯрд махсусан баъди дар соли 2001 аз Кобул ронда шудани ҷунбиши "Толибон" зиёд шуд ва бисёр размандагони он дар минтақаи сарҳадии байни Афғонистону Покистон маскан гузоштанд. Қочоқбарони маводи мухаддир низ пинак намераванд. Даромади аз истеҳсолу фурӯши он ба даст омада на танҳо ба деҳқонони ҳар ду кишвар имконият медиҳад, ки зиндагиашонро таъмин кунанд, балки боз барои фаъолияти террористӣ ҳам заминаи молиявӣ ба вуҷуд меорад.

Ҳарчанд Покистон изҳор менамояд, ки бо терроризм мубориза мебарад, ИМА ва Афғонистон онро дар камфаъолӣ ва ҳатто дастгирии террористҳо муттаҳам мекунанд, масалан, аввалҳои моҳи октябри соли 2011 Барак Обама изҳор намуд, ки ҳарбиҳо ва разведкаи покисонӣ бо экстримистҳои афғоние иртибот доранд, ки баъди рафтани нерӯҳои амрикоӣ метавонанд ҳокимиятро дар кишвар ишғол кунанд. Дар навбати худ Ҳомид Карзай мегӯяд, ки Покистон мехоҳад ҳукумати паштунии ӯро носубот гардонад, то ба сари ҳокимияти Афғонистон нерӯҳои Покистонмаоб биёянд.

Ҳиндустон ҳам дар муносибатҳои байни Афғонистону Покистон омили камаҳамият намебошад. Аз ҳамон вақте ки (с. 1947) Бритониёи Кабир ин кишварро тарк намуд ва Покистони мустақили мусулмонӣ ташкил ёфт, Деҳлӣ ва Исломобод душманӣ меварзанд. Монеаи асосӣ вилоятҳои ба Ҳиндустон мутааллиқи Ҷамму ва Кашмир мебошанд. Дар ин қарина Покистон аз хубтар шудани муносибатҳои Афғонистону Ҳиндустон нигарон аст.

Амалан Афғонистон кӯшиш дорад байни ду рақиб чустучолокӣ кунад. Вақте ки моҳи октябри соли 2011 Кобул ва Деҳлӣ перомуни кӯмаки байниҳамдигарӣ баъди аз Афғонистон рафтани нерӯҳои амрикоӣ созишнома имзо карданд, Ҳомид Карзай дарҳол кӯшиш намуд Исломободро ором созад ва изҳор кард, ки "Покистон ин бародари дугоник аст ва Ҳиндустон дӯсти калон" ва созишномаи имзошуда ба муносибатҳои бародаронаи ду кишвар таъсир намерасонад.

Ҳиндустон метавонад ба Афғонистон дар беҳсозии вазъият дар бахшҳои маориф ва инфраструктура кӯмак расонад ва ҳамчунин дар тайёр кардани нерӯҳои амниятии ин кишвар иштирок  намояд. Ба ин мақсад аллакай ду миллиард доллар ҷудо карда шудааст (зимнан, ин маблағ аз кӯмаки Покистон ба Афғонистон шаш маротиба зиёд аст). Аз нуқтаи назари ҷониби ҳиндуҳо, суботу оромии Афғонистон ба амният дар худи Ҳиндустон мустақиман алоқаманд аст ва аз ҳамин сабаб дар чунин ҳолат пулро дареғ доштан лозим нест.

Ба қавли сафири Иттиҳоди Аврупо дар Кобул В. Ушатскас ҳарчанд дар Афғонистон якбора манфиатҳои якчанд давлати пурқуввати минтақа ҳамдигарро бурида мегузаранд, лоиҳаи мушаххас метавонанд дар гузаштан аз тақобули геополитикӣ ба вобастагии байниҳамдигарии қобили қабул кӯмак расонад. Яке аз ин лоиҳа лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон аст, ки на танҳо Афғонистонро ба кишвари стратегии транзитии захираҳои энержӣ табдил медиҳад, балки боз чаҳор кишвари гуногунро ба ҳамдигар мепайвандад ва бидуни шубҳа муносибатҳои байниҳамдигарии онҳоро мустаҳкам мегардонад. Бо ибораи дигар, интенсификатсияи муносибатҳои байнидавлатии тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва институтсионалӣ метавонад минтақаро бештар босуботтар созад.

Ихтилофҳои Афғонистону Покистон чӣ хел набошанд ҳам, онҳоро таърихи муштарак ба ҳам мепайвандад ва ояндаи онҳо аз ҳам ҷудонашаванда аст. Чунин ба назар мерасад, ки инро лидерҳои ҳар ду кишвар ҳам мефаҳманд ва  омодагиашонро ба мустаҳкам кардани робитаҳои дуҷониба изҳор медоранд. Баъзан изҳоротҳои дӯстона ҳатто аз доираи дипломатии ҷоиз берун мебароянд. Масалан, моҳи октябри соли 2011 Ҳомид Карзай беэҳтиётона гуфт, ки дар ҳолати зиддияти ҳарбии Покистон бо Амрико вай Исломободро дастгирӣ мекунад.

Ҳарчанд роҳбарияти афғонӣ хост инро ҳамчун воситаи ором кардани Покистон дар қаринаи имзо шудани шартнома перомуни шарикии стратегӣ бо ИМА фаҳмонад, амрикоиҳо норозӣ шуданд ва суханҳои Ҳомид Карзайро ҳамчун хиёнат арзёбӣ карданд (ҳатто бо вуҷуди он, ки Иёлоти Муттаҳида ба Покистон эътирозҳои ҷиддӣ дорад, ҷанг байни онҳо аз эҳтимол дур аст).

Соли 2010 байни Афғонистон ва Покистон Меморандум дар бораи ҳусни тафоҳум ба имзо расид, ки дар он сохтмони роҳи оҳан бо хатсайрҳои Қандаҳор-Квет ва Ҷалолобод-Пешовар пешбинӣ шудааст, ки он бояд як қисми системаи роҳи оҳани Покистон шавад. Ҳамчунин созишнома дар бораи транзити молҳо имзо шуд. Охирӣ барои Афғонистони аз бисёр ҷиҳат дар изолятсия буда ба бандарҳои покистонӣ роҳ мекушояд ва ҳамчунин ба он ҳуқуқ медиҳад, ки роҳҳои Покистонро барои рушди тиҷорат бо Ҳиндустон истифода барад.

Ба мӯътадилшавии муносибатҳои ду кишвар фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ, масалан, Ассотсиатсияи дӯстии халқҳои Афғонистону Покистон ҳам мусоидат мекунад. Ин созмон кӯшиш дорад ба гурезаҳо кӯмак расонад ва бо қашшоқӣ мубориза барад, проблемаҳоро дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва маориф ҳал намояд, ҳамкориҳои иқтисодии ду давлатро инкишоф диҳад ва ғайраву ҳоказо. Ҳамаи он гомҳои муҳиманд дар роҳи беҳтар кардани иқлими сиёсӣ-иқтисодӣ дар тамоми минтақа.

Баробари наздик шудани соли 2014-замони аз Афғонистон хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ- муносибат бо Исломобод барои Кобул дар қаринаи босуботсозии кишвар ва мубориза бо терроризм боз ҳам муҳимтар мешавад. Бе Покистон ҳал кардани ин проблемаҳо номумкин аст. Барои Покистон ҳамкорӣ бо Афғонистон ақаллан ба он хотир муҳим аст, ки вай ҳавасманди ба доираи нуфузи Ҳиндустон афтодани Кобул ва ба олати муборизаи он бо Исломобод табдил ёфтани Кобул нест.

Вале муҳимтар аз ҳама бидуни Афғонистони босубот дар бораи суботу амният дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна сухан рондан аз имкон берун аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi