02:49:21 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПУТИН: МУБОРИЗА БАРОИ РУСИЯ ИДОМА ДОРАД

Ҳазорҳо нафар дар варзишгоҳи мавсум ба Лужники дар Маскав, шоҳиди суханронии қавиян ватанпарастонаи Владимир Путин, ки умедвор аст дар интихобот бори дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия бирасад, буданд.

putinӮ бо даъват ба пирӯзӣ дар "мубориза барои Русия" гуфт иҷозаи мудохила дар умури дохилии кишварро нахоҳад дод. Варзишгоҳи Лужники, ки гунҷоиши беш аз 78 000 нафарро дорад, дарёе аз шиъорҳои ҳизби ҳокими Русияи муттаҳидро мемонд. Ин ҳизб дар моҳи декабр барандаи интихоботи порлумонӣ эълом шуд. Интихоботе,ки бо иддаъоҳои тақаллуби густарда ҳамроҳ буд.

Пас аз он интихобот ҷунбиши мухолифон қудрат гирифт ва бузургтарин роҳпаймоиҳои тарафдори худро тайи даҳсолаҳои ахир дар пойтахти Русия баргузор кард. Интизор меравад оқои Путин дар рақобати интихотботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шавад. Ӯ вуҷуди тақаллуби густарда дар интихоботи порлумонии моҳи декабрро рад кардааст.

Пулиси Маскав мегӯяд дастикам 130 ҳазор дар ҳамоиши рӯзи панҷшанбе ширкат кардаанд. Ин ҳамоиш зери шиъори "Аз кишвар дифоъ кун" ва ҳамзамон бо рӯзии миллии "Ҳомиёни Ватан" баргузор шуд. Стив Рузенберг, хабарнигори Бибисӣ аз варзишгоҳи Лужники гузориш медиҳад, ки ин бузургтарин ҳамоиш барои ҳимоят аз интихоби дубораи оқои Путин аст.

Ӯ меафзояд ин як иқдом барои бори дигар ба унвони раҳбари миллӣ матраҳ кардани оқои Путин аст, аммо на ҳамаи иштироккунандагон тарафдори вай ҳастанд. Ду коргари роҳи оҳан ба хабарнигори мо гуфтаанд аз мудири худ дастур гирифтаанд, ки дар ин таҷаммуъ ширкат кунанд.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳ гуфтаанд барои ширкат дар ин таҷаммуъ барояшон пул додаанд ва замоне ба утубусҳо саворашон мекарданд барояшон гуфтанд дар як ҷашнвораи ҳунари мардумӣ ширкат хоҳанд кард, на таҷаммуъи сиёсӣ.

"Миллати фотеҳ"

Оқои Путин, ки симати нахуствазирии Русияро дар даст дорад, рӯзи панҷшанберо бо гузоштани иклили гул ба оромгоҳи Сарбози гумном дар беруни Кремлин оғоз кард. Дар ин истодиюм дар ҳоле ки ба ҳангоми суханронӣ садояш аз шиддати эҳсос борҳо кашида ба гӯш мерасид оқои Путан ба издиҳом гуфт Русия бо таҳдиди "дахолат" рӯбарӯ аст. Ӯ гуфт: "Мо ба касе иҷозат намедиҳем ба умури мо дахолат кунад ва иродаи худро ба мо таҳмил кунад."

"Ба хотири ин ки мо иродаи худро дорем. Мо миллати фотеҳ ҳастем. Ин (фотеҳ будан) дар женҳои мо аст." Оқои Путин бидуни ин ки аз сиёсатмадорони мухолиф ном бубарад, аз русҳо хост "ба хориҷ чашм надӯзанд, ва ба модар ватан хиёнат накунанд."

Ӯ пораҳое аз достони "Бородино" и Михаил Лермонтов, шоъири қарни 19 русро қироат кард. Ин достон дар бораи набард барои Маскав дар ҷанги соли 1812 ба ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои Наполеон ба Маскав ва пирӯзӣ дар набард ҳикоят мекунад. Ӯ гуфт "Мубориза барои Русия идома дорад. Мо пирӯз хоҳем шуд."

Ӯ аз издиҳом хост бигӯянд "мо Русияро дӯст дорем."

Баъд аз суханронии оқои Путин гурӯҳи ҳунарии Люба, ки Николай Расторгуев, раҳбари он аз муттафиқини наздики ӯ аст, вориди саҳна шуд ва барномаи консертии худро иҷро кард.

Блогнависони мухолифи Русия бо ин ки оқои Путин рӯзи иди миллиро барои таблиғоти интихоби дубораи худ интихоб кардааст, вокуниши хашмолуд нишон додаанд.

Павел Сенко яке аз блогнависон дар Твитари худ навишт: "Оё падарбузургони мо нозиҳоро дар соли 45 шикаст доданд? Пас барои Путин раъй бидиҳед. Мунзаҷиркунанда аст."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi