ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА: ОБ ОТАШИ ҶАНГҲОИ ОЯНДА ХОҲАД ШУД
Дар Созмони Милал низ аз бӯҳронҳое сухан рафт, ки кам шудани об дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст. Бино бар гузориши нави Иёлоти Муттаҳида, масъалаҳои марбут ба об дар пасманзари коҳиши захираҳои он дар ҷаҳон ба оташ гирифтани низои байни давлатҳо сабаб гашта, боиси нокомии онҳо ё сӯистифодаи террористҳо аз ин масъала мегардад.
Гузорише, ки дар Рӯзи Ҷаҳони Об нашр шуд, бо талаби вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар асоси маълумот ва таҳлилҳои махфии амниятӣ таҳия шудааст ва худи ӯ гуфт, ин иттилоъ воқеан нигаронкунанда аст: "Метавон гуфт, бозёфтҳои ҷомеаи ҷосусӣ ҳушёркунандаанд. Афзоиши аҳолии ҷаҳон идома дорад, эҳтиёҷ ба об низ, аммо таъмини оби тоза дар ин сатҳ нест.”
Бино бар гузориш, “низои байни давлатҳо дар давоми 10 соли оянда пешбинӣ намешавад”, аммо имконияти чунин ҷангҳо баъд аз соли 2022 аз гумон ба яқин табдил хоҳад ёфт. Махсусан, дар Африқои Шимолӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш аҳолӣ, камбуди об, селу хушксол, фишори бештари тағйир иқлим ва коҳиши хӯрокворӣ сабабу баҳонаҳои ҷанг хоҳанд шуд.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, кишварҳое, ки алҳол ба гуфтушунид ва созиш сари захираҳои муштараки об бовар доранд, мумкин ба самти чораҳои начандон осоишта майл кунанд. Хонуми Клинтон дар расми муаррифии гузориш гуфт, “дар дохили давлатҳо масъалаи об метавонад, сабаби комилан фурӯ пошидани онҳо шавад ва метавон дид, ки низоъҳои минтақаӣ дар байни давлатҳое, ки ҳавзаҳои обро бо ҳам истифода мекунанд, амиқтар рафта, мумкин аст ба зӯровариҳо кашонад.”
Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин огоҳ кард, ки камбуди об ба ғайр аз ангезаи низои мусаллаҳона метавонад, ҳарчӣ бештар ба “силоҳи сиёсӣ” табдил ёбад. Дар гузориш ин ишора ҳам ҳаст, ки бо доғтар шудани масъалаи об террористон метавонанд ба сарбанд ё обанборҳое, ки барои таъмини мардум, зироаткорӣ ва саноат муҳиманд, ҳамла кунанд.
Дар робита ба ин фарояндҳои изтиробангез муаллифони гузориш ҳеҷ кишвареро ба ҳайси осебпазиртарин ном набурдаанд, балки ба ҳавзаи рӯдхонаҳое мисли Нил, Урдун, Меконг, Даҷлаву Фурот дар Ироқ ва Омӯ дар Осиёи Марказӣ тамаркуз кардаанд. Ҳавзаи охир таври маълум Тоҷикистон ва Узбакистонро дар бар мегирад ва ду кишвар солҳои охир сари тарҳи нерӯгоҳи Роғун бо ҳам бархӯрдҳои лафзӣ дошта, равобити онҳо ба сардӣ гароидааст.
Сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, Сироҷиддин Аслов дар сӯҳбат бо мо эҳтимоли низоъ миёни кишвараш ва Узбакистонро дар масъалаи об ночиз донист, вале гуфт, Узбакистон ҷанбаи илмии тарҳи Роғунро нафаҳмидааст: “Узбакистон ба тарҳи энержии Тоҷикистон бовар надорад ва аз сӯе ҳам фикр мекунад дар ҳол сохта шудани нерӯгоҳ ва обанбор нахоҳад тавонист дар оянда барои бахши кишоварзии худ оби кофӣ гирад. Аммо ин дуруст нест. Ман худам гидролог ҳастам ва ин масъаларо медонам. Об дар минтақаи мо аз эҳтиёҷи мо ба он дида, ду-се мартаба зиёдтар аст.”
Намояндагони Тоҷикистон мегӯянд, азми онҳо ба иҷрои тарҳи Роғун қатъист, вале ҳамзамон суду зиёни кишварҳои поёнобро низ дар назар хоҳанд дошт. Ноиби вазири оби Тоҷикистон Султон Раҳимов, ки низ 22-юми март дар ҳамоиши Рӯзи Ҷаҳонии Об дар Созмони Милал ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, масъаларо гурӯҳи ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ дорад ва то натиҷаҳои он маълум нашавад, Тоҷикистон ба сохтмони бахшҳои асосии Роғун шурӯъ нахоҳад кард. Вай афзуд, Тоҷикистон розист, ки муносибат ба масъала бояд минтақаӣ бошад:
“Наздик ба 60 дарсади оби ҳавзаи Баҳри Арал дар қаламрави Тоҷикистон шакл мегирад ва ҳама гуна тағйир мустақиман ба кишварҳои таъсир хоҳад кард. Биноан, вақте мо дар бораи тағйири иқлим ё пиряхҳо дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, бояд ба ҳалли масъала бархӯрди минтақаӣ дошта бошем.”
Намояндагони Узбакистон дар ҳамоиши Рӯзи Ҷаҳонии Об дар Созмони Милал ширкат надоштанд. Шояд барои он ки мавзӯи он бештар ҷаҳонӣ буд, на хоси ин ду кишвар. Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун гуфт, масъалаи об як мушкили умумиест, ки бо гузашти ҳар сол бузургтар мешавад. Вай афзуд, бино ба маълумоти охири соли 2011 наздик ба 800 миллион нафар дар ҷаҳон ба оби пок дастрасӣ надоранд.
(Дар ҳамкорӣ бо Ричард Солаш дар Вашингтон ва Куртнӣ Брукс дар Ню Йорк навишта шудааст)
Салими Аюбзод, «Озодӣ»