11:18:45 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САҶҶОДӢ: «ХОМҲО ДАРК МЕКУНАНД, КИ ДӮСТ КИВУ ДУШМАН КӢ?»

Рэи ВВТ

Эрон муҳимтарин шарики Русия дар минтақаи Хазару Ховари Миёна ва дар дунё мебошад. ИМА ва муттаҳидини он вақтҳои охир фаъолона кӯшиш доранд ба ҷониби Эрон фишор оранд, то вай барномаи тадқиқотҳои ҳастаии худро қатъ намояд.

sajjadiАммо адами далелҳо дар бобати характери ҳарбӣ доштани барнома ва ҳамчунин мавқеи Русияву Чин ба Вашингтон иҷозат намедиҳанд, то барои сафед кардани амалҳои худ имкониятҳои СММ-ро сафарбар намояд. Ақидаи худро перомуни вазъият дар ин бахш ва проблемаҳои дигари минтақа сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмаҳмуд Ризо Саҷҷодӣ ба "ВВТ" баён намуд.

-Ҷалолатмаоб, муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Барои рушди комили ҳамкориҳо пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои амният лозим аст. Аз ҳамин сабаб саволи якуми мо: аз нуқтаи назари ҶИЭ вазъияти амният ва аз ҷумла амнияти ҳастаӣ дар минтақаи Ховари Миёна чӣ гуна аст?

-Ба фикри ман то вақте ки дар минтақаи мо НАТО ва кишварҳои ғарбӣ ҳузур доранд, мо дар таъмини амният проблема хоҳем дошт. Аз ҳамин сабаб шароити мусоид барои ҳамкорӣ ҳамон вақт фаро мерасад, ки дар минтақа ягон хел ҳузури ҳайъатҳои ҳарбии Ғарб набошад. Сабаби ҳузури онҳо аз он иборат аст, ки Ғарб мехоҳад вазъиятро дар минтақа бо мақсади таъмини манфиатҳояш тағйир бидиҳад. Мисоли рӯшани ин -он коре, ки амрикоиҳо ва нерӯҳои эътилофӣ дар Ироқу Афғонистон карданд. Мо мушоҳида мекунем, ки истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон замони ҳузури нерӯҳои эътилофӣ чил маротиба афзоиш ёфтааст.

Аз ҳамин сабаб, ба фикри ман, бояд тамоми кӯшишҳои на танрҳо дуҷониба, балки боз бисёртарафаро барои аз минтақа хориҷ кардани нерӯҳои давлатҳои хориҷа ба харҷ дод. Хушбахтона, дар ин самт ҳодисаҳо дар Миср, дар Тунис бомуваффақият (то ҳадде муайян) инкишоф ёфтанд. Дар Яман ва Баҳрайн дигаргуниҳо оғоз шуданд. Мағлубияти амрикоиҳо дар Ироқу Афғонистон боиси он шудааст, ки давлатҳои ғарбӣ ин ду кишварро тарк мекунанд.

Ва аз ҳамин сабаб, бо вуҷуди он ки вазъият ба андозаи кофӣ хатарнок аст, мо дурнаморо мусбат арзёбӣ мекунем ва ба андозаи муайян онҳоро умедбахш мешуморем. Барои он ки халқҳои минтақаи мо бедор мешаванд ва дарк мекунанд, ки душманашон кисту дӯсташон кист.

-Дар иртибот бо ҳамин шумо метавонед вазъияти ҳамкориҳоро дар бахши истифодаи осоиштаи энержии ҳастаӣ байни Русия ва Эрон шарҳ диҳед?

-Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯҳои барқии ҳастаии Бӯшаҳр на танҳо сатҳи баланди боварии байниҳамдигарии кишварҳоямонро нишон дод, балки ҳамзамон бо ин марҳилаи нави ҳамкориҳоямонро муайян кард. Зеро мувофиқи лоиҳаи аввал нерӯҳои Бӯшаҳр бояд аз чаҳор энергоблоки ҳар кадомаш ҳазор мегаваттӣ иборат мешуд. Вале бо такя ба таҷрибаи калони "Росатом" мо умедворем, ки дар бораи сохтмони навбати дуюми нерӯгоҳ ба мувофиқа мерасем. Ғайри ин гуфтушунидҳои хеле сермаҳсул оид ба ҳамкориҳо дар бахши тибби радиатсионӣ баргузор шуданд, ки аҳамияти муҳими башардӯстона доранд.

Ман он чизро ба асос мегирам, ки мутахассисони Эрону Русия имрӯз ҳамдигарро мефаҳманд ва хеле хуб ҳам мефаҳманд. Ва ин сармояи хеле хуби базавӣ, имконияти хеле хуб барои рушди ҳамкориҳои мо дар бахши ҳастаии осоишта мебошад.

-Як қатор давлатҳои хориҷӣ таҳдид карданд, ки ба ҷумҳурии Исломии Эрон зарба мезананд. Хонандагони мо донистан мехоҳанд, ки Эрон ба зада гардондани ҳуҷуми ҳарбӣ тайёр аст?

-Ҳам Амрико ва ҳам Исроил борҳо таҳдиди зарба ба Эрон карданд. Вале ба фикри ман мутахассисони ҳарбии Амрико ба андозаи кофӣ корозмудаанд, то оқибатҳои чунин иқдомро дарк кунанд.

Медонед, ба фикри мо оғози иқдоми ҳарбӣ кори душвор нест. Аммо суоле ба миён меояд, ки ҷанг чӣ хел ба анҷом мерасад, зеро Ироқ, халқи Ироқ, давоми даҳ соли мубориза бо истилогарон, гуфтан мумкин аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба зону шинонд. Ва аз ҳамин сабаб ҳуҷум ба Эрон - ба кишвари хеле бештар пурқудрат, бо халқи хеле бештар муттаҳид -барои Амрико оқибатҳои тамоман дигарро ба бор хоҳад овард. Мақоле ҳаст: касе, ки дар хонаи шишагӣ зиндагӣ мекунад, набояд ба хонаи дигарон санг парронад. Ҳуҷум ба Эрон метавонад бо иродаи кишварҳои дигар ба амал ояд, лекин анҷоми ин ҷанг аллакай аз иродаи Эрон вобаста хоҳад буд. Ба фикри ман амрикоиҳо он қадар соддалавҳ нестанд, дар бораи Эрон на он қадар кам медонанд, ки ба чунин хато роҳ диҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки дараҷаи ҷаҳолати Амрико он қадар калон нест, то ба чунин ҷанг роҳ диҳад.

-Хабарҳои охирин гувоҳи интенсификатсия ва гарм шудани муносибатҳо байни Эрону Русия мебошанд, на танҳо дар доираи равобити дуҷониба, балки боз дар доираи созмонҳои минтақавӣ. Сабаби чунин динамикаи мусбат чӣ бошад?

-Шукуфоии иқтисодии минтақавӣ аз сиёсати давлатҳои минтақа вобаста аст, махсусан аз давлатҳои нисбатан пурқуввати минтақа. Гуфтан мумкин аст, ки андоза, миқёс ва вусъати ҳамкориҳои мо хеле номаҳдуданд.

Назди Эрон ва Русия хатарҳои умумӣ истодаанд, мо хатарҳои умумие дорем дар Осиёи Миёна, дар Ироқу дар Афғонистон, дар минтақаи Хазар ва Қафқоз. Бадбахтиҳое ба мисли маводи мухаддир, терроризм, экстремизм ҳам ба мо ва ҳам ба шумо зарарҳои калон расондаанд. Ва аз ҳамн сабаб мо ба таври табиӣ метавонем ва вазифадорем дар ҳамаи ҷабҳаҳо, дар ҳама самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин дар бахши амният ҳамкорӣ кунем.

-Шумо наметавонед хабарҳои баъзе аз ВАО-ро перомуни парвандаи ҷиноие шарҳ диҳед, ки марбут ба қаллобӣ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани қарз аз бонкҳои Эрон мебошанд?

-Шумо медонед, ду сол пеш ҷаҳон бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодиро паси сар кард. Ба мо нақл карданд, ки сабаби ин назорати бесифати молявию иқтисодӣ мебошад. Ин дар шароите ба вуҷуд омад, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аллакай давоми ду садсола таҷрибаи ҳаматарафаи бонкӣ ҷамъшуда буд. Мо бошем дар ин соҳа ҳамагӣ таҷррибаи 32-сола дорем; табиист, ки системаи молиявии мо аз камбудиҳо орӣ нест. Одамони "боистеъдод", одамони "қобилиятнок" на ҳама вақт қобилияти худро дар самти дуруст истифода мебаранд, баъзан маҳорати онҳо дар самтҳои ғалат зуҳур мекунад.

Ҳоло тамоми механизми давлатӣ ва ҷазо додани вайронкорон ва ислоҳ кардани камбудиҳои системаи молиявӣ-иқтисодӣ сафарбар шудаанд. Барои таъмини рушди устувору боэътимоди иқтисодӣ ислоҳи баъзе меъёрҳои кӯҳнашуда лозим аст ва аз ҳамин сабаб ба як қатор масъалаҳо ҳукумат дахолат мекунад. Дар ҳолати мазкур ҳукумат ин одами "қобилиятнок"-ро дар кӯшишҳояш барои гирифтани қарз барои сохтмони корхонаҳои нав, ташкили истеҳсолоти нав дастгирӣ кардааст. Вай бошад аз боварии ҳукумат сӯиистифода намудааст. Ҳама вақт, дар ҳамаи ҷомеаҳо вайронкорон ва вайронкуниҳо мешаванд. Муҳим он, ки система ё сохти давлатӣ киро дастгирӣ мекунад -вайронкоронро ё одамони ҳалолкорро. Ин ҷой ягон мақсади сиёсӣ нест.

Дар ин кор бисёр вайронкунандагони қонун ошкор шуданд. Баъзеҳояшон боздошт шуданд, баъзеи дигарашон дар хориҷа қарор доранд. Ҳоло тафтишот идома дорад ва дар натиҷаи он мурофиаи додгоҳӣ баргузор мешавад. Кишварҳои Ғарб кӯшиш доранд миқёси он чизеро, ки дар Эрон ба вуқӯъ пайваст, аз будаш зиёд нишон диҳанд. Дар асл чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои дигар низ зуд-зуд ба вуҷуд меоянд. Ин кӯшиши хеле хушкухолии сиёҳ кардани Эрон аст; дар кишварҳои ғарбӣ-аксар вақт дар сатҳи вазирон -чунин саҳнаҳо кам нестанд. Ба ин ҳодиса на ҳукумати кишвар, балки намояндагони бизнеси хусусӣ ҷалб шудаанд.

-Хайр, ҳукумат ҳукумат аст, лекин бонкҳои Эрон ба ҷанҷол чӣ иртибот доранд?

-Тафтишот ҳоло ба анҷом нарасидааст. Дар бораи мақомоти комиссионии тафтишот чизе мегӯянд. Ин намояндаи "қобилиятнок"-и бизнеси хусусӣ (онҳое, ки қонунҳоро вайрон мекунанд,умуман одамони хеле "боистеъдод" мебошанд) сардори шӯъбаи бонкро (филиали бонки тиҷоратӣ дар шаҳри Аҳвоз) фиреб додааст. Роҳбари шӯъба кафолат додааст, ки ин одам қобилияти баргардондани қарзро дорад ва дар асоси ҳамин кафолат вай аз бонкҳои дигар қарз гирифтааст. Медонед, одаме, ки қобилияти бозгардондани қарзро дар ҳаҷми 100 миллион доллар дорад, тавонистааст хеле зиёдтар, қариб миллиард доллар гирад. Илова бар ин, вай ин қарзро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифтааст.

-Созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ якдилона муваффақиятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эронро қайд мекунанд. Вале иттилоот перомуни бахши буҷа ба дараҷаи хеле кам паҳн шудааст. Вазъият дар Эрон оид ба молияи давлатӣ чӣ гуна аст?

-Дар бахши буҷаи кишвари мо аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дигаргуниҳои хеле муҳим баргузор шудаанд. Мо дар бахшҳои сӯзишворӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ ва нон ҷудо кардани маблағ (субсидсия)-ро бекор кардем. Пештар ҳукумат барои аҳолӣ нархҳои бензин, газ, нерӯи барқ ҳар сол ба ҳаҷми 100 милиард доллар, таъминоти обро 5 миллиард доллар ва нонро ду миллиард доллар маблағгузорӣ мекард.

Ҳоло бошад ҳукумат принсипҳои адолати иҷтимоиро асоси кори худ қарор дода, ба хулоса омадааст, ки беҳтар аст ин маблағгузориҳо аз байн бардошта шаванд. Аз онҳо фоидаро одамони нисбатан сарватманд, ки бештар истеъмол мекарданд, мегирифтанд. Табиист, ки ин боиси садамаи калони иқтисодӣ мешуд. Дар баъзе кишварҳо, ки нархи захираҳои энержӣ ду баробар зиёд карда мешавад, ҳукуматҳояшон сарнагун мешаванд. Мо нархи бензинро ҳафт маротиба ва нерӯи барқро панҷ маротиба зиёд кардем, лекин одамон ба майдон набаромаданд.

Буҷаи мо ба ду қисм ҷудо мешавад: буҷаи ҷорӣ ва буҷаи рушд. Дар натиҷаи ихтисор кардани кӯмакпулӣ (субсидия) дар буҷаи ҷорӣ профитеит зиёд шуд. Мувофиқи ин буҷаи рушд ҳам афзоиш ёфт, ки ба некӯаҳволии халқи Эрон ва рушди иқтисодӣ кӯмак мерасонад. Ва аз ҳамин сабаб агар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ бигӯянд, ки иқтисодиёти Эрон рушд мекунад, ин аз афзоиши буҷаи рушд бармеояд. Иқтисодиёт ва буҷаи Эрон то чӣ андоза аз фурӯши нафт вобаста аст, ман омори амиқ надорам, вале фикр мекунам, ки тақрибан 60 %. Вале ин 60 %-и нафтии имсола аз 60 %-и ду сол пеш фарқ мекунад, аз ҷумла барои он ки буҷаи рушд зиёд шудааст. Сарфаи бевосита аз бекор кардани кӯмакпулӣ (субсидия) бошад бештар аз 100 миллиард доллар аст.

-Буҷаи давлатӣ ба он тайёр аст, ки нархи нафт паст рафтанаш мумкин мебошад?

-Мо замонеро паси сар кардем, вақте ки бо режим ҷанг мекардем ва ин режимро тамоми ҷаҳон дастгирӣ менамуд. Ҳамон вақт кишварҳои Ғарб нархи як баррел нафтро то ба 10 доллар фуроварданд. А ин рӯ мо дар паси сар кардани вазъи ҳолатҳои вазнини иқтисодӣ таҷриба дорем. Аз ӯҳдааш мебароем.

-Эрон на танҳо яке аз кишварҳои калони истихроҷкунандаи нафт аст: дар ин ҷой захираҳои калони газ мавҷуданд. Масъалаи муҳим барои мо ин ҳамкории ФР ва ҶИЭ дар бахши газ аст. Аз ҷумла ҷиҳатҳои сиёсии ин ҳамкориҳо дар ҳолате, ки Аврупо ва ИМА мехоҳанд бозори ҷаҳонии газро тақсим кунанд.

-Ин масъалаи стратегиест, ки машваратҳои нисбатан муфассал ва ҳадафноки байни Эрон ва Русияро талаб мекунад. Дар ин қисмат мо аллакай баъзе ҳамкориҳоро оғоз намудем, ним сол пеш харитаи роҳ байни идораҳои дахлдори ду кишвар ба имзо расиданд. Вале, мутаассифона, ин машваратҳо дар амал он вусъатеро пайдо накарданд, ки интизор мерафт. Бояд қайд кард, ки ҷониби Эрон ба ин ҳавасманд аст.

Ба фикри мо гувоҳи афзоиши ҳавасмандии Русия пайдо шудани одами нав ба ҳайси роҳбари қисмати русиягии гурӯҳи корӣ оид ба энержӣ мебошад. Ин ҷаноби Дан Беленский -муовини вазири энержии Русия. Ин гурӯҳи корӣ дар ташкили фаъолият оид ба харитаи роҳ нақши муҳим мебозад, вале мутаассифона, қариб як сол боз ҷаласаи он доир нашудааст. Ҳоло ҷониби эронӣ, вазири нафти Эрон ба баргузории вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Теҳрон изҳори омодагӣ намудааст.

-Кай?

-Ҷонибҳо маслиҳат мекунанд.

-Дар иртибот бо ҳамин боз як саволи дигар: Русия ва Эрон иштирокдорони фаъоли Форуми кишварҳои содиркунандаи газ мебошанд. Чанде пеш саммити он дар Доха баргузор шуд. Чунин тасаввуроте ба вуҷуд меояд, ки байни Русияву Эрон доир ба баъзе масъалаҳои сиёсӣ ҳамдигарфаҳмӣ бештар аст дар муқоиса байни Русияву Қатар ё байни Эрону Қатар.

-Бешубҳа. Баҳоҳои Эрон ва Русия доир ба масъалаҳои зиёди ҳам миқёси байналмилалӣ ва ҳам минтақавӣ ё бо ҳам мувофиқат мекунанд ё ба ҳам монанданд. Лекин як қатор масъалаҳои иқтисодӣ дар Русия бо масъалаҳои сиёсӣ сахт алоқаманданд. Ва мо мебинем, ки дар бисёр масъалаҳои иқтисодӣ агар аз боло тасдиқи сиёсии худро наёбанд, пешравие нест. Баробари ин мо мефаҳмем, ки ФР ӯҳдадориҳои хеле зиёди байналмилалӣ дорад ва аз ҳамин сабаб дар ҳамкориҳои дуҷонибаи мо Русия он андозаи чобукиеро надорад, ки мо дорем.

-Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Эрону Русия, аз ҷумла масъалаҳои инвеститсионӣ чӣ гунаанд?

-Охирҳои моҳи ноябр конфронс оид ба имкониятҳои маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Эрон баргузор шуд, мо намояндагоин ширкатҳои Русияро даъват кардем. Вақте ки конфронсҳои дахлдор дар Русия баргузор шаванд, мо намояндагони бизнеси хусусии Эронро даъват менамоем. Алҳол аз сабаби огоҳии ками инвесторҳо -ҳам эронию ҳам русиягӣ -лоиҳаҳои бошукӯҳ нестанд. Вале бахшҳои зиёде ҳастанд барои маблағгузорӣ.

Ҷониби Эрони барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ талош дорад. Вале бояд эътироф кард, ки Русия барои беҳтар кардан ва ислоҳ намудани муносибатҳояш бо Ғарб талош меварзад ва чӣ хеле ки маълум аст, муносибати Ғарб бо Эрон мураккаб аст. Аз ҳамин сабаб Маскав ба ҷониби Теҳрон эҳтиёткорона ва хавотиромез ҳаракат мекунад, то муносибатҳояшро бо Ғарб вайрон насозад. Вале боз  як далели дигар ҳам ҳаст. Ғарб нисбати Русия стратегияи муайяни доимӣ дорад ва аз ин сабаб мехоҳад муносибатҳои Русияро бо Эрон халалдор намояд.

-Русия ва Эрон дар масъалаи баҳри Хазар, аз ҷумла масъалаҳои нақлиётӣ ва зистмуҳитӣ чӣ хел ҳамкорӣ мекунанд?

-Дар баъзе масъалаҳо ҳамкориҳои хеле мавзун ва ҳадафнок давом доранд, масалан, дар соҳаи нақлиёти баҳрӣ, ки ба фаъолияти Оҷонсии федеролии нақлиёти баҳриву рӯдӣ алоқаманд аст ва ожонсӣ ба ин масъала диққати калон медиҳад. Вале, масалан, дар бахши моҳидорӣ ҳамкорӣ ба таври кофӣ рушд намекунад, барои он ки дар Русия ба соҳаи моҳидорӣ ба андозае ҳавобаландона нигоҳ мекунанд. Ва аз ҳамин сабаб муносибатҳо доир ба моҳидорӣ ва хоҷагии моҳӣ сард ва ғайрифаъоланд. Чанде пеш ба Русия муовини вазир, роҳбари хоҷагии моҳидории Эронро даъват карданд. Вақте ба Маскав омад, ба вай гуфтанд, ки роҳбари ҷониби қабулкунанда дар шаҳр нест, муовинаш ҳаст, вале вай масруф (банд) мебошад ва дар натиҷа ба қабули муовини вазири Эрон танҳо мушовири муовини роҳбари хоҷагии моҳидории Русия тайёр буду халос. Ин он қадар муносибати профессионалӣ нест.

Ба андешаи банда ҳамкориҳои иқтисодӣ, албатта, ҳамдигарфаҳмии ҷонибҳоро беҳтар ва амиқтар менамояд. Айни замон дари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон нимбоз аст. Тамоман боз не -нимбоз. Масалан, мо мутаассифона аз бонкҳои Русия хизматрасониҳои заруриро дастрас намекунем, ҳарчанд ин хизматрасониҳо ба таҳримҳо ягон муносибате надоранд. Дар он ҷойҳо аз ҳад зиёд эҳтиёткорӣ мекунанд, мегӯянд, ки онҳо иҷозати Бонки марказиро надоранд.

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон Муҳаммадриза Раҳимӣ намояндаи раисҷумҳури Эрон оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия мебошад. Агар ҷаноби Путин барои робита шароитҳои нисбатан мусоид фароҳам орад, дар он вақт сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии мо бешубҳа баланд мешавад, зеро маҳз ҷаноби Раҳимӣ масъули инкишофи муносибатҳои мо бо Чин буд, ки дар доираи он табодули мол аз 3 миллиард ба 40 миллиард доллар расид. Ва дар натиҷаи фаъолияти ӯ ҳаҷми гардиши мол бо Туркия панҷ маротиба афзоиш ёфт.

-Дипломатия ин аз бисёр ҷиҳат санъат аст. Ва албатта, он андозаи беҳшавии муносибатҳо байни Эрону Русия, ки имрӯз мебинем, бо ҷиҳатҳои объективӣ алоқаманданд, лекин нақши муҳимро сифатҳои шахсии сафир мебозад. Мехоҳем, ки ҷалолатмаобро бо фаъолияти бобарорашон табрик намоем: чӣ хеле ки дар Русия мегӯянд, ҳар як ғалаба ва ҳар як мағлубият исми хонаводагӣ (фамилия), ном ва номи падари худро доранд.

-Русҳо дуруст мегӯянд. Вале дар ин қарина ман хеле зиёд мехоҳам, ки суханҳои шумо дар бораи беҳтаршавии минбаъдаи муносибатҳо ҷомаи амал пӯшанд, шарт нест, ки нақши ман дар он қайд шуда бошад. Мумкин ман дар робитаи наздикшавии ду давлати мо сабабҳои бештар асоснок ва объективӣ доштанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi